26.05.2011
Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ каме паст шуд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 24-25 май қурби долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,6480-4,6660 сомониро ташкил дод. Дар ин миён, қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ каме паст шуда, 1 рубли русӣ ба 0,1638-0,1657 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, каме афзуда, ба 6,5650-6,5850 сомониро ташкил дод. Имрӯз, 26 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, боз андаке афзуда, дар ҳудуди 4,6720-4,6910 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ