20.02.2012
Довталабонро озмун интизор аст
Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи
«Мутахассиси пойгоҳи маълумоти (Oracle)»
дар Департаменти низоми пардохт
О З М У Н
эълон менамояд
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
- таҷрибаи кории маъмури пойгоҳи маълумот (DBA), 5 сол;
- хуб донистани Oracle;
- донистани забонҳои барномасозии Oracle PL/SQL;
- донистани C#,.Net афзалият дорад;
- таҷрибаи татбиқи web-сервисҳо дар заминаи Oracle ;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- донистани забони англисӣ афзалият дорад;
Доштани таҷрибаи корӣ оид ба:
- насби/танзими/идорасозии пойгоҳи маълумоти Oracle;
- ташкили кластерҳо ( пайваст кардани серверҳо);
- дар ҳолати хубу мувофиқ нигоҳ доштани пойгоҳи маълумот;
- мониторинги кори пойгоҳи маълумот;
- тағйир додани андозаи пойгоҳи маълумот;
- таъмину нигаҳдории кори система ҳангоми аз кор баромадани баъзе қисмҳои он, нусхабардории эҳтиётӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ
Телефон барои маълумот: 600-32-13
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А
Идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷраи 510.
Довталабоне, ки ба талаботҳои озмун ҷавобгӯ мебошанд барои сӯҳбат даъват карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои қабулшуда баргардонда намешаванд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20 марти соли 2012
Баргузории сӯҳбат бо номзадҳо 29 марти соли 2012 , соати 14.00
Натиҷаи ҷамъбаст то 1 апрели соли 2012
Хадамоти матбуоти
БМТ