Рӯзҳои 7 - 9 августи соли равон бо ташаббуси маркази омӯзишӣ-методии департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон курси омӯзишии навбатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) барои намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии ин минтақа баргузор гардид.
Дар чорабинӣ зиёда аз 30 нафар намояндагони низоми бонкии кишвар ширкат варзида, дар рафти он аз ҷониби мутахассисони департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорон оид ба ташаккули низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар, инчунин, талаботи қонунгузории кишвар дар ин самт маълумот дар шакли рӯнамо пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, байни иштирокдорон доир ба нақши ташкилотҳои қарзӣ дар татбиқи стандартҳо, инчунин камбудиҳои ошкоргардида аз рӯи пешниҳоди ҳисоботҳо ва ҳангоми гузаронидани санҷишҳои ҳамаҷониба дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ табодули афкор сурат гирифт.
Сипас, бо мақсади такмили дониши иштирокчиён аз таҷрибаи корӣ машқҳои амалӣ гузаронида шуда, дар интиҳо ба шунавандагон сертификатҳо супорида шаданд.
Тибқи нақшаи кории департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар назар аст, ки дар оянда чунин чорабиниҳои омӯзишӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ баргузор карда шаванд.
Департаменти мониторинги молиявӣ