То санаи 31 марти соли 2025 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии 26 ташкилоти қарзии молиявӣ 12,7 млн ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2024 3,1 млн адад (32,8 фоиз) зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 5 414,2 ҳаз. адад амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 846,8 млн сомонӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 28,0 фоиз ва 50,3 фоиз зиёд мебошад.