20.06.2011
Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро каме паст фаромаданд
17 июн ва рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, ба ҳисоби миёна 4,7320-4,7450 сомониро ташкил дод. Дар навбати худ, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст фаромада, 0,1691-0,1707 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 6,7600-6,7800 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Субҳи 20 июн, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, қурби миёнаи долл. ИМА андаке афзуда, дар ҳудуди 4,7340-4,7490 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ