Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва “Тартиб гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ” ба низомҳои пардохтии ватанӣ ва байналмилалӣ барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ иҷозатнома додааст.
Низомҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон
№ |
Низомҳои пардохтии дохилӣ |
№ |
Низомҳои пардохтии байналмилалӣ |
1 |
Корти миллӣ |
1 |
Western Union (Фаронса) |
2 |
Осон |
2 |
Visa |
3 |
ExpressPay |
3 |
Mastercard |
4 |
EASY PAY |
4 |
CONTACT |
|
|
5 |
Юнистрим |
|
|
6 |
UnionPay |
|
|
7 |
Золотая Корона |
8 |
Астрасенд |
||
9 |
КВИКПЭЙ |
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2025, №3 ба ҶДММ “Цифровой платёж” (Sendy) ва аз 22 январи соли 2025, №18 ба ҶДММ “ПАРДОХТИ ОСОН” (EASY PAY) иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шуд.
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2025, №20 иҷозатномаи ОНП №00020 барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “CONTACT”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2021, №138 ба Ҷамъияти саҳомии КИВИ БОНК дода шуда буд, бинобар сабаби тибқи фармонҳои Бонки марказии Федератсияи Россия аз 21 феврали соли 2024, №ОД-266 ва №ОД-267 бозхонд шудани иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкии КИВИ БОНК (оператори низоми пардохтии “CONTACT”), бозхонд ва қатъ карда шуд.
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №35 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба Вестерн Юнион Нетворк (Фаронса) иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Вестерн Юнион» тавассути аз нав ба расмият даровардан дода шуд.