Омори ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ

Дар қаламрави ҷумҳурӣ дар давоми нӯҳ моҳи аввали соли 2020 тавассути роҳҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ (дохилибонкӣ, тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ ва тавассути суратҳисоби (зерсуратҳисоби) муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда) зиёда аз 121 273 ҳаз. пардохтҳо ба маблағи 880 607 млн. сомонӣ амалӣ гардиданд. Шумораи пардохтҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35% афзоиш ёфта, ҳаҷми пардохтҳо 54% афзоиш ёфтанд.

Тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми нӯҳ моҳи аввали соли 2020 дар ҳаҷми 301 306 млн. сомонӣ пардохтҳо амалӣ гаштаанд. Ҳаҷми пардохтҳои тавассути Бонки миллии Тоҷикистон амалигашта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,2% зиёд гардид. Шумораи пардохтҳо 1 881 ҳаз. ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 2% зиёд мебошад.

Тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ дар давоми нӯҳ моҳи аввали соли 2020 дар ҳаҷми 829 млн. сомонӣ пардохтҳо амалӣ гаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,6% коҳиш ёфтааст. Шумораи пардохтҳо 25 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 2,6 маротиба кам мебошад.

Динамикаи тағйирёбии пардохтҳои байнибонкӣ

Снимок.PNG-1.PNG

Ҳисоббаробаркуниҳои байнидавлатӣ бо роҳи интиқоли паёмҳои молиявӣ тавассути шабакаи SWIFT ба воситаи низомҳои SWIFT Alliance Access/Entry ва SWIFT Alliance Lite2 амалӣ мегарданд. Бонки миллии Тоҷикистон ва 22 адад ташкилотҳои қарзии молиявӣ узви Ҷамъияти SWIFT (Иттиҳоди Умумиҷаҳонии Телекоммуникатсияҳои Молиявии Байнибонкӣ) ба ҳисоб мераванд.