Агентҳои бонкии пардохтӣ

Агентҳои бонкии пардохтӣ

Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” бо мақсади рушди хизматрасониҳои пардохтӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ самти нави фаъолияти бонкӣ – фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ роҳандозӣ шудааст. Тибқи ҳисоботи ташкилотҳои қарзии молиявӣ то санаи 30 июни соли 2024 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ 765 агенти бонкии пардохтӣ ва дар навбати худ аз ҷониби агентҳои мазкур 53 субагенти бонкии пардохтӣ барои анҷом додани баъзе амалиётҳои бонкӣ ҷалб гардидаанд.

Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда агентҳои бонкии пардохтӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои анҷом додани амалиётҳои зерин ҷалб карда мешаванд:

1. Қабул намудани маблағи нақд аз шахси воқеӣ ва (ё) додани маблағи нақд ба шахси воқеӣ, аз ҷумла бо истифодаи терминалҳо, терминалҳои худкори худхизматрасон.

2. Пешниҳоди воситаҳои электронии пардохтӣ ба муштариён ва таъмини истифодаи ин воситаҳо мувофиқи шартҳои муқаррарнамудаи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ.

3. Мушаххас намудани шахсияти муштарӣ - шахси воқеӣ бо мақсади интиқол додани маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ё пешниҳоди воситаи электронии пардохтӣ ба шахси воқеӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом».

Дар амалияи ҷумҳурӣ, айни замон агентҳои бонкии пардохтии аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ ҷалбшуда амалиёти қабули маблағҳои нақд аз шахсони воқеӣ тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон ва амалиёти мушаххаскунии муштариёнро анҷом дода истодаанд.

Бартариҳои ҷалб намудани агентҳои бонкии пардохтӣ:

  • рушди фарогирии молиявӣ, яъне имконияти зиёд намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар;
  • кам кардани хароҷоти ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба таъсиси филиалҳо ё марказҳои хизматрасониҳои бонкии нав;
  • ба низоми бонкӣ ворид намудани гардиши пули нақд;
  • баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ.