Аз 27 то 31 октябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон семинари амалии омодасозии гурӯҳи коршиносони миллӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид.
Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Котиботи ГАО гузаронида шуда, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, сохторҳои назоратӣ, муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ иштирок доштанд.

Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани сатҳи омодагии гурӯҳи коршиносони миллӣ, намояндагони муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ ба даври навбатии баҳодиҳии мутақобила ва баррасии чораҳои такмили низоми миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) ба ҳисоб мерафт.
Дар кори семинар намояндагони Котиботи ГАО ва коршиносони кишварҳои аъзои ниҳоди мазкур, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок карда, оид ба таҷрибаи андӯхта дар самти танзим, назорат ва татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО мубодилаи афкор намуданд.
Дар доираи барнома иштирокдорон бо тавсияҳои навшудаи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), методологияи баҳодиҳӣ, таҷрибаи амалии танзим ва назорат шинос шуда, ҳамчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкории байниидоравӣ, идоракунии хавфҳо ва истифодаи технологияҳои муосирро муҳокима карданд.

Барномаи семинар аз чанд модули алоҳида иборат буда, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои назоратӣ ва бахши хусусӣ имкон пайдо карданд, ки масъалаҳои соҳавиро дар муҳити касбӣ муҳокима ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи низоми миллиро дар раванди корӣ муайян намоянд.
Департаменти мониторинги молиявӣ