25.07.2011
Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро каме афзуд
Қурби долл. ИМА 22 июл ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, ба ҳисоби миёна 4,7704-4,7884 сомониро ташкил дод. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ бошад, бетағйир боқӣ монда, 0,1695-0,1710 сомонӣ ба 1 рубли русӣ баробар шуд. Вале дар ин миён, қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро каме афзуда, 6,8000-6,8200 сомонӣ ба 1 евро баробар шуд. Имрӯз, 25 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар ҳудуди 4,7846-4,8040 сомонӣ қарор дорад. Хадамоти матбуоти БМТ