Ҷиҳати таъмини самараноки сиёсати пулию қарзӣ бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 октябри соли равон меъёри бозтамвил ба андозаи 1 (як) банди фоизӣ зиёд карда шуда, дар сатҳи 10,00 фоизи солона муқаррар гардид.
Меъёри бозтамвил яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, баҳри самаранок татбиқ намудани мақсадҳои асосии он истифода бурда мешавад.
Хадамоти матбуоти
БМТ