Сатҳи таваррум муътадил аст

Бойгонии ахбор
21.12.2011

Сатҳи таваррум муътадил аст

    Таваррум чун яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқисодӣ моҳи гузашта ҷараёни муътадилшави худро идома дод. Тавре аз маълумоти расмии Агентии омори назди Президенти мамлакат бармеояд, моҳи ноябр сатҳи таваррум ҳамагӣ 0,2 фоиз баланд шуда, дар 11 моҳи соли равон ба 9,1 фоиз баробар шуд. Сатҳи таваррум дар 12 моҳи охир бошад, 10,1 фоизро ташкил дод.
     Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон дар интиҳои давраи мазкур 10,0 фоизро ташкил дода, ба ҳисоби миёна ба 9,01 фоизи солона баробар шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку