Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2018 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат, сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд.
Пас аз Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда қайд менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг аз ҷумла ёдгории таърихӣ мебошад ва ин мўҳтаво дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқаррар шудааст.
Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм, ки яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 21 сентябри соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнўъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Баъдан бо дастгирӣ ва супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои 2004-2008 5 иншооти ёдгорӣ бо маблағи 1,3 млн сомонӣ болопўш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд ва ҳангоми ташрифи худ ба Саразми бостонӣ солҳои 2003 ва 2005, ба ин шаҳри қадима чунин баҳо доданд: «Саразм-хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик мебошад».
Ин иқдоми нек ва хирадмандонаи Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки аз тамаддуне, ки ҳануз дар ҳазорсолаи IV-III қабл аз мелод саразмиёни бостон ба мо тоҷикон мерос гузоштаанд, баҳрабардорӣ намуда, дар ҳазорсолаи III мелодӣ аз пайи боло бурдани эътибору нуфузи иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон бошем.
Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як нишонаи бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.
Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм ганҷинаи миллии мероси халқи тоҷик мебошад. 31-июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи Мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил шуд.
Саразм - 5500 солагии шаҳри бостонӣ
Боғи миллии Тоҷикистон
Боғи миллии Тоҷикистон — ҳудуди табиии ҳифзшавандаи Тоҷикистон, ки соли 2013 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шудааст.
Бо Қарори Девони Вазирони ҶТ 20.06.1992 дар масоҳати 1,2 млн. га таъсис ёфта, аз 11.06. 2001, № 253 бо Қарори Ҳукумати ҶТ ҳудуди он то 2,6 млн. га васеъ карда шуд. Соли 2004 боғ ба Муассисаи давлатии ҳудуди табиии махсус ҳифзшаванда — МД ҲТМҲ табдил ёфта, фаъолияти он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ идора мешавад. Дар Хоруғ, Тавилдара ва Ҷиргатол идораҳои минтақавӣ дорад. Масоҳати умумии боғ 2611674 га буда, 306613 га ҳудуди ноҳияи Тавилдара, 69912 га ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол, 2235000 га ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - навоҳии Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷро фаро гирифтааст. Боғ бо мақсади ҳифзи манзараҳои нодир, анвои камёфту нобудшавандаи олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои табиӣ, ривоҷи сайёҳӣ, истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми маскуни ҳудуди он ташкил ёфтааст.
Дар натиҷаи минтақабандии ҳудуди боғ дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус ҳифзшаванда» мутобиқи корҳои бурдаи экспертҳои Иттиҳоди Байналхалқии Ҳифзи Табиат (ИБҲТ), таҳқиқоти мутахассисони муассисаи ҲТМҲ (бо ширкати олимони АИ ҶТ) ва ғ. ба минтақаҳои зерин ҷудо карда шудааст: минтақаҳои мамнӯъ, истифодабарии анъанавии табиат, истифодабарии хоҷагии маҳдуд, минтақаҳои сайёҳӣ.
Минтақаи мамнӯъ, минтақаи асосии боғ 1165411 га масоҳат дошта, 64,6 дарсади масоҳати умумии боғро ташкил медиҳад ва чанд объекти нодири табииро дар бар мегирад, ки Пиряхи А. Федченко яке аз бузургтарин пиряхҳои олам (дарозиаш 77 км, ғафсиаш 1000м) ва манбаи асосии оби тозаи Осиёи Марказӣ аз он қабил мебошад. Қуллаҳои баландтарини ин силсилаи экологӣ барои таҳқиқоти илмӣ хеле ҷолибанд.
Қарокӯл, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, бо олами набототу ҳайвоноти ғанӣ ва шумораи зиёди эндемикҳо фарқ мекунад. Макони пур аз рустаниҳои гуногуни минтақа чарогоҳи ҳайвоноти сумдори ваҳшӣ буда, ин ҷиҳат қиматашро афзунтар мегардонад. Ин минтақа макони зисти гӯсфанди кӯҳии Марко-Поло (архар), бузи кӯҳӣ (ҷадӣ)-и сибирӣ, хирси барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, намудҳои нодири парандагон-ғози ҳиндӣ, моҳихӯраки сараш малла, мурғи ҳилоли тибетӣ ва ҳимолойӣ мебошад. Нахустватани як қатор зироатҳои муҳим, аз ҷумла, «аҷдод»-и ёбоии зироатҳои имрӯзаи кишоварзӣ, навъҳои ёбоии ба шароити маҳал мутобиқгардида ва навъҳои селексияи мардумӣ мебошад.
Дар Помири Ғарбӣ-минтақаи бадахшонии боғ намудҳои аз ҷиҳати ботаникӣ гуногуни гандуми нарми ҷинси Triticum L. (151 аз 273 намуди маълум), қадимию эндемикии гандуми «резапоя» ва ҳамҷинсҳои ёбоии онҳо мерӯянд, ки дар миқёси олам назир надоранд. Дар ин ҳавза, дар соҳилҳои дарёи Бартанг намудҳои нодиру аз ин пеш номаълуми гандум кашф шудаанд.
Қитъаи Тавилдараи боғ аз ҷиҳати гуногунии дарахтони меваи ёбоӣ ғанист. Мувофиқи маълумоти олимон, дар ин ҷо себи Сиверс (Malussieversii), ноки тоҷикистонӣ (Purus tadjikistanica), ноки бухороӣ (Purus bucharica), чормағзи юнонӣ (Juglans regia), олучаи тоҷикистонӣ (Cerasus tadjikistanica), олуи хонагӣ (Prunus domestica), олуи дарвозӣ (Prunus darvasika), бодоми бухороӣ (Amugdalus bucharica), бодоми Вавилов (Amugdalus vavilovii), дӯлонаи понтӣ (Crataegus pontica), дӯлонаи туркистонӣ (Crataegus turkestanica), дӯлонаи сонгорӣ (Crataegus songorica), дӯлонаи ҳисорӣ (Crataegus hissarica), зирки сиёҳ (Berberis heterobotrus) мерӯянд.
Минтақаи истифодабарии анъанавии табиат 127665 га масоҳат дошта, 4,9 дарсади масоҳати умумии боғро ташкил медиҳад ва асосан, аз чарогоҳҳо иборат аст. Чӯпонони кӯчӣ аз онҳо дар мавсими гармо барои чарондани ҳайвоноти хурд истифода мебаранд. Дар ин ҷойҳо истифодабарии табиат нисбатан маҳдуд буда, таҳти назорати кормандони боғ сурат мегирад, то ба минтақаи асосӣ зиёне нарасад. Дар харитаҳои истифодаи замин ин гуна ҳудудҳо чун чарогоҳ ишорат шудаанд.
Минтақаи истифодабарии хоҷагии маҳдуд 740198 га масоҳат дошта 28,3 дарсади масоҳати умумии боғро ташкил медиҳад. Яшилкӯл бо чарогоҳҳои атрофаш, қитъаи барои сайёҳии шикорӣ ҷудошудаи назди Қарокӯл, қитъаи сабзи соҳили дарёи Бартанг ва шоҳроҳи мошингарди Душанбе — то ба сарҳадди Қирғизистону Хитой мансуби ҳамин минтақаанд. Қисмати барои хоҷагидории аҳолӣ истифодашаванда ба рӯйхати маҳалҳои ҳифзшаванда ворид нагардидааст, зеро ногузир аҳолӣ ба сифати чарогоҳ ё ҷойи ҳезумчинӣ истифода мебарад. Гоҳо дар ин мавзеъ шикори ғанимати архару ҷадӣ сурат мегирад.
Минтақаҳои сайёҳӣ 58400 га масоҳат дошта, 2,2 дарсади масоҳати умумии боғро фаро мегирад. Дар ин ҷо барои ташкили истироҳату сайёҳӣ бунёди нуқтаҳои хизматрасонӣ (ба таври маҳдуд) иҷозати расмӣ дода шудааст. Минтақаи мазкур маҳаллаҳои аҳолинишини атрофи Қарокӯлу Булункӯл, роҳҳои байни онҳоро дар бар гирифтааст. Ба минтақаи серрафтуомади сайёҳон ва хизматрасонии комил табдил ёфтани он дар назар аст.
Гузаргоҳҳои транзитӣ ва экологии дохили боғ ва берун аз он бо мақсади беосебу бехалал маҳфуз доштан ва афзоиш додани ҳайвоноти кӯчии сумдор ва озодона ҳаракат кардани онҳо аз чарогоҳҳои зимистона ба тобистона ва баръакс, гузаргоҳҳои махсуси маҳалҳои будубоши азалии онҳо барқарор дошта мешаванд.
Таснифоти манзаравии боғ чунин аст:
• чарогоҳҳо (184525 га),
• буттазорҳо (34528 га),
• пиряхҳо (282755 га),
• кӯлҳои калон (Қарокӯл, Сарез, Яшилкӯл — 47960 га),
• кӯлҳои хурд (4700 га),
• дарёҳо (5500 га),
• биёбонҳои яхбастаи баландкӯҳҳо (1.150000),
• шухҳо ва сангрезаҳо (900786 га),
• роҳҳои хокии маҳаллӣ (920 га)
дар маҷмӯъ 2611674 гектар боғ ва минтақаҳои дидбонгоҳдоштаи онро нозирони давлатӣ ё кормандони масъули шуъбаҳои дахлдори ҳукумати ноҳияҳо назорат мекунанд.
Шикори ҳайвоноти мамнӯъ ва моҳидории беиҷозат, инчунин, бе рухсат ворид шудан ва ё мошин рондан дар ҳудуди боғ қонуншиканӣ дар ин соҳа ҳисобида мешавад. Дар ҳудуди боғ кормандони он (54 нафар) якҷоя бо олимони АИ ҶТ таҳқиқоти нақшавии солонаи илмӣ ва мониторинги экологӣ мебаранд, ки асосан, аз корҳои пешбурди ҳисобу китоб, қайди ҳолати ҳайвоноти ваҳшӣ, мушоҳидаи фенологии рустаниҳо, таъйини захираҳои ғизои ҳайвонот, қайди ҷараёни паридаравӣ ва бозгашти парандагон ва ғайра иборат аст.
Дар боғ якҷоя бо созмонҳои байналхалқӣ ва ғайридавлатӣ фаъолияти тарғиботию равшаннамоии экологӣ бурда мешавад. Боғ чун озмоишгоҳи бузурги табиӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ беҳтарин манбаъ буда, дар он биологҳо, глятсиологҳо (яхшиносон), метеорологҳо (обуҳавосанҷон), гидрологҳо, геологҳо (заминшиносон), мутахассисони соҳаҳои дигар метавонанд дар самти омӯзиши ҳолати истифодаи мақсаднок ва босамари захираҳои табиӣ дар шароити яхбастагӣ ва хушкии аридии баландкӯҳҳо; таҳқиқи ҷараёни тағйироти силсилаҳои экологии табиӣ таҳти таъсири гармшавии умумии иқлими замин ва ғайра ба дастовардҳои илмии ҷолиб ноил гарданд.
21 июни соли 2013 дар иҷлоси 37-уми Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпени Комбуҷ Боғи миллии Тоҷикистон ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шуд. Ин нахустин мероси табиъии Тоҷикистон дар Феҳристи Мероси Ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.
Сарчашма:wikipedia.org
Қалъаи Ҳисор
Қалъаи Ҳисор ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дар ноҳияи Ҳисор буда, қисми таркибии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор мебошад. Вожаи “ҳисор” арабӣ ва маънояш “диж” ва “қалъа” аст.
Ин қалъа, ки ҳамакнун дар 5 - километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV—XVII мелодӣ — “Ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд.
Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос — Ҳисор — гашт. Кӯҳандижи Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст.
Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст.
Аз макони бекнишин тамоми ноҳияи Ҳисор чун кафи даст ба чашм метобад. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст.
Ривоятҳои таърихӣ
Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки гӯё қалъа дар як шаб бо амри Оллоҳ пайдо шудааст. Аммо, ривоятҳои таърихӣ бунёди онро ба давраи шоҳ Таҳураси Девбанд - писари Ҳушангшоҳ, набераи Сиёмак ва абераи нахустподшоҳи афсонавии давраи Пешдодиён (солҳои 3280- 993 то мелод) медонанд.
Мувофиқи ривоятҳо Таҳмурас дар муборизаи муқобили девҳо бо усули худи онҳо, яъне бо сеҳру ҷоду ғолиб омада, онҳоро маҷбур месозад, ки ин қалъаро бунёд кунанд ва сипас девҳоро ба даруни қалъа банд андохта, аз онҳо ҳарфу хат омӯхта, халқи мулкашро хату савод меомӯзонад.
Инчунин, ривояте доири аз дасти Қаҳқаҳи ҷоду озод кардани Қалъаи Ҳисор аз ҷониби Ҳазрати Алӣ (р) дар эҷодиёти халқ мавҷуд аст.
Ҳангоме, ки кас ба он хоки анбӯҳи дур аз соҳили дарё қомат афрохта назар меандозад, беихтиёр ба хулоса меояд, ки он дарвоқеъ дар асари ягон қувваи фавқуттабиӣ бунёд ёфтааст.
Инчунин, муҳаққиқони алоҳида ба пайдоиши Қалъаи Ҳисор кӯшиши аз назари илми ҳозиразамон наздик шуданро кардаанд.
Олими рус Н.Новгородсев масъалаҳои марбут ба зилзилаи Ҳисорро (23 январи соли 1989) аз назари геологӣ таҳқиқ намуда, дар анҷоми мақолааш (маҷаллаи “Вокруг света, ”соли 1990) менависад: ”Қисмати баландии қалъа дастисохт буда, дар қисмати ҷанубӣ ё табиии он то вақтҳои наздик кӯли чуқуре мавҷуд буд. Қамиш мерусту ҳоло танҳо кӯлмаки хурде аз он нишона мондааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ин кӯл дар танӯри вулқони лойин воқеъ будааст ва бо мурури замон фаъолияти худро қатъ кардааст. Он кӯл аз обҳои нафтии қаъри замин сарчашма мегирифт”.
Аз ин андешаи олим бармеояд, ки хоктӯдаи азими Қалъаи Ҳисор дар натиҷаи зуҳури вулқон ба вуҷуд омадааст ва бо гузашти фосилаи дароз худи воқеаи вулқон аз хотирҳо зудуда гашта, дар боло ва атрофи теппа девору биноҳо бунёд карда шудаанд.
Қалъа ва шаҳри Ҳисор бисёре аз ҳокимони одилу фозил ва покандешу хайрандешро дида, давра ба давра ободу зебо гардидааст.
Экспедитсияи Ҳисор
Қалъаи Ҳисор, қароргоҳи беки Ҳисор, акси солҳои 1890-1896 пас аз истило шудани Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ дар охири асри XIX шартномаи тобеияти аморати Бухоро, аз ҷумла бекигарии Ҳисор бо империяи Русия муқаррар карда шуд.
Тоҷирон, сайёҳон, олимон, таҳқиқотчиён, мансабдорон ва ҳар биёни Русияву Аврупо дар ҳамаи бекигариву амлокдорӣ ҳуқуқи озо- дона савдо кардану кору таҳқиқот бурданро пайдо намуданд.
Ба аврупоиён ганҷинаи пурасрори Ҳисори Шодмон дар соли 1875 аз ҷониби “Экспедитсияи Ҳисор” маълум гардид. Акнун онҳо ба ин диёр омада, оид ба омӯзишу таҳқиқи растаниву ҳайвонот, обҳои табииву конҳои пурасрор, захираву манбаъҳои зеризаминӣ, сиёсату маданият ва вазъи зиндагии мардуми оддӣ машғул мешуданд.
Яке аз сайёҳони арманӣ В.Марконян, ки дар он солҳо ба Ҳисор меҳмон шуда омадааст, вазъи бади тандурустии аҳолиро ба ҳисоб гирифта, дар хотироташ ин диёрро »водии марг» номидааст.
Сабаб дар он буд, ки ғайр аз мансабдорону бойҳо ба халқи бенаво хизмати тиббӣ расонида намешуд.
Сарҳанг (полковник)-и артиши подшоҳии рус Д.Н.Логофет, ки дар соли 1880 дар Ҳисор буд, вазъи мураккаби ҳаёти мардумро бо камоли таассуф ба қалам медиҳад: “Дар он солҳо дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон корҳои таҳқиқотӣ бурда, мо аз бисёр сокинон хабарҳои наву тозаро борҳо мешунидем. Арзу шикояти беҳисоб ба шахсияти бекҳо, инчунин ба хизматчиёни поёнӣ гувоҳи ин буданд, ки дар бораи сар задани шӯришҳои нави халқӣ дар бекигарӣ кушоду равшан гап мезаданд». (“Административное устройство Гиссарского бекства”, Туркестанские ведомости, 1880, №112).
Ин таҳқиқотчии кунҷков ва закӣ дар ҷои дигар, дар асараш “В горах и на равнинах Бухары” (“Дар кӯҳҳо ва водиҳои Бухоро”, СПб.1913 саҳ.479) менависад:
“Осори гулӯлаҳои тӯп, ки деворҳоро хароб кардаанд ва дар табақаҳои ғафси дарвоза сӯрохиҳои калонро гузоштаанд, баёнгари безабони онанд, ки Қалъаи Ҳисор чандин маротиба дучори муҳосираю ҳуҷум гардидааст”.
Тибқи шаҳодати ин афсари подшоҳии рус атрофи шаҳри Ҳисорро қӯрғони азими даҳкилометра бо чор бурҷи дидбонгоҳдор иҳота карда буданд, ки панҷ дарвоза дошт: “Хоки сафед”, ”Чангоб”, ”Чашмаи моҳиён”, ”Шаккарӣ” ва “Обдузд”.
Перомуни дарвозаҳои шаҳри Ҳисор ҳаминро бояд хотирнишон сохт, ки меъмории ин дарвозахонаҳо ба мисли дарвозаҳои имрӯзаи баъзе аҳрҳои олам гумбазшакл буда, аз масолеҳи мустаҳками хишти пухтаву санг сохта, бо усули биносозии шарқӣ қомат афрохтаанд. Онҳоро мири шабон ва дарвозабонон муҳофизат мекарданду одамонро тафтиш ва иҷозаи воридшавӣ медоданд.
Мутаасифона, ҳоло аз ин дарвозаҳо танҳо номашон боқӣ мондаву онҳоро майдонҳои пахтазор ишғол кардаанд.
Маълумоти олим В.Л.Литвинов.
Тибқи маълумоти олим ва афсари артиши подшоҳии рус В.Л.Литвинов, ки соли 1910 гузораш ба Ҳисор афтода, ба ҳусну таровати ин диёри афсонавӣ, хусусан Қалъаи Ҳисор мафтун шуда буд, дар мақолааш “Очерки Гиссарского края” (рӯзномаи “Туркестанские ведомости”, 19-октябри соли 1910) чунин навиштааст:
“Тоҷикон барои сохтмони болохона ва меҳмонхона, албатта, ҷои баландтаринро интихоб менамоянд, ки аз он уфуқи дуртаринро ҳам дидан мумкин бошад. Дар ин бобат иртифоти Қалъаи Ҳисор бо қасри қӯшбегӣ олӣ мебошад. Аз ин фароз тамоми қалъа, шаҳр, девори атрофи он, дидбонгоҳ, ҷараёни Дарёи Чангоб (Хонақоҳ), қисмати рӯдхонаи Кофарниҳон, бархе қитъаи водии бузурги Ҳисорро бо ҷузъиёташ наззора кардан мумкин аст”.
Аз рӯи нақли ин олими таҳқиқотчӣ баландии девори Қалъа аз теппаи фарозаш 3,5 метрро ташкил намуда, аз ду самт кунгурадор (дандонадори хиштин) будааст ва паҳноияш ба мисли Садди бузурги Чин ба ҳадде будааст, ки беки Ҳисор ҳар гоҳе бо фойтуни дуаспа нишаста рӯ-рӯйи девори гирдогирди Қалъа тоб хӯрда, шаҳр ва ҳудуди қаламравашро тамошо мекардааст.
Дар тали фарозтарини тарафи рости Қалъаи Ҳисор баландии мутлақ аст, ки онро қароргоҳи бек мегӯянд. Аз рӯйи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ ва суратҳое, ки дар ибтидои асри XX аз ҷониби муҳаққиқону сайёҳон аккосӣ шудааст, маълум мегардад, ки он бино дарозрӯяи якошёна буда, 24 ҳуҷра доштааст.
Айёме, ки бек ҳангоми гармоҳои тобистон ба бошишгоҳҳои тобистонааш ба Қаротоқ, қалъаи Душанбе ё Хонақоҳи Кӯҳӣ мерафт, онро хизматгорон таъмир ва дуруст мекарданд. Ин қароргоҳи бек низ қурбони сиёсати овони “атеизми ҷанговар” гардид, ки ҳангоми гузаронидани ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз онҳо танҳо пойдевори баъзе ҳуҷраҳо бо ташнобҳояш ва осори хокистартӯдаҳо муайян гардиданду халос.
Мегӯянд, ки дар дохили қалъа 3 масҷид амал мекардааст, ки муаззини яке аз онҳо Мирзо Мӯъмини Бойсунӣ будааст. Дар мактаби хусусии қароргоҳи бек Домулло Ҷӯраи Охунд мударрисӣ мекардааст, ки танҳо ба фарзандони амалдорон илми динӣ таълим медод.
Қисмати ҷанубии қалъа “Уштурхона” номида мешуд, ки дар он ҳайвоноти боркашро нигоҳ медоштанд. Ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ тарҳи ин оғилҳоро муайян карданд.
Дар теппаи болои он солҳои инқилоб қариб 25-30 сарбозони русро, ки ҳангоми набардҳо қурбон шудаанд, ба хок супоридаанд, ки ҳоло дахмаи онҳо қариб ноаён шудааст.
Қисмати охирини қалъаро майдони бузурги мудаввари фарохи “Аскархона”, ки дар қисмати ғарбӣ нисбатан пасттар ҷойгир аст, хотима медиҳад.
Дар қисмати поёнии он чашмаи машҳури як вақте бо номи “Заъфаронӣ” маъруф ва сӯрохии калоне воқеъ аст, ки он низ собиқ дарвозаи хурд будааст. Аз он роҳ ба дохили қалъа хошоку озуқаи чорво ворид мегардид, ки ҳоло дар назди даромадгоҳаш мазори яке аз фузалои аҳли тариқат Шайх Нуриддини Нафас ҳамроҳи ду зани солеҳа қарор дорад.
Сарез
Сарез — кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст.
Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 миллион тонна баробар аст.
Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.
Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст.
Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд.
Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.
Шиддати дақиқи ин заминларза то ба ҳол мушаххас нашудааст, вале олимон мегӯянд расадхонаи Пулково воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург ин зилзиларо эҳсос кардааст.
Дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди Мурғоб хатари зери об мондан ба рустои Сарез ва боз се деҳи дигар таҳдид кард. Сокинони Сарез деҳаву хонаҳо ва дарахту боғзорҳояшонро раҳо карда, тавассути минтақаи Мурғоб ба қаламрави ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Сарҳади Бадчор кӯчиданд. Дар ҷои уфтодаи кӯҳпораи Усой кӯли бузурге пайдо шуд ва деҳи Сарезро ба коми худ фурӯ бурд.
Аз ин фоҷеъа мардуми деҳоти поёноби рӯди Мурғоб танҳо баъди 45 рӯз хабар ёфтанд. Волии Рӯшон дар бораи ин фоҷеъа ба қалъаи низомии Русия, ки дар деҳаи Хоруғ воқеъ буд, иттилоъ дод. Русҳо, ки он замон Помир таҳти тасарруфашон қарор дошт, танҳо аз моҳи октябри соли 1913 ба таҳқиқи кӯли нав пардохтанд.
Полковник Григорий Шпилко, сардори гурӯҳи низомии русҳо дар Помир, ки дар айни замон ба ҷуғрофияшиносӣ низ машғул буд, дар таърих нахустин муҳаққиқи ин кӯл маҳсуб мешавад. Бо унвони Сарез низ бори нахуст ин кӯлро Шпилко ном бурдааст.
Ба гуфтаи аксари олимони ҷуғрофияшинос ва иқлимшиноси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики муштаракулманофеъ кӯли Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва иқлими на танҳо кӯҳистони Помир, балки тамоми Осиёи марказӣ таъсири бунёдӣ гузошт. Ҳамакнун Сарез бо назардошти хатари эҳтимолии он дар гуфтаҳо ва навиштаҳо аксаран бо унвони “аждаҳои хуфта” ёд мешавад.
Зеро донишмандон мегӯянд дар сурати рахнаи садди кӯли Сарез, ки дар минтақаи зилзилахез воқеъ аст, дар тӯли 12 соат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зери об хоҳад монд ва эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 миллион одам, аз ҷумлаи сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад.
Хатари эҳтимолии рахнаи садди Сарезро олимони табиатшинос ба се омил марбут медонанд: вуқӯъи заминларза, афзоиши сатҳи об ва рехтани кӯҳпораҳои атроф.
https://traveltajikistan.tj/tg/lakes-and-mountains/
Чилдухтарон: Рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ
Чилдухтарон номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд. Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кўҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.
Вобаста ба пайдоиши ин кӯҳҳо ривоятҳои халқи низ мавҷуданд. Дар замонҳои хеле қадим тўдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурўхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зуран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Мӯъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон карданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, муйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лакаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд. Задухурд чанд шабонарўз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дод, аҳолии беяроқу бепушту паноҳ ба сўи кўҳҳои сарбафалак рў оварданд. Як қисми душманонро аҳолӣ фиреб карда, худ ба сўи кўҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гурӯҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сўи кӯҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тӯдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рӯ оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсиратон рӯ ба рӯ насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанўз дар қиёманд.
Дар бораи Чилдухтарон ривояти дигаре ҳам ҳаст, ки гӯё душманони деҳаи воқеъ, дар домани кӯҳ ғорат карда, ҳамаро мекуштанд. Дар шаби торик чил духтар дар дастҳо машъал барои наҷот аз ғоратгарон даст ба дасти якдигар дода ба болои кӯҳ мебароянд. Душман ба онҳо наздик мешавад, вале духтарон ҳанӯз душман нарасида аз Худо илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Худо дуои онҳоро қабул мекунаду онҳоро ба санг табдил месозад. Аз ин рӯ он маконро то ба имрӯз Чилдухтарон мегўянд.
Чилдухтарон, маконҳое дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя, ки дорои ривоёти махсус мебошанд. Мардум ривоят мекунанд, ки гўё дар маконе духтарони зеборухе машғул ба кору бори худ будаанд. Ногаҳон аз дур садои одамони номаҳрам шунида мешавад, ки онҳо аспсавор ба сӯи духтарон ҳуҷумкунон ҳаракат мекарданд. Духтарон, ки пок буданд, аз Худо илтиҷо менамоянд: «То ба дасти номаҳрамон расидан беҳтар аст, ки мо дар ҷои худ санг шавем». Ин илтиҷои онҳоро Худо қабул менамояду онҳоро дар ҷояшон ба санг табдил медиҳад.
Яке аз ин ҷойҳо ба номи Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод куҳест, ки аз дур мисли манораҳои ҳайкалӣ менамояд. Ин мавзеъ аз дур чунин ба назар мерасад, ки гӯё онро инсон сохта бошад. Ин гуна куҳҳо дар Тавилдара ва деҳаҳои Каранаку Равиови Дарвоз низ ҳастанд, ки ҳар кадоме ривояте доранд.
Ривоят мекунанд, ки дар ин макон ҷанги мудҳише рух медиҳад. Хангоми ҷанг мардони деҳа ба душман муқобилияти сахт нишон дода ҳама кушта мешаванд. Ин ҳолатро дида занҳо ба ғазаб меоянду ба муқобили душман меҷанганд ва теъдоде аз душманро торумор менамоянд, вале тири камони онҳо тамом мешавад. Мебинанд, ки душман онҳоро асир мегираду хар тавре, ки хоҳад азият медиҳанд, чил нафар даст ба осмон карда, аз Худо илтиҷо менамоянд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Барои Худованд, ки ҷасорату тинати поки онҳо маълум буд, онҳоро ба санг табдил медиҳад. Ҳоло ин макон зиёратгоҳи мардум аст. Бо мурури замон ҳар кадоме аз ин қуллаҳои кӯҳӣ Чилдухтаронро мардум ба таври худ номгузорӣ кардаанд. Мардуми ихлосманд дар пояи куҳи Чилдухтарон гоҳе назру ниёз ҳам мекунанд. Дар бораи Чилдухтарон ривояти дигаре ҳам ҳаст, ки гӯё душманони деҳаи воқеъ, дар домани кӯҳ ғорат карда, ҳамаро мекуштанд. Дар шаби торик чил духтар дар дастҳо машъал барои наҷот аз ғоратгарон даст ба дасти якдигар дода ба болои кӯҳ мебароянд. Душман ба онҳо наздик мешавад, вале духтарон ҳанўз душман нарасида аз Худо илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Худо дуои онҳоро қабул мекунаду онҳоро ба санг табдил медиҳад. Аз ин рӯ он маконро то ба имрӯз Чилдухтарон мегўянд. Барои дидани ин макон ҳамасола садҳо нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ роҳҳои тулониро тай карда меоянд. Дидани ин муҷасамаҳои сангине, ки дар худ таърихи тулонии мардуми тоҷикро таҷасум мекунад, ҳар як нафарри ташрифовардаро ба покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ ҳидоят мекунад.
Маводи мазкур бо такя ба маълумотҳои Википедия таҳия гардидааст.
https://traveltajikistan.tj/tg/lakes-and-mountains/
Қалъаи Муғ
Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги дерина дорад ва тайи асрҳои зиёд дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии минтақа нақши муассир бозидааст. Номи Истаравшан дар сарчашмаҳои куҳани таърихӣ дар қатори бузургтарин шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зикр гардидааст.
Нахустин сарчашмаҳои то замони мо расида, ки баъзеи онҳо ҳатто ба асри шашуми то милод нисбат дода мешаванд, собит месозанд, ки Истаравшан яке аз марказҳои бузурги Суғди бостонӣ ба шумор мерафтааст.
То ба рӯзгори мо маҳфуз мондани беш аз 150 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва меъморӣ дар шаҳри Истаравшан, ки ҳар яке аз онҳо собиқаи аз 300 то 1500 – сола дорад, гузаштаи бисёр деринаи онро нишон медиҳад.
Мақбараҳои Хоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII) ва Хоҷа Абдуқодири Ҷелонӣ (асри ХУ), Боботағои Валӣ (асри ХУ), Сари Мазор (асри ХVI), маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ (асрҳои ХVII-ХIХ), Чор Гумбаз (асри Х1Х), Савристон ва даҳҳо ёдгории дигар дар баробари муаррифии мероси бузурги таърихии миллати тоҷик беҳтарин намунаҳои ҳунари сокинони шаҳр, аз ҷумла наҷҷорону наққошон, кандакорон ва дигар ҳунармандон ба шумор мераванд.
Рисолаву девонҳо ва осори хаттии фаровон дар қаламрави шаҳри Истаравшан гувоҳи равшани он аст, ки дар гузаштаи дуру наздик аз ин диёр суханварону олимон, адибону донишмандони зиёде бархоста, дар ривоҷи фарҳанги миллии халқи тоҷик саҳми муносиб гузоштаанд.
Масалан, дар аксари сарчашмаҳои таърихии даврони Сомониён зикр шудани номи Истаравшан аз он шаҳодат медиҳад, ки саҳми аҳли илму адаб ва ҳунармандони он дар ташаккули тамаддуни ин давраи тиллоии таърихи миллати тоҷик хеле арзишманд будааст.
Яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадима будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кушку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор меравад.
Донишмандон чунин мешуморанд, ки таърихи гузаштаи мо намунаи шаҳреро чун Истаравшан - шаҳри иборат аз қалъаҳои зиёд дар ёд надорад. Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан то замони мо шумораи зиёди чунин қалъаҳо ҳифз шудаанд, ки ҳамагӣ исботи шаҳомати таърихии ин шаҳри бостонӣ мебошанд.
Имрӯз номи ин ёдгориҳои куҳани таърихӣ дар деҳаву гузарҳои шаҳр побарҷо мондаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъачаи Калон, Қалъаи Меҳтар, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва монанди онҳо мебошанд.
Дар миёни ин ёдгориҳо ҷойгоҳи Қалъаи Муғ ё Муғтеппа, ки имрӯз мову шумо пас аз таҷдиду тармим дар маросими ифтитоҳи он қарор дорем, қобили таъкиди махсус аст.
Ин намунаи бузурги мероси куҳани тоҷикон, ки замони бунёди он ба асри панҷуми то милод пайванд дорад, баъдан беҳтарин унсурҳои меъмории миллати қадимаи моро дар бар гирифтааст.
Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектарро дар бар гирифтааст. Ҳанӯз тобистони соли 1933 зери раҳнамоии шарқшиноси маъруф А.Фрейман дар ин қалъаи қадима ҳафриёти бостоншиносӣ амалӣ гардида, аз харобаҳои он зиёда аз сад бозёфти нодири таърихии мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, аз бойгонии қалъа беш аз 80 ҳуҷҷат бо забонҳои суғдӣ ва арабиву чинӣ пайдо гардидаанд, ки ҳанӯз ҳам мавриди омӯзиши бостоншиносони ватаниву хориҷӣ қарор доранд. Бозёфтҳо баёнгари онанд, ки ин кохи муҳташами бостонӣ дар тӯли тамоми таърихи мавҷудияти худ макони волиёну ҳокимони ин қаламрав буда, ҳамин рисолати бузурги таърихиро чи дар аҳди бостон ва чи дар даврони исломӣ ба шоистагӣ иҷро кардааст.
Чанд сол пеш бо мақсади таҷдиду барқарор сохтани ин ёдгории куҳани таърихӣ Ҳукумати мамлакат қарор кард, ки “Муғтеппа” бо ҳамаи шукӯҳу шаҳомати гузаштааш азнавсозӣ карда шавад.
Басо рамзист, ки корҳои тармиму азнавсозии он дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба анҷом расида, имрӯз дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун туҳфаи арзанда якҷо бо амфитеатр барои 5100 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.
Таҷдиду барқарорсозии ин маҷмааи бузург дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб карда шаванд.
Маводи мазкур бо такя ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст.
Ҳафткул
“Ҳафткул” яке аз зеботарин минтақаҳоест, ки бо ҳафт кули рангобаранги худ ҳар як сайёҳро мутаҳайир месозад.
Дараи “Ҳафткул”, маҷмӯи кулҳоеро дорост, ки дар шимоли Тоҷикистон дар водии Зарафшон ҷойгир буда, ба ёдгориҳои беназири Тоҷикистон шомил карда шудааст.
Силсилакӯҳҳои мушкилгузар ва яхпӯш, ки сарчашмаи асосии пайдоиши даҳҳо дарёчаҳои шӯх гардидаанд, барои пайдоиши кулҳои зиёде дар ин минтақа асос гузоштаанд.
“Ҳафткул” дар баландии 2139, 3 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, бо номи Марғузор машҳур аст.
Сабаби Марғузор ном гирифтани мавзеи “Ҳафткул” дар он аст, ки кули аз ҳама калонттарин дар ин ҷо “Марғузор” ном дошта, дарозиаш— 4,5 км, чуқуриаш 45 метр ва ҳудуди умумиаш 1,16 км²–ро ташкил медиҳад.
“Ҳафткул”- ро инчунин “Ҳафт мӯъҷиза”, “Ҳафт зебосанам” ва ё “Ҳафт зебосанами Шинг” ном мебаранд, ки воқеан аз дидани онҳо ба мӯъҷиза будани он ҳеҷ шакке намемонад.
Ба истиснои он, ки “Ҳафткул” хеле мавзеи зебою дилфиреб дорад, то ба ин мавзеъ роҳи мошингард низ сохта шудааст. Сайёҳон аз Самарқанду Хуҷанд ва Душанбе бо нақлиёт то “Ҳафткул”омада, аз ҳамин ҷо ба хатсайрҳои гуногун тақсим мешаванд.
Аз дараи Ҳафткул сайёҳон ба воситаи ағбаи Тобасанг ба”Кули Калон”, “Искандаркул” ва самтҳои дигар сафар мекунанд.
Ба “Ҳафткул” аз самти шимол 4 дарёчаи шӯх ҷорӣ мешавад, ки ҳар яке то 10 километр дарозӣ доранд. Аз поён ба боло ҳар як куле, ки вомехӯред, хеле зебову диққатҷалбкунанда буда, кули аз ҳама поёнӣ дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр, дуюм 1701 ва кули аз ҳама баландтарин дар баландии 2400 метр ҷойгир шудаст.
Миёни мардум чунин ҳарфҳое мавҷуданд, ки ҳар нафаре, ки яке аз кулҳои онро зиёрат карда, ба кулҳои дигар наздик мешавад, бо болотар баромадан ва дидани кули навбатӣ хушбахтии бештареро ба даст меорад.
Яке аз кулҳои “Ҳафткул” “Миҷгон” ном дошта, бо зебоӣ ва ранги ғайриоддии обаш аз дигар кулҳо фарқ мекунад. Кули мазкур аз дарёчаи пуртуғёни Шинг сарчашма гирифта, бо тамошои воридшавии он ба “Мижгон” ҳар бинанда дар шигифт мемонад. Зеро рӯди шӯх бо ҳама туғёнаш баробари ворид шудан ба кули Миҷгон гӯё, ки ба куллӣ ором мешавад ва осоиш меёбад.
Кули мазкур низ чун даҳҳо кулҳои дигари Тоҷикистон таърих ва ривояти пайдошавии худро дорад. Тибқи ривоятҳо гӯё замоне дар ин дара оҳангаре зидагӣ доштааст. Ин марди оҳангар соҳиби ҳафт духтар будааст, ки дар ҳусну ҷамол ҳамто надоштаанд.
Рӯзе аз рӯзҳои фасли тобистон ҳокими пире аз ин ҷо гузашта ба духтари аз ҳама хурдии оҳангар Мижгон ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ мешавад, кидухтарро ба ҳоким ба занӣ диҳад, вале духтар комилан муқобили издивоҷ бо амир мешавад. Барои он ки бо ин кори худ Мижгон ҳокимро наранҷонад, бо нияти халосӣ аз ӯ шарти худро монда, мегӯяд:
– Ман зани ту мешавам, ба шарте, ки ту дар ин мавзеъ барои ман қасри тиллоии афсонавӣ бунёд кунӣ.
Духтар боварӣ дошт, ҳоким аз ӯҳдаи иҷрои ин шарт намебарояд. Вале ҳокими мӯйсафед, ки ошиқи шайдо буд, ҳама корро як сӯ монда, дар давоми 40 рӯз қасри тиллоии афсонавиро месозад. Ин барои ҳама як мӯъҷиза буд.
Духтар вақте мефаҳмад, ки шарти ӯ иҷро шудаву дигар баҳонае барои рад намудани хоҳиши ӯ намемонад, дар рӯзи тӯй болои қаср баромада, бо либоси арӯсӣ худро аз боми қаср ба поён мепартояд.
Дар ҷое, ки ӯ меафтад куле ба амал меояд, ки онро Мижгон меноманд. Шаш кули дигаре, ки дар Ҳафткул пайдо шудаанд, гӯё аз ашки шаш хоҳари ӯ ба амал омадаанд.
Яке аз кулҳои дигари Ҳафткул “Ҳушёр” ном дорад. Тибқи ривоятҳо кули мазкур ба он хотир “Ҳушёр” номида шудааст, ки дар атрофи он пештар морҳои заҳрдор зиёд будаанд ва одамони ба зиёрати ин мавзеъ омадаро пешакӣ огоҳ мекардаанд, ки дар назди фалон кул ҳушёр бошед ва ҳамин тавр ин кул унвони “Ҳушёр” ба худ касб мекунад.
Кули дигар, ки “Ҳазорчашма” ном дорад, аз ҳисоби чашмаҳои зиёд ва ҷӯйборҳои хурд пайдо шудааст. Ин кул аз дарёчаи шӯхи Ҳисор ва Дарахти Сурхсар чашма мегирад.
Бояд гуфт, ки “Ҳафткул” натанҳо бо кулҳои муъҷизанок, балки бо ҷойҳои муқаддасаш низ фарқ мекунад ва ин муқаддасот боиси он шудааст, ки ҳар сол сайёҳони зиёде ба зиёрати он оянд.
Сари Хосор ёдгории нодири табиат
Сари Хосор пораест аз сарзамини кӯҳистони Тоҷикистон ва гӯшаи басо зебоманзари он. Ин гӯшаи афсонавии табиати Тоҷикистон дар силсилакӯҳҳои Вахш, дар қисмати болооби дарёи Сурхоб, тақрибан дар баландии 1200 -1600м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Cари Хосор дар ҳудуди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон қарор дошта, ин мавзеи таърихӣ 25 октябри соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Боғи табиӣ табдил дода шуд. Масоҳати боғи табиии Сари Хосор 3805 га аст.
Дар оғӯши Сари Хосор ёдгориҳои нодири таърихию табиӣ хело зиёданд, ки доир ба зиндагӣ, урфу одат ва касбу ҳунари мардуми ин сарзамин маълумоти басо равшан медиҳад. Релефи Сари Хосор басо мураккаб буда, бо гуногуншаклии худ аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Сари Хосор аз пасткӯҳҳо, доманакўҳҳо ва кўҳҳои баланд иборат мебошад. Қисмати зиёди релефи ин мавзеъро миёнакӯҳҳо ташкил намуда, дар баландии 1200-3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Баландии фосилавии сарҳади ин мавзеъ бошад 1200-3500 метр аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад. Ин ҳудуд худ муайянкунандаи гуногуншаклии системаи экологии ин мавзеъ мебошад. Атрофи Сари Хосорро дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Шӯробдарё ва Шаршараи Пушти Боғ иҳота мекунад.
Номи Сари Хосор таърихи кӯҳан дошта, маъниҳои зиёде дорад. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ номи Сари Хосор аз номи деҳае, ки он дар сари теппаи сафедхок ҷойгир шудааст, яъне «Сари Хоксор» гирифта шудааст. Чуноне зикр шуд, табиати Сари Хосор бо зебоӣ ва гуногуншаклии худ беҳамтост. Дар ин гӯшаи дар ҳақиқат зебоманзари табиат мувофиқати аҷиби табиат ҳукмрон аст: анбӯҳи дарахтони мевадор аз ду тарафи дара бо марғзорҳои гӯё дар даруни абрҳо буда ва харсангҳои азим бо ҳам омезиш меёбанд. Обҳои ҷорӣ, ки аз қуллаҳои кӯҳҳои баланд сарчашма мегирад, қад-қади дара ҷорӣ шуда, онро обшор месозад. Чашмаҳои шаффоф, дарахтони соядори чормағз, чанорҳои куҳан ва олами гуногуни ҳайвонот, ки ҳама дар зери гунбази осмони беабри нилгун аст, ба табиат ҳусни дигар зам мекунад. Боз яке аз мавзеъҳои зебоманзари водӣ дар наздикии деҳаи Муллоконӣ ҷойгир шудааст. Аз баландии 50 метр шаршара ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро ба гирду атроф пош медиҳад.
Шаршараи Сари Хосор, ки воқеъ дар ноҳияи Балҷувон аст, аз ҳама зеботарин шаршараи Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин шаршара аз фаввораҳои оби мусаффо дар баландии 2010 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои ҳамешасабзи кишвар табиати тоҷиконро зебову оро медиҳад. Баландии шаршара 57 метрро ташкил дода, он аз пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар масофаи 199 километр дур ҷойгир шудааст.
Ҳарорати хаво дар тобистон рӯзона то + 38 дараҷа ва шабона то +15 дараҷа гарм мебошад. Зимистонаш то – 15, -25 дараҷа сард мешавад. Шаршараи Сари Хосор дар Боғи табии Сари Хосор воқеъ буда, ҳамчун макони сайёҳии кишвар шинохта шудааст.
Роҳ ба самти шаршара душворгузару ноҳамвор аст, аммо гуфта мешавад, ки солҳои наздик рафъи ин камбудӣ ба нақша гирифта шудааст.
Шахсоне, ки Шаршараи Сари Хосорро дидан мехоҳанд, пас онҳоро зарур меояд, ки моҳҳои июн ва июл ба ин минтақа сафар кунанд, чунки дар дигар моҳҳо роҳҳо пур аз обу сел ва ҳавояш сарду салқин аст.
Барои мардуми шикордӯст табиати ин мавзеъ хеле мувофиқ аст, зеро дар он ҷо метавон рубоҳ, гург, хирс, ҷайра, хорпушт, бузҳои даштӣ, асп, харгуш, сангпушт, мор ва дигар ҷонварони даштиро шикор кард.
Шуъбаи матбуот
Гармчашма кафили солимии аҳолӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар
Гармчашма - чашмаи минералӣ воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад. Гармчашма чашмаи табиӣ буда, дар масофаи 42 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Шохдара, дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Тадқиқоти илмии Гармчашма аз ибтидои асри 20 маншаъ мегирад. Оби чашма барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб, аъзои такяву ҳаракат, амрози занона ва пӯст (псориаз, экзема, невродермит, хориши пӯст, склеродермия, ихтиоз, шукуфаи сурхи паҳн, парапсориаз ва ғ.) муфид аст. Онро дар шакли обзан (ванна)-ҳои умумӣ истифода мебаранд. Баъзан вобаста ба таъинот барои табобати ҷузъӣ низ истифода бурдан мумкин аст.
Оби Гармчашма аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикӣ ба обҳои курорти Истису (Озарбойҷон), Пятигорск, Железноводск, Хайдусабосло ва Харкани (Венгрия) шабоҳат дорад, вале бо зиёд будани миқдори гидрогенсулфид ва кислотаи силикат дар он бартарият дорад. Оби минералӣ аз байни ҷинсҳои қадимии кристаллию метаморфӣ фаввора зада, чанд ҳавзачаҳои табииро ба вуҷуд меорад ва ҳарорати об дар ҳавзачаҳо аз 38 то 50 дараҷаи селсӣ мебошад. Ҳарорати об ҳангоми баромадан аз найзачаҳо ба берун қариб ба 62 дараҷаи селси мерасад. Таркибаш натрий (700 мг/л), калий (75,0 мг/л), калсий (132 мг/л), магний (32,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (1629 мг/л), хлоридҳо (404 мг/л), сулфатҳо (161 мг/л), кислотаҳои силикат (196 мг/л), метаборат (32,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (500 мг/л), гидрогенсулфиди озод (170 мг/л), гази карбонати ҳалшуда (380 – 500 мг/л), ҳамчунин микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол (оҳан, алюминий, магний, фтор ва стронсий) дорад. Бинобар зиёд будани минералнокӣ оби чашма аз тарқишҳо берун баромада, шуша мебандад. Дар натиҷаи ба кристаллҳо табдил ёфтани калтсий чандин обзан (ванна)-ҳои табиии хурду калон ба вуҷуд омадаанд.
Соли 2010 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи шифохонаи пешина маҷмааи табобату сайёҳии «Гармчашма» бунёд гардид. Маҷмаа аз 5 бинои нави иловагӣ, варзишгоҳ, иншооти табобатию фароғатӣ, меҳмонхонаи замонавии «Сомон ТМ», майдончаҳои баскетбол, волейбол, теннис, ҷойи офтобдиҳии бадан ва амсоли он иборат аст. Бо имкониятҳои фароҳамовардашуда дар Гармчашма дар як давраи қабул, ки то 12 рӯзро дар бар мегирад, то 150 нафар ба солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Маҳз хусусиятҳои шифобахшиву афсонавии чашма таваҷҷуҳи сайёҳонро аз манотиқи гуногуни хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ҷалб месозад. Ҳамасола сайёҳон аз хориҷи дуру наздик ва худи аҳолии кишвар баҳри тамошои муъҷизаи ин минтақа омада, ҳамзамон саломатии хешро барқарор месозанд.
Шуъбаи матбуот
Искандаркӯл макони сайёҳӣ
Искандаркӯл тамошогоҳи мардуми ҷаҳон аст ва бо обу ҳавои дилкушо, паррандаҳои хушхону манзараҳои дилфиреби худ дили ҳар бинандаро тасхир менамояд ва аз дур ба назар чун оинаи ҷаҳоннамои афсонавӣ намудор гашта, дар оғӯши кӯҳҳои симинтоҷ воқеъ гардидааст.
Кӯҳҳои осмонхарош, арчаҳои ҳазорсола, гулу гиёҳҳои садрангу бӯй кӯлро аз чор тараф иҳота намудаанд. Искандаркӯл, яке аз кӯлҳои зеботарини диёри тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки он дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст. Мувофиқи маълумотҳои маъмул, Искандаркӯл, номи Искандари Мақдуниро ба худ гирифта, аз шаҳри Душанбе дар масофаи 120 км, ҷойгир шудааст. Пас аз кашфи Искандаркӯл 1937 кӯҳҳои Ғазнаи калон баландиаш 5306 м, Чимтарға 5489 метр дар байни ҷаҳониён ва кӯҳнавардон машҳур гашт.
Тадқиқотҳои геологӣ ва зилзилагӣ нишон медиҳанд, ки ин кӯл дар замонҳои хеле қадим, дар натиҷаи афтидани кӯҳ ва сари роҳи дарёчаҳои Ҳазормеш, Саритоғ, Сарима ва Моронро банд кардан ба вуҷуд омадааст. Кӯҳи афтида 1,5 км паҳноӣ ва 600 м. баландӣ дорад. Аз кӯл як дарё ҷорӣ мешавад.
Искандардарё (Фондарё).
Ин дарё дар масофаи зиёда аз 1 км дуртар аз кӯл, аз болои кӯҳи афтида ҷорӣ шуда, ба ҷараёни қадими худ мерезад ва яке аз шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд меорад. Диққати тамошобинонро асосан ҳамин шаршараи боҳашамати поёноби Искандаркӯл ба худ ҷалб менамояд.
Шаршараи Искандар яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат буда, 1,3 км шарқтар аз сарчашмаи Искандардарё воқеъ гаштааст, ки хеле пурталотуб буда, аз баландии зиёда аз 40-метр ба поён мерезад. Шаршара аз ду зина иборат мебошад, вале, зинаи дуюмашро мутаассифона тамошобинон дида наметавонанд. Дар тарафи рости даромадгоҳи кӯли Искандар дар резишгоҳи сойчаи Сарима боз як кӯли хурдакаки атрофаш дарахтзор ҷойгир шудааст, ки онро «Кӯлиморон» меноманд. Дар атрофи кӯли Искандар намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахшро дарёфт кардан мумкинаст, ки бештари онҳо аз нодиртарин растаниҳо дониста мешаванд.
Хулосаи ҳамаи ин афсонаҳо чунин аст, ки гӯё ин кӯлро Искандар дар вақти Бутамонро забт карданаш бо қувваи одамон сохта бошад. Аммо сарчашмаҳои таърихӣ ин афсонаҳоро ба куллӣ рад мекунанд. Искандари Мақдунӣ ҳеҷ гоҳ аз ҳудуди Самарқанд берун ба сӯи Панҷакенту Бутамон нарафта буд.
Дар ҳақиқат, чӣ тавре ки дар боло гуфтем, дар кӯли Искандар чаҳор дарёча: Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон меафтанд. Аз кӯл бошад, як рӯд, ки бо номи Искандардарё (Фондарёи имрӯза) машҳур аст, ҷорӣ мешавад, яъне берун меояд.
Ҳамин тавр аз ахбороти хаттии асрҳои миёна маълум мегардад, ки номи аслии Искандаркӯл Маштонзардарё ва рӯди аз вай ҷорӣ шуда, Ҷиҷик ном доштаанд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI—XVII ба ҷои Бутамон, Кӯҳистон ва рӯди Суғд - Зарафшон навишта шудааст. Дар нимаи дуюми асри XIX дар саҳифаҳои адабиёти илмии рӯсӣ ба ҷои Маштонзардарё Искандаркӯл пайдо мешавад. Чӣ тавр ва аз тарафи кӣ ин ном бофта бароварда шудааст, то ба ҳол маълум нест.
Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро муаррихон дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд, рабт медиҳанд.
Искандаркӯл якчанд маротиба номҳои дигар дошта, дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё «Ҳудуд-ул-олам» (893 муаллифаш номаълум) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркӯли имрӯзаро Дарёжа чун андаруни вай нишон додаст.
Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари “Нақшаи роҳи обӣ”, “Харитаи генералии империяи Русия” (1776) ва “Харитаи Осиё” (1795) Искандаркӯлро чун “Таран” (дар амалиётҳои ҳарбӣ вазъияти муҳосира) дарҷ ёфтааст. Ин номгӯй ба ҳақиқат рост намеояд, чунки дар забони суғдӣ “искӣ” маънои баландӣ, “дар” — маҳалла, макону дараро мефаҳмонад. Искандаркӯл ҳам, дар баландии 2195—2200 м. (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли “искотар” ё “искодар” меномиданд.
Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон деҳаҳои Искодар, Дардар, Искондарак, Исковати водии Зарафшон, Вискроғ, Виҷиск, Искад, Ванҷ, Искодари Кӯлоб, Сикати Боло, Сикати Пойини Вахё, Искандараки ш. Душанбе дар баландиҳо ҷойгиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки нимҷазираи Скандинавия аз истилоҳи суғдӣ шояд “кӯҳҳои баланд”-ро мефаҳмонад.
Гарчанде “Искодар” ва “Искотар” бо истилоҳи “таран” мафҳуми мухталиф дошта бошанд ҳам, мавқеъ ва маҳаллаи баландро ифода мекунанд. Вожаҳои “Искодар” ва “Искотар” ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд.
Оид ба ин масъала ховаршинос Василий Владимирович Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст. Ҳамин тавр, бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топонимҳо аз “қӯл” ба кӯл, аз “Искотар” ба “Искандар” ва дар охир ба истилоҳи таҳрирёфтаи Искандаркӯл гузаштааст, ки ба ҳақиқат рост меояд.
Қаблан оби кӯл ниҳоят баланд будааст, ҳоло бошад паст гаштааст. Нишонаи зери он мондани шаҳру деҳаҳо нақши худро дар рӯи сангҳои кӯҳ имрӯз ҳам боқӣ гузоштааст.
Барои тамошои яке аз зеботарин ва шаффофтарин кӯл дар Тоҷикистон ҳар сол ҳазорҳо нафар ба сайёҳат меоянд, ки аксари онҳо аз хориҷи кишваранд. Маҳз чунин маконҳои зебои диёр Тоҷикистон ва мардуми онро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Дар баробари ҷаҳонгардон ҳар як шаҳрванди кишвар бояд, ки аз чунин маконҳои зебои диёр дидан намуда, аз таъриху пайдоиши мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ воқиф бошад.
Сарчашма:
Искандаркӯл (Мавод аз Википедиа — донишномаи озод)
Ҳақиқат ва ривоят дар бораи Искандаркӯл (Мавод аз саҳифаи матбуотии МТТМОК-и ММТНПҶТ)
Искандаркӯл (Мавод аз сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон)
Шаҳритуc (Шаҳритуз) Худи ин номвожаи ҷуғрофӣ ишора бар он дорад, ки ин мавзеъ замоне шаҳр будааст. Мавҷудияти мадрасаҳо низ гувоҳи гуфтаҳоянд. Зеро маҳз дар манотиқи рушдкардаву таърихӣ мадрасаҳо бунёд меёфтанд ва аҳли илму хирад он ҷо мешитофтанд. Дар ноҳияи Шаҳритус мадрасаҳои Хоҷа Машҳад, Хоҷа Дурбод, мақбараҳои Хоҷа Сарбоз, Тилло Ҳаллоҷӣ, ки дар замони Сомониён ва баъд аз он бунёд ёфтаанд, ба бостонӣ будани минтақа далолат мекунанд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Шаҳритус як бахше аз Қубодиёни таърихист, ки сарзамини куҳани ниёгони мо буд.
Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар асрҳои IX - XII
сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти
пухта баҳампайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини
ёдгорӣ аст. Гунбазу равоқҳо ва нижвонҳо аз хишти моил чидашуда, бино ёфтаанд. Ба
андешаи таърихшинос
А. Л. Литвинский, дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоқи пештоқдори
мунаққаше илова гардидааст. Дар тарафи муқобил ё худ самти шимолии
он низ аз хишти хом ва пухта ду бинои гунбаздори на он қадар калон пӯшида шуда
будааст, ки ба бинои қисми ҷанубӣ ва асосии ансамбл шабоҳат дошт.
Чунин андеша ҳам роиҷ аст, ки шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ таълимоти ибтидоиро дар ҳамин мадраса гирифтааст.
Мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад ва ё Мақбараи дугона дар деҳаи Сайёд, Ноҳияи Шаҳритус ҷой гирифтааст. Мадраса ва мақбара яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад. Мақбараи Хоҷа Машҳад ҳамчун номзад ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Дар иртибот бо мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ҷониби муҳаққиқону муаррихони ватанию хориҷӣ пажӯҳишу корҳои муайян ба сомон расонда шудааст. Онҳо дар муайян намудани паҳлуҳои норавшани таърихи пайдоиш, бунёду сохтмони ин ёдгории фарҳангӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми арзандаю босазо гузоштаанд. Месазад, аз хизматҳои арзишманди муарриху бостоншиноси маъруф Сергей Григоревич Хмелнитский, ки беш аз 40 сол гурӯҳҳои махсуси ҳафриётию бостоншиносиро роҳбарӣ карда, дар он корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ бурдааст, ёдовар шавем.
Маҳз таҳти роҳбарии бевоситаи ин олиму муҳаққиқи варзида дар ибтидои солҳои 60 - уми асри гузашта корҳои ҳафриётию бостоншиносӣ равнақи тоза касб карда, ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта шуд. Қабл аз ҳама, исбот гардид, ки биноҳои ёдгории зикргардида дар як вақт не, балки дар асрҳои гуногун бо ҳам пайваст шудаанд. Ҳамзамон, муайян гардид, ки 54 қабри дар дохили ҳар ду бинои ёдгорӣ мавҷудбуда, дар асрҳои IX - XII не, балки баъдтар, ҳангоми истилои Осиёи Миёна аз ҷониби чингизиён пайдо гаштаанд. Дар рафти ковишҳои археологӣ аз замини зери бино ва атрофи он зарфҳои гуногуни сафолӣ, шамъдонҳою маснуоти дигари қадима пайдо шудааст, ки алҳол бахше аз онҳо дар пешдолони байни ҳар ду ба маъраз гузошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки С. Г. Хмелнитский доир ба мадрасаи Хоҷа Машҳад ва таърихи бунёди он матлабҳои зиёди илмию тадқиқотӣ навишта, ба ҳамватанони мо ва ҷаҳониён манзур намудааст.
«Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи
Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим
шаҳодат медиҳад», - нигоштааст шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруф
Александр Маркович Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном мақола.
Дар дохили бинои дуюм 13 адад хишти даври гунбаз ба назар
намерасад. Хиштҳоро, ки бо навиштаи зарҳалии арабиасос оро ёфта буданд,
дар даврони шӯравӣ бо тавсияи С. Г. Хмелнитский барои таҳқиқу омӯзиш ба
Осорхонаи шаҳри Ленингарад (Санкт-Петербурги имрӯза) - и Федератсияи Россия
интиқол доданд ва то ҳол баргардондани онҳо чун муаммо боқӣ мондааст.
Қисме аз бинои мазкур дар тӯли асрҳо вайрону валангор гардида буд. Хушбахтона дар доираи сиёсати созандаи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ёдгории таърихӣ дар замони истиқлолият соли 2000 тармим карда шуда, аз байн рафтану харобгаштани деворҳои он пешгирӣ карда шуд.
Масъалаҳои тармиму таҷдид, бунёди инфрасохтори иловагӣ барои ҷалби сайёҳон, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо, ҷолиб намудани гирду атрофи мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ва дар маҷмӯъ ба сатҳи байналмилалӣ расонидани онҳо дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар баробари ин дар назар аст, ки дар наздикии иншоотҳои мазкур утоқҳои қабули сайёҳон, инфрасохтори сарироҳӣ, аз ҷумла нишонаҳои сарироҳӣ ва дигар шароитҳои муосир бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ бунёд карда мешаванд.
Тадбирҳои мазкур дар партави иҷрои саривақтӣ ва пурраи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот амалӣ карда мешаванд.
Тибқи таҳлили коршиносони дохиливу байналмилалӣ, зимни тармиму таҷдид ва азнавсозии иншоотҳои сайёҳиву таърихӣ масолеҳи аслӣ истифода шуда, намои қадима ва таърихии ёдгориҳои таърихӣ ҳифз карда мешаванд.
https://tg.wikipedia.org/wiki/Мадраса_ва_мақбараи_Хоҷа_Машҳад
ҲУЛБУК – барқарорсозӣ ва азнавсозиҳо дар замони истиқлолият
«Ҳулбук касабаи Хатлон аст ва мустақари подшоҳ аст. Шаҳрест ба барокӯҳ, ниҳода, бисёрмардум, бо рустоҳои бисёр». («Ҳудуд-ул-олам», асри X). «Яке аз калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистони ҷанубӣ пойтахти Хатлон - Ҳулбук буд. Фақат қисмати марказии он масоҳати 70 гектарро фаро мегирифт. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт аз он бақияи қасри пурзебу зиннати Хатлон ёфт шуд» (Б.Ғафуров «Тоҷикон»).
Ҳар халқи дунё дорои муқаддасотест, ки дар давраи муайяни таърихӣ симои ин халқро инъикос намуда, гувоҳномае аз ҳиссае он дар бунёди тамаддуни башар мебошад. Аз ин муқаддасот то замони мо шаҳру шаҳракҳои қадима, куҳандизу қасрҳо, манору мақбараҳо ва ё осори хаттӣ ба мерос мондаанд. Барои мардуми барӯманди Хатлон вайронаҳои пойтахти қадимаи он, шаҳри Ҳулбук дар радифи чунин муқаддасот мебошад.
Бале, ҳазор сол муқаддам Ҳулбук шаҳри ободон буд ва маркази сарзамини Хатлон ҳисоб меёфт ва макони муқаддас гаштани он ба насли имрӯза асос дорад.
Якум, давраи пайдоиш ва тараққиёти шаҳр ба аҳди Сомониён – ташаккули халқияти тоҷик ва сохти давлатдории он, инкишофи забони адабии тоҷикӣ марбут аст. Аз ин рӯ, Ҳулбук ҳамзамони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалии Синову Абурайҳони Берунӣ, Хоразмиву Форобӣ, Нархашиву Табарӣ ва даҳҳо дигар бузургони илму фарҳанг мебошад.
Дуюм, Ҳулбук аз ҷониби муаррихону сайёҳони давр дар радифи Самарқанду Бухоро, Балху Ғазнин, Марву Тирмиз ва дигар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳру Хуросон гузошта мешавад. Дар тӯли таърихи дусадсолаи худ Ҳулбук маркази иҷтимоию сиёсӣ, инчунин маркази асосии тиҷорати мардуми куҳистони тоҷик буд. Корвонҳои зиёди мамолики Шарқ аз гузаргоҳи Чӯбаки дарёи Панҷ гузашта, вориди Ҳулбук мешуданд. Аз шаҳр ду роҳи корвонӣ мебаромад, яке ба воситаи Пули Сангини Вахш, Вашгирд (ноҳияи Файзобод), Шумон (Душанбе), Бутамон (болооби Зарафшон), Истаравшан (ноҳияи Уротеппа) ба роҳи шоҳи пайваста, ҷониби Хитой мерафт. Роҳи дуюм ба воситаи кӯҳистони Дарвозу Помир ҷониби Қошғару Ҳиндустон мебурд (бояд хотиррасон кард, ки Шоҳи Хомӯш охири садаи Х1 бо ҳамин роҳ аз Ҳиндустон ба Хатлон омада буд).
Сеюм, замоне Ҳулбук ба маркази мадании ноҳияҳои ҷануби шарқи Мовароуннаҳр табдил ёфт. Агар Ҳулбук нигини Хатлон бошад, пас қасри шоҳон ҷавҳари он аст. Ба шарофати ҳамин қалъа буд, ки соли 1953 олимони шӯравӣ Е.А.Давидович ва Б.А.Литвинский мавқеи Ҳулбукро аниқ намуда, ба баҳсу мунозираҳои садсола оид ба мавқеи шаҳр хотима гузоштанд. Дар зарфи зиёда аз 35 соли ҳафриётҳо дар ин ҷо бисёp паҳлуҳои санъату ҳунари аҷдодӣ кашф гардиданд, ки ҳамчун суннатҳои миллии тоҷикон таърихи аз ин беш қадима дошта, аз тамаддунҳои гузашта обхурӣ намудаанд.
Меорем бархе аз ин ҳунарҳо ва
маҳсули онҳоро, ки имрӯз низ бо нафосату зебоӣ ҳар як бининдаро ба ваҷд
меоранд. Таҳқиқҳо нишон доданд, ки Қасри шоҳони Хатлон дар масоҳати 50-150 метр
аз ду қисмат: ҷанубӣ ва шимолӣ иборат аст. Қисми ҷанубӣ нисбатан баландтар
буда, дар он толори асосӣ бо тахти шоҳ, биноҳои кории амалдорон, масҷиди қаср
ва дигар хонаҳои хизматӣ макон доштанд. Қисми шимолиро бошад ҳарамхона,
ҳуҷраҳои хизматгорон, саҳнаи мутрибон, ҳавзи қаср ва хонаҳои хоҷагӣ оро
медоданд. Масолеҳи сохтмонӣ бештар похса истифода шудааст, вале фарши хонаву
толорҳо, даромадгоҳи қаср, майдону ҳавзи он аз хишти пухта бино ёфтаанд. Дар
дохили қаср шабакаи васеи обтаъминкунии қубурӣ ва зерифаршии гармидиҳӣ вуҷуд
дошт. Бадрабҳои махсус бошанд тозагии саҳни онро таъмин мекарданд. Қалъаро аз
берун ду қабат деворҳои мустаҳками мудофиавӣ иҳота менамуданд, деворҳо ва
бурҷҳои доирашаклу чоркунҷаи онҳо қисман аз хишти пухта сохта шудаанд ва қисман
бо чунин хишт рӯйкаш гардидаанд. То ба имрӯз девори берунӣ хеле кам вале девори
дохилӣ аксаран аз баландии 1-3,5 метр маҳфӯз мондааст. Даромадгоҳи қаср
аз тарафи офтобшин буда, пештоқи онро ҳарфҳои калони аз гил пухташудаи катибаҳо
оро медоданд. Тарзи сохт ва ҷойгиршавии биноҳо бостоншиносонро ба хулосае
оварданд, ки дар ин ҷо ҳунармандони хатлонӣ бештар суннати меъмории тоисломиро
истифода кардаанд.
Суннати дигари ниёгон, ки дар қасри шоҳон таҷассуми худро ёфтааст гаҷкориҳои он мебошад. Садҳопораҳои хурду калони гаҷҳои гулбуридашуда, ки ҳангоми ҳафриётҳо ёфт шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Онҳо як замоне девори хонаҳо, сутуну айвонҳо ва толору роҳравҳои қасри шоҳонро зиннат медоданд. Аз рӯи шакл ин гулбуриҳо ба се намуд ҷудо мешаванд: тасвирҳои исломӣ (наботот), махлуқот ва сураҳои Қуръон. Чуқурии буриши тасвирҳо аз 2 то 20 сантиметр буда бо рангҳои кабуд, зард, гулобӣ тобиш дода шудаанд. Биноҳо тарзе оро ёфтаанд, ки ягон композитсияи алоҳида дуюмбора такрор нашудааст. Тасвири махлуқот ва махсусаи шер, ки бештар дар сутунҳои айвонҳо омадаанд хусусияти хоси худро доранд. Бостоншиноси шинохта Эркиной Ғуломова чунин мешуморад, ки образи шер дар ҷаҳонбинии хатлониён ҳамчун посбони хонадон аз офатҳо ҳисобида мешуд. Бостоншиноси намоёни тоҷик Юсуфшоҳ Ёкубов бошад дар ин тасвирҳо образи худои офтоби қавмҳои эронинажод Митраро (Меҳр) мебинад, ки то асрҳои миёна дар маданияти моддиву маънавии хатлониён боқӣ мондааст. Ба фикрам дар тасвирҳо образи зӯриву тавоноӣ ва нотарсию далериро низ бояд дид. Дар ин ҷо ба маврид аст ишораеро аз «Ҳудуд-ул-олам» оиди аҳли Хатлон биёрем: «Ва мардуми ин ноҳия мардумони ҷангианд...». Сайёҳи асри IX араб Ибни Ҳавкал дар асари худ «Мамолику-л-масолик», овардааст, ки то забти ислом шоҳони Хатлонро шери Хатлон ҳам меномиданд. Аз эҳтимол дур нест, ки сурати шер нишони (герб) шоҳони ин сарзамин бошад.
Сабти сураҳои Қуръон дар гаҷкориҳои Ҳулбук хеле олиҷанобанд. Онҳо бо тарзи хати куфӣ ва бо андозаҳои гуногун тавре моҳирона бурида шудаанд, ки ҳатто ҳарфҳои алоҳидаро аз гулҳо фарқ кардан мушкил аст. Вобаста ба андозаи девору ҳуҷраҳо, сураҳо пурра ё қисман истифода гардидаанд. Ба фикри бисёр олимон ба гаҷбуриҳои Ҳулбук фақат чунин бозёфтҳои шаҳрҳои Тирмиз, Самарқанди кӯҳна (Афросиёб) ва Самара-пойтахти Хилофати Араб дар асри IX (наздикии Бағдод) рақобат карда метавонанду халос.
Яке аз суннатҳои маъмули ниёгон, ки дар қасри шоҳон инъикос ёфтааст, ин санъати тасвирӣ мебошад, ки ҳоло ҳам ёдгоре аз ин давр боқист, то мо аз чунин ҷабҳаи ҳастии маънавии халқамон огоҳ шавем. Барои ҳамин ҳам тасвирҳои Ҳулбук беҳамтоянд. Дар муддати садсолаҳои зиёди хароба аксари тасвирҳо нест шудаанд. Боқимондаҳо кам ё беш зараp дидаанд. Вале ҳаминҳо ҳам аз зебоию шукуҳияти санъати монументалии Хатлон шаҳодат медиҳанд.
6 августа соли 2001 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» қабул гардид. Он имконият дод, ки пеши роҳи ғайриқонунӣ аз кишвар баровардани асарҳои санъат, ҳунармандӣ ва ҳунарҳои бадеӣ ва дигар арзишҳои фарҳангӣ, ки сарвати фарҳангии миллӣ ба ҳисоб мераванд, гирифта шаванд.
Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи осори гузашта ин таъсиси мамнӯъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии «Ҳулбук бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 дар асоси димнаи Ҳулбук-пойтахти асримиёнагии Хатлонзамин таъсис дода шуд[1].
Ин як дастоварди муҳиме буд дар соҳаи ҳифзу омӯзиш ва истифодаи мероси фарҳангии ниёгон. Аз рӯзи аввали кашфи ёдгорӣ, соли 1953 (Б. А Литвинский, Е. А Давидович) то соли 1991 дар ин ҷо бо сардории бостоншиноси шинохта Эркиной Ғуломова корҳои таҳқиқотӣ идома доштанд, ки бо иштирок дар онҳо аксари бостоншиносони тоҷик аввалин сабақи соҳавию касбӣ гирифтанд. Дар ҳамин радиф даҳҳо толору ҳуҷраҳои Қасри шоҳони Хатлони асрҳои IX - XI кушода гардида, ҳазорҳо бозёфтҳо кашф шуданд, ки шоҳиди бевоситаи санъати баланди ҳунармандони Хатлонзамин мебошанд.[2] Вале бо баҳонаи набудани макони нигаҳдорӣ (осорхона) ва ҳамчун адабиёти динӣ нест кардан ва ба ӯзбекистону Федератсияи Россия бурдани ҳазорҳо нусха китоб, хуҷҷатҳои дастнавис ва нигораҳои тиллоӣ, нуқраву биринҷӣ, тобеи сиёсати як ҳизб намудани фаъолияти осорхонаҳо ва аз ҳисоби аҳолии таҳҷоӣ тарбия накардани мутахассисони осорхонашинос ҷиддитарин камбудиҳои ҳукуматдорон ва Вазорати маданияти онвақтаи Тоҷикистон буд.[3]
Мутаасифона, то ҳанӯз ин бозёфтҳои нодир гарчанде дар осорхонаҳои собиқ Иттиходи Шӯравӣ ва мамлакатҳои Аврупо ба маърази ҳазорҳо тамошобинон гузошта шуда бошанд ҳам, соҳиби осорхонаи хеш набуданд. Бо шарофати истиқлолияти кишвар ва сиёсати пешгирифтаи фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд гаштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худогоҳии мардум сабаб гардиданд, имкон шуд то ба таърих ва мероси ниёгон рӯй оварда, нисбати ҳифзу эҳёи онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Бо назардошти аҳамият ва мақому нуфузи шаҳри Ҳулбук дар таърихи шаҳрдорию шаҳрсозии халқамон эҳёи Қасри шоҳони Хатлон ва таъсиси осорхонаи Ҳулбук дар барномаи таҷлили ҷашнвораи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ворид гардид.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2003 таҳти № 68 «Дар бораи Нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб», масъалаи тармиму азнавсозии Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ба зиммаи Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ- истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ» -и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуда буд[4].
Дар натиҷаи санҷиши фаъолияти Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ» маълум гардид, ки барқарорсозии девор ва дарвозаи Қалъаи Ҳулбук, бо фармони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2006 таҳти № 197 аз тарафи комиссияи давлатӣ қабул гардидааст. Тибқи санади комиссияи давлатӣ Қалъаи Ҳулбук бо арзиши умумии 2.064.337 сомонӣ тармим ва барқарор гардида ба мувозинаи Мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Ҳулбук гузаронида шудааст[5].
Ҳамин тавр ҳудуди ҳозираи ноҳияи Восеъро маркази тамаддуни Хатлонзамин гӯем, хато намекунем. Зеро дар ин минтақа аз тарафи бостоншиносон мероси бузурги тамаддуни аҷдодии тоҷикон ба даст омадааст. Масалан, Маданияти Хулбук, Манзаратеппа, Қайнар, Ғелоту Дарнайчӣ, ки онҳо нишонаи тамаддуни бузурги Хатлонзамин мебошанд.
Умедҷон АМРОЕВ, Гулчеҳра Амроева - аъзои ҲХДТ аз Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омӯзгор", шаҳри Кӯлоб.
[1] Музаффар Азизов. Ногузирии таъсиси осорхонаи Ҳулбук. Ахбороти осорхонаи миллӣ. 2004
[2] Музаффар Азизов. Ногузирии таъсиси осорхонаи Ҳулбук. Ахбороти осорхонаи миллӣ. 2004.
[3] Абдувалӣ Шарипов. Осорхона ва осорхонашиносии Тоҷикистон. Ахбороти осорхонаи миллӣ. 2004.
[4] Гузориш дар бораи фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2003.
[5] Қарори маљлиси мушовараи ВФҶТ Дар бораи баррасии фаъолияти Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ- истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ»
http://hhdtkhatlon.tj/node/1831
Чилучорчашма яке аз ёдгориҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон буда, дар ҷануби кишвар, ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир аст.
Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрав, воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола шинохта шудааст. Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва дар дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Ӯзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мазеъ, ки дашту биёбон буд (то обёрӣ кардан ва сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шӯравӣ), аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷӯйбори калони васеъгиаш 12-13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд.
Дар мавриди пайдоиши чашмаи ин мавзеъ ривояту асотирҳои зиёде ҳаст, ки байни мардуми маҳаллӣ машҳур гашта, аз забон ба забон то ба имрӯз омада расидааст ва ба зиёраткунандагони ин макон – сайёҳони дохиливу хориҷӣ нақл карда мешавад.
Ба иддаои муаррихон, зиёратгоҳи мазкур ҳанӯз дар асри яки пеш аз милод арзи ҳастӣ карда, аммо авҷи шӯҳраташ ба садаи VIII-уми милодӣ, пас аз омадани ислом ба водии Қубодиён рост меояд. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоили Чилучорчашмагӣ, мудири зиёратгоҳи мазкур, ривояте ҳаст, ки асппарвари лашкари Ҳазрати Алӣ - Бобо Қамар дар муҳорибае захмӣ шуда, дар хоб мавзеи чилучорчашмаро мебинад. Аммо касе намедонад, ки Чилучорчашма дар куҷо воқеъ аст: «Аз сипоҳиён чанд гурӯҳ ташкил шуда, ба ҷустуҷӯи 44 чашма мебароянд. Ба сардории Қутайба ибни Муслим, ибни Наср, гурӯҳе дарёи Амуро убур кард, ба водии Мовароуннаҳр ворид мешавад ва Чилучорчашмаро дар вилояти Қубодиён пайдо мекунад. Дар китобҳо омадааст, ки рӯзи чоршанбе, 16-уми моҳи саратони соли 36-и ҳиҷрии қамарӣ, дар вилояти Қубодиён, дар водии Бухорои шарқӣ, дар баландии Чилучорчашма ҷасади Бобои Қамар ба хок супурда шуд, ки аз ҳамон вақт инҷониб, мардум ба зиёрати қабри Бобо ба ин ҷо меоянд. Ровиён ривоят кардаанд, ки рӯзи ҷумъаи ҳамон ҳафта Ҳазрати Алӣ бо аҳли карамаш омада қабри Боборо зиёрат мекунад, ки аз ҳамон вақт инҷониб мардум ин мавзеъро ҳамчун қадамҷойи Ҳазрати Алӣ низ зиёрат мекунанд…» Асли номи Бобои Қамар - Саидҷаъфар ибни Нӯъмон ибни Нуфал буда, ки то замони пайдоиши ислом 24 сол подшоҳи давлати Шом буд, аммо баъд аз пайдоиши ислом тарки подшоҳӣ намуда, ба ҳайси асппарвари одӣ хизмат кардааст.
Мавзеи зиёрат ва табобат
Чилучорчашма бар замми он ки яке аз маконҳои зиёратӣ ба шумор меравад, ҳамчунин оби он хусусиятҳои шифобахшӣ низ дорад. Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад. Ҳар як чашма хусусияти табобатӣ ва номи маҳаллии хос дорад: “Чашмаи морон, Хунукзадагон” - аз газидани мор ва аз шамолхӯрӣ, “Устухондард” - аз касалиҳои устухон, “Табларза” - аз табларза, “Шифо”- шифобахш ва ғайра.
Одамонро софу беолоиш ва дармонбахшии оби чашмаҳои ин мавзеъ ва низ моҳиҳои зебову чашмрабои он мафтун кардааст. Онҳое, ки ба тамошои ин макон меоянд мегӯянд, ки аз тамошои гулмоҳӣ дар оби шаффоф сер намешаванд. Аммо моҳиҳои ин чашмаро доштан ва ё истеъмол кардан қатъиян манъ аст.
Тадқиқотҳо ва пажӯҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рӯҳӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошад.
Пас аз эълон гаштани “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ин мавзеъи зебои кишвар низ марҳила ба марҳила боз ҳам ободу хуррам гардида, барои истироҳат, табобат ва сайру гашти сайёҳон инфрасохтори зарурӣ бунёд гардида истодааст.
Имрӯз дар ҳудуди чашма боғи калони дарахтони мевадор воқеъ аст. Ҳамчунин чанд хона барои зиёраткунандагон сохта шудааст. Дар ин макони зебо зиёраткунандагон асосан аз моҳи апрел то моҳи сентябр сершуморанд.
Боғи Ирам ё Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон (то соли 2007 Боғи ботаникии Душанбе)— боғи гиёҳшиносӣ, ки дар шимолу шарқи Душанбе, дар соҳили чапи дарёи Варзоб (дар баландии 830 метр аз сатҳи баҳр) ҷойгир шудааст.
Боғи ботаникии Душанбе соли 1933 бо ташаббуси Б. А. Федченко - мудири шуъбаи ботаникаи базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС дар масоҳати 34 га таъсис шуда буд. Кормандони боғ аз солҳои аввали фаъолияти худ ба ҷамъоварии рустаниҳо машғул шуда, хосиятҳои экологии онҳоро дар шароити нави рушд омӯхтанд, барои сабзкории шаҳр, маҳалҳои аҳолинишин, боғдорӣ ва бунёди бешазор дарахту буттаву гиёҳҳои навро тавсия намуданд. Дар боғ оид ба асосҳои назариявии интродуксия (дар ҷойҳои нав паҳн шудани рустанӣ) ва мутобиқати рустанӣ ба шароити маҳал, усулҳои биологии афзоиши рустаниҳои интродуксияшуда, асосҳои илмии боғдории ороишӣ, сабзкорӣ ва ҳоказо таҳқиқот анҷом доданд.
Дар баробари ин, ходимони боғ ба масъалаҳои парвариши рустаниҳои нав, омӯзиши таъсири моддаҳои зарарноки атмосфера ба рустаниҳои интродуксияшуда, зиёд намудани рустаниҳо (бо роҳи пайванд, аз қаламча ва тухм) ва ғайра диққати ҷиддӣ медоданд.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи аз мавзеъҳои гуногуни ИҶШС ва мамолики хориҷӣ ҷамъ овардани тухмӣ ва ниҳолҳо дар боғ коллексияи калони наботот фароҳам оварда шуд. Дар 4 қитъаи ботаникию ҷуғрофиёи боғ тақрибан 2200 намуди дарахту бутта парвариш меёфт. Қитъаи калонтарини боғ (10 га) наботот (585 намуд)-и қадимии Осиёи Марказӣ, Қрим, Қафқоз, Осиёи Пеш ва Баҳри Миёназаминро дар бар мегирифт. Дар қитъаи набототи Осиёи Шарқӣ (7 га) 916, набототи Амрико (5,3 га) 460 ва набототи Аврупои Миёнаю Сибир (3 га) 226 намуди рустанӣ парвариш карда мешуд. Дар қитъаи гулпарварӣ (қариб 1 га) тақрибан 650 навъи гулҳои зебо мавҷуд буданд, ки 40 навъи онҳо барои сабзкории шаҳру марказҳои саноатии ҷумҳурӣ тавсия шудаанд. Дар ниҳолхонаи боғ (масоҳаташ 2 га) дарахтони нахл, рустаниҳои суккулентӣ, тропикӣ ва субтропикӣ, дар қитъаи коллексиявии рустаниҳои бисёрсола — савсан (99 навъ), гули маҷаҳ (52 навъ), гули ёқут (44 навъ), кавкаб (29 навъ) ва ғайра парвариш меёфтанд.
Дар боғи мазкур ба парвариши рустаниҳои ороишии маҳаллӣ (132 намуд) эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Оид ба парвариши рустаниҳои гулдори дигар мамлакатҳо низ таҳқиқоти зиёд бурда мешуданд. Омӯзиши рустаниҳои обӣ натиҷаи дилхоҳ дод. Аз 70 намуди рустаниҳои обии таҳқиқшуда нилуфарҳои калонгул, хандақуқ, виктория ва ғайра барои дар обанборҳо парвариш кардан тавсия шуданд. Дар гулхона (майдонаш — 1250 м2) беш аз 2200 намуду хелҳои рустаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ (нахл, кактус, зарбат ва ғайра) парвариш меёфтанд. Рустаниҳои аввалинро барои гулхона соли 1967 аз Боғи ботаникии АИ ИҶШС (Маскав) оварда буданд.
Дар боғ барои ҷамъоварии тухмии рустаниҳо ҳар сол экспедитсияҳо ташкил карда мешуданд.
Бахшида ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати шаҳри Душанбе номи боғи мазкур ба Боғи Ирам табдил дода шуд.
Ҳоло боғ дар масоҳати 40 га доман густурдааст. Дар он зиёда аз 4400 намуди рустанӣ, аз ҷумла, 1750 намуди гулу дарахт (200 намуди садбарг, 120 намуди ёс), 1500 намуди рустаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ, 70 намуди рустаниҳои обӣ, зиёда аз 800 намуди гиёҳҳои ороишӣ парвариш меёбанд. Дарахтистон (дендрарий)-и боғ 28 га масоҳат дошта, дар он дарахтони хоси манотиқи Осиёи Шарқӣ (7 га), Амрикои Шимолӣ (5,3 га), Осиёи Марказӣ (5,4 га), Баҳри Миёназамин (4,6 га), Аврупову Сибир (5,4 га) ҷой дода шудаанд. Дар қитъаи набототиву ҷуғрофиёии Аврупову Сибир 188, Баҳри Миёназамин 303, Осиёи Марказӣ 144, Амрикои Шимолӣ 363, Осиёи Шарқӣ 767 намуди рустаниҳо мерӯянд.
Боғи Ирам сол аз сол зебову обод гардида истодааст. Даромадгоҳи боғ дар қисмати шарқии он воқеъ гардида, ба гулхонаи (оранжереяи) шишагин (дар марказ) мебарояд. Аз оранжерея ба дигар самтҳои боғ роҳраву гулгаштҳо тақсим мешаванд. Дар қисмати шимолии боғ бинои Институти ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷойгир шудааст.
Дар майдони боғ дарахту гулбуттаҳои гуногун аз гӯшаву канори дунё, ки аксарияташон ба Китоби сурхи наботот сабт шудаанд, ҷамъ оварда шудаанд. Соли 2007 аз ҷониби шимолии гулхонаи (оранжереяи) шишагин осорхонаи кушодаи табиӣ, ки дар он намунаи хонаи истиқоматии маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ва инчунин аловхона, оташдон, танӯр, осиёбхона ва ғайра бунёд карда шуд.
Дар арафаи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар боғ якчанд айвонҳои миллии чӯбини кандакоригардида ва назди онҳо ҳайкалҳои ҳайвонҳои гуногун гузошта шуданд. Инчунин, ин ҷо Амфитеатр бо 1500 ҷойи нишаст бунёд шуд. Боғи ботаникии шаҳр ба боғи марказии фароғат ва истироҳати сокинони Душанбе мубаддал гаштааст.
Дар Боғи Ирам чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Рӯзҳои истироҳат намоиши маҳсули эҷоди ҳунармандон, рассомон ва ширкатҳои маҳаллӣ барпо мегардад. Ба ин боғ доимо садҳо сокинони Душанбе ва меҳмонон ташриф меоранд. Хусусан рӯзҳои ҷашни Наврӯз боғ серодам аст. Аз рӯи анъана арӯсу домоде, ки оила барпо мекунанд, ба боғи мазкур ташриф меоранд.
Маводи мазкур бо истифода аз матлабҳои дар шабакаи Интернет нашршуда таҳия гардидааст.