Натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2011, рафти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи таваррум, қурби пули миллӣ, ҳаҷми интиқолҳо, рушди низоми бонкӣ, пасандозҳо ва дигар масъалаҳои муҳим дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 21 апрели соли 2011 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки дар семоҳаи аввали соли 2011 инкишофи мӯътадили иқтисодиёт ва низоми бонкии мамлакат ба назар расид ва дар ин раванд нишондиҳандаҳои муҳими он ба таври зайл ҷамъбаст гардиданд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми ММД ба 4,4 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,5 фоизро ташкил намуд.
Таваррум. Тибқи маълумоти агентии омор дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ меъёри таваррум 4,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ин давра аз ҳама бештар буда, 6,6 фоизро ташкил дод. Нархи маҳсулоти ғайриғизоӣ бошад, 0,8 фоиз ва хизматрасониҳо 2,2 фоиз афзуданд.
Таварруми солона (барои 12 моҳи охир) дар давраи ҳисоботӣ ба 13 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Баланд шудани нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти мавсимӣ, нархи маҳсулоти воридотӣ ва хизматрасонии нақлиёти мусофирбар ба вуқӯъ омад.
(Барои маълумот: тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ дар семоҳаи гузашта дар бозори ҷаҳонӣ нархи гандум нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 60,9%, равғани растанӣ 81,7% ва нафт то 36,9% боло рафт).
Аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли равон сатҳи таварруми аслӣ (бе назардошти таъсири омилҳои беруна, мавсимӣ ва маъмурӣ) ба 1,3 фоиз расид ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таварруми аслии солона (барои 12 моҳи охир) бошад, дар ин давра 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 4,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Қурби сомонӣ нисбат ба доллари ШМА дар муқоиса ба аввали сол 1,4 фоиз паст гардид.
Тавозуни савдо. Гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 155,0 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод ва нисбат ба семоҳаи якуми соли қаблӣ 45,5 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми содирот 57,8 фоиз афзуда, ба 399,0 млн. долл. ШМА баробар шуд, воридот бошад, 39,7 фоиз афзоиш ёфта, 756,0 млн. долл. ШМА-ро ташкил намуд. Касри тавозуни савдо 357,0 млн. долл. ШМА ташкил дод ва нисбат ба семоҳаи якуми соли гузашта 23,8 фоиз зиёд шуд.
Вазъи макроиқтисодии кишвар сарфи назар аз хавфҳои таваррумӣ ва тағйирот дар бозори ҷаҳонӣ мӯътадилӣ ва тақвияти бештари нишондиҳандаҳоро инъикос намуд.
Сиёсати пулӣ. Дар семоҳаи якуми соли 2011 бинобар ба эътидол омадани нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии кишвар ва афзоиши фишорҳои таваррумӣ сиёсати қатъии пулию қарзӣ пеш гирифта шуда, меъёри бозтамвил аз 8,25 фоиз то 9,0 фоизи солона зиёд карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, барои пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мувофиқан дар сатҳи 7,0 ва 9,0 фоиз бетағйир нигоҳ дошта шуд.
Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ ба санаи 31 марти соли ҷорӣ, 2868,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 4,1 фоиз кам ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 28,5 фоиз (635,8 млн. сомонӣ) афзуд.
Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 2,5 млрд. сомониро ташкил кард, ки аз он 21,2 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 190,2 млн. сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 100,0 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.
Рушди низоми бонкӣ. Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар семоҳаи аввали соли равон 138 ададро ташкил дод, аз ҷумла: 14 бонк, 2 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 35 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 44 фонди қарзии хурд.
Пасандозҳо. Ба санаи 31 марти соли 2011 афзоиши пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоизро ташкил дода, ба 3,5 млрд. сомонӣ баробар шуданд. Аз он ҷумла, пасандозҳои шахсони воқеӣ 54,6 фоиз зиёд гардида, ба 1,7 млрд. сомонӣ баробар шуданд. Дар ин миён фоизҳои миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 16,73 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 15,86 фоизро ташкил доданд. Нисбат ба семоҳаи якуми соли гузашта фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 3,4 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 0,3 банди фоизӣ кам гардиданд.
Қарзҳо. Бақияи қарзҳои низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ 12,2 фоиз зиёд гардид ва ба 6,3 млрд. сомонӣ баробар шуд. Аз ҷумла, 68,6 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 31,4 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ин давра 1,6 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба семоҳаи якуми соли қаблӣ 57,7 фоиз зиёд гардидааст.
Мӯҳлати миёнаи қарзҳо дар давраи ҳисоботӣ барои шахсони воқеӣ ба 368 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ ба 334 рӯз баробар шуд. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 22,59 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,76 фоизро ташкил намуд, ки назар ба семоҳаи якуми соли гузашта фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 1,9 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,1 банди фоизӣ паст гардиданд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба с емоҳаи якуми соли қаблӣ 29,0 фоиз зиёд шуда, 529,6 млн. сомониро ташкил дод.
Низоми пардохт. Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 20,0 фоиз зиёд гардида, ба 2,9 млн. адад баробар шуд. Ҳаҷми умумии пардохтҳо 32,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли қаблӣ 25,5 фоиз зиёд аст.
Дар ҷумҳурӣ имрӯз 9 адад бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият менамоянд ва дар охири давраи ҳисоботӣ 175 723 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварданд, ки дар натиҷа шумораи онҳо 2,5 маротиба зиёд гардид. Илова бар ин, дар ин давра зиёд шудани теъдоди банкоматҳо то 253 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд то 239 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ то 105 адад мушоҳида шуд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта, мувофиқан 46,2 фоиз, 58,3 фоиз ва 18,0 фоиз зиёд гардиданд.
Зимни сӯҳбати озоду ошкоро, ки қариб якуним соат идома ёфт, хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ имкон пайдо карданд, ки ба саволҳои худ аз қабили, навигариҳо ва проблемаҳои низоми бонкӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, проблемаи мубодилаи асъор, кортҳои пластикӣ, сатҳи таваррум, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда ва меъёри бозтамвили бонк посухҳои мукаммал гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ