(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо қабули қатъномаи МУ СММ
аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Июнь 20, 2018 09:35

20.06.2018, шаҳри Душанбе

 

Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хайрамақдам мегӯям.

Умед дорам, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳад гирифт.

Итминон дорам, ки конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад.

Бо ибтикори Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 22-юми марти соли равон – дар Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об – мо ҳама якҷо ба раванди татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба об ҳусни оғоз бахшидем.

Мехостам ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамсафонаш барои таҳия ва оғози роҳандозии Нақшаи амалиёти Даҳсола, ки метавонад василаи муҳимми раванди татбиқи он гардад, арзи сипос намоям.

Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!

Мо ба пешбурди Даҳсолаи нав бо такя ба таҷрибаи бисёр муфиде, ки дар ҷараёни амалисозии ташаббусҳои қаблии глобалии марбут ба об андӯхта шудааст, шурӯъ менамоем.

Дар ин ҷода тайи понздаҳ соли ахир мо саъю талошҳои муштаракамонро дар чаҳорчӯби татбиқи чунин ташаббусҳои глобалӣ, ба монанди “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ҳамаҷониба тақвият бахшидем.

Ҳамаи ин ибтикорот дар масъалаи дарки амиқи нақши нодири об дар ҳаёти сайёраи мо саҳми арзишманд гузоштанд.

Ҳамзамон бо ин онҳо ба ҷалби фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба идораи захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳо ва истифодаи технологияву навовариҳои муосир дар ин соҳа мусоидат карданд.

Мехостам нақши ин ташаббусҳоро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, махсус зикр намоям.

Саъю талошҳои муштарак дар ин ҷода барои таҳияи рӯзномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об ҷойгоҳи марказӣ дошта, ба ҳайси унсури калидии ин амалия муайян гардидаанд, заминаи боэътимод фароҳам оварданд.

Дар айни замон, далелҳои зайли ба шумо маълум гувоҳӣ медиҳанд, ки сафарбарсозии талошҳои умум ҳанӯз самараи дилхоҳ надодааст.

— дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дувуним миллиард нафар ба хизматрасонии оддитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надоранд;

— ҳар сол то сесад ҳазор нафар кӯдак дар синни то панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳалокат мерасад.

Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мо то ҳол дар иҷрои воқеии вазифаҳо ва ҳадафҳо дар арсаи таъмин намудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ҷиддан ақиб мондаем.

Ғайр аз ин, таъсири номатлуби раванди тағйирёбии иқлим вазъи корҳоро ҷиҳати расидан ба идораи устувори захираҳои об мураккаб мегардонад.

Маълум аст, ки тағйироти глобалии иқлим ба ҳаҷми захираҳои оби нӯшокии тоза ва сифати он таъсири манфӣ расонида, кишварҳо ва минтақаҳои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ дучор месозад.

Имрӯз дар олам зиёда аз ду миллиард нафар аз норасоии об танқисӣ мекашанд.

Тибқи пешгӯйии коршиносон, соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то панҷ миллиард нафар, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра, баробар гардад.

Зимнан, тамоюли афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯиро мегузорад.

Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани муносибатҳо миёни соҳаҳои иқтисод мегардад.

Шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди об метавонад ҳатто дар дохили як кишвар пайомадҳои манфиро ба бор орад.

Маҳз ҳамин ду омил – тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ – чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард.

Дар баробари ин омилҳо як силсила масъалаҳои дигаре вуҷуд доранд, ки муносибати маҷмӯӣ ва ҳамкории фаъолро дар соҳаи об тақозо доранд.

Дар маҷмӯъ баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, кам кардани ифлосшавии захираҳои об, истифодаи такрории онҳо ва таҳияи технологияҳои нави тавлиди оби тоза дар миқёси саноатӣ аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд.

Таҷрибаи андӯхташуда нишон медиҳад, ки дар арсаи истифодаи захираҳои об якбора ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан мушкил аст.

Бо дарназардошти маҳз ҳамин таҷриба, Даҳсолаи оғозёфта, пеш аз ҳама, ба ташаккули майдони васеъ барои таҳкиму тавсеаи муколамаи мунтазами бисёрҷониба дар соҳаи об бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти амалии мушаххас равона карда шудааст.

Дар ин зимн мо ният дорем ҳар ду сол Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи амалиётро доир намоем.

Дар ин самт мо ҳамкориамонро бо кишвару созмонҳои манфиатдор дар чаҳорчӯбаи Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда идома хоҳем дод.

Бо истифода аз фурсат, мехостам ба ҳамаи аъзои Кумитаи кунунии роҳбарикунандаи байналмилалӣ, ки дар омода намудани Конфронси имрӯза саҳми басо арзишманд гузоштаанд, изҳори сипос намоям.

Ҳамчунин, мо ният дорем корро дар ин ҷода тавассути дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази байналмилалии мусоидат ба татбиқи Даҳсола тақвият бахшем.

Раванди таҳияву пешбурди қатъномаи нави Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҷараёни татбиқи Даҳсола майдони иловагиро барои ҳамкории мо фароҳам хоҳад овард.

Мо ба ҷонибдории фаъоли шариконамон дар пешбурди қатъномаи мазкур дар чаҳорчӯби иҷлосияи ҳафтоду сеюми Маҷмаи умум умед дорем.

Аз нигоҳи мо, саъйю талошҳо ҷиҳати эҷоди механизмҳои мусоидат ба татбиқи Даҳсола бояд бо сафарбарсозии захираҳои зарурии башарӣ, молиявӣ ва фаннӣ тақвият дода шаванд.

Дар робита ба ин мехостам масъалаи талаботи бузурги соҳаи обро ба маблағгузорӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани лоиҳаву барномаҳои ин соҳа махсус таъкид созам.

Аз рӯйи ҳисобҳои Бонки Ҷаҳонӣ, талаботи ҳамасолаи молиявӣ барои иҷрои танҳо ду вазифаи Ҳадафи шашуми рушди устувор, яъне дастрасии умум ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт, то ба як саду чордаҳ миллиард доллари амрикоӣ мерасад.

Зимнан, зарур аст, ки саъю кӯшиши мо ба боло бурдани самаранокии истифодаи захираҳои молиявии мавҷуда ва пайдо намудани манбаъҳои нави маблағгузории соҳаҳое, ки бо захираҳои об алоқаманданд, равона карда шаванд.

Ба ин манзур, тавсеаи шарикии давлат бо бахши хусусӣ барои ҷалб намудани сармояи иловагӣ ба соҳаи об ва инфрасохтори он имконоти нав фароҳам месозад.

Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!

Ҷузъи фаромарзии ҳамкории арсаи об низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад.

Ҳамкориву ҳамгироии самаранок, одилона ва барои ҷонибҳо судманд дар соҳаи об метавонад таконбахши рушди муштараки кишварҳое гардад, ки онҳоро ҳавзаҳои умумии об ба ҳам мепайвандад.

Минтақаи Осиёи Марказӣ мисоли возеҳи ҳамкории созанда дар соҳаи об мебошад, ки дар он нобаробарии ташаккулёбии захираҳои об ҷой дорад.

Чунин вазъ, дар баробари талаботи фарқкунандаи кишварҳои минтақа ба истифодаи захираҳои об аз лиҳози соҳавӣ ва мавсимӣ, чанде пеш чун омили баҳсу мунозираҳо ва ихтилофоти эҳтимолӣ арзёбӣ мегардид.

Вале тавре ки замон ва амалия нишон медиҳад, мо тавонистем дар ҳалли мушкилоти мавҷуда  ба пешрафти назаррас ноил шавем.

Айни ҳол дар минтақа имконоту инфрасохтори нав барои ҳамкории самарабахш ва таъмини рушди кишварҳои шомили он эҷод гардидаанд.

Ҷиҳати ноил шудан ба ин натиҷаҳо нақши чунин сохторҳои минтақавӣ, ба монанди Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва ниҳодҳои он, бешубҳа, назаррас аст.

Ҳамзамон бо ин, имрӯз мо дар рӯ ба рӯи мушкилоту таҳдидҳои нави замони муосир қарор дорем, ки аз ҳарвақта бештар муттаҳид сохтани талошҳои муштарак ва иқдомоти ҳамоҳангшударо тақозо менамоянд.

Мисоли равшани ин таҳдидҳо мавсими камобии соли равон мебошад.

Бо сабаби боришоти ками мавсимӣ кишварҳои минтақа аллакай дучори камобӣ шуданд.

Ҳаҷми оби дарёҳо аз меъёрҳои миёнаи солона паст буда, дар мавсими обёрӣ ҳамагӣ дар ҳаҷми 60-70 фоиз пешгӯйӣ мешавад.

Чунин ҳолат ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии зичи талошҳои моро барои ҳалли ин қабил мушкилот тақозо менамояд.

Боиси хушнудист, ки солҳои охир тағйироту таҳаввулоти минтақавӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, башарӣ ва дигар арсаҳо суръати мусбати пешравиро пайдо кардаанд.

Чунин воқеият, бешубҳа, барои такмили минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ ва ҳалли якҷояи мушкилоти мавҷудаи минтақавӣ заминаҳои заруриро фароҳам месозад.

Ҳозирини гиромӣ!

Мушоҳидаҳои бисёрсола гувоҳӣ медиҳанд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ тақвият меёбад.

Тибқи ин мушоҳидаҳо, тайи шаст соли ахир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона ба андозаи як градус аз рӯйи Селсия боло рафта, миқёсу миқдори ҳодисаҳои табиии вобаста ба обу ҳаво рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ дар шакли обхезӣ, аз маҷрои дарёҳо баромадани об, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонанд.

Гузашта аз ин, тайи чанд даҳсолаи охир мо тақрибан як ҳазор пиряхи хурду миёнаро талаф додем.

Бо мақсади мониторинги ин равандҳо ва андешидану татбиқ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим имсол мо дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем ва дар таҳкими иқтидорҳои он ба дастгирии ширикони рушд умед дорем.

Итминон дорам, ки дар ояндаи наздик ин марказ дар раванди банақшагирӣ ва идораи захираҳои об на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар зинаи минтақавӣ низ саҳми арзанда хоҳад гирифт.

Ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 98 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.

Ҳукумати мамлакат оид ба мутавозин сохтани истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ аз тариқи навсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда, бунёди иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири сарфаи он тадбирҳои ҳаматарафа меандешад.

Дар навбати худ, обанборҳои неругоҳҳо ба таъмини намудани танзими боэътимоди бисёрсолаву мавсимии ҷараёни об, пешгирии обхезиҳо ва кам кардани оқибатҳои хушксолӣ мусоидат мекунанд.

Истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмин намудани кишварҳои минтақа бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза – яке аз асосҳои рушди “иқтисоди сабз” – метавонад ба кам кардани партовҳои газҳои гулхонӣ (карбон) ба атмосфера мусоидати ҷиддӣ намояд.

Дар робита ба ин мехостам аҳаммияти татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000, ҳамчунин барқарор намудани фаъолияти ҳамзамони шабакаи энергетикии Тоҷикистонро бо низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки имконияти интиқоли энергияи “сабз”–и моро ба ҳамсоягони дуру наздик фароҳам меоранд, зикр намоям.

Дар кишвари мо таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии босифат ва беҳдошт чун афзалияти дигари муҳим боқӣ мемонад.

Мо аллакай ба таҳияи Барномаи нав оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза барои давраи то соли 2030 шурӯъ намудем.

Ин Барнома яке аз ҳадафҳои калидии рушди устувор – дастрасии умуми аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдоштро фаро мегирад.

Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи об, дар айни замон ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа низ нигаронида шудааст.

Дар ин зимн мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиатҳои умум мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.

Истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 километри кубиро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад.

Дар фарҷоми сухани худ изҳори умед менамоям, ки иштирокдорони Конфронс бо истифода аз имконоти имрӯза дар таҳияи тавсияҳои мушаххасу амалӣ ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Даҳсолаи нав саҳми арзандаашонро хоҳанд гузошт.

Ба ҳамаи ҳозирин кори созандаву пурмаҳсул ва ба меҳмонони гиромии мо будубоши боҳаловатро дар сарзамини хуршедию меҳмоннавози Тоҷикистон орзу менамоям.

Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ,солҳои 2018-2028 

50239589353_71f15779ce_c-e1597749226111-2.jpg

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустии кишвар!
Ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.

Мо дар ин муддат дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо кормандони соҳаи тиб 33 мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ кардем ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ва дигар мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас додем ва дар ин замина ба ислоҳоту азнавсозии ҷиддии соҳа асос гузоштем.

Аз охирин вохӯрие, ки вобаста ба маросими ифтитоҳи пайкараи Ибни Сино ва Рӯзи донишу оғози соли нави таҳсил доир карда будем, ду сол сипарӣ шуд.

Тибқи таҳлилҳо нақшаи чорабиниҳои баъди мулоқот таҳияшуда дар муҳлатҳои муқарраргардида амалӣ шуда истодааст.

Вохӯрии имрӯзаи мо ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва солгарди бузургтарин чеҳраи илми Шарқ — Абӯалӣ ибни Сино, ки яке аз поягузорони илми тиб ба шумор меравад, баргузор мегардад.

Аз ин рӯ, шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми кормандони соҳаи тибби мамлакатро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Ҳозирини арҷманд!

Соли равон барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад.

Ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, дар кишвари мо низ пайдо гардид.

Мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ вазъи дар ҷаҳон баамаломадаро таҳлил намуда, барои пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои фавриро андешидем ва корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ба роҳ мондем.

То 17-уми августи соли ҷорӣ дар ҷаҳон зиёда аз 21 миллион нафар одамон ба ин беморӣ мубтало шуда, 756 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд.

Ба ин кори хайр ҳатто собиқадорону нафақахӯрони соҳа бо амри виҷдон ҳамроҳ шуданд.

Онҳо шабонарӯзӣ дар ҷойи кори худ истода, тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашонро сафарбар сохтанд ва ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз чанголи марг раҳо бахшиданд.

Махсусан, табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд.

Баъзе табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҳатто се-чор моҳ аз ҷойи кори худ берун нарафтанд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанд ва боз корашонро идома доданд. Ва имрӯз ҳам фаъолияти худро содиқона идома дода истодаанд. Аҳсан ба онҳо!

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан, ба табибону ҳамшираҳои шавқат, ки дар он рӯзҳои вазнин матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор мехоҳам.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани чораҳои фаврӣ, таблиғоту фаҳмондадиҳӣ, безараргардонии маҳалҳои зист, хонаҳои истиқомативу муассисаҳои иҷтимоӣ, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, инчунин, пешбурди омори шахсони бемор дар тамоми қаламрави мамлакат пеши роҳи паҳншавии беморӣ то андозае гирифта шуд.

Дар ин раванд, дар шаҳру ноҳияҳо барои қабул ва табобати беморон ҷойҳои иловагӣ таъсис дода, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд.

Танҳо дар шаҳри Душанбе дар як муддати кӯтоҳ 5000 ҷойи иловагӣ омода карда шуд.

Дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои калон низ чунин ҷойҳои иловагӣ омода гардиданд.

Бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид.

Ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо карда, сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ расонида шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади мубориза ба муқобили коронавирус суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуд.

То ба имрӯз аз ин суратҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизот сарф гардидааст.

Бар замми ин, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 13,4 миллион сомонӣ доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

Ҳамчунин, соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва ширкатҳои хусусӣ низ аз ҳисоби корхонаҳои худ барои беморхонаҳо маводи ғизоӣ, либоси махсус, ниқоб, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карданд.

Дар ин давра 60 корхона бо истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва 20 корхона ба истеҳсоли либоси махсуси муҳофизатӣ машғул шуда, то 15 августи соли 2020 зиёда аз 10 миллион дона ниқоби тиббӣ ва 56 ҳазор либоси махсуси тиббӣ истеҳсол намуданд.

Инчунин, ҳоло дар кишвар 15 корхона ба истеҳсоли маводи безараргардонӣ ва беҳдоштӣ машғул мебошад.

Бинобар ин, ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон ва шахсони ҳимматбаланде, ки дар рӯзҳои сангини бемории сироятӣ соҳаи тандурустиро дастгирӣ карданд, ба табибону ҳамшираҳои шафқат кумак намуданд, ба суратҳисоби махсус маблағ гузарониданд ва дар паст кардани шиддати ин беморӣ ёрмандӣ расониданд, изҳори сипос карда, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ ва комёбӣ орзу менамоям.

Дар ин давра аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ низ ба маблағи қариб 34 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расиданд, ки ба онҳо барои ёрии саривақтӣ изҳори ташаккур мекунам.

Ҳозирини гиромӣ!

Пандемияи КОВИД-19 ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ таъсири манфӣ расонид ва таъсири он ҳанӯз идома дорад.

Суръати рушд ва нишондиҳандаҳои иқтисодии ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон бо сабаби карантин ва дигар чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус коҳиш ёфтанд.

Аз ин сабаб, дар баробари буҳрони амиқи иқтисодиву молиявӣ ва бекории шадиду камбизоатӣ ба инсоният хатари норасоии озуқаворӣ ва болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, алалхусус, маводи ғизоӣ таҳдид менамояд.

Дар чунин шароит, Ҳукумати Тоҷикистон барои паст намудани таъсири омилҳои буҳронӣ ба иқтисодиёти кишвар як силсила тадбирҳои таъхирнопазир андешид.

Натиҷаи онҳоро имрӯз дар фаровонии маҳсулот дар бозорҳои кишвар ва устувориву дастрасии нархҳо дидан мумкин аст.

Дар баробари ин, як масъалаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам.

Таҷриба нишон дод, ки дар соҳаи тандурустӣ баъзе бахшҳо осебпазир буда, барои пешрафти онҳо бояд корҳои бештар анҷом дода шаванд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳоло мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастовардҳо, норасоиҳо ва вазифаҳо барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани солимии мардуми кишварамон, ки сарвату боигарии бебаҳои давлат аст, баён намоям.

Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин давра ислоҳоти сохтори тандурустии мамлакат оғоз шуда, то ба имрӯз бомаром идома дорад.

Дар ин раванд, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва таҷдиди муассисаҳои тиббию фармасевтӣ амалӣ гардид.

Агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расидааст, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст.

Агар дар давраи солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нави соҳа сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуда, дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ ва барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

Мутобиқи Амри Президенти мамлакат аз 22 майи соли 2018 доир ба амалӣ намудани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба муносибати 30 — солагии истиқлоли давлатӣ дар давоми солҳои 2018-2021 бунёди 358 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин ҳисоб 276 муассиса то аввали июли соли 2020 сохта, ба истифода дода шуд.

Сохтмони 132 иншооти дигар то охири соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии сохтмонҳо 200 иншоот аз ҳисоби соҳибкорон ва 63 иншооти дигар аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ сохта мешавад.

Соли 2016 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа — Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо 38 бино ва 61 шуъба ҳамчун маркази тиббии бисёрсоҳаи дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст бунёд ва ба истифода супорида шуд. Дар ин муассиса ҳоло қариб 2400 нафар кормандон, аз ҷумла 500 нафар табибон ва беш аз 800 нафар кормандони миёнаи тиб ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Дар кишвар, инчунин, 8 муассисаи тиббии бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла, Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази тиббии шаҳрии рақами 1, беморхонаҳои клиникии вилоятӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Данғара фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳазорон нафар беморон табобат меёбанд.

Буҷети соҳаи тандурустӣ дар соли 2020-ум 1 миллиарду 841 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 7,2 баробар зиёд мебошад.

Дар 29 соли истиқлол музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ аз 3 сомонӣ ба 1253 сомонӣ расонида шуда, ин нишондиҳанда ҳатто нисбат ба соли 2007-ум қариб 20 баробар зиёд шудааст.

Бо Фармони Президенти мамлакат, ки чанд рӯз пештар ба тасвиб расид, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Хароҷот аз ҳисоби буҷети давлат ба ҳар як нафар аҳолӣ дар соли 2020-ум 200 сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам назар ба соли 2001-ум 45 баробар ва нисбат ба соли 2011-ум дуюним баробар зиёд аст.

Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ аксари муассисаҳои тиббӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, сатҳу сифати табобати беморон тадриҷан беҳтар ва ҳолатҳои барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар рафтани шаҳрвандон хеле кам гардид.

Бо мақсади аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ аз ҷониби аҳолӣ ду санади муҳим — “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ ва тартиби муоинаи тиббии давравӣ ва ҳатмии тиббии шаҳрвандон” қабул ва татбиқ гардидаанд.

Дар доираи ин санадҳо солҳои 2015 – 2019 аз ҳисоби хизматрасониҳои муздноки зикршуда илова ба буҷети ҳарсолаи барои соҳа пешбинигардида 831 миллион сомонӣ ворид гардида, ин маблағ асосан барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа тавассути пардохти музди меҳнати иловагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ, инчунин, хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ равона карда шудааст.

Дар баробари ин, маблағгузории сарикасӣ дар ҳамаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷорӣ гардида, меъёри он соли 2020 дар муассисаҳои шаҳрӣ (59 сомонӣ) ва деҳот (48 сомонӣ) нисбат ба соли 2016 (мутаносибан 49 ва 34 сомонӣ) 17 ва 29 фоиз зиёд карда шуд.

Дар 29 соли охир дар раванди татбиқи ислоҳот ва рушди соҳаи тандурустӣ 45 лоиҳа, аз ҷумла 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардид ва татбиқи қисме аз онҳо идома дорад, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз ду миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи маблағҳои зикршуда, ки қисми асосии он сармоягузории давлатӣ, яъне қарзи Ҳукумати мамлакат мебошад, 450 беморхонаи ҳозиразамон, марказҳои саломативу табобатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва озмоишгоҳҳои муосир сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, садҳо нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, маҳорат ва малакаи касбиашонро баланд бардоштаанд.

Дӯстони азиз!

Беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, дар солҳои соҳибистиқлолӣ зарурати пешбурди сиёсати нав дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ пеш омад.

Бо ин мақсад дар ин давра “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва илмӣ “Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард.

Имрӯз дар кишвар шумораи табибон беш аз 19 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 29 фоиз, нисбат ба соли 2000-ум 32 фоиз ва назар ба соли 2010-ум беш аз 19 фоиз зиёд мебошад.

Ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соҳа ба ҳисоби миёна 1282 нафар кадрҳои ҷавон тайёр мекунад, яъне дар 5 соли охир ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро қариб 6500 нафар ҷавонон хатм кардаанд.

Шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ ҳоло ба 54 ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 1991-ум 27 фоиз ва дар муқоиса бо соли 2010-ум 35 фоиз зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи таъминот бо кадрҳо дар миқёси мамлакат ба 10 ҳазор аҳолӣ аз соли 1991 то соли 2007 тамоюли пастравӣ дошт ва дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида аз соли 2007 рӯ ба афзоиш овард.

Ҳоло таъминот бо кадрҳо нисбат ба 10 ҳазор аҳолӣ бо табибон 21 ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 59 нафарро ташкил медиҳад.

Вале норасоии кадрҳо ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки ин мушкилот дар вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар бештар мебошад.

Умуман, дар мамлакат имрӯз 4264 нафар табиб ва 2358 корманди миёнаи тиб намерасад.

Бинобар ин, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамчунин, таҳлилҳо собит месозанд, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ яке аз мушкилоти асосии соҳа мебошад ва аз ин лиҳоз, ин масъала бояд самти муҳимми сиёсат ва амнияти иҷтимоии кишвар дониста шавад.

Зеро дар ҳолатҳои паҳншавии ҳар гуна эпидемия ва умуман, дар ҳолатҳои душвори иҷтимоӣ барои пешгирӣ кардан ва наҷоти одамон нақши табибон, яъне мутахассисони баландихтисос ҳамеша ҳалкунанда ба шумор меравад.

Дар ин самт, иҷрои супоришҳои қаблан гузоштаи мо доир ба омода кардани шумораи зарурии табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ тавассути таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддат барои ҳар як шаҳру ноҳия, дар дохил ва хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, эҳёгарӣ ва бозомӯзии онҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ва маводу ашёи дигар бояд ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.

Тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар 31 муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Аз шумораи умумии муассисаҳои таълими тиббӣ 20 муассиса, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтааст.

Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро, ки қаблан низ гуфта будам, таъкид месозам.

Тибқи таҳлилҳо сатҳи дониш ва малакаи касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии соҳа ва махсусан, коллеҷҳои тиббии кишвар ба меъёрҳои қабулшуда ва талаботи рӯз чандон мувофиқ нест.

Бинобар ин, роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббиро зарур аст, ки доир ба ҳалли ин масъала, яъне баланд бардоштани сатҳи таълим ва сифати омодагии касбии донишҷӯён тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Мо бояд ба сифати тайёр кардани кадрҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем, на ба шумораи онҳо.

Дар 29 соли охир бо мақсади аз байн бурдани норасоии мутахассисон ҳар сол бо дастгирии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тавассути Стипендияи Президенти мамлакат «Дурахшандагон», аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ зиёда аз 500 нафар мутахассисон дар муассисаҳои илмиву таълимии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил ва бозомӯзӣ кардаанд, ки ин барои ба роҳ мондани хизматрасониҳои нави тиббӣ мусоидат намуд.

Зарур аст, ки ин кор минбаъд низ идома дода шавад.

Бояд гуфт, ки аз 13 муассисаи илмии вазорат 10 муассиса ва аз 31 муассисаи таълимии соҳаи тандурустӣ 20 муассиса дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис дода шудааст, ки ин худ гувоҳи дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди илм дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Имрӯз дар соҳа 841 нафар докторҳо ва номзадҳои илми тиб фаъолият доранд, ки 64 фоизи онҳо рисолаҳои илмии худро дар даврони истиқлол ҳимоя кардаанд.

Илова бар ин, хотиррасон месозам, ки дар кишвар 10 коллеҷи хусусии тиббӣ фаъолият дошта, дар онҳо қариб 1000 нафар омӯзгорону табибон ва 63 нафар кормандони миёнаи тиббӣ кор мекунанд.

Инчунин, дар кишвар 717 муассисаи хусусии тиббӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 4100 нафар, аз ҷумла 1702 нафар табибон, 1580 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ва 877 нафар кормандони ёрирасон машғули фаъолият мебошанд.

Дар баробари пешравиҳои муайян, дар самти пешбурди корҳои илмии соҳа камбудиҳо низ ба назар мерасанд.

Масалан, дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар муассисаҳои илмӣ истифода мешаванд, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, хеле фарсуда гардидааст.

Зарур аст, ки ин камбудиҳо ҳарчи зудтар бартараф ва дар навбати аввал масъалаи таъминоти озмоишгоҳҳо бознигарӣ карда шавад.

Зеро илм ҷузъи таркибии фаъолияти ҳар як муассисаи тиббӣ буда, танҳо тавассути илми воқеӣ мо метавонем ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такон бахшем.

Дӯстони гиромӣ!

Дар доираи ислоҳоти соҳа баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Дар ин самт то имрӯз дар кишвар 12 барномаи миллӣ, аз ҷумла доир ба мубориза бар зидди бемориҳои сил, диабети қанд, саратон, дил, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа, нашъамандӣ, рушди донории хун ва дигар бахшҳо татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳо ва беҳтар кардани солимии аҳолӣ мебошад.

То давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар марказҳои махсусгардонидашуда оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам вуҷуд надоштанд.

Чунки ин беморӣ дар Тоҷикистони мо умуман вуҷуд надошт.

Дар 29 соли истиқлол панҷ барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди ин беморӣ таҳия ва қабул гардида, ҳоло лоиҳаи нави “Барномаи миллӣ барои солҳои 2021-2025” дар баррасӣ қарор дорад.

Дар доираи татбиқи барномаҳои қабулгардида шумораи марказу ташхисгоҳҳои замонавӣ афзоиш ёфта, фарогирии аҳолӣ ба ташхиси вируси норасоии масунияти одам сол ба сол беҳтар гардид ва ин нишондиҳанда соли 2020 нисбат ба соли 2010 қариб шаш баробар зиёд шуд.

Таҳлили вазъи сирояти вируси норасоии масунияти одам нишон медиҳад, ки он тамоюли зиёдшавӣ дошта, ба ҳолати 1-уми июли соли 2020 дар кишвар расман 12666 нафар шахсони бо ин вирус сироятёфта ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз 3455 нафар фавтидааст.

Ба мақсади пешгирӣ намудан ва мубориза бар зидди бемории диабети қанд, ки ба гурӯҳи бемориҳои дар байни аҳолии Тоҷикистон паҳнгардида дохил мешавад, якчанд барномаи мубориза бар зидди диабети қанд қабул ва амалӣ карда шудааст.

Вале бо вуҷуди ин, шумораи беморони диабети қанд дар кишвар мунтазам афзуда истодааст.

Масалан, соли 2001 шумораи шахсони ба бемории диабети қанд гирифторшуда 10326 нафарро ташкил мекард, вале соли 2019 ин шумора ба 46256 нафар расидааст.

Вазъи зикршуда ва дар айни замон зиёдшавии дигар бемориҳои эндокринологӣ андешидани тадбирҳои қатъии иловагиро тақозо менамояд.

Дар ин самт, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда доир ба сабабҳои сар задани чунин бемориҳо, аз ҷумла камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти маводи ғизоӣ, пурхӯрӣ ва манфиати тарзи ҳаёти солим ва махсусан, варзиш ва фаъолнокии ҷисмонӣ пурзӯр карда шаванд.

Ҳарчанд ки бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон заминаи моддиву техникии муассисаҳои зиддисаратонӣ пурқувват гардонида шуд, аммо сатҳи беморшавии умумӣ ва беморшавии аввалия бо саратон сол ба сол боло рафта истодааст.

Ин нишондиҳанда соли 2009 нисбат ба 100 ҳазор аҳолӣ 133,5 нафарро ташкил мекард, вале соли 2019 ба 191,6 нафар расидааст.

Илова ба бемориҳои зикршуда дар кишвар болоравии сатҳи нашъамандӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабул намудааст.

Ҳамчунин, сохторҳое низ таъсис дода шудаанд, ки иҷро ва риояи ин санадҳоро таъмин ва назорат мекунанд.

Дар натиҷаи чораҳои амалгардида сатҳи нашъамандӣ аз соли 2007 сар карда, рӯ ба камшавӣ овардааст.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки минбаъд вазъи нашъамандиро таҳти баррасӣ ва назорати ҷиддӣ қарор дода, бо мақсади коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва сари вақт андешидани тадбирҳои таъхирнопазир, инчунин, вобаста ба таъсис додани маркази замонавии офиятбахшӣ ва табобати шахсони гирифтори нашъамандӣ дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии “Тангаӣ” ва ҷалби таваҷҷуҳи донорҳо ва созмонҳои кумакрасон чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Яке аз самтҳои муҳимми ислоҳоти соҳаи тандурустӣ афзалият додан ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла тибби оилавӣ мебошад.

Аслан, рушди тибби оилавӣ дар Тоҷикистон аз соли 1998 оғоз гардид.

Дар давоми солҳои 1999-2019 дар доираи ислоҳот заминаи меъёрии ҳуқуқии тибби оилавӣ тавассути қабули қонунҳо, нақшаҳои стратегӣ ва барномаҳои дахлдор пурзӯр гардида, инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ, хусусан, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, рушди захираҳои инсонӣ, аз ҷумла тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ вусъат пайдо кард.

Дар натиҷаи беҳтар гардидани ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддиву техникии 43 фоизи муассисаҳои кумаки аввалия дастрасӣ ва имкониятҳои ташхису табобат беҳтар гардида, ба мусбат гардидани нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла кам шудани бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва афзоиши муроҷиати шаҳрвандон мусоидат намуд.

Дигар самти муҳимми хизматрасониҳои тиббӣ бо истифодаи дастовардҳои илми муосир ва технологияҳои ҳозиразамон ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ ва ташхису табобат мебошад.

Ҳадафи васеъ ба роҳ мондани ин таҷриба кам кардани шумораи беморони барои табобат ба кишварҳои дигар фиристодашаванда мебошад, ки ин, албатта, ба вазъи молиявии оилаҳои шахсони бемор таъсири мусбат мерасонад.

Корҳо дар ин самт имрӯз, аллакай, натиҷа дода истодаанд ва ҳоло шумораи эҳтиёҷмандон барои ташхису табобат дар муассисаҳои берун аз марзи кишвар то 50 фоиз коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки ин пешравӣ дар натиҷаи тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ва беҳтар гардидани таъминот бо таҷҳизоти ҳозиразамон имконпазир гардид.

Имрӯз дар кишвар 21 дастгоҳи томографияи компютерӣ (дар соли 1991–ум 1 адад), 873 дастгоҳи ташхиси ултрасадо (соли 1992 — 12 адад), 76 дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ (соли 1997-1), 11 дастгоҳи томографияи магнитии резонансӣ, 8 дастгоҳи ангиографӣ ва 46 дастгоҳи рентгени рақамӣ дар хизмати мардум қарор дорад.

Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки дар кишвар то ба имрӯз муассисаи махсусгардонидашуда оид ба табобати бемориҳои сӯхтагӣ ва заҳролудшавӣ вуҷуд надорад.

Ҳоло чунин беморон дар шуъбаҳои дахлдори Маркази тиббии шаҳрии рақами 3 шаҳри Душанбе бистарӣ ва табобат карда мешаванд.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии махсусгардонидашуда оид ба бемориҳои сӯхтагӣ ва заҳролудшавиро омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат тайи солҳои истиқлоли давлатӣ нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва модарон мутаносибан дуюним ва сеюним баробар паст гардидааст.

Тибқи омори расмӣ, агар соли 1991 нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то яксола ба 40,9 баробар шуда бошад, ин рақам соли 2019 ба 14,9 нисбат ба 1000 зиндатаваллудро ташкил кардааст.

Бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори хадамоти ҳифзи саломатии модару кӯдак дар солҳои соҳибистиқлолӣ якчанд муассисаҳои нав сохта, ба истифода дода шуданд.

Ғамхорӣ дар ҳаққи наврасону ҷавонон ва таҳти назорат қарор додани вазъи саломатии онҳо метавонад, ки таваллуди насли солимро дар оянда таъмин намояд.

Дар ин ҷода қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ва ворид намудани илова ба Кодекси оила доир ба манъ кардани никоҳи хешу табори наздик нақши назаррас бозида истодааст.

Натиҷаи муоинаи 126 ҳазор нафар никоҳшавандагон танҳо дар соли 2019 имкон дод, ки пеш аз ақди никоҳ дар 2051 нафар як қатор бемориҳо муайян гардида, онҳо ба табобат ва назорат фаро гирифта шаванд.

Имрӯз аз 27 ҳазор нафар кӯдакони маъюб, ки ба қайд гирифта шудаанду ба онҳо аз ҳисоби буҷети давлат нафақаи маъюбӣ пардохта мешавад, қисми зиёдашон натиҷаи издивоҷи хешу табори наздик мебошад. Оилаҳое, ки дар онҳо тифли маъюб ба дунё меояд, як умр бадбахт мешаванд. Чунин оилаҳо, табиист, ки оилаҳои ҷавон мебошанд. Саволе ба миён меояд, ки барои бадбахтии онҳо кӣ ҷавоб мегӯяд?

Таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ яке аз самтҳои асосии ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Бо мақсади ислоҳоти низоми эмгузаронӣ ва пурзӯр намудани идоракунии сохтори иммунизатсия соли 1996 Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ва сохторҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, соли 2015 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат барои маркази зикргардида бинои алоҳида сохта, ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки норасоии мутахассисони бахши мазкур мушкилоти асосӣ дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро зарур аст, ки аз соли таҳсили 2020 – 2021 шурӯъ карда, факултаи нигаҳдории тандурустиву ҷамъиятиро ба факултаи тиббии профилактикӣ табдил дода, қабули ихтисосҳои эпидемиолог, иммунолог, вирусолог, микробиолог, бемориҳои сироятӣ ва беҳдоштиро ба роҳ монад.

Ҳамзамон бо ин, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар муассисаҳои илмию таълимии соҳа вазифадор карда мешаванд, ки барои бештар тарбия намудани чунин кадрҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба масъалаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ мехоҳам хотиррасон намоям, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо оби нӯшокии босифат, таъмиру таҷдиди шабакаҳои обу корези шаҳру ноҳияҳо, назорати сифати маводи ғизоӣ, молҳои истифодаи ҳаррӯза ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда хеле иқдомоти назаррасро амалӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва солимии аҳолии кишвар шароити мусоидро таъмин намуд.

Ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо ин корро минбаъд низ идома хоҳад дод.

Дар давраи 29 соли истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳо бо оби нӯшокӣ 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло дар ин самт боз 10 лоиҳаи нав ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Яъне барои бо оби босифати нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат, ки яке аз шартҳои асосии ҳифзи саломатӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ мебошад, 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ равона шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди бахши фарматсевтӣ дигар қисми муҳимми соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ бо мақсади батанзимдарории фаъолияти фарматсевтӣ ва муомилоти доруворӣ сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муомилоти доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Тибқи маълумот маблағи умумии воридоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ соли 2019 -ум 531 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 -ум 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

То ба имрӯз беш аз 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бо вуҷуди то андозае беҳтар шудани нишондиҳандаҳои соҳа масъалаи муомилоти дорувории ба қайд гирифтанашуда ва ба талаботи стандартҳои сифат номутобиқ ҳанӯз ҳамчун мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Соли 2019-ум 176 ҳазор килограмм доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи ба талабот номутобиқ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст, ки 142 ҳазор килограмми он доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки назорати сифати дорувории воридшаванда ва пешгирӣ кардани воридшавии доруҳои пастсифату муҳлаташон гузаштаро пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти дигаргуниҳои зиёди солҳои охир дар бозори фарматсевтии кишвар бавуҷудомада ва беҳтар намудани заминаи қонунгузории назорати муомилоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳаи фармасевтӣ, бахусус, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумат номгӯи дорувориҳои дар кишвар истеҳсолшаванда афзуда, аз 88 номгӯйи соли 2015 дар соли 2020 то 404 номгӯй расидааст. Вале ин ҳоло ҳам кам мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар вусъат ёфтани истеҳсоли дорувориҳо саҳми бахши хусусӣ намоён мебошад.

Соҳибкорони ватанӣ технологияҳои муосири истеҳсолиро ворид намуда, коркарди гиёҳҳои шифобахши кишварро ба роҳ монда истодаанд.

Ҳоло дар коргоҳу корхонаҳои таъсисдодаи соҳибкорони ватанӣ беш аз 400 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи корӣ таъмин гардида, дар вақти корҳои мавсимӣ то 4000 нафар кормандон ҷалб карда мешаванд.

Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ моҳи феврали соли 2018 ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид ва дар асоси онҳо ба истеҳсолкунандагони ватании доруворӣ ва молҳои тиббӣ имтиёзҳо муқаррар карда шуданд.

Ҳоло воридоти таҷҳизот, маводи ёрирасон ва маводи бастубанд аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Ғайр аз ин, тибқи ҳуҷҷатҳои зикршуда технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат ҳангоми воридот аз андози арзиши иловашудаву боҷи гумрукӣ ва фурӯши дорувории истеҳсоли ватанӣ аз пардохти андози арзиши иловашуда озод карда шудааст.

Оид ба аҳаммияти масъалаи рушди истеҳсоли доруворӣ дар паёмҳои Роҳбари давлат ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва ҳангоми вохӯриҳо бо кормандони соҳаи тандурустӣ чандин маротиба дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Аз ҷумла дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ рӯзи 20 майи соли 2020 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ”-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Бори дигар таъкид месозам, ки назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ буда, кафолати бехатарӣ ва табобати беморон ба он вобастагии мустақим дорад.

Кишвари мо макони гиёҳҳои шифобахш мебошад. Соли 2017 дар Паёми худ изҳор дошта будам, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд.

Вале то ба имрӯз истифода аз ин неъматҳои табиии диёрамон, аз ҷумла коркарди гиёҳҳои шифобахш дар сатҳи ғайриқаноатбахш қарор дорад.

Яке аз вазифаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назорати истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии соҳа мебошад.

Вале натиҷаи санҷишҳои Прокуратураи генералӣ нишон медиҳад, ки то ҳол дар фаъолияти баъзе муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ҳолатҳои азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ, гирифтани пора ва мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ҷой доранд.

Дар панҷ соли охир аз тарафи мақомоти прокуратура нисбат ба кормандони соҳаи тиб 26 парвандаи ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, 11 парванда барои гирифтани пора ва 9 парванда барои гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ оғоз карда шудааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар муддати панҷуним соли охир нисбат ба 361 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 523 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хислати коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад.

Имрӯз дар мамлакат зиёда аз 711 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 150 ҳазор маъюбон, ки беш аз 27 ҳазори онҳоро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шуда, қариб 15 фоизи хонаводаҳо ҳамчун оилаҳои камбизоати кишвар аз кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ бархурдор мебошанд.

Мувофиқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақахӯрон, аз ҷумла ба маъюбон ва кӯдакони маъюб фақат дар давоми соли 2019 ва шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат 3 миллиарду 960 миллион сомонӣ пардохта шудааст.

Аз 1 -уми сентябри соли 2020 андозаи ҳадди ақалли нафақа барои 14 706 нафар кӯдакони маъюби то 18 -сола ва 14 997 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, ки аз кӯдакӣ кор намекунанд ба андозаи 50 фоиз зиёд карда мешавад.

Танҳо ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлат дар 4 моҳи соли ҷорӣ пардохти беш аз 12 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз соли 2004 механизми нави пардохтҳои иҷтимоӣ, ба монанди кумакпулӣ ба хонандагон аз оилаҳои камбизоат, ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ, гази табиӣ ва кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷорӣ карда шудааст.

Механизми мазкур тадриҷан дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ карда шуда, дар маҷмӯъ, зиёда аз 470 ҳазор оилаҳои камбизоат аз ин кумакҳо бархурдор гардида, ба онҳо дар ҳаҷми 177 миллион сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин шудааст ва ҳоло пардохт шуда истодааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад.

Дар ин давра даҳҳо санади қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ” ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат қабул карда шуданд.

То соли 1991 дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамагӣ 54 ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ амал мекарданд ва тайи 29 соли сипаригардида шумораи онҳо ба 105 муассиса расонида шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтар барои бошандагони муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар мувофиқа бо Вазорати молия аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии соҳа ва бо ҷалби шарикони рушд масъалаи азнавсозӣ ва сохтмони муассисаҳои наву замонавиро дар солҳои минбаъда роҳандозӣ намояд.

Ҳоло таҷдиди фаъолияти  хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва беморони рӯҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ёвон ва Ҷаббор Расулов идома дорад.

Соли 2010 сохтмони “Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон” оғоз гардида, корҳои сохтмон дар ду бинои он тибқи нақша идома доранд.

Ба истифода додани биноҳои нав имкон медиҳад, ки шумораи истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ бештар ва шароити тавонбахшии кӯдакони маъюб беҳтар гардида, ҳамзамон бо ин, ниёзмандон аз дигар кишварҳо ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд.

Зеро он нахустин маркази байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарияти вазоратро зарур аст, ки ба ҷараёни сохтмони маркази зикршуда аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидани сохтмони он тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав масъалаи ҷалби сармояи хориҷиро барои сохтмони бинои наву замонавии корхонаи протезиву ортопедии шаҳри Душанбе баррасӣ намуда, то охири соли ҷорӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди асоснок манзур намоянд.

Хотирнишон месозам, ки дар низоми таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар ҳанӯз ҳам масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ, меҳнат ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳ монда нашудааст.

Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав бояд ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳо оид ба тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соҳа чораҷӯӣ намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар оянда низ барои рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Зеро ин соҳа, яъне ғамхории доимӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади ҳалли мушкилоту масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, бартараф кардани камбудиҳои зикршуда ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои соҳа зарур аст, ки дар солҳои минбаъда ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Барои омода намудани мутахассисони босалоҳияту баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва шарикони рушд ба Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ иловаҳои зарурӣ ворид карда шуда, низоми таҳсилоти баъдидипломии тиббӣ тақвият бахшида шавад.

Бо мақсади паст намудани сатҳи муҳоҷирати табибон ба хориҷи кишвар роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон ва оила барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии табибони ҷавон чораҳои мушаххас андешанд.

Барои баланд бардоштани маҳорату малакаи идоракунии ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои табобатӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ дар Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ курсҳои омӯзиши менеҷменти соҳаи тандурустӣ ба роҳ монда шаванд.

Барномаи рақамикунонии низоми тандурустӣ ба роҳ монда, пойгоҳи ягонаи тиббии Тоҷикистон таъсис ва сохтори масъули давлатӣ муайян карда шавад.

Пойгоҳҳои клиникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақвият дода, доир ба бунёди клиникаҳои донишгоҳӣ чораҷӯӣ ва дар минтақаҳо озмоишгоҳҳои муосири ташхиси бемориҳо ташкил карда шаванд.

Барои омода намудани мутахассисони соҳаи равоншиносӣ ва беҳдошт чораҳои иловагӣ андешида, мутахассисони равоншинос, сироятшинос ва беҳдошт ба муассисаҳои таълимиву табобатӣ вобаста карда шаванд.

Барномаи миёнамуҳлати рушди саноати дорусозӣ ва тиббӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.

Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатӣ таҳия гардида, давра ба давра бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз сохтани ҳамаи муассисаҳои табобатӣ самти афзалиятноки он муайян карда шавад.

Вазъи мураккаби эпидемиологии соли ҷорӣ нишон дод, ки дар кишвар масъалаи норасоии мутахассисони вирусолог, эпидемиолог, иммунолог ва реаниматолог бисёр ҷиддист.

Бо ин мақсад зарур аст, ки кормандони озмоишгоҳҳои соҳавии вирусологии фаъолияткунанда ҷиҳати ташхиси бемории КОВИД-19 дар байни одамон, ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта, илова бар ин, дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҳисоби кормандони соҳаи тиб, биологҳо ва байторҳо мутахассисони соҳаҳои зикршуда омода карда шаванд.

Таъкид месозам, ки ин кор бисёр зарур аст ва бояд фаврӣ ба роҳ монда шавад.

Барои пешгирӣ кардани воридоти доруҳои қалбакӣ ва ба талабот номутобиқ, дар назди Хадамоти давлатии фаъолияти фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маркази таҳлили биоэквивалентии дору таъсис дода шавад.

Ташкили Комиссияи фаврии зиддиэпидемиологӣ, ситодҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ ва ҳамоҳангу ҷоннок намудани фаъолияти муштараки онҳо дар ҳар як беморхона ва марказҳои саломатӣ фаъолият намудани мутахассиси эпидемиолог ва мунтазам гузаронидани машқҳо оид ба андешидани чораҳои фаврӣ ҳангоми пайдошавии ин ё он бемории сироятӣ хеле зарур мебошад.

Дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дигар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишвар барои зинаҳои магистратура ва докторантураи соҳаҳои табиатшиносӣ (биология, химия, физика, тиб, байторӣ, фармакология ва монанди инҳо) курсҳои ҳатмии омӯзишӣ оид ба бехатарии биологӣ, ҳимояи биологӣ ва биоэтика роҳандозӣ карда шаванд.

Барномаи ин курси махсус ба барномаҳои таълимии магистратура ва докторантура ворид карда, барои тасдиқ ба вазоратҳои маориф ва илм ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда шавад.

Таҳияи барномаи амалӣ оид ба омӯзонидани наҷотдиҳандагон, табибон, байторҳо, биологҳо ва кормандони хадамоти садамавӣ ҷиҳати андешидани чораҳои фаврӣ ҳангоми истифодаи маводи хавфноки биологӣ ва дар ин замина гузаронидани машқҳои саҳроӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ зарур аст.

Ситоди ҷумҳуриявиро зарур аст, ки ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ карда, корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи тавсияҳои мутахассисон ва қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ҷоннок намояд.

Бо дарназардошти он, ки татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи тандурустӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба малакаи ташкилотчигӣ, донишу таҷриба ва қобилияти кордонии сартабибон вобастагии зиёд дорад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки талаботро нисбат ба мутахассисоне, ки ба вазифаи сартабиб таъйин карда мешаванд, пурзӯр намуда, ба масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва давра ба давра аз аттестатсия гузаронидани онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳад.

Бо сабаби он, ки муҳлати татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ба охир расида истодааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки стратегияи нави рушди соҳаро барои то соли 2030 таҳия ва ба Ҳукумат манзур намояд.

Дӯстони гиромӣ!

Борҳо таъкид кардаам ва боз такрор мекунам, ки табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд.

Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд.

Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад.

Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.

Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед.

Ин алломаи замон дар вазнинтарин рӯзҳои сахти мардум аз байни одамон ҷудо нагардид, тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон сарф намуд ва умедаш ҳамеша тандурустии инсон буд.

Умедворам, ки шумо низ ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳимояи сиҳатии шаҳрвандони кишварамон ҳамаи саъю талоши худро сафарбар месозед.

Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати ҷашни касбӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ин кори заҳматталаб, вале пуршараф барору муваффақият орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманд ва сарбаланд бошед.

18.08.2020, шаҳри Душанбе

https://khovar.tj/2020/08/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-mu-taram-emomal-ra-mon-dar-voh-r-bo-kormandoni-so-ai-tandurust/


Президенти Тоҷикистон: «Ба кӯдакон ва наврасону ҷавонон бояд фаҳмонем, ки хатари коронавирусро саҳл нагиранд»

50235810321_e24ee18742_c-e1597647274898-1.jpg

Дар мавриди ба хонандагон омӯзонидани қоидаҳои одии беҳдоштӣ, ки саломатии ҳар инсон аз онҳо вобастагии қавӣ дорад, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур зикр намуданд, ки «падару модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ бояд ба хонандагону донишҷӯён қоидаҳои беҳдошти шахсиро доим хотиррасон созанд ва риояи ҳатмии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо вазифадоранд, ки дар ин самт тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд. Мо ба кӯдакон ва наврасону ҷавонон бояд фаҳмонем, ки хатари бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирусро саҳл нагиранд ва бо саломативу ҳаёт бозӣ накунанд».

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бахшида ба оғози Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ занги аввал садо дод.

Дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабули хонандагони синфи аввал бо шодию нишот баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҷараёни оғози Рӯзи дониш дар ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ва №71-и ноҳияи Шоҳмансури шинос шуд. Дар ин ду муассиса қабули хонандагон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва ниқоб ба роҳ монда, даромадани волидайн ва шахсони бегона ба муассисаҳо қатъиян манъ шуда буд.

Дарси сулҳ дар муассисаи мазкур бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид, ки хонандагон тариқи оинаи нилгун онро тамошо карданд.

Муовини деректори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 Нодира Дадабоева иброз дошт, ки «имрӯз хонандагон бо шавқи баланд ва нияти илму донишандӯзӣ вориди мактабу синфхонаҳо шуданд. Акнун омӯзгорон омодаанд ба хонандагон ҳама маҳорату малака ва донишу маърифати доштаашонро омӯзонанд, зеро ин кӯдакону наврасон ояндаи миллатанд».

Мавсуф иброз дошт, ки «дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассиса 340 нафар ба синфи аввал қабул гардида, онҳо дар се баст ба таълим фаро гирифта мешаванд. «Вазъияти имрӯза ба ҳамагон маълум аст ва ҷиҳати пешгирии бемории мазкур кӯшиш мекунем, ки ҳама дастур, супориш ва таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамеша аз эҳтиёт кор бигирем», — иброз дошт ӯ.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 ноҳияи Шоҳмансур Нигина Нуъмонова гуфт, ки дар муассисаи онҳо шумораи хонандагон имсол 3 ҳазору 887 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 282 нафарашон хонандагони синфи аввал мебошанд.

Дар ин муассиса низ суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагони синфҳои 9-11 дар толори мактаб ва синфҳои поёнӣ дар синфхонаҳои худ тамошо карданд.

Номбурда изҳор намуд, ки ҳамасола бо иштироки Сарвари давлат оғоз гардидани Дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар мамлакати мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

ДУШАНБЕ, 17.08.2020. /АМИТ «Ховар»/.

https://khovar.tj/2020/08/dshdfprezidenti-to-ikiston-ba-k-dakon-va-navrasonu-avonon-boyad-fa-monem-ki-hatari-koronavirusro-sa-l-nagirand/

ДУШАНБЕ, 17.08.2020. /АМИТ «Ховар»/.

12.09.2020 19:06, шаҳри Панҷакент


Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс - Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад, ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бисту нӯҳсолагии истиқлоли давлатӣ ва 5500 – солагии Саразм табрик мегӯям.

Арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ойину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик ба мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ муяссар гардид.

Дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат гирифта истодааст, ба таъсири харобиовари равандҳои ҷаҳонишавӣ истодагарӣ кардан танҳо тавассути амиқ омӯхтани таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ имконпазир мебошад.

Таъкид месозам, ки муҳаббат ба Ватани маҳбуб аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад.

Воқеан, таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон аст.

Вазифаи олимону донишмандон, устодону омӯзгорон ва падару модарон аст, ки ба наслҳои наврас аҳаммияти ин мероси бузургро фаҳмонанд ва онҳоро ба омӯхтани таърихи бостониву пурифтихори халқамон ташвиқу роҳнамоӣ кунанд.

Имрӯз дар кишварамон се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.

Ёдгориҳои замони қадим, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Ҳулбук, Бунҷикат, Шаҳристон, Ҳисорак, Санҷаршоҳ, Карон, Ямчун ва даҳҳо мавзеи дигар ҳар сол бо роҳи ташкили экспедитсияҳои дохиливу байналмилалии бостоншиносӣ мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор дода мешаванд.

Саразм яке аз чунин ёдгориҳои куҳан ба шумор меравад.

Маънии ин ҷойноми таърихӣ “сари замин” ё “сарзамин”-ро ифода менамояд, ки далели қотеи таърихи пурифтихору деринаи халқи тоҷик мебошад.

Мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз барои ҳифзи ин мероси бузурги таърихиамон корҳои зиёдеро анҷом додем.

Ёдгории Саразм бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид.

Ман солҳои 2003-2005 ду маротиба ба ин мавзеъ омада, бо вазъи он шинос шуда, дар хусуси ҳифзу омӯзиши ин мавзеи нодир дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузошта будам.

Дар шароите, ки имкониятҳои молиявии кишвар дар он рӯзҳо бисёр маҳдуд буданд, мо барои ҳифзи ин ёдгории нодир маблағҳои зарурӣ ҷудо кардем.

Дар натиҷа тайи солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти он болопӯш ва атрофи ёдгорӣ бо панҷара иҳота карда шуд.

Дар ин раванд, маводу далелҳои илмии таърихиву бостоншиносӣ дар заминаи таҳқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ барои ворид намудани Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои фарҳанги ЮНЕСКО пешниҳод гардиданд.

Ва ин созмони бонуфуз 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳанги умумибашарӣ шомил намуд.

Баъдан доир ба ҷашни 5500 - солагии Саразм, ки аз тарафи аҳли илм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги кишоварзиву ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эътироф шудааст, қарори дахлдори Ҳукумат қабул гардид.

Дар доираи ин санад дар шаҳри Панҷакент корҳои зиёди созандагиву ободонӣ амалӣ гардиданд ва имрӯз симои шаҳр хеле зебо шуда, сокинони он якҷо бо тамоми мардуми Тоҷикистон ҷашни диёри куҳанбунёди худро баргузор менамоянд.

Бо истифода аз фурсат, ҳамаи донишмандону муҳаққиқон ва шумо - ширкаткунандагони Симпозиуми байналмилалии “Саразм - оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон”- ро ба диёри зебоманзари Тоҷикистон ва шаҳри бостонии Панҷакент хуш омадед мегӯям.

Ёдгории шаҳри бостонии Саразм соли 1976 аз тарафи бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардидааст.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии ин мавзеи таърихӣ дар бисёр анҷуману ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон, Итолиё, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Moлдова, Қирғизистон ва кишварҳои Африқо мавриди баррасии олимони сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Саразм ёдгории нодири даврони энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ буда, ин давра тақрибан ҳазораҳои чорум - сеюми то милод ва дар баъзе минтақаҳо то ҳазораи дуюми пеш аз милодро дар бар мегирад.

Таърихшиносон чунин мешуморанд, ки раванди ниҳоят муҳимми таърихӣ – ташаккулёбии истеҳсолот, аз ҷумла кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ дар ҳамин давра оғоз мегардад.

Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аввалин таҳқиқоти ҷиддӣ доир ба омӯзиши осори аҳди энеолит ва асри биринҷӣ солҳои 50 - уми асри гузашта дар ҳудуди Қайроққум ва водии Бешкент гузаронида шудааст.

Баъдтар осори асри биринҷӣ аз ҳудуди Истаравшан, миёноб ва поёноби дарёи Вахш ва дигар мавзеъҳои Тоҷикистон дарёфт шуданд.

Дар замони истиқлол осори дигари асри биринҷӣ аз Кангуртут, Тегузак, Даҳана, инчунин, миёноб ва поёноби Вахш, водии Ҳисор ва чанде пештар дар Фархор кашф шуд, ки ҳоло мавриди таҳқиқи мутахассисон қарор дорад.

Шаҳри Саразми бостонӣ аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ шимолтарин бошишгоҳи муқимии маданиву кишоварзии минтақаи Осиёи Марказӣ аст ва тамаддуни Саразм қариб 1500 сол идома ёфтааст.

То соли 1980 аз ин ёдгорӣ бостоншиносони машҳур Александр Беленитский, Борис Литвинский, Рауф Мунчаев, Вадим Масон, Борис Маршак, Нӯъмон Неъматов, Аҳмадалӣ Аскаров, Филипп Колл, Карл Ламберг-Карловский, Анри Пол Франкфорт ва Бертил Леоне дидан кардаанд.

Аз ин пас Саразм ба яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқотии мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Аз соли 1984 марказҳои илмӣ ва бостоншиносии хориҷӣ, пеш аз ҳама, олимони Фаронса Анри Пол Франкфорт ва Ролан Безенвал ва як сол пас муҳаққиқони амрикоӣ Филипп Колл ва Карл Ламберг-Карловский, инчунин, муҳаққиқони рус Наталия Виноградова, Вадим Масон ва Любов Кирчо ба таҳқиқи Саразм ҳамроҳ шудаанд.

Омӯзиши маҷмӯии ёдгории Саразм аз соли 1984 то ба имрӯз идома дошта, дар ин давра олимони тоҷик бо ҳамкасбони фаронсавӣ, россиягӣ, чиноӣ, итолиёӣ ва амрикоии худ таърихи комили ёдгориро бо дарназардошти паҳлуҳои гуногуни ҳаёти дар ҳудуди он ҷараёндошта таҳқиқ намуданд.

Қарор доир ба таҷлили ҷашни 5500 - солагии Саразм ба давраи комилан нави таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир такони ҷиддӣ бахшид.

Дар ин росто, ковишҳои бостоншиносӣ ва ба ҷашн омода кардани ҳафриёт вусъат пайдо намуда, шумораи зиёди бостоншиносони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи он ҷалб гардиданд.

Бояд гуфт, ки Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ ва ҳунармандиву шаҳрсозии Варорӯди Осиёи Марказӣ, балки тамоми минтақаи Шарқи Наздик - Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, ҷомеаи илмӣ маданияти саразмиёнро барҳақ ибтидо ва асоси тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии ҳавзаи байни дарёҳои Сиру Ому мешуморад.

Гузаштагони дури мо, пеш аз он, ки мавзеи Саразмро ба сифати қароргоҳи доимии худ интихоб намоянд, шояд омили асосӣ - серобӣ ва замини фарохи нармхокро ба назар гирифта бошанд.

Саразм зодгоҳи аввалин меъморони сарзамини Варорӯд буда, то имрӯз аз зери хок зиёда аз 150 хонаи истиқоматӣ, 4 маъбади оташпарастӣ, як анбори ғалла ва як бӯстонсаро кашф шудааст.

Иншооти то имрӯз кашфшудаи ин шаҳри бостонӣ аз завқи баланди фарҳанги шаҳрсозии ниёгонамон шаҳодат медиҳанд ва мо дар асоси санъати меъморӣ ва сохтмонии Саразм ибтидои ташаккули фарҳанги шаҳрсозии гузаштагони худро мебинем.

Дар охири ҳазорсолаи чоруми то милод шаҳри Саразм, инчунин, ба сифати яке аз марказҳои бузурги истеҳсоли фулузот маълум будааст.

Кӯҳҳои болооби Зарафшон, ки аз мис, тилло, нуқра, қӯрғошим, қалъагӣ ва маъданҳои дигар ғанӣ буданд, ба рушди ин ҳунар имконият додаанд.

Воқеан, имрӯз низ ҳудуди шаҳри Панҷакент яке аз минтақаҳои бузурги истихроҷи тиллову мис дар Тоҷикистон мебошад.

Ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз ин ҷо асбобҳои гуногуни маъдангудозӣ, қолабҳо барои рехтани олоту силоҳ, аз ҷумла олоти мисӣ, биринҷӣ, қӯрғошимӣ, нуқрагӣ ва тиллоӣ, ки шумораи онҳо зиёда аз 300 ададро ташкил медиҳад, дарёфт шудаанд.

Дар натиҷаи таҳқиқоти олимони тоҷик исбот шудааст, ки саразмиён зиёда аз 40 навъи ҳунармандиро аз худ карда будаанд.

Бозёфтҳои бостонӣ аз иртиботи маданӣ ва тиҷоратии Саразм бо ҳудудҳои кунунии Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва сарзаминҳои дигар гувоҳӣ медиҳанд.

Рушди муносибатҳои тиҷоратӣ дар марҳалаи гузариш аз ҳазораи чор ба ҳазораи се Саразмро ба яке аз марказҳои омезиши фарҳанги аҳди бостон табдил додааст.

Таърихи беш аз 5500 - солаи Саразм ҳанӯз солҳои 1981 - 1991 аз тарафи олимони тоҷику рус ва бостоншиносони амрикоиву фаронсавӣ пешниҳод шуда буд.

Бостоншиносони амрикоӣ таърихи пайдоиши ин шаҳрро ба 5899-5765 сол, фаронсавиҳо ба 5775-5364 ва олимони тоҷику рус ба 5600-5500 сол баробар донистаанд.

Санаҳои зикргардида аз намунаи чӯбҳои ангиштшудаи ҳафриёти Саразм бо роҳи ташхиси радиокарбониву кимиёӣ дар озмоишгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Париж ва Санк-Петербург таҳқиқ ва тасдиқ шудаанд.

Ва донишмандон дар натиҷаи таҳқиқоту ташхиси илмии дастрас ба хулоса расиданд, ки ибтидои таърихи Саразм 5500 сол эътироф карда шавад.

Ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.

Мо ба ҳамаи донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, ки таърихи куҳану пурифтихори халқи тоҷикро холисона омӯхта, онро ба шакли мақолаву рисолаҳои арзишманди илмӣ нашр менамоянд, изҳори ташаккур карда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо, ки хеле заҳматталаб, вале пурифтихор мебошад, барору комёбӣ орзу дорем.

Дӯстони азиз! 

Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри бостонии Панҷакент дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хеле рушд карда, дар ҳудуди он корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург, садҳо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ бунёд гардиданд.

Корҳои ободонӣ, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 5500-солагии Саразм вусъати бесобиқа пайдо карданд.

Ҳукумати мамлакат дар муддати 29 соли истиқлолияти давлатӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳаммияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

Бо ин мақсад танҳо дар бист соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Шумораи аҳолии Панҷакент соли 1991-ум 162 ҳазору 235 нафар буда, 1-уми январи соли 2020 ин нишондиҳанда ба зиёда аз 303 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба соли 1991 – ум 87 фоиз ё қариб ду баробар зиёд мебошад.

Илова ба ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар шаҳри Панҷакент 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард, кам кардани талафоти нерӯи барқ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии зарари офатҳои табиӣ анҷом дода шудааст.

Ҳоло дар шаҳр 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар шаҳр 50 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар онҳо ҳазорон нафар сокинони шаҳр ва деҳоти он бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр ду нерӯгоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳар кадом 500 киловатт, 444 километр хатҳои интиқоли барқи 0,4 – киловолта, 91 километр хатти интиқоли барқи баландшиддати «Айнӣ - Панҷакент», 425 нуқтаи трансформаторӣ ва 1 зеристгоҳи барқии 35-киловолта бунёд гардида, зеристгоҳи барқии 220 - киловолтаи «Рӯдакӣ» ба маблағи 260 миллион сомонӣ таҷдид карда шуд.

Бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар шаҳри Панҷакент азхудкунии заминҳои нав ба роҳ монда, дар натиҷа майдони кишти шолӣ ба 1800 гектар ва картошка ба зиёда аз 6600 гектар расонида шуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли шолӣ то ба 9000 тонна ва 102 ҳазор тонна картошка замина гузошт.

Инчунин, дар ин давра 580 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки зиёда аз 20 гектари он боғҳои интенсивӣ мебошад.

Дар ин муддат аз тарафи кишоварзони шаҳр 39 гармхона ба масоҳати қариб 11 ҳазор метри мураббаъ ва 4 сардхона барои нигоҳдории 1130 тонна меваю сабзавот бунёд гардида, пурсамар фаъолият доранд.

Таҷдиду азнавсозӣ намудани роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи 770 миллион сомонӣ яке аз корҳои муҳимми барои мардуми Панҷакент анҷомдодаи Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлол мебошад, ки дар натиҷа мушкилоти сокинон дар ин самт бартараф гардид.

Илова бар ин, дар зарфи солҳои охир беш аз 30 километр роҳҳои дохилӣ тармиму таҷдид гардидаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби соҳибкорон дар шаҳри Панҷакент 43 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва 51 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин, 40 марказу бунгоҳҳои саломатии деҳот таъмир гардида, ба истиқболи 30 - солагии истиқлоли давлатӣ сохтмони 12 бунгоҳи тиббӣ идома дорад.

Умуман, дар доираи нақшаи корҳои бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ аз 405 иншооти ба нақша гирифташуда то ба имрӯз 277 иншооту биноҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Итминон дорам, ки раванди ободкорӣ аз ҷониби соҳибкорону тоҷирони саховатпеша ва мардуми заҳматдӯсти шаҳри Панҷакент минбаъд низ идома меёбад.

Хотирнишон месозам, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат илова ба корҳои то ба ҳол иҷрошуда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани шаҳр ва деҳоти он то ҷашни 30 - солагии истиқлоли давлатӣ як силсила чорабиниҳои дигар низ ба нақша гирифта шудаанд.

Имрӯз дар маркази шаҳр беморхонаи замонавӣ барои 200 кат бо тамоми шароити зарурӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба истифода дода шуд.

Мо дар доираи сафари корӣ, ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи як мактаби навбунёд барои 1280 нафар хонанда, чандин корхонаи истеҳсолӣ ва иншооти маъмурӣ ширкат карда, бо фаъолияти самарабахши деҳқонони номии шаҳр шинос шудем.

Солҳои охир дар соҳаи фарҳанги шаҳр низ корҳои назаррас ба анҷом расида, дар ҳудуди мамнӯъгоҳи Саразм осорхона ва дар маркази шаҳр китобхона бунёд гардида, дар иншооти зикршуда барои баргузории ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва хусусан, қабули сайёҳону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бовар дорам, ки мардуми бонангу номус ва шарафманди шаҳри Панҷакент аз таърихи пурифтихор ва ниҳоят қадимаи худ ва дигаргуниву ободиҳои имрӯза нерӯи тоза гирифта, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии кишвари маҳбубамон барои пешрафти минбаъдаи диёри худ, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои арзишманди аҷдодӣ саъю талоши бештар мекунанд.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки роҳбарону масъулони шаҳр бояд якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла Кумитаи рушди сайёҳӣ доир ба истифодаи самараноки Саразм ҳамчун ёдгории камназири таърихӣ ва дигар мавзеъҳои нодир бо мақсади ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ташкили инфрасохтори муосир, инчунин, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои омода кардани кадрҳо барои қабул ва хизматрасонии сайёҳон чораҷӯӣ намоянд.

Хотирнишон менамоям, ки дар сурати дурусту ҳадафнок ба роҳ мондани корҳо дар ин самт шаҳри Панҷакент ва ёдгориҳои нодири онро ба шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон табдил додан мумкин аст.

Дар фарҷом, бори дигар солгарди бисту нӯҳуми истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва ҷашни 5500 - солагии Саразмро ба кулли сокинони кишвар, аз ҷумла мардуми Панҷакенти бостонӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, иқболи нек ва барори кор орзу менамоям.

Бигзор, ин санаи бузурги таърихӣ дар хотири ҳамватанони мо ҳамчун василаи муҳимми ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ то абад боқӣ монда, дар роҳи рушди минбаъдаи фарҳангу маънавиёти халқамон ва тарбияи наслҳои ояндасози миллат қадами нави устувор гардад!

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!



http://president.tj/node/23799

Маҷмӯаи иқтибосҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери унвони

 «Андешаҳои баргузидаи Пешвои миллат» нашр шуд

 

Октябрь 14, 2020 14:31

 

Китоби нав зери унвони «Андешаҳои баргузидаи Пешвои миллат» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ интишор ёфт, — гуфт роҳбари лоиҳаи Фонди адабии Садриддин Айнӣ Эраҷ Айнӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Мураттибони маҷмӯаи иқтибосҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нуралӣ Нурзод ва Зафар Саидзода мебошанд.

Маҷмӯа аз дебоча ва 12 боб иборат аст: «Тоҷикистони соҳибистиқлол — гаҳвораи ҳастии мо», «Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ», «Муқаддасоти миллӣ», «Ваҳдати миллӣ», «Забони мо — ҳастии мо», «Инсон ва ғояи созандаи ӯ», «Ахлоқ ва тарбия», «Ситоиши зан — модар», «Ҷавонон — ояндаи миллат», «Тоҷикистон — Ватани Наврӯз», «Асри тиллоӣ» ва «Шахсиятҳои фаромӯшнашуданӣ».

Дар маҷмӯа иқтибосҳо аз суханрониҳо, мақолаҳо ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои фарҳангию таърихӣ, ахлоқ ва тарбия, посдории забон, модар, Ватан ва рисолати ҳамзамонони мо оварда шудаанд.

Бояд зикр кард, ки дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои худ, мулоқоту суҳбатҳояшон бо халқ ва суханрониҳояш дар форумҳои байналмилалӣ бисёр фикрҳои ҷолиб ва оқилона иброз намудаанд.

Иқтибосҳои дар китоб гирдовардашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва худогоҳии ҷомеа, хусусан насли наврас ва ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муфид ва муассир хоҳанд буд.

 

https://khovar.tj/2020/10/ma-m-ai-i-tibos-oi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-zeri-unvoni-andesha-oi-barguzidai-peshvoi-millat-nashr-shud/

АМИТ «Ховар»


Октябрь 16, 2020 11:47

16.10.2020, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғоз кулли мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвари тоҷик ва ҳамаи шумо — ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик — Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик мегӯям.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар айни замон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад.

Дар тӯли бист соли охир доир гардидани ҷашнҳои солгарди Борбади Марвазӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар симоҳои намоёни шеъру адаб ва илму фарҳанги халқамон аз ҷумлаи ҳамин иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки чорабиниҳои зикргардида дар боло рафтани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардуми мо, бахусус, насли наврасу ҷавон нақши басо назаррас гузоштанд.

Мо ҳанӯз соли 1996 ҷашни 675-солагии Камоли Хуҷандиро дар сатҳи баланд таҷлил карда будем.

Ин маъракаи муҳимми фарҳангӣ боис гардид, ки мероси гаронбаҳои Камоли Хуҷандӣ ба таври комилтар мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода шавад.

Тайи ин солҳо аз тарафи олимони тоҷик нусхаҳои дастнависи девони шоир қариб аз тамоми китобхонаҳои бузурги дунё ҷамъ оварда шуд.

Девони ашъори Камол чандин маротиба ба нашр расида, доир ба зиндагӣ ва паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти ӯ рисолаву мақолаҳои зиёде таълиф ва интишор ёфтанд.

Яъне мардуми тоҷик шахсияти Камол ва офаридаҳои ҷовидонии ӯро боз ҳам беҳтар шинохтанд.

Имрӯзҳо дар идомаи ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил мегардад.

Ду сол пеш Ҳукумати мамлакат санадҳои заруриро доир ба ин санаи таърихӣ ба созмони байналмилалии ЮНЕСКО пешниҳод карда буд.

Ва ин ташкилоти бонуфуз соли гузашта пешниҳоди моро дар хусуси баргузор намудани ҷашни 700-солагии Хоҷа Камол ҷонибдорӣ карда, доир ба ин масъала қарори дахлдор қабул намуд.

Боиси ифтихор аст, ки ин санаи фархундаро дар баробари мо ҷомеаи илмиву фарҳангии бисёр кишварҳои олам таҷлил мекунанд.

Мо ба ҳамаи олимону донишмандоне, ки дар саросари олам шахсият ва эҷодиёти ин шоири барҷастаи тоҷикро мавриди таҳқиқ қарор дода, мақолаву рисолаҳои зиёди илмӣ навиштаанд, изҳори сипос менамоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Ман дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳои худ ҳамеша таъкид менамоям, ки халқи тоҷик аз қадим миллати фарҳангофарину тамаддунсоз мебошад ва ба ҷаҳониён шахсиятҳои бузург – олимону мутафаккирон, шоирону нависандагон ва ҳунармандони асилеро тақдим кардааст, ки онҳо дар амри ғанӣ гардонидани тамаддуни башар саҳми босазо гузоштаанд.

Мо бо чунин фарзандони фарзонаи халқи худ ифтихор мекунем, зеро онҳо барои миллати хеш ва аҳли башар ганҷинаи гаронбаҳову пурқимат, яъне осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба ёдгор гузоштаанд.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем.

Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.

Ба имрӯзиён фаҳмонидани моҳияти аслӣ ва арзиши офаридаҳои ҷовидонии гузашта роҳи бисёр муассири ба камол расонидани насли ояндаи бедору ҳушманд ва худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад.

Воқеан, худи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки имрӯз мо 700 – солагии ӯро ҷашн мегирем, аз ин мактаби бузурги адабиёти гузашта сабақи маънавӣ ва адабӣ гирифта, то ба дараҷаи шоири бузурги Шарқ расидааст.

Ҳаёту фаъолияти ин сухансарои беназир ба замони хеле пурталотуми сиёсӣ ва нооромиҳои иҷтимоӣ рост омадааст.

Чунонки аз осори таърихии асримиёнагӣ бармеояд, дар асри XIV дар сарзамини Мовароуннаҳр парокандагии сиёсӣ падид омада, дар натиҷа дар гӯшаҳои гуногуни он суботу оромӣ аз байн рафта будааст.

Чунин вазъи номусоиди сиёсӣ боис мегардад, ки дар нимаи дуюми асри XIV бисёр шоирон ва олимону нависандагон маҷбур шудаанд дар ҷустуҷӯи гӯшаи амну ором қаламрави Мовароуннаҳрро тарк карда, ҷойҳои дигарро макони истиқомат ихтиёр намоянд.

Камоли Хуҷандӣ низ тарки зодгоҳ карда, Табрезро ҷойи зист интихоб менамояд.

Сабаби аз ҷониби Камол ҳамчун макони зист пазируфта шудани ин шаҳр чаҳор омил мебошад: якум, аз ҷиҳати амну осоиш Табрез машҳур шуда буд; дигар, ин шаҳр дар он даврон яке аз марказҳои бузурги фарҳангӣ ва адабӣ ба ҳисоб мерафт; сеюм, яке аз шохаҳои Шоҳроҳи абрешим аз ин мавзеъ мегузашт ва он ҷо маҳалли робита ва омезиши тамаддунҳои гуногун гардида буд.

Чаҳорум, аҳолии асосии Табрезро тоҷикон ташкил мекарданд.

Таърихнависи бузурги ҳамасри Камоли Хуҷандӣ – Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ, ки бештар дар Табрез умр ба сар бурдаасту шоҳиди ҳол будааст, дар яке аз рисолаҳои худ чунин хабар медиҳад: — “Аксари мардуми бумии Табрез тоҷиконанд”.

Яъне Камол он ҷо дар байни ҳамқавмон ва дар иҳотаи муҳити забони модарии худ қарор дошт ва бо хурду бузург дар муошират буд.

Камол шаҳри Табрез ва табрезиёни ҳунармандро дӯст медошт.

Он ҷо издивоҷ карда, соҳиби якчанд фарзанд шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад ва ишораҳои шахсӣ донишмандону адибони маъруф Ризоқулихони Ҳидоят ва Содиқ Ҳидоят аз ҷумлаи аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд.

Камоли Хуҷандӣ дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Табрез ҳамчун донишманди бузург ва шоири тавоно шуҳрат пайдо карда, ҳамзамононаш ӯро бо сифатҳои «саромади рӯзгор», «марҷаи хосу ом» ва «сархайли акобири айём» тавсиф кардаанд.

Вай дар замони зиндагии худ соҳиби эътибору обрӯи баланд гардида, муриду шогирдони зиёд доштааст. Ҳатто навиштаанд, ки Камол сарварии доираи адабии Табрезро низ ба уҳда доштааст.

Бо ин ҳама эътибори баланд Камоли Хуҷандӣ шоири озодманиш, соҳиби истиқлоли фикриву эҷодӣ ва шахси сарбаланду боғурур будааст.

Аз иттилооти маъхазҳои адабиву таърихӣ маълум мешавад, ки Камол доим дар миёни мардуми заҳматкаш қарор дошта, аз аҳволи онҳо ҳамеша бохабар будааст ва ба ин хотир халқ ҳам иззату эҳтироми шоири маҳбуби худро сидқан ба ҷо меовардааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Камоли Хуҷандӣ аз шоирони пешин Шайх Аттор, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Амир Хусрав ва Ҳасани Деҳлавиро бо камоли муҳаббат ёд кардааст.

Ӯ, инчунин, аз шоирони ҳамзамонаш Маозии Табрезӣ, Ассори Табрезӣ, Мағрибии Табрезӣ, Салмони Соваҷӣ ва Ҳофизи Шерозиро бисёр ёд намудааст.

Вай, махсусан, бо шоири бузурги ғазалсарои ҳамзамонаш — лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ дӯстӣ ва ҳамкории эҷодӣ доштааст.

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон” овардааст: “Баъзе орифон, ки ба суҳбати Шайх Камол ва Ҳофиз — ҳар ду расида буданд, чунин фармудаанд: суҳбати Шайх беҳ аз шеъри вай бувад ва шеъри Ҳофиз беҳ аз суҳбати ӯ”.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки агар эътибору ҷойгоҳи Камол дар шоирӣ баланд намебуд, ӯро маҳз бо Ҳофиз муқоиса намекарданд ва Ҷомӣ низ ин санади ҷолибро дар асари худ намеовард.

Камоли Хуҷандӣ шоири ғазалсарост. Ӯ беш аз ҳазор ғазал эҷод карда, дар такомули ин навъи адабӣ саҳми ниҳоят бузург гузоштааст.

Камол дар ғазалҳояш, пеш аз ҳама, ишқро тараннум карда, инсонҳоро ба хушбинӣ, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ба суди пешрафти ҷомеа ва ахлоқи писандида даъват мекунад.

Ӯ мехоҳад инсон аз ҳар гуна қайду банд озод бошад ва мегӯяд:

Олами озодагон хуш оламест,

Эй дил, он ҷо рав, ки он ҷо хуштар аст!

Камол каҷрафторӣ, ҳилаву тазвир ва авомфиребии мутаассибону риёкоронро ҷасурона фош карда, бо онҳо ҳаргиз созиш накардааст.

Бисёр муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ҳеҷ шоире ниқоб аз чеҳраи зоҳидони дурӯяву риёкор мисли Камол барнакандааст.

Дӯстони азиз!

Тавре дар оғози сухан зикр кардам, ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси адабии Камоли Хуҷандӣ ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Чанд сол пеш дар маркази шаҳри Хуҷанд боғи зебои Камоли Хуҷандӣ, мақбара, пайкара ва хонаи ӯ бо дарназардошти фарҳанги меъморӣ ва боғдории замони зиндагии шоир бунёд гардид, ки имрӯз воқеан ба макони зиёрати ҳазорон нафар мухлисону муътақидони шоир табдил ёфтааст.

Илова ба тадбирҳои муҳимми зикршуда, Ҳукумати мамлакат ба таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» мусоидат намуд.

Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли фаъолияти ин марказ беҳтарин нусхаҳои хаттии девони шоир ҷамъоварӣ гардида, бо иловаи ашъори то замони мо номаълуми ӯ аз рӯйи нусхаҳои хаттии муътабари девони шоир бо пешгуфтори мо аз нашр баромад ва фикр мекунам, ки он яке аз беҳтарин туҳфаҳои ҷашнӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҳарчанд қисмати асосии мероси маънавии Камоли Хуҷандӣ гирдоварӣ шуда, то кунун ба хонандагон дастрас шудааст, аммо бо ҳамин ҷустуҷӯи осори бозмондаи ин шоири шаҳир ба поён намерасад.

Аз ин хотир, зарур аст, ки Академияи миллии илмҳо, «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм дар самти ҷаъоварӣ, омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори шоир тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мусаллам аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии баргузор намудани ҳама гуна чорабиниҳои вобаста ба бузургдошти чеҳраҳои маъруфи адабу фарҳанг ба зеҳни ҷомеа расонидани афкори созанда ва андешаҳои тарбиятгаронаи онҳо мебошад.

Хусусан, дар шароите, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли бархӯрдҳои шадиди мафкуравӣ қарор дорад ва таъсири номатлубу хатарноки ин муборизаву мухолифатҳо ба тафаккури наврасону ҷавонон торафт афзуда истодааст, омӯхтану таблиғ кардани мероси созандаи гузаштагон ва андешаҳои ватандӯстонаи онҳо аҳаммияти бештар касб мекунад.

Андешаҳои ватандӯстонаи Камоли Хуҷандӣ ва дигар фарзандони фарзонаи халқамон сарчашмаи муҳимми тарбияи ойини ватанпарварӣ барои насли имрӯз ба шумор мераванд, зеро ин суханвари мумтоз ҳарчанд ҳаёти худро дур аз зодгоҳ сипарӣ намуд, аммо ҳамеша ба ёди Ватан зист ва орзуманди дидор бо диёри хеш буд:

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам як нуктаи дигарро таъкид намоям.

Соли дуюм аст, ки дар мамлакат озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷараён дорад.

Нахустин натиҷаҳои озмуни мазкур нишон медиҳанд, ки он ба тафаккури маънавии ҳама қишрҳои ҷомеаи мо таъсири мусбат гузошта истодааст.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадор карда мешаванд, ки дар ҷараёни баргузории давраҳои мухталифи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷиҳати баргузор кардани маҳфилу озмунҳои «Мавлавихонӣ», «Камолхонӣ», «Саъдихонӣ», «Ҳофизхонӣ» ва «Бедилхонӣ» бо мақсади тарғиби афкори созандаи ин бузургон чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки омӯхтану таблиғи осори гузаштагон ва ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани моҳияту муҳтавои онҳо на ба таври мавсимӣ, яъне дар доираи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҳамоишу озмунҳо, балки доимӣ ва бо истифода аз ҳама роҳу воситаҳо бояд ба роҳ монда шавад.

Бовар дорам, ки андешаҳои инсонсозу ватандӯстонаи Камоли Хуҷандӣ ва дигар суханварони адабиёти оламшумули тоҷик дар роҳи эҷоди монеаҳои устувор барои муқовимат бо мафкураи бегонаву харобиовар нақши муассир мегузоранд.

Дар марҳалаи нави таърихие, ки ҳоло кишвари мо дар он қарор дорад, рисолати шумо — донишмандону олимон, аҳли зиё, аз ҷумла шоирону нависандагон ба сатҳи ҷаҳонӣ бардоштани корҳои илмӣ, ба василаи забонҳои мухталифи дунё тарғибу ташвиқ намудани мероси пурғановати адабиёти миллиамон дар арсаи олам ва тарҷумаву нашри таҳқиқоти донишмандони ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад.

Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафи наҷиб ба ҳамаи шумо — олимону донишмандон ва адибону суханварон барори кор орзу намуда, бори дигар ин рӯйдоди фараҳбахши таърихӣ, яъне 700-солагии фарзанди арҷманди миллати тоҷик Хоҷа Камолиддини Хуҷандиро ба тамоми ҳамватанон ва мухлисону иродатмандони ин шахсияти барҷаста самимона табрик мегӯям.

Ба кори симпозиуми илмии имрӯза барору муваффақият мехоҳам.

Доим саломату сарбаланд бошед, дӯстони азиз!

https://khovar.tj/2020/10/suhanronii-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-simpoziumi-bajnalmilal-ba-iftihori-700-solagii-kamoli-hu-and88/

30.10.2020 12:04, шаҳри Душанбе

 

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор медорам, ки ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам.

Имрӯз хуб дарк мекунам, ки ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд.

Ман имрӯз садҳо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду бовари халқи азизам ҳастам ва барои ин эътиқоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам.

Ман ҳамаи шумо - халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам.

Мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям: дар фосилаи ҳамагӣ ҳафт моҳ баргузор гардидани ду чорабинии муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва махсусан, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ба нерӯи воқеан бузург табдил ёфтааст.

Ин падидаи нек маро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон ва зиндагии осудаи халқи азизам умедвору дилпур месозад ва эътимоди маро барои фардои орому босуботи давлат ва мардуми кишвар боз ҳам қавӣ мегардонад.

Дар ҳафт соли охир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлат ва дар навбати аввал, бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Ҳоло мехоҳам баъзеи онҳоро мухтасар хотирнишон намоям.

Дар солҳои 2013-2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар як сокини мамлакат 1,7 баробар, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт.

Зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор то 460 ҳазор нафар, яъне дуюним баробар кам карда шуд.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.

Дар ин лаҳзаҳои воқеан хотирмони таърихӣ ба тамоми саноатчиёну сохтмончиён, инчунин, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои заҳмати содиқона ва ташаббусҳои ватандӯстонаашон, ки боиси рушди соҳаҳои саноату сохтмон, ободии шаҳру деҳоти мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум гардид, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати самарабахши молияи давлатӣ дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷети давлат ду баробар зиёд шуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Дар давраи зикршуда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 245 ҳазор хонанда, муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат ва манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра беш аз 1500 километр роҳҳои мошингард, 190 пул, 50 километр роҳи оҳан бунёд гардида, имкониятҳои транзитии кишвар тавсеа пайдо карданд.

Дар ҳафт соли охир ба соҳаи энергетикаи кишвар ҷиҳати таҷдиди иқтидорҳои амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нав беш аз 32 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Аз ҷумла бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми кишвар мо дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии худ – истиқлоли энергетикӣ боз як қадами бузургу устувор гузоштем, яъне ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода супоридем, ки ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳим гардид.

Дар натиҷа ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат ба 21 миллиард киловатт - соат расид ва маҳдудияти интиқоли он дар фасли зимистон бартараф карда шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин, давраи омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ эълон карда шуданд.

Дар доираи иқдомоти зикршуда то моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ бунёд ва ба истифода супорида мешавад, ки ин боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад.

Бо вуҷуди ҳама дастовардҳои зикргардида, мехоҳам хотирнишон созам, ки мо ҳанӯз дар оғози марҳалаи бисёр муҳимми рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди ободонии Ватани азизамон қарор дорем ва барои амалӣ намудани нияту нақшаҳои некамон бояд боз ҳам бештар ва содиқона заҳмат кашем.

Дар ҳафт соли оянда бо роҳи истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва тамоми имкониятҳо мо бояд ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардем, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшида, ба кишвари транзитӣ табдил диҳем.

Дар ин муддат мо бояд ба ҳадафи дигари стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ наздик шавем, раванди саноатикунонии босуръатро, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва кам гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад, густариш бахшем.

Дар навбати аввал, моро зарур аст, ки тавассути вусъат бахшидани татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нисбат ба имрӯз беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин намоем, зеро ҳар як фарди кишвар сазовори зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда мебошад.

Дар ҳафт соли оянда дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ - бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна афзалият дода мешавад.

Дар ин раванд, тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ густариш дода мешавад.

Дар ҳафт соли оянда мо бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш диҳем.

Мо, бо дарназардошти рушди иқтисодиёт, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо тадбирҳои зарурӣ меандешем.

Сифати хизматрасонӣ дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта шуда, ба ин соҳаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ, зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маводи ғизоӣ беҳтар гардонида, вобастагии иқтисоди кишвар аз воридоти молҳои озуқа кам карда мешавад.

Дар робита ба ин, ба кишоварзони мамлакат, ки тавассути баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки замин ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқавории кишвар софдилона заҳмат мекашанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Мо тасмим дорем, ки ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро минбаъд низ ҳаматарафа дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунем ва низоми маъмурикунонии андозро такмил диҳем.

Аз ҷониби низоми бонкии кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳафт соли оянда беш аз 100 миллиард сомонӣ қарз ҷудо карда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли гузашта якуним баробар афзоиш дода мешавад.

Мо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ба рушди соҳаҳои саноати маъдан, металлургияи ранга, мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ афзалият дода, барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунем.

Дар ҳафт соли оянда бо мақсади густариш бахшидани корҳо дар самти таъмини истиқлоли энергетикии кишвар мо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқи оғозгардида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқро идома мебахшем.

Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой дошта, баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар қатори чоргонаи аввали кишварҳои мазкур қарор мегирад, яъне мавқеи Тоҷикистон боз ду зина боло меравад.

Ба ин васила, саҳми Тоҷикистон дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра вобаста ба коҳиш додани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ зиёд гардида, дар кишвар барои рушди “иқтисоди сабз” заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли молу маҳсулот ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳафт соли оянда мо 1500 километр роҳҳои мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд мекунем.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи кишвар, рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву этнографӣ ва фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ, инчунин, таъсиси инфрасохтори соҳа таъмин карда мешавад.

Барои таъмин кардани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мо дар оянда низ тамоми захираву имкониятҳоро ҷиҳати ташкили инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар сафарбар менамоем.

Қобили зикр аст, ки ҳоло шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва муносибати Ҳукумати мамлакат бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар сатҳи хубу созанда қарор дорад ва мо ҳамкориҳои судмандро бо онҳо минбаъд низ густариш медиҳем.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад, мо ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшем ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минбаъд низ баланд мебардорем.

Дар ҳафт соли оянда барои боз ҳам беҳтар намудани солимии ҷомеа тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ мунтазам зиёд карда мешавад.

Бо истифода аз фурсат, ба тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар давраи бисёр мушкили пандемияи коронавирус ба хотири ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистон ва табобати беморон шабонарӯзӣ ва ҷасуронаву содиқона заҳмат кашиданд ва имрӯз низ софдилона фаъолият карда истодаанд, миннатдориву сипос баён менамоям.

Дар оянда ҷиҳати беҳтар намудани имкониятҳои шуғл барои занон, шахсони маъюб ва гурӯҳҳое, ки имконияти маҳдуд доранд, барномаҳои махсус таҳия ва қабул гардида, истеҳсоли воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои онҳо васеъ ба роҳ монда мешавад.

Доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманд тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд.

Бо дарназардошти он, ки мо фарҳангро ҳастии миллат ва яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум эълон кардаем, дар ҳафт соли оянда ҷиҳати рушди маънавиёти ҷомеа, забони давлатӣ, фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамоем ва барои истеъдодҳои ҷавон шароити арзанда муҳайё мекунем.

Мо ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, дар ҳафт соли оянда мақсад дорем, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, доир ба оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим як силсила тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.

Масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон ва дар ҳамаи зинаҳои хизмати давлатӣ ҷобаҷо намудани онҳо дар сархати фаъолияти мо қарор хоҳад дошт.

Мо ният дорем, ки дар ҳафт соли оянда беш аз 540 ҳазор нафар ҷавонони мамлакатро барои гирифтани маълумоти олӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда, то 40 ҳазор нафар ҷавонони болаёқату боистеъдодро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё фиристода, барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон кадрҳои баландихтисос тайёр намоем.

Мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд.

Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши бисёр арзишманд доранд ва мо дар оянда барои онҳо шароити ҳарчи беҳтар муҳайё мекунем ва ташаббусҳои занону бонувони мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва васеъ намудани фаъолияти онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” - ро таҳия ва амалӣ месозем.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид.

Шиддат гирифтани рақобату бархӯрдҳои тиҷоратӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни олам, вусъат пайдо кардани терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа афзоиш ёфтани бемориҳои нави сироятӣ дар миқёси сайёра собит месозад, ки инсоният ҳанӯз ҳам рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир осебпазир аст ва ба тақвияти ҳамкориву ҳамгироӣ ниёз дорад.

Ба ин манзур, мо минбаъд низ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи кишварҳои олам ва пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, инчунин, шарикони стратегиамон густариш дода, робитаҳоямонро бо онҳо ҷиҳати таъмин намудани манфиатҳои миллии кишвар дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ва бо дарназардошти воқеиятҳои даврони муосир дар чорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ вусъат мебахшем.

Ҳамватанони азиз!

Таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ба сифати вазифаи асосии давлат боқӣ мемонад.

Зеро амалишавии мақсадҳои стратегии мо, корҳои созандаву ободгарона ва пешрафту тараққиёти кишвар маҳз дар фазои орому осоишта, ваҳдату сарҷамъӣ ва адолату қонуният имконпазир мебошад.

Ман ба тамоми сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат - фарзандони ҷасуру ҷоннисор ва далеру шуҷои Ватан барои хизмати содиқона ва саҳми бузургашон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуният, яъне волоияти қонун самимона миннатдориву сипос баён менамоям.

Вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла тавсеа пайдо кардани фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ моро водор месозад, ки сохтор ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро такмил диҳем, заминаҳои моддиву техникии онҳоро тақвият бахшем ва омодабошии доимии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва амнияти давлату ҷомеа таъмин созем.

Ҳамчунин, бо эътимоди комил иброз медорам, ки нақшаҳои барои ҳафт сол пешбиникардаи мо барои рушди устувору бемайлони Тоҷикистони азизамон дар даҳсолаҳои оянда заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Мо дар ҷараёни татбиқи барномаҳои худ тавсияву пешниҳодҳои дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои онҳоро, ки ба манфиати иқтисодиву иҷтимоии давлат ва мардуми кишвар мебошанд, ба эътибор мегирем.

Ман имрӯз низ бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки рисолати худро дар мансаби Президенти мамлакат дар ҳафт соли оянда танҳо бо пуштибонӣ ва такя ба халқи азизам идома медиҳам.

Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам.

Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад.

Бори дигар сипосу миннатдории самимӣ ва садоқату вафодории фарзандии худро ба сарзамини муқаддасам, халқи бузургворам ва ҳар фарди Ватани ба ҷон баробарам - Тоҷикистон сидқан изҳор медорам.

Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам.

Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Ман Ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидаам ва ин нону намакро то нафаси вопасини ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам.

Савганд ба номи поки Худо, ба нону намаки мардуми шарифи Тоҷикистон, ба номи хурду бузурги ин диёри бостонӣ, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони фарзонаи он ва ба ҷони қариб нӯҳуним миллион шаҳрвандони Ватани маҳбубам, ки тамоми донишу таҷриба, саъю талош ва ҳастии худамро фидои ин обу хоки муқаддас, ин халқи дар ҳақиқат бузургу қаҳрамон, соҳибмаърифату тамаддунсоз, меҳрубону қадршинос, заҳматдӯсту матинирода ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод месозам.

Бигзор, хуршеди истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бахту саодат ба сари Тоҷикистон ва ҳар як хонадони мардуми шарафманди он то абад нурафшон бошад!

Тоҷикистон, ба пеш! Ба сӯи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт!

Манбаъ: president.tj

 

 

 

 

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

30.10.2020 15:50, шаҳри Душанбе

 

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!

Ҳомиёни шуҷои Ватан!

Дар ин лаҳзаҳое, ки тибқи муқаррароти қонун маросими савгандёдкунии фармондеҳону афсарон ва хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор мегардад, пеш аз ҳама, ба ҳайси Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳамаи шумо барои ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориатон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон ва умуман, таъмини волоияти қонун изҳори сипос мекунам.

Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки барои иҷрои ваколатҳои конститутсионии Роҳбари давлат ва амалӣ гардидани ҳадафу барномаҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири рушду тараққиёти давлат ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, риояи қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ, яъне волоияти қонун зарур аст, ки ҳифз кардан ва таъмин намудани онҳо рисолати касбӣ ва вазифаи ҷонии хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Хотиррасон месозам, ки садоқат ба Ватан, хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон, ҳушёриву зиракӣ барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон – Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар вазифаи асосии ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Артиши миллӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ ба ҳисоб меравад.

Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо садоқати худро ба савганди ҳарбӣ, давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон борҳо исбот кардаанд.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки сатҳи баланди тайёрии касбӣ ва омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз сатҳу сифати таълиму тарбияи афсарону сарбозон, риояи ҳатмии талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, интизоми қатъӣ, ҳушёриву зиракӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ ба Ватан, давлат ва халқ вобаста мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҳарбиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат ва бо кадрҳои ҷавони ба талаботи замона ҷавобгӯй таъмин намудани ҷузъу томҳои низомиро аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ мешуморад.

Махсусан, солҳои охир, ки авзои ҷаҳон торафт печидаву мураккаб ва пешгӯинашаванда гардида, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ вусъат пайдо карда, ҳатто истиқлоли баъзе кишварҳои сайёраро осебпазир гардонидаанд, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавону обутобёфта, ватандӯсту ватанпараст ва дорои донишу малакаи муосир барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмин намудани омодабошии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва сулҳу оромии кишвар эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Дар чунин шароит роҳбарону фармондеҳони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки бо роҳи татбиқ намудани низоми наву муосири идоракунии ҷузъу томҳо, ҷорӣ кардани усулҳои самарабахшу муассири мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони имрӯза ва баланд бардоштани сатҳи касбият, маҳорату малака ва қобилияти ҷангии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Бо дарназардошти он, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумлаи аркони асосии давлатдории миллии мо мебошанд, давлат ва Ҳукумати мамлакат минбаъд низ бо мақсади навсозии заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода менамояд.

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар оянда низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандиашонро дар назди Ватан ва давлати соҳибистиқлоли хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳораташонро ба хотири ҳифзи арзишмандтарин дастовардҳои халқи тоҷик – истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва амнияти давлату ҷомеа сафарбар месозанд.

Дар ин лаҳзаҳои тантанавӣ ба шумо – фарзандони далери мардуми шарифи Тоҷикистон ва ворисони ин сарзамини воқеан куҳанбунёди таърихӣ таъкид менамоям, ки Ватану миллати худро баробари модар ва ҷони хеш дӯст доред ва ба он содиқу вафодор бошед, зеро осудагиву тараққиёти Тоҷикистони маҳбуб ва пешрафту ободии кишвари азизамон дар навбати худ, ободиву осоиши хонадони ҳар яки шумо низ мебошад.

Ба ҳар кадоми шумо – афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне ҳомиёни матиниродаи Ватан дар иҷрои вазифаҳои пуршарафу муқаддас - ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, саломатӣ, иродаи матин ва рӯҳи қавӣ орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Манбаъ: president.tj

(Об рамзи навсозӣ ва покизагист)

ob.jpgОб дар тараққиёти инсоният нақши ниҳоят муҳим иҷро мекунад. Одамон аз қадимулайём дар наздикии сарчашмаҳои об, ки омили муҳими зиндагӣ ва некуаҳволӣ мебошад, маскан мегирифтанд. Воқеан ҳам об сарчашмаи ҳаёт аст ва инсоният ҳамеша онро ҳамчун сарчашмаи муқаддас мадҳу ситоиш кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо дар Тоҷикистони биҳиштосо, дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки сарчашмаву саргаҳи обҳои зулоли ошомидании дунёст. 8 фоизи ҳудуди кишвари моро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки  масоҳати умумиашон 11,146 ҳазор километри мурабаъ  буда, дар онҳо тақрибан 845 км мукааб захираҳои об маҳфузанд.

Дар кишвари мо 947 дарё ва сойҳои доимӣ вуҷуд доранд. Ҳавзаи дарёҳои Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва зерҳавзаҳои зиёди дигар, мисли Қаротоғ-Ширкент, Қизилсу-Яхсу, Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу ва сойҳои Ашту Сомғор аз ин ҷумлаанд.

 Дар мамлакати мо 1300 кӯл ба масоҳати 705 км мурабаъ  мавҷуданд, ки ҳаҷми умумии захираҳои оби онҳо 46,3 км мукаабро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор  20 км мурабаъ обҳои ширин мебошанд.

Кӯли дар нусхаи худ беҳамтои Сарез,  даҳҳо кӯлҳои оби мусаффои кӯҳҳои Тоҷикистон, рӯдбору обшору чашмаҳои беҳамтои кишвари шодобамон  саршори обҳои зулоли бебаҳо ва беҳамто дар ҷаҳонанд.

Захираҳои обҳои зеризаминии барқароршаванда дар Тоҷикистон 18,7 км мукааб дар солро  ташкил медиҳанд.

Бале, мо, хушбахтона, дар канори чашмаҳову обшори зулол ва рӯдбори шодобу файзафшон зиндагонӣ мекунем. Аммо, мутаассифона, ҳанӯз қодир нестем аз онҳо пурра ба манфиати миллии худ истифода барем.

Ташаббусҳои Пешвои миллатамон дар арсаҳои ҷаҳонӣ аз хусуси ҳифзи захираҳои об на фақат барои мардуми мо, балки ба тамоми инсоният ҳушдор медиҳанд, ки дар андешаи ин мушкили ба инсоният таҳдидкунанда бошанд. Яъне норасоии об, хатари беш аз пеш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокинони сайёра аз норасоии об, фавти кӯдакон дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунандаву марги инсонҳо аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату маърӯзаҳои Сарвари кишвари тоҷикон пайваста мавриди андеша қарор мегиранд ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта шуда, ангезиш ба ҳамагон медиҳанд.

Барои он ки  ба қадри обҳои зулоли сарзамини худ бирасем, барои дарки вазъият ва моҳияти масъалаи ҳифзи оби пок  мо бояд вазъи оби нӯшокӣ дар дунё ва баъзе маълумотро аз хусуси обҳо бидонем.

Об сарчашмаи ҳаёт дар замин аст

Об сарчашмаи ҳаёт, асоси ҳама мавҷудоти зинда дар рӯи замин ва сарчашмаи худи зиндагист.

Ҳафтоду панҷ  — ҳаштод фисади ҷисми мо аз об иборат буда, мо метавонем бе хӯрок қариб як моҳ зиндагӣ кунем, бе об – танҳо чанд шабонарӯз.

Ҳамин  формулаи одии Н2О, яъне оби муқаррарӣ таҷассуми муаммоҳои зиёдест. Ин ягона зуҳурот (модда) дар сайёра аст, ки қобилияти  дар се ҳолат: моеъ, шакли газ (буғ) ва сахт – ях  метавонад зуҳур дошта бошад.

Об ва гардиши он дар табиат аз бисёр ҷиҳатҳо иқлими глобалиро муайян мекунад. Ба назар чунин менамояд, ки об дар Замин хеле бисёр аст. Аммо наваду ҳафт фоизро дар сайёра уқёнусҳо ташкил мекунанд. Ин оби шӯрест, ки нӯшиданӣ нест. Ду фоизи обҳо дар бунбасти пиряхҳои Арктика, Антарктида ва қуллаҳои баландкӯҳ мондаанд.

Фақат аз сад бисту нуҳ фоизи захираҳои оби сайёраро рӯдҳову кӯлҳо маҳфуз медоранд. Ҳиссаи оби ҳаво (атмосфера) боз ҳам камтар — аз даҳ ҳазор панҷ фоиз аст. Миқдори оби ошомиданӣ  сол то сол дар дунё коҳиш меёбад, дар ҳолате, ки аҳолии замин дар афзоиш аст. Дар асоси асноди СММ дар панҷоҳ соли охир истеъмоли об ду баробар афзудааст. Тараққиёти истеҳсолоти саноатӣ, зиёд шудани теъдоди мошинҳо, фаъолияти пайвастаи хоҷагидории инсон ба ифлосшавии обҳо меоварад.

Об ва саломатӣ

Дар асоси маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳаштод фоизи бемориҳо аз истеъмоли обҳои бесифат рӯй  задаанд.

Ҳафтод — ҳафтоду панҷ фоизи ҷисми мо аз об иборат аст, полудаҳои моеъии мағзи сари мо низ 90 фоиз обанд,  95 фисади хунамон ҳам аз об иборат аст.

Ҳатто норасоии андаки об барои саломатии инсон зиёновар аст, гурдаҳо хуб шуста намешаванд,  метавонад дар гурдаҳо қум ва санг пайдо шавад.

Агар об дар ҷисми шумо ба қадри кофӣ нест, майнаи сар наметавонад хуб фаъолият кунад. Эҳсосатон  дар шинохти муҳит ва баҳогузории он  ғайрифаъол гардида, диққататон коҳиш меёбад. Шумо ташнагиро ҳам метавонед эҳсос накунед, сустӣ, ангезиши тунд ва тангшавии асабҳо шуморо метавонад фаро гирад.

Об ба ҷисми инсон бо ғизо ворид мешавад. Худи ҷисми одам дар натиҷаи реаксияҳои биокимиёвӣ  то 400 грамм об ҳосил мекунад. Қабули намунавии об 1-1,5 литр дар як шабонарӯз бо истеъмоли  хӯрок ва ошомидани об аст.

Баромадани об аз ҷисми мо тавассути нафас 400 миллиграмм, ба воситаи гурдаҳо 1,4 литр, тавассути пӯст 0,5 литр ва 0,1 литр тавассути рӯдаҳост. Дар гармо ё  ҳангоми шуғли фаъоли ҷисмонӣ, вақти машғулияҳои варзишӣ ва ҳангоми исҳол талафи об аз ҷисм бештар мегардад. Ҳамаи инро ҳангоми танзими обнӯшӣ дар назар бояд дошт. Дар гармо бештар бояд об нӯшид. Бо арақҳои бадан намакҳои минералӣ низ талаф меёбанд.

Рӯзи худро бо як пиёла оби тоза дар меъдаи холӣ  оғоз намоед. Обро бо қултҳои майда соати 7 — и саҳар нӯшед. Шумо манфиати онро эҳсос хоҳед кард, узвҳо ба тозашавӣ медароянд, гурдаҳову  рӯдаҳо фаъол мегарданд,

Хуллас, одам бояд дар як рӯз на кам аз 1,5 литр об нӯшад. Беҳтараш оби тоза, аз чашмаи табиат бошад. Агар не, онро полуда нӯшед. Агар ин имкон ҳам нест, он гаҳ обро ҷӯшонида,  такшин намуда, нӯшидан даркор.

Аз таърихи об

Аввалин мавҷудоти зинда дар замин 4-миллиард сол пеш маҳз дар об пайдо шудаву хеле вақт дар он маскун буданд. Аввалин растаниҳо ҳамагӣ 480 миллион сол пеш аз об берун баромадаву дар хушкӣ зиндагӣ оғоз намуданд. Боз ҳаштод миллион соли дигар гузашт, то аз паси онҳо аввалин ҷонварон зуҳур кунанд, ки навад фисади зуҳуроти зинда низ дар об пайдо шудаву нумӯъ ёфтаанд

Миқдори кифояи намӣ ба нумӯи ҳамаҷонибаи растаниҳо мусоидат намуда, ҷонварҳои бешуморро бо ғизо ва паноҳгоҳ таъмин мекунад. Ва на танҳо ҷонварон, инсонҳо низ ҷойҳои сероб ва сабзу хуррамро интихоб мекунанд, то ки зиндагияшон сабуктар гузарад. Шояд маҳз аз ҳамин рӯ мо дар дурахши об зебогии фавқулодда эҳсос мекунем. Оби мусаффо  дар иҳотаи рустаниҳои зебо таҷассуми зеботарин манзараҳоянд.

Маҳз об табиат ва иқлими заминро шакл дода, роҳи таърихии инкишофи одамро муайян намудааст. Дар ривоятҳои асотирӣ об рамзи офариниши олам аст. Тасаввурот дар бораи он ки олам аз об баромадааст, дар ҳама фарҳангҳо ҳузур дорад. Тамаддунҳои дар канори он ба вуҷудомада на фақат аз ҷиҳати биологӣ нумӯъ доштанд. Об ба тарзи тафаккур, фарҳанг, санъат ва ҷаҳонбинии онҳо низ таъсиргузор буд. Динҳои муосир низ ба об ҳамон мақомро қоил ҳастанд.

Об ҳамеша дар худ муаммоеро ниҳон медошт. Яъне ҳам марг меорад, ҳам манбаи ҳосилнокӣ ва эҳёи нав аст. Одамон наметавонанд дар об зиндагӣ кунанд, аммо бе об ҳам зиндагӣ нест.

Об шомили хирад ва неруст: зинда мекунад, барқарор месозад, тоза медорад. Об рамзи навсозӣ ва покизагист. Одамон инро хуб медонанд.

АМИТ “Ховар”

https://khovar.tj/2018/09/munosibati-inson-bo-ob-boyad-mu-addas-boshad-ba-da-solai-bajnalmilalii-amal-ob-baroi-rushdi-ustuvor-bahshida-meshavad/