Бобоҷон Ғафуров
Ғуфуров Бобоҷон Ғафурович 31 декабри соли 1908 дар деҳаи Исписори ноҳияи Хуҷанди вилояти Самарқанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) таваллуд шудааст. Падараш Сангинов Ғафур, боғбони батрак буд, як муддат чун коргари роҳи оҳан адои хизмат намудааст. Модараш Розия Бойматовна Ғафурова (Розия Озод) корманди адабӣ буда, ў соли 1957 вафот кардааст. То соли 1927 ҳамроҳи волидайн зиндагӣ мекард, баъдтар бо сабаби вазнинии вазъияти моддии хонавода маҷбур шуд, ки аз сини 8-солагӣ ба хизмати оилаҳои бадавлати деҳаашон кироякорӣ намояд. Ҳамзамон дар мактаби деҳаи Исписор таҳсил намудаст.
Аз соли 1922 то соли 1924 дар хонаи бачагони деҳаи Қистакўз ки аз Исписор дуртар буд таҳсилро идома медиҳад. Дар соли 1926 ба кумитаи ноҳиявии комсомол ба сифати мудири бюрои бачагон ба кор пешбарӣ намуданд ва таҳсили худро дар мактаби роҳи оҳани назди истгоҳи Хуҷанд идома медод. Дар охири соли 1928 ба шаҳри Самарқанд барои омўзиш ба курсҳои олии ҳуқуқшиносӣ роҳхат гирифта, пас аз хатми он ба шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ба ихтиёри КМ ПК (б) Тоҷикистон фиристода шуд. Дар оғоз дар Вазорати адлия ба сифати ёвари вазир, сипас мудири шўъба, баъд аз он муовини мудири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони Сурх» таъйин шуд.
Дар идораи ин рўзнома аз моҳи апрели соли 1930 то моҳи июни соли 1931 кор намудааст. Дар соли 1931 барои таҳсил ба шаҳри Маскав ба Институти умумииттифоқии рўзноманигорӣ фиристода шуда ва онро дар оғози соли 1935 хатм намудааст. Аз моҳи феврали соли 1935 то соли 1936 ба сифати муовин ва муҳаррири рўзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони сурх» ифои вазифа намудааст. Дар соли 1936 ба вазифаи инструктори КМ ПК (б) Тоҷикистон таъйин гардид. Дар моҳи ноябри соли 1937 ба вазифаи мудири шўъбаи матбуоти КМ ПК (б) Тоҷикистон таъйин шудааст. Пас аз якҷояшавии шўъбаҳои матбуот ба шўъбаи таблиғу ташвиқи КМ ПК (б) Тоҷикистон аз соли 1939 то 1. 09. соли 1940 ҳамчун муовини мудири шўъбаи таблиғоти КМ ва мудири сектори маданӣ- равшаннамоӣ иҷрои вазифа кардааст. Аз 1. 09. соли 1940 то моҳи апрели соли 1941 аспиранти Институти таърихи АИ СССР буданд. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ доир ба таърихи ислом дар соли 1941 котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон оид ба таблиғу ташвиқ интихоб гардид.
Дар соли 1944 котиби дуюми КМ ПК (б) Тоҷикистон ва дар моҳи феврали соли 1946 котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин вазифа то моҳи майи соли 1956 бе танаффус адои хидмат намудааст.
Дар баробари фаъолияти ҳизбӣ ҳамзамон корҳои илмӣ-омўзгориро пеш мебурд.
Дар таърих кам андар кам пешвоёни сиёсӣ ё сиёсатмадороне ёфт мешаванд, ки ҳамзамон ду кор, яъне касби олимӣ ва пешаи роҳбариро идома диҳанд. Хушбахтона, Б. Ғафуров ҳам олими ҷомеашинос буду ҳам роҳбари хирадманду некўпеша. Агар дар кори роҳбарӣ баҳри ташаккулу шукуфоии Тоҷикистон талоши пайгирона карда бошад, дар кори олимӣ, илми таъриху ховаршиносии миллиро ба по монда, ба таҳияву таълифи таъриху фарҳанги ғановатманди халқи тоҷик пардохта, аввал, китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро соли 1947 ба забони тоҷикӣ ва баъд соли 1972 асари фундаменталии «Тоҷикон- таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёна» дар нашриёти «Наука»-и Маскав ба забони русӣ аз чоп баромад, ки пасон ба забони тоҷикӣ тарҷумаю нашр гардид.
Беш аз 100 кори илмӣ бахшида ба таърихи ислом, таърихи халқҳои Осиёи Миёна, таърихи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африқо, ва фарҳанги халқҳои Шарқ ба табъ расонидааст.
Дар соли 1951 рисолаи докториро доир ба таърихи халқи тоҷик аз давраҳои қадимтарин то инқилоби Октябр ҳимоя намудаст.
Аз соли 1938 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон, аз соли 1946 то соли 1962 депутати Шўрои Олии СССР интихоб гардидаст.
Дар соли 1966 дубора депутати Шўрои Олии СССР интихоб шуд.
Дар анҷуманҳои Х1Х ва ХХ КПСС аъзои КМ КПСС интихоб гардид.
Бобоҷон Ғафуров 12 июли соли 1977 дар шаҳри Душанбе дар синни 68-солагӣ даргузашт.
Барои фаъолияти пурғайрати ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи шарқшиносии шўравӣ Б. Ғафуров соли 1968 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва соли 1975 бо ордени Инқилоби Октиябр сарфароз гардид. 6 маротиба бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.
Фаъолияти бештари олим бо илм ва корҳои ҷамъиятӣ сахт марбут буд – муовини Раиси Кумитаи шўравии якдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африқо, Раиси Кумитаи якдилӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо, ҳамчунин Раиси Кумитаи омўзиши тамаддуни Осиёи Марказии назди Комиссияи миллии шўравии ЮНЕСКО.
Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеч давру замон аз хотири мардум фаромўш намешавад. Хушбахтона ,чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд.
Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии Созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои мўътабари дохилӣ ва хориҷӣ интихоб шуда буд.
Ў дорандаи мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ низ буд;
-соли 1961 дар кишвари Гвинея ҳангоми Конгресси байналмилалӣ Раиси Фонди якдилии Осиё ва Африқо интихоб шуд.
-соли 1966 узви куитаи доимии Кунгураи байналхалқии эроншиносии (Эрон) интихоб гардид.
-соли 1967 узви фахрии Ҷаъияти шарқшиносони Лаҳистон интихоб шуд (соли таъсис 1922).
-соли 1968 ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мушарраф гардид.
-соли 1968 узви Шўрои ҳиндӣ доир ба робитаҳои фарҳангӣ интихоб гардид (соли таъсис 1950, Деҳлӣ).
-соли 1969 узви Шўрои миллии Ҳиндустон оид ба ровобити фарҳагӣ интихоб шуд.
-соли 1970 ба унвони ифтихории доктори илми Донишгоҳи мусулмонии Донишгоҳи Алигархи (Ҳиндустон) сарфароз гардид (Донишгоҳ соли 1918 таъсис ёфтааст).
-соли 1971 узви ифтихории Ҷамъияти Порис–Осиё интихоб шуд (Фаронса, соли таъсис 1822).
-соли 1972 Раиси Кумитаи Шўравӣ оид ба супоридани ҷоизаи байналхалқӣ ба номи Фирдавсӣ (соли таъсис 1972).
-соли 1972 узви ифтихории Кумитаи байналхалқии нашри осор бахшида ба таърихи кишварҳои Халиҷи Форс (Эрон).
-соли 1972 бо медали 50 – солагии Инқилоби Халқии Муғулистон мукофонида шуд.
-соли 1973 Раиси кумитаи миллии шўравии асотсиатсияи илмии Уқёнуси Ором интихоб шуд (соли таъсис 1973).
-соли 1973 Президенти Асотсиатсияи байналхалқӣ оид ба омўзиши фарҳанги Осиёи Мрказии назди ЮНЕСКО интихоб шуд.
-соли 1973 узви ифтихории Академияи илм ва фарҳанги Босния ва Ҳерзоговина интихоб шуд (Югославия соли таъсис 1966).
-соли 1974 унвони ифтихории доктори илмҳои Донишгоҳи Теҳронро гирифт (Эрон соли таъсис 1934).
-соли 1974 узви фахрии Ҷамияти Осиё дар Калкутта интихоб шуд (Ҳиндустон, соли таъсис 1784).
-соли 1975 бо нишони Прачами Сурхи Меҳнати Ҷумҳурии халқии Муғулистон мукофотонида шуд.
-соли 1975 узви ифтихории Ҷамъияти шарқшиносони ба номи Чома де Кёрёши назди Академияи илмҳои Маҷористон (Венгрия) интихоб шуд.
-соли 1976 бо нишони тиллоии Шўрои умуми ҷаҳони Сулҳ тақдим карда шудааст.
Бобоҷон Ғафуров фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи худ аст ва бо итминон гуфта метавонем, ки номи некаш то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.
Аллома Бобоҷон Ғафуров дар тўли зиндагии пурбаракати хеш осори фарҳангиву таърихии зиёдеро ба ёдгор гузоштаанд, ки теъдоди онҳоро метавон наздики 400 ба қалам дод. Дар миёни ин осори гаронмоя чунин шоҳасарҳои безаволро аз қабили «Тоҷикон», «Таърихи мухтасари халқи тоҷик», Давраи кушониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ», «Таҳқиқи тамаддуни Осиёи Марказӣ», «Равобити таърихии Осиёи Марказӣ бо мамолики Шарқи араб», «Ал-Форобӣ дар таърихи тамаддун» ва «Искандари Македонӣ ва Шарқ» даҳҳо дигарро бо камоли ифтихор метавон ном бурд.