Вазъи қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ

Бойгонии ахбор
01.12.2011

Вазъи қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ

     Дар давоми ҳафта қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ муътадил боқӣ монда, дар ҳудуди 4,8220-4,8400 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил дод.
    Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро боз ҳам паст шуда, мувофиқан ба 0,1514-0,1532 сомонӣ ва ба 6,4500-6,4700 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 1 декабр қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 4,8250-4,8450 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку