21.04.2016

“Таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ ва индикаторҳои (нишондиҳандаҳои) муҳими суботи молиявӣ”, чунин ном дошт семинари байналмилалие, ки аз 18 то 20 апрели соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Семинари мазкур дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк (Олмон) бо Бонкҳои марказӣ роҳандозӣ гардида, дар он кормандони дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он дар шаҳру вилоятҳо ширкат варзиданд. 

seminar-1.jpg

Дар ҷараёни семинари серӯза дар назди ҳозирин мутахассисони маркази номбурда Пётер Шпика ва Мартин Понтсен доир ба мавзуъҳои зерин, аз қабили “Комёбиҳои навини назорати макропруденсиалӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва Олмон”, “Шӯрои аврупоӣ оид ба хавфҳои системавӣ”, “Рушди сохтори макропруденсиалӣ”, “Сиёсати макропруденсиалӣ ва олатҳои он”, “Суботи молиявӣ ва назорати макропруденсиалӣ дар Олмон, ташкили кор ва олатҳои он”, “Асоси суботи молиявӣ, муҳокимаи дурнамои минтақа бо маърӯзаҳои мушаххасу ҷолиб баромад намуданд. 

seminar-2.jpg

Тавре иштирокдорони чорабинии номбурда иброз доштанд, маҷмуи масъалаҳое, ки дар ин семинар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ниҳоят зарур ва муҳим буда, дар кори амалии ҳаррӯза ва баланд бардоштани маҳоратии касбиашон кӯмак хоҳанд кард. 

Дар анҷоми кори семинар иштирокдорони он бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд. 

Хадамоти матбуоти   
БМТ





Возврат к списку