Семинари муштарак барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти кашшофии молиявии кишварҳои иштирокдори ИДМ

Рӯзҳои 11-12 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти кашшофии молиявӣ семинари муштараки Шурои роҳбарони мақомоти кашшофии молиявии кишварҳои иштирокдори ИДМ, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ – методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия, таҳти унвони “Такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ”, баргузор гардид.

1.jpg

Дар машғулиятҳо зиёда аз 50 нафар намоядагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти кашшофии молиявӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Тибқи барнома иштирокдоронро ба ду гурӯҳ: гурӯҳи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳи намояндагони мақомоти кашшофии молиявӣ тақсим намуда, бо онҳо доир ба хусусиятҳои амалии ошкорсозӣ ва ҳуҷҷатгузории ҷиноятҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки бо истифода аз криптоасъорҳо содир мешаванд, машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

2.jpg

Дар семинар барои иштирокдорон инчунин, оид ба усулҳои гузаронидани таҳлили амалиётҳои криптоасъорӣ, ки ба маблағгузории терроризм бо истифодаи манбаъҳои озоди интернетӣ ва барномаи махсуси таъминотӣ алоқаманд мебошанд, машғулиятҳои амалӣ баргузор гардид.

Дар рӯзи дуюми машғулиятҳо, масъалаи таҳдидҳои бо фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ алоқаманд муҳокима гардида, намояндагони кишварҳои иштирокдори ИДМ оид ба мавзуъ мубодилаи афкор намуданд.

NBTL4389.jpg

Дар интиҳо ба иштирокдорони чорабинӣ аз ҷониби Маркази байналмилалии омӯзишӣ – методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия сертификат супурда шуд.

Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои муштарак дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва субъектҳои ҳисоботдиҳанда мунтазам гузаронда мешаванд.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Возврат к списку