25 июни соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода (Раиси Комиссия) бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (Департамент) баргузор гардид.
Раиси Комиссия бо назардошти тағйиротҳои баамаломадаи низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи талаботҳои Тавсияҳои ФАТФ дар кишвар мухтасар маълумот доданд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра низоми миллии худро дар ин самт таҳким бахшида, қонунгузории кишвар ба талаботҳои байналмилалӣ, бахусус, тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) мутобиқ гардида истодааст ва дар он саҳми Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ, ки масъалаҳои онро баррасӣ менамояд, назаррас аст.
Қайд карда шуд, ки баъд аз даври дуюми баҳодиҳии мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 то ба имрӯз панҷ Ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт, ки аз ҷониби департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон омода шудаанд, дар ҷаласаҳои пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баррасӣ карда шуданд.
Раиси Комиссия иброз дошт, ки дар умум аз 40 тавсияи ФАТФ, ки давлатҳои аъзои СММ бояд онро иҷро намоянд, ба ҳолати имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 34 тавсия баҳои мусбии “комилан мутобиқ” ва “мутобиқи назаррас” дошта, баҳои манфии “қисман мутобиқ” бошад, танҳо аз рӯи 6 тавсияи ФАТФ боқӣ мондааст.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаи қаблии Комиссия, руйхати миллии шахсони бо терроризм алоқаманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳисобот оид ба баҳодиҳии хавфҳои маблағгузории терроризм дар бахши ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва Роҳнамо оид ба назорати ба хавф нигаронидашудаи фаъолияти сохторҳои ғайритиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳимояи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ аз суистифода бо мақсади маблағгузории терроризм ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Раиси Комиссия иброз дошт, ки қабули аввалин ҳисобот ва роҳнамо дар бахши ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ имкон медиҳад, ки раддабандии кишвар аз рӯи тавсияи 8-уми ФАТФ оид ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бозбинӣ карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, гуфта шуд, ки бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №2017 дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятии кишвар масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ дар кофтуков, ҳабси молу мулк ва мусодираи он, инчунин тақсими молу мулки мусодирашуда ва ғайра ба танзим дароварда шуда, дар баланд бардоштани тавсияи 38-уми ФАТФ вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқии мутақобила дар ғайрифаъолгардонӣ, ҳабс ва мусодира кардани молу мулк мусоидат менамояд.
Дар интиҳо, Раиси Комиссия иштирокчиёни ҷаласаро бо ҷашни дарпешистода, 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ҳамагонро барои бо ҳиссу масъулияти баланд иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуд.
Департаменти мониторинги молиявӣ