30 октябри соли ҷорӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Вилли Кемпел мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории амалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) табодули назар намуданд.

Сироҷиддин Икромӣ аз ҳамкории муфиди Бонки миллии Тоҷикистон бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми ин ниҳодро дар таҳкими низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО назаррас арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои муҳим дар доираи кумаки техникии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба ҳисоб рафта, интизор меравад, ки ҳисоботи он дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО тасдиқ гардад.

Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар баробари хавфҳои МҚД/МТ/МПСҚО, масъалаҳои мубрами ҷаҳониро аз қабили таъсири офатҳои табиӣ, обшавии пиряхҳо ва дигар масъалаҳо қайд карда, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт саривақтӣ баён намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба самтҳои дигари ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд, ки дар татбиқи онҳо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе омодагӣ иброз намуд.
Департаменти мониторинги молиявӣ