Бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба миён меояд, дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ +(992) 44- 600-15-20 фаъолият менамояд.
Муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд. Телефони боварӣ рӯзҳои корӣ аз соати 8-00 то 17-00 (Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30) фаъолият мекунад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ