25.04.2011
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке баланд шуданд
Қурби миёнаи долл. ИМА 22 апрел ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда, 4,5130-4,5300 сомониро ташкил дод. Дар баробари ин, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад андаке баланд шуда, мувофиқан 1,6050-1,6250 сомонӣ ба 10 рубли русӣ ва 6,5000-6,5200 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 25 апрел қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар ҳудуди 4,5220-4,5420 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ