Рӯзҳои 12-13 июни соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон кормандони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар тренинги минтақавии Шурои Аврупо оид ба тафтишоти ҷиноии парвандаҳо дар бораи пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм бо истифода аз дороиҳои маҷозӣ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Шурои Авупо дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба шаффофият ва мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ” дар Осиёи Марказӣ (CA TAEC) барои кормандони мақомоти тафтишотӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва воҳидҳои кашшофии молиявии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ташкил карда шуд.

Чорабинӣ, ки дар он 29 тафтишгар, прокурор ва таҳлилгари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воҳиди кашшофии молиявӣ (ВКМ) иштирок доштанд, ба баланд бардоштани малакаи онҳо дар гузаронидани тафтишот ва таъқиботи ҷиноӣ аз рӯи парвандаҳо оид ба пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм бо истифодаи ғайриқонунии дороиҳои маҷозӣ мусоидат намуд. Иштирокдорон дар бораи суиистифодаи дороиҳои маҷозӣ барои ҳадафҳои ғайриқонунӣ, корбурди стандартҳои байналмилалӣ дар мавриди дороиҳои маҷозӣ маълумоти комил гирифта, инчунин бо моҳияти тафтишоти молиявӣ ҳамчун раванд ва талошҳои муштараки тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла ҳамкории байниидорӣ ва байналмилалӣ, воситаю усулҳои таҷрибашудаи тафтиши дороиҳои маҷозӣ шинос гардиданд ва донишу малакаи худро зимни омӯзиши расмиёт, таҷрибаи пешрафта ва масъалаҳои марбут ба ҳабс, банд ва мусодира намудани дороиҳои маҷозӣ ва идорасозии босамари онҳо зиёд намуданд.

Иштирокдорон инчунин оид ба нақши ҳар муассиса дар гузаронидани тафтишот маълумот гирифтанд ва бо ин мақсад таҳқиқоти мавзуии мушаххас анҷом доданд, ки ин низ ба донистану муайян кардани давраҳои гуногуни ҷамъоварии далел, банақшагирӣ ва омодагии эҳтимолӣ барои мусодира кардани маводҳои маҷозӣ, инчунин анҷом додани корҳои зарурӣ ҳангоми ошкор/нигаҳдорӣ намудан ва ба фурӯш баровардани дороиҳои маҷозӣ мусоидат менамояд.
Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи самарабахшии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, дар доираи кумаки техникии Шурои Аврупо ба Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дастрасӣ ба барномаи таҳлили блокчейн-транзаксияҳо дода шуд.