14.04.2011
Қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе андаке поин рафт
Қурби миёнаи доллари нақди ИМА 12-13 апрел дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 4,4990-4,5160 сомониро ташкил дод. Дар ин миён қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,6020-1,6180 сомонӣ ва 1 евро ба 6,4550-6,4750 сомонӣ баробар шуданд. Вале имрӯз, 14 апрел дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА андаке поин шуда, дар ҳудуди 4,5040-4,5230 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ