05.07.2016

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, 30-юми июни соли ҷорӣ, барои кормандони БМТ дар мавзӯи “Ташкил ва рушди қарзи ипотекӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ” семинар-машварати таълимӣ баргузор намуд.

sem_ipot_2.jpg

Мудири кафедраи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Хоҷахонов Аброрхон Аҳмадхонович ба кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҷрибаҳои гуногуни рушди қарзҳои ипотекӣ дар кишварҳои тараққикардаи олам дарсҳои назариявӣ гузаронид. 

sem_ipot_1.jpg

Ба иштирокдорони семинар дар бораи аҳамияти қарзҳои ипотекӣ, таъсири он ба иқтисодиёти кишвар, омилҳои беҳтар гаштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ба ин васила ва рушди низоми қарзҳои ипотекӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар маълумотҳои васеъ ва лозимӣ дода шуд.

Қобили қайд аст, ки семинар-машварати мазкур дар шакли нисбатан озод гузаронида шуда, иштирокдорони семинар дар баҳсу мунозираҳои қисмати назария ва таҳлили мисолҳои амалия фаъолона ширкат намуданд. 

Хадамоти матбуоти   
БМТ



Возврат к списку