Халқи тоҷик аз замони зуҳур то имрўз дар зинаҳои мухталифи ташаккул раванди рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад.
Фарзандони бо нангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замрн марзу буми аҷдодиро ҳимоя карда, қаҳрамонӣ нишон додаанд. Корнамоии Шерак, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Темурмалик раҳнамои зиндагии мост.
Ҳар ЧК аз ин мардони майдон дар ҳифзи адолат ва хоки аҷдодӣ саҳми беназир доранд ва мо то имрўз аз ҷонисории эшон ҳарф мезанему ифтихор менамоем.
Хушбахтона, минбаъд низ ашхоси ҷонфидо баҳри амният ва боло будани сатҳи худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ шабу рўз заҳмат кашида, парчамбардори миллат гардидаанд. Дар замони соҳибистиқлоли ба шаш нафар фарзандони барўманди халқи тоҷик унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Қаҳрамонони Тоҷикистон- Садриддин Айнӣ(1997), Бобоҷон Ғафуров(1997), Эмомалӣ Раҳмон(1999), Мирзо Турсунзода(2001), Нусратулло Махсум(2006), Шириншоҳ Шоҳтемур(2006) аз зумраи абармардони бонангу номуси миллати тоҷик маҳсуб мешаванд. Хидмати беғаразонаи ин ашхоси соҳибвата дар рушди фарҳангу адаб, сиёсату адолат ва ҳифзи назми давлатбебаҳо аст.
Қаҳрамонӣ заҳмату ранҷи бешумор, азхуд гузаштан ва ҷоннисориро тақозо мекунад. Ин унвони олӣ насиби ҳр кас намегардад. Новобаста аз дигаршавии сохи ҷомеа ҳар замон қавҳрамон ва хирадманди худро меофарад.
Боэътимод метавон гуфт, ки шумори шахсиятҳои натакрор ва қаҳрамонони миллати тоҷик дар оянда зиёд хоҳад гашт. Хизмати арзанда барои Ватан ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.