Семинари омӯзишӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО барои намояндагони низоми бонкии кишвар дар шаҳри Кӯлоб

Бо мақсади иҷрои барномаи омӯзишии департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2025, аз 17 то 19 декабри соли равон дар шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб чорабинии омӯзишии ҷамъбастӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.

IMG_Кулоб.jpg

Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, таҳкими нақши онҳо дар татбиқи самараноки талаботи қонунгузорӣ ва стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад.

Дар чорабинӣ зиёда аз 30 нафар намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа ва кормандони шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО, тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳолатҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, инчунин баррасии кейсҳои амалӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби лекторон рӯнамоҳо вобаста ба ошкорсозии амалиётҳои шубҳанок, аз ҷумла ҳолатҳои ҷалби шаҳрвандон ба амалиётҳои ғайриқонунии молиявӣ пешниҳод гардиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ҷузъи муҳимми маҷмуи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани савияи тахассуси кормандон буда, ба таҳкими бехатарии молиявӣ ва устувории низоми бонкии кишвар мусоидат менамояд.

Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба марҳилаи даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО дар солҳои 2026–2027, дар оянда низ чунин чорабиниҳои омӯзиширо барои намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ба таври мунтазам баргузор менамояд.

Департаменти мониторинги молиявӣ

 

 

Возврат к списку