18.07.2011
Вазъи қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 15 июл ва рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА ба ҳисоби миёна 4,7644-4,7820 сомониро ташкил дод. Дар ин миён андаке афзудани қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро ба мушоҳида расида, 0,1679-0,1699 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 6,7250-6,7450 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, яъне 18 июл бошад, қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, каме афзуда, дар ҳудуди 4,7830-4,8030 сомонӣ қарор дорад. Хадамоти матбуоти БМТ