09.03.2012
Қурбҳои рубли русӣ ва евро каме паст шуданд
Ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби миёнаи долл. ИМА бетағйир боқӣ монда, дар худуди 4,8230-4,8400 сомонӣ қарор дошт.
Ҳамзамон, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1617-0,1634 сомонӣ ва ба 6,3560-6,3760 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 9 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе дар ҳудуди 4,8290-4,8490 сомонӣ қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ