Шарҳи бозори кортҳои пардохтӣ

Рушди бозори кортҳои пардохтии бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот мебошад.Барои ҳалли масъалаи зикргардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои вусъат додани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва қабули онҳо ҳангомипардохтимолу хизматрасониҳотадбирҳоизарурӣ андешида истодааст.

Айни замон, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон кортҳои пардохтии Низоми пардохтии миллӣ “Корти миллӣ”, низомҳои пардохтии байналмилалии VISA ва Masterсard, кортҳои муштаракнишони (кобейҷ) низомҳои пардохтии UnionPay ва НПМ ”Корти миллӣ ва кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзии молиявӣба муомилот бароварда шуда истодаанд.

Ҳиссаи кортҳои пардохтии низомҳои пардохтӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Снимок.PNG-2-2.PNG

Тибқи ҳисоботи оморӣ ба санаи 01 октябри соли 2020, миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 2 931 ҳазор ададро ташкил доданд, ки нисбат ба санаи 01 октябри соли 2019 28,3% зиёд гардидаанд. Аз ин микдор, 58,2% - кортҳои пардохтии Низоми пардохтии миллии (НПМ) “Корти миллӣ”, 14,4% - кортҳои пешпардохти нақлиётии “CityСard”, 8,4% кортҳои нақлиётии “CityCard-Корти миллӣ”, 8,4% - кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, 6,2% - кортҳои низомҳои пардохтии байналмилалӣ (VISA, Masterсard ва UnionPay) ва 4,4% - кортҳои пардохтии муштаракнишон (UnionPay-НПМ ”Корти миллӣ) мебошанд.

Ҳиссаи кортҳои пардохтӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ

Снимок.PNG-3.PNG

Шумораи кортҳои пардохтии ба муомилот баровардашуда аз рӯи низомҳои пардохтӣ

Снимок.PNG-4.PNG

Ҳиссаи кортҳои пардохтии баровардашудаи ташкилотҳои қарзии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Снимок.PNG-5.PNG

Ҳиссаи асосии кортҳои пардохтии дар ҷумҳурӣ ба муомилот баровардашуда ин кортҳои пардохтии БДА ҶТ “Амонатбонк” мебошанд, ки 51%-и ҳаҷми умумии кортҳои пардохтииба муомилот баровардашударо ташкил медиҳад.

Шумора ва ҳаҷми амалиётҳо тавассути кортҳои пардохтӣ

Снимок.PNG-6.PNG

Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2020 дорандагони кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он 49 311 ҳазор амалиёт ба маблағи умумии 14 983 млн. сомонӣ анҷом додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 шумораи амалиётҳо 29,4% ва ҳаҷми амалиётҳо 69,6% зиёд шудаанд.

Вазни қиёсии ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ дар давоми нуҳмоҳаи аввали соли 2020 6,3%-ро ташкил дод.

Динамикаи рушди инфрасохтори пардохтӣ барои қабул ва

хизматрасонии кортҳои пардохтӣ (адад)

Снимок.PNG-7.PNG

Инфрасохтор барои хизматрасонии дорандагони воситаҳои электронии пардохтӣ дар ҷараёни афзуншавӣ қарор дорад. Ба ҳолати 01 октябри соли 2020 шумораи терминалҳои электронӣ, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода мешаванд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4%зиёд шуда, миқдорашон ба 3 705 адад расидааст. Инчунин, дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ 4 602 адад QR-рамзҳо насб карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 маротиба зиёд мебошанд.

Инфрасохтори пардохтӣ барои қабул ва хизматрасонии кортҳои

пардохтӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Снимок.PNG-8.PNG

Тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Бонки миллии Тоҷикистон раванди доданииҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтиро амалӣ намуда истодааст.

Бо мақсади рушди минбаъда ва такмили низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи навовариҳо дар низоми пардохтҳои чакана ва рушди технологияҳои пардохтҳои мобилӣ шароити мусоид муҳаё намуда, дар ин самт бо тарафҳои манфиатдор ва пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ ҳамкорӣ менамояд.