04.07.2011
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд
1 июл ва рӯзҳои истироҳат чун чанд рӯзи пешин қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ боз каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,7470-4,7630 сомонӣ 1 долл. ИМА-ро ташкил дод. Вале дар ин миён, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад андаке афзуда, 0,1691-0,1711 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 6,8100-6,8300 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Имрӯз қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар ҳудуди 4,7660-4,7860 сомонӣ қарор дорад. Хадамоти матбуоти БМТ