АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ (858-941)
Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ маъруф ба Одамушуаро (858 — 941, Панҷрӯд, Мовароуннаҳр) — бунёдгузори адабиёти форсӣ, нахустин шоъири машҳури форсисарои Эронзамин дар давраи Сомониён аст.
Зиндагинома
Бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (бинобар ин дар баъзе сарчашмаҳо Рӯдакии Самарқандӣ низ меноманд), ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст.
Таърихи ҳазорусадсолаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он - устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро, Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.
Устод Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсӣ -достон, рубоӣ, қасида, байт, ғазал ва ғайра пазирӯфтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз ном ва корномаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар доираи илмӣ боқӣ монда, мардуми оддии кишвар дар бораи ин олим ва донишманди забардаст маълумоти кофӣ надоштанд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки ба шарафи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ номгузорӣ шудани боғи зебову замонавие дар шаҳри бостонии Хуҷанд, исми ин донишманди забардасти тоҷикро аз нав зинда кард.
Дар ин росто, барои шинохти бештари шахсият ва корномаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мутолиаи матлаби нигоштаи Абдулманнони Насриддин ба манфиат хоҳад буд.
Рӯдакӣ ва Сомониён
Шеърҳои Рӯдакӣ нишон медиҳанд, ки ӯ Амир Исмоили Сомониро шоҳи тавоно, Амир Аҳмад Сомонӣ ҳамчун дӯсти ҳунарманд ва Амир Наср Сомонӣ ҳамчун шогирди бомаърифати худ мешуморанд.[2]
Ҳунару дастовардҳои устод Рӯдакӣ ба гӯши амири Хуросон Наср II ибн Аҳмад мерасад ва вай устодро ба дарбораш даъват мекунад.
Рӯдакӣ дӯсти Наср II мешавад. Устодро асосгузори девон, ки як намуди маҷмӯаи шеър аз рӯи тартиби алифбо мебошад, ном мегирад.
Рӯдакиро даставвал ба дарбори Насри I Сомонӣ, ки солҳои 864-892 ҳокими Самарқанд буд, мекашад. Ӯ ҳамчунин дар манзилҳои деҳқонон, яъне заминдорони давлатманд ва мулкдор ба сарояндагӣ, навозандагӣ ва шоирӣ машғул мешавад. Рӯдакӣ бо ташаббуси Абулфазли Балъамӣ, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро ба пойтахти Сомониён даъват шуд.
Рӯдакӣ дар он замоне, ки давраи рушди болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Иштироки Рӯдакӣ дар ин раванди ташаккули халқи тоҷик айни муддао буд.
Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892-907) ва Аҳмад ибни Исмоил ( 907-914 ) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне Насри II (914-943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад.
Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буда, худаш ҳам шеър мегуфт. Ӯ Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ шуморида, зимни сафарҳояш бо худ мегардонд. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст.
Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш мукофотҳои калон медоданд.
Рӯдакӣ тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва Фароловӣ аз ин қабил буданд. Далелҳои зиёди таърихиӣ аз таъсири фавқулоддаи ашъори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳад.
Боре Наср ибни Аҳмад ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиат ӯ чор сол он ҷо монда, пойтахти худ шаҳри Бухороро гӯё аз ёд баровард.
Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухоро қасидае навишта, бо самимият, ташбеҳу муболиға шеъри гӯшнавозе эҷод кард.
Наср ибни Аҳмад бо шунидани қасидаи мазкур бо амволи зиёди худ, ки аз чаҳорсад шутур ва дусад ғулом иборат буд, ба Бухоро баргашт.
Эҷодиёт
Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ “Калила ва Димна”-ро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад, ки ҳоло аз он қариб сад байт боқист.
Баъди ин “Синдбоднома”-ро менависад. Соли 933 қасидаи “Модари май”-ро дар чанд рӯз мегӯяд, ки он дар шакли боқимондааш аз 94 байт иборат аст.
Соҳиби девони бузург будани Рӯдакӣ аниқ буда, ба ғайр аз “Калила ва Димна” ва “Синдбоднома” боз 5 маснавии дигар доштааст.
Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки Рӯдакӣ бе ҳеҷ шакку шубҳа аз шоирони пурмаҳсул буда, аз осори ӯ дар ҳудуди ҳазор байт боқӣ мондаасту бас.
Вале ҳамин миқдори ками дурдонаҳои ӯ низ нубуғи шоирӣ ва қудрати офаридагори устодро намоиш медиҳад.
Ба ҳамин минвол замони камолоти эҷодии Рӯдакӣ дар Бухоро гузашт. Ӯ на танҳо дар дарбор, балки дар байни халқ ва хоса гуруҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шӯҳрати тамом ёфта буд. Дар бораи пирӣ ва нотавонии худ Рӯдакӣ аз ҷумла дар қасидаи “Модари май” ишораҳо дорад.
Хонадони Сомониён дар аввали ҳукумронии худ ба пайравони мазҳабҳо, ҳатто динҳо бетараф буданд. Аз соли 919 сар карда дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиғоти карматӣ авҷ мегирад, аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Насри ибни Ахмад (914- 943) таасуб ва хурофоти мазҳаби хеле боло рафт.
Рӯдакӣ аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиҷӯи марказгурез ва ривоҷу хуруфоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хизмат кардааст:
Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
Биозмудамашон ошкору пинҳонӣ.
Нахостам зи таманно магар, ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо магар пушаймонӣ.
Ҳукуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавонистанд. Онҳо молу мулки Рӯдакиро мусодира карда, ба чашми ӯ мил кашида, кӯр карданд. Мил кашидан аз қабеҳтарин ҷазоҳои ҳокимони феодалӣ буд, ки бо лӯлачаи оҳанини тасфон гавҳараки чашми одамонеро, ки аз ҷиҳати мафкуравӣ хафноктарин шумурда мешуданд, доғ мекарданд.
Рӯдакӣ пири нотавон, озорёфта ва ҷазогирифта ба деҳаи худ баргашт. Баъди бозгашт ба зодгоҳ Рӯдакӣ зиндагии пурҷӯшу хурӯш ва осудаи худро ба ёд оварда, мулоҳиза меронад, ки чаро ӯро аз майдони мубориза берун карданд? Бале, гуноҳе надошт. Шоири ранҷур навишта буд:
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодам,
Чунон ки ҷоҳи ман афзун буд аз амиру мулук.
Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,
Маро нагӯй, ки аз чи шудаст шодӣ сук?
Баъди се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне соли 941 Рӯдакӣ аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар саҳни бӯстони Панҷруд ба хок супурданд. Оромгоҳи ӯ то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони назми пок ва сухани олӣ мебошад.
Марги чунин як суханвари донову тавоно наздикон ва дӯстони ҳамқаламашро бениҳоят ғамгину мотамзада карда буд. Яке аз шоирони гумноми ҳамзамони устод Рӯдакӣ дар марсияи ба ӯ бахшидааш бо ҳазор дарду алам гуфтааст:
Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
Май бирезад, нарезад аз май бӯй
Шоират ку кунун, ки шоир рафт,
Набувад низ ҷовидона чун уй.
Чанд ҷӯйӣ чу ӯ? Наёбӣ боз,
Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй!
Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Осори бадеиву таърихии суханвари панҷрӯдиро Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010 - ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ “Араб ва Аҷам” яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд. Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ устод Рӯдакро сарвари шоирони забардаст номидааст.[8]
Гиромидошти устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дарТоҷикистон
Барои гиромидошти номи устод Рӯдакӣ яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд.
Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд.
Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо ва маводҳои илмиву бадеӣ дар бораи эҷодиёти Рӯдакӣ ҳамасола нашр карда мешавад.
Рӯзи 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад.
Сарчашма: https://tg.wikipedia.org/wiki/Рӯдакӣ
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ – риёзидон ва ситорашиноси номвари тоҷик
Ба шарафи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ номгузорӣ шудани боғи зебову замонавие дар шаҳри бостонии Хуҷанд, исми ин донишманди забардасти тоҷикро аз нав зинда кард.
26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маросими ба истифода додани ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки замони зиндагиаш ба давраи ҳукмронии Давлати Сомониён рост меояд, оғоз ёфт.
Муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо баландии 6,5 метр дар даромадгоҳи боғ қомат афрохта, дар паҳлӯи он ҳамчунин ихтирои дастгоҳи нуҷумии ин мунаҷҷими барҷастаи тоҷик - «Устурлоб» сохта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз ном ва корномаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар доираи илмӣ боқӣ монда, мардуми оддии кишвар дар бораи ин олим ва донишманди забардаст маълумоти кофӣ надоштанд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки ба шарафи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ номгузорӣ шудани боғи зебову замонавие дар шаҳри бостонии Хуҷанд, исми ин донишманди забардасти тоҷикро аз нав зинда кард.
Дар ин росто, барои шинохти бештари шахсият ва корномаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мутолиаи матлаби нигоштаи Абдулманнони Насриддин ба манфиат хоҳад буд.
Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ дар замоне рӯзгор ба сар бурд, ки ба шарофати тадбирҳои хирадмандонаи амирони Сомонӣ заминаҳои аслии ривоҷу равнақи илму маърифат муҳайё гардид ва ҳамаи шохаҳои дониш сарсабз ва боровар гардиданд. Дар радифи илмҳои гуманитарӣ рушду тараққиёти беназири илҳои риёзиёт, ситорашиносӣ, ҳандаса, маъданшиносӣ, ҷуғрофия, тиб ба амал омад.
Дар ин давра риёзидонҳо ва ситорашиносони маъруф ҳамчун Абулвафои Бузҷонӣ, Абўсаҳли Кӯҳӣ, Абўсаиди Сиҷзӣ, Абулҳасан Кӯшёри Гелонӣ, Абулаббоси Сарахсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино рўзгор ба сар бурдаанд, ки ҷумлаи онҳо ҳамзамон ва баъзе шогирдони Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мебошанд. Дар радифи ин нобиғагони илм ҷойгоҳи хос пайдо кардан ва эътироф гардидани кашфиётҳои илмии донишманди хуҷандӣ аз мақому манзалати баланди ӯ гувоҳӣ медиҳад.
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ баъди омӯзиши ибтидоии дониш дар Хуҷанд ва азхуд кардани илмҳои асосии он аҳд дар марказҳои маъмули илмии замони худ – Самарқанд, Бухоро, Хоразм, Нишопур, Бағдод, Рай маҷлисҳои илмӣ доир кард, бо донишмандон ба мубоҳиса ва кашфи муаммоҳои илмӣ машғул шуд.
Кашфиёти илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз чӣ иборат аст ва кадом фазилатҳои ӯ боис гардида, ки донишмандони таърихи илм бо эҳтирому иродати бисёр номи ин алломаро ба забон меоранд ва дар китобу рисолаҳо менависанд: 1. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар фанни расадбандӣ ва сохта- ни расадхона (обсерватория) кашфиёти нав ба майдон овард. Ӯ монанди ситорашиносони дигар ба дастовардҳои мунаҷҷимони гузашта қаноат ҳосил накард. Ҷустуҷӯҳои пайвастааш ӯро ба он натиҷа овард, ки дар шаҳри Рай дар болои кӯҳи Таборак, ки наздикии ин шаҳри қадима (имрӯз қисмати ҷанубии Теҳрон) расадхонае бунёд намояд ва дар он ҷо олату василаи таҳқиқи ҷирмҳои осмониро ба номи «Судси Фахрӣ» насб намояд.
«Судси Фахрӣ» дертар дар илми ситорашиносии Аврупо бо номи «секстант» маъруф гардид. Азбаски расадхона бо сарпарастии амир Фахруддавла (солҳои ҳукмрониаш 976-997-уми мелодӣ) бунёд ёфта буд, олати асосии астрономии он «Судси Фахрӣ» ном гирифт. «Судси Фахрӣ» дар шакли доираи камонӣ сохта шуд, ки қутри он баробари 80 зироъ (тақрибан 40 метр) буд. Дар ин бора Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ чунин навиштааст: «Баландии нисфирӯзии офтобро дар Рай ба соли сесаду ҳаштоду чаҳори ҳиҷрӣ ё сесаду шасту сеи яздигурдӣ бо олате, ки ихтирои ман аст, мушоҳида намудем. Он камонӣ доираест, ки қутри он ба 80 зироъ баробар аст ва ман онро «Судси Фахрӣ» номидам, чун он ба шашяки доираи нисфун-наҳор мувофиқ аст. Мушоҳида дар шоҳидии гуруҳи уламо гузашт, ки номи онҳо ба феҳристе гирифта шуд ва ҳар яке имзо гузоштанд» (Абдуллозода Х.Ф., Негматов Н.Н., Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ.-Душанбе, 1986, саҳ.85).
Расадхонаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ тақрибан дар як вақт бо расадхонаи машҳури Бағдод сохта шудааст (расадхонаи Бағдод соли 987-ум ба кор шуруъ кардааст). Дар Бағдод таҳти роҳбарии Абӯсаҳли Кӯҳӣ ба наззораву таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ машғул буданд. Он расадхонаро Шарафуддавла ибни Азудуддавла, ки низ аз амирони Оли Бӯя буд, сарпарастӣ мекард. Аммо расадхонаи Рай бино бар олати нодири астрономии худ «Судси Фахрӣ» шуҳрат ва эътибори бештар пайдо кард. Донишмандони замони мо муайян кардаанд, «Зичи Фахрӣ», ки мураттиби он Абӯмаҳмуди Хуҷандист, аз лиҳози андозагирӣ ва таҳқиқоти илмӣ хеле саҳеҳ мебошад. Аз ҳамин сабаб «Судси Фахрӣ» дар байни донишмандон нуфузу эътибори зиёд пайдо кард.
Эҳтимол, шуҳрати ин олати нодир дар кишварҳои машриқзамин бошад, ки охирҳои асри Х тақдир Абӯрайҳони Берунии ҷавонро ба шаҳри Рай овард ва ў бо Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва ихтирои ӯ «Судси Фахрӣ» аз наздик шинос шуда, баъдан дар асари хеш «Таҳдиду ниҳоёт ал-амокин литасҳеҳи масофот ал- масокин» Абўмаҳмудро «ягонаи асри хеш дар санъати устурлоб ва олоти нуҷумӣ» номидааст. Берунӣ яке аз рисолаҳои кӯчаки хеш «Ҳикояту ал-олат-ул-мусаммо ас-судс-ул-фахрӣ»-ро маҳз ба сохти «Судси Фахрӣ» бахшида, аз Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ чун аз устодаш ёдовар шудааст.
Андозаи «Судси Фахрӣ» ва кайфияти андозагирӣ бо он дар муддати кӯтоҳ диққати кулли мунаҷҷимон ва ҳатто риёзидонони маъруфи машриқзаминро дар ҳайрат гузошта, ба худ ҷалб кард. Зеро олати сохтаи олим аз тоифаи олоти маъмулӣ набуд. Чӣ сабаб шуд, ки Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ чунин олати азимро ихтироъ кард? Бояд зикр кард, ки то ихтирои «Судси Фахрӣ» олоти дигар ба монанди квадрант (рубъи деворӣ), устурлоб, сфераи армиллярӣ (зот-ул-ҳилақ - айнан «дорандаи ҳалқаҳо»), миқёс (гномон) ва ғайра мавҷуд буданд. Тарзи кори аксари онҳо ба мушоҳидаи аёнии (визуалӣ) ҷирмҳои осмонӣ асос ёфтаанд. Маълум аст, ки саҳеҳии ченкуниҳо аз андозаи олот вобаста аст, яъне чӣ қадаре ки қутри канора (зеҳи зовиясанҷ) калон бошад, ҳамон қадар аломатҳои дараҷот дақиқтар дараҷабандӣ мешаванд. Саҳеҳии тақсимоти канораи рубъи девории қутраш то 5 метр аз 1‘ ва сфераи армиллярӣ аз 15‘-30‘ боло набуд.
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар мушоҳидаи хеш усули наверо мавриди истифода қарор дод: Офтоб бо чашм мушоҳида нашуда, балки нури он аз сақфи қисми болои олат гузашта ба камони азими зеризаминии дараҷабандишуда мерасид ва мушоҳидакунанда ҳолати онро сабт мекард. Агар то ихтирои «Судси Фахрӣ» саҳеҳии зовиясанҷӣ дараҷаю дақиқаҳо буданд, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ онро то ба сонияҳо расонид. «Судси Фахрӣ» олоти манқул (ба монанди устурлоб, зот-ул- ҳилақ ва ғайра) набуда, балки сурати бинои азимеро дошт. Сохтани вай аз муайян кардани хатти нисф-ун-наҳор оғоз мешавад.
«Судси Фахрӣ» тўли ҳафт аср яке аз олоти асосии расадхонаҳои кишварҳои машриқзамин ба шумор мерафт. Дар расадхонаи Самарқанд (замони Мирзо Улуғбек), ки андозаи олоти судси он аз «Судси Фахрӣ»-и расадхонаи Таборак тақрибан ду баробар бузург буд, ба ҷои лавҳаҳои мисии дараҷабандишуда, тахтасангҳои мармарии дараҷабандишуда васл шуда, барои роҳгардӣ аз ду тарафи он зинаҳо сохта буданд. Бино ба маълумоти Ҷамшеди Кошонӣ, яке аз олоти асосии расадхонаи Мароға (асри ХIII) низ «Судси Фахрӣ» будааст. Дар ҳамон аср дар Пекин (маркази Чин) расадхонае бино шуда, ки дар он шогирди Насируддини Тӯсӣ – Ҷамолиддини Бухороӣ низ фаъолият дошт. Дар қатори олоти расадии он секстант («Судси Фахрӣ») низ буд. Охири асри ХVII – ибтидои асри ХVIII асосгузори шаҳри Ҷайпур Савои Ҷайасимхи (1686-1743) суннатҳои илмии Самарқандро идома дода, дар Ҷайпур, Деҳлӣ, Банорас, Муттра ва Уҷҷайн панҷ расадхона бино кардааст. Дар қатори олоти мушоҳидавии расадхонаи Ҷайпур на танҳо «Судси Фахрӣ», балки олати шомила (аз ихтирооти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ) низ мавҷуд буд.
Олими забардаст аз ҷумлаи аввалин мунаҷҷимони Шарқи исломӣ аст, ки дар асоси муқоисаи расади хеш бо натиҷаҳои расади донишмандони гузашта муқаррар намудааст, ки қимати тамоили фалак-ул-буруҷ бар муаддил-ун-наҳор доимӣ набуда, бал ки бо гузашти айём тағйир хоҳад ёфт. Ба таъбири В.А.Шишкин «Судси Фахрӣ» то ихтирои телескоп аз ҷониби Г.Галилей (соли 1610) беҳтарин олати ситорашиносӣ ба ҳисоб мерафт.
2. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ғайр аз ихтирои «Судси Фахрӣ» дар такмил ва азнавсозии василаву олатҳои дигари астрономӣ низ хидматҳои муҳим анҷом додааст. Аз ҷумлаи онҳо олати шомила ва зот-ул-ҳилақ мебошад, ки татбиқ ва истифодаи васеъ доштанд. Бисёре аз ситорашиносони асрҳои баъдина мисли донишманди испаниягӣ Иброҳим аз-Зарқолӣ, Хоҷа Насируддини Тўсӣ, Fиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ, Мирзо Улуғбеки Кӯрагонӣ аз онҳо истифода кардаанд. Чунон ки зикраш гузашт, Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ихтироъкунандаи на танҳо секстант, балки чандин олоти дигари нуҷумӣ буд. Яке аз онҳо ба ном устурлоби «зарқола» буд. Фарқи ин олат аз устурлобҳои маъмули асрҳои миёна дар он аст, ки он дорои «сафиҳаи зарқола» буда, барои ҳама уфуқҳо, яъне дар ҳамаи арзҳои маҳал истифодашаванда буд, ҳол он ки дар устурлобҳои маъмулӣ, барои ҳар як арзи ҷуғрофии маҳал сафиҳаи алоҳида лозим буд, яъне ҳамон як устурлоб дорои якчанд сафиҳа буд.
3. Кашфиёти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар илмҳои риёзиёт ва ҳандаса (математика ва геометрия) низ шуҳрат доранд. Донишмандони риёзиёт муайян кардаанд, ки дар ҳалли яке аз теоремаҳои математикӣ, ки дертар бо номи «Теоремаи бузурги Ферма» шинохта шуд, мушоҳидаву натиҷаҳои бадастовардаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бағоят ҷолиб аст. Моҳияти ин теоремаро донишманди франсавӣ Пйэр Ферма (1601-1665) таҳқиқ ва муайян кард. Бино бар ин, ҳам бо номи «Теоремаи Ферма» шуҳрат ёфт. Аслу моҳияти ин теоремаро 600 сол пештар аз ў Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар рисолаи махсуси риёзии худ дарк карда, ҳаллу фасл намуда буд. Дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд М.Мирзоаҳмадов бар он ақида аст, ки бояд ин теорема «Ҳомид-Ферма» номида шавад (Великие мыслители. Абумахмуд Худжанди, Умар Хайям, Худжанд, 2004, стр.15). Теоремаи Фермаро бо истилоҳи «қазияи синусҳо дар му- салласоти куравӣ» низ ифода мекунанд. Исботи қазияаи синусҳо дар мусалласоти куравӣ дар охири асри Х яке аз комёбиҳои муҳими донишмандони машриқзамин ба ҳисоб меравад. Таърифи ин қазияа чунин аст: «Дар мусалласи куравии дилхоҳ нисбати тарафи дилхоҳ ва кунҷи муқобил доимӣ аст» ё худ, ба гуфтаи Ибни Ироқ, «ҳар гоҳ дар сатҳи кура мусалласе бошад, ки азлои (қавсҳои) он мутааллиқ ба доираҳои азима бошад, ҷайбҳои ин азлоъ бо ҷайбҳои завоёи рӯ ба рӯи онҳо мутаносибанд».
Барои донистани моҳияти кашфиётҳои Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар илми риёзиёт ба ёд овардан кифоя аст, ки дар асри ХVII барои исбот кардани теоремаи Ферма ба миқдори сад ҳазор маркаи олмонӣ мукофот таъин карда буданд. Ин миқдор мукофоти пулӣ барои асри ХVII, ки қурби маркаи олмонӣ хеле баланд буд, беназир аст. Соли 1994 профессори Донишгоҳи Принстони Амрико Эндрю Уайлз моҳияти илмии ин теоремаро исбот кард ва соли 1998 дар Конгресси ҷаҳонии математикҳо (Берлин) дар ҳузури бузургтарин математикҳо таҳлил ва баён намуд. Дар анҷоми ин кашфиёти ҷаҳонӣ Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ низ саҳми муайяни худро ҳазор сол пеш аз рўзгори мо гузоштааст. Барои донишмандон ва миқдоре аз алоқамандони таърихи илм пўшида нест, ки бисёре аз осори илмию адабии асрҳои IХ-ХII дар натиҷаи тохтутози хонумонсўзи Чингизхон ва ҷангҳои дигари дохилӣ аз байн рафтанд. Осори илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ низ аз ин офат барканор набуд.
Қисме аз рисолаҳои илмӣ ва расадхонаи ӯ бар асари ҳодисоти таърихӣ талаф шудаанд. Хушбахтона, баъзе рисолаҳои ӯ дар китобхонаҳо ва ганҷинаи дастхатҳои нодири шаҳрҳои Истамбул (ганҷинаи Тӯпқописарой), Оксфорд (Китобхонаи Бодлеан), Бейрут (ганҷинаи дастхатҳо), Париж (Китобхонаи миллӣ), Қоҳира (Китобхонаи Хидевийя) ва Теҳрон (Китобхонаи Маҷлис) нигаҳдорӣ мешаванд. Эҳтимол дорад, дар ганҷинаи китобҳои хаттии мамлакатҳои дигар низ асарҳои Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ маҳфуз бошанд. Умедворем, ҷустуҷӯҳои ояндаи илмӣ саҳифаҳои нави корномаи эҷодии ин донишманди бузургро равшан хоҳад кард.
Дар масъалаи омӯзиш ва интишори осори Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ хидмати олимони шинохтаи ҷаҳони имрўза ба монанди Ҳ.Сутер, Ҷ.Самсо, А.Браунмул, К.Броккелман, О.Шумер, Ф.Вёпке, А.Кеннеди, Г.П.Матвиевская, Б.А.Розенфелд, М.М.Рожанская ва дигарон зиёд аст. Аз донишмандони эронӣ Абулқосими Қурбонӣ дар китоби «Риёзидонони эронӣ аз Хоразмӣ то Ибни Сино» (Теҳрон,1972) ва Муҳаммад Боқирӣ дар китоби «Аз Самарқанд ба Кошон» (Теҳрон,1997) аз олимони тоҷик Н.Неъматов ва Х.Абдуллозода дар китоби «Абумахмуд Худжанди» (ба забони русӣ.-Душанбе, 1986), Мавлон Мирзоаҳмадов дар рисолаи «Великие мыслители. Абў Махмуд Худжанди, Умар Хайям» (ба забони русӣ, Хуҷанд, 2004) дар бораи аҳволу осори ин риёзидон ва мунаҷҷими барҷаста маълумот додаанд.
Нуктаи бисёр ҷолиб ва арзишманди дигар он аст, ки муаллифони энсиклопедияҳои муътабари илмӣ дар ҷаҳони муосир ба шахсият ва мероси илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд. Дар китоби «Thе еncyclopaеdia of islam» (Энсиклопедияи ислом), ки зери таҳрири К.Босфорт, Е ван Донзен, Б.Левис ва Ч.Пеллат дар Лейден нашр шудааст (ҷилди 7,саҳ.46- 47), расадхонаи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро ҳамчун марҳилаи нави бунёди обсерватория дар тамаддуни инсонӣ муаррифӣ карда, дар бораи моҳияти рисолаҳои илмии ин донишманд маълумоти дақиқи илмӣ додаанд. Муаллифи мақолаи «Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ» дар ин энсиклопедия олими испанӣ Ҷ.Самсо мебошад. Ин донишманд дар поёни мақолааш бо ҳифзи амонати илмӣ аз китобу мақолаҳои Ҷ.Сутер, И.Сезгин, П.Кунтич, Ҷ.Сартон, С.Текели, А.Седиллот, О.Шумер, Е.Вейдеман, Ҷ.Франк, А.Сайили ва олимони дигар ёд кардааст, ки эшон доир ба фаъолияти илмии донишманди хуҷандӣ корҳои илмӣ анҷом додаанд. Осори бисёре аз номбаршудагон дар китобҳои таълифшуда дар Тоҷикистону Россия ба назар намерасад. Ин санад далели он аст, ки дар кишварҳои ғарбӣ таваҷҷуҳ ба осори Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ рӯзафзун аст. Бояд тазаккур дод, ки китоби муътабари «Энсиклопедияи ислом» аз тариқи интишороти Е.Ҷ.Брилл ба табъ расидааст. Ин интишорот обрӯмандтарин муассисаи илмӣ дар ховаршиносии ҷаҳонӣ мебошад.
Донишманди мумтози эронӣ Алиакбари Деҳхудо дар «Луғатнома» дар васфи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ чунин навиштааст: «Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ, муканнно ба «Абӯмаҳмуд» аз бузургони уламои риёзӣ ва расад, муосири Фахруддавлаи Дайламӣ вай дар мусалласоти мустақима ва куравия татаббуот дошта…» (Луғатнома, ҷилди 5, саҳ.7532).
Мо ин ҷо танҳо иттилооти фароҳамовардаи ду китоби муътамад ва маъруфро дар бораи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ зикр кардем. Дар донишнома ва китобҳои ҷомеи дигар низ бо диққати илмӣ аз хусуси мақомоту неруи ақлии ин донишманди нобиға сухан рондаанд. Хулосаву далелҳои болоӣ имконият медиҳанд, ба натиҷа бирасем, ки дар ҷаҳони муосир омўзиши ҳамаҷонибаи мероси илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба марҳилаи нав ворид шудааст.
Сарчашма: www.president.tj ва www.khujand.tj
АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО (980-1037)
Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Абӯ Алӣ Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино ё Ибни Сино— яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин, ахтаршинос — астроном, химик, геолог, олими мантиқ, палеонтолог, математик, физик, шоир, равоншинос (психолог), файласуф, табиатшинос, муаллим ва адиби бузурги форсу тоҷик буда, беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд.
Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои “Ал-Шифо” ва “Қонун” ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда, то асри 19 дар донишгоҳҳои Аврупо истифода бурда шудаанд.
Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, тибби исломӣ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Абӯалӣ ибни Сино дар баробари падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб рафтанаш, ҳамзамон асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчун падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчун “падари геология” низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Зиндагинома
Номи пурраи ӯ Ҳусайн ибни Абуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшанаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда, дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Вақте ки ӯ ба дунё омад, падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомонӣ Нуҳ ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст.
Ибни Сино, ки ҳофизаи қавӣ дошт, дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ пешгом бошад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад.
Тарҷумаи ҳол
Яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар хамаи давру замонҳо, олими забардасти тоҷик Абӯалӣ ибни Сино буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста, дар соҳаҳои гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри Абӯалӣ ибни Сино баъди пош хӯрдани давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид.
Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ ҳаёт умр ба сар бурда, чун надими хоси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш канор намонд ва ҳамеша аз паи пажӯҳиш ва банди корҳои илмӣ буд.
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст.
Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Абӯалӣ ибни Синоро Абуубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи “Рисолаи саргузашт” маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст.
Падари Абӯалӣ Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нуҳ ибни Мансур (976-997) ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшана (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзида, бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд.
18 августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд. Соли 985 оилаи Абӯалӣ ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшана ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз синни 5 то 10-солагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт ва илмҳои адабро аз худ кард.
Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу наҳв хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд.
Ниҳоят Ҳусайн Қуръонро омӯхта, онро ҳифз намуд. Минбаъд Абуалӣ лақаби Шайхро гирифт, зеро ҳар касе, ки Қуръонро аз ёд мекард, ӯро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас Абдуллоҳ писари худро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омӯхтанд.
Абӯалӣ ибни Сино аз ҷиҳати ҷисмони бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд.
Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Абӯалӣ аз устодаш дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, дар омӯзиши ин илм муваффақ шуд. Бар замми ин, Абуалӣ дар назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад.
Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ то 12 солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо карда, ҳамеша чун беҳтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироф ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд.
Мустақилияти фикр, вусъати андеша ва бо далел сухан рондан хоси ин навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура ӯ мустақилияти худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт.
Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Абӯалӣ аз пайи такмили донишу маърифат гашта, то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ ва амалиро мустақилона омӯхта, дар 16-солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд.
Абӯалӣ илми тибро аз Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нуҳ ибни Мансур буд, омӯхт. Аслан омӯзиши илми тибро ӯ дар 12-солагӣ шурӯъ карда буд, вале ба маслиҳати Абусаҳли Масеҳӣ аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд.
Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин, ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илоҳӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд.
Абӯалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷиддӣ ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илмӣ ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард.
Доир ба таҳсили илм мегӯяд: “Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам”. Абӯалӣ то 18-солагӣ тамоми донишҳои расмӣ ва ғайрирасмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид.
Шайхурраис худ эътироф мекунад: “Чун ба 17-солагӣ расидам, аз омӯхтани ҳамаи ин илмҳо фориғ шудам. Он рӯз дар илм беҳтарин ҳифзкунанда будам, имрӯз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст”.
Абӯалӣ ибни Сино ҳақ дошт, ки он вакт бигӯяд:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Мероси илмӣ ва адабӣ
Абӯалӣ ибни Сино дар ҷахон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш, дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам бо забони арабӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ ибни Сино он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин, китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X-XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт.
Осори Абӯалӣ ибни Сино ниҳоят зиёд аст. Аз рӯи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896-1966) миқдори асарҳои ӯ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад.
Аз ҷумла, 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ-форсӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин, як миқдор шеърҳои тоҷикии шоир, низ ба замони мо расидаанд.
Асарҳои ӯ аз ҷиҳати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари “Китобулинсоф”, ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, “Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, “Китобушшифо” дар 18 ҷилд, “Лисонулараб” дар 10 ҷилд, “Алқонун” дар 5 китоб, “Наҷот” дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд.
Тамоми асарҳои Абӯалӣ ибни Синоро метавон ба 4 гурӯҳ тақсим кард:
1. Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ, мантик.
2. Асарҳо оид ба тиб.
3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.
4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.
Бисёре аз асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан, “Донишнома” аз бобҳои мантиқ, илоҳиёт, табииёт, ҳайат ва мусикӣ таркиб ёфтааст.
Абӯалӣ ибни Сино адиб
Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиҳанд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд. Вале рӯбоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомӯзи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимоӣ ва шахсияти шоирро рӯнамо месозанд.
Гиромидошти устод
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино бо қарори КМ ҲКТ ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино — ҷойизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника (1 марти соли 1967), номгузории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, майдону хиёбонҳо, маҳалаву ҷамоатҳо ва пайкараву нимпайкараҳо гузошта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, Парлумони ҷумҳурӣ соли 1995 Иди касбии табибонро ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд ва он акнун ҳамасола дар зодрӯзи Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад.
Сарчашма:
Абуалӣ ибни Сино (Мавод аз саҳифаи Адабиёти сомонаи www.univer.tj)
Абуалӣ Ҳусайн ибни Сино (Мавод аз Википедиа — донишномаи озод)
Аҳмад Махдуми Дониш - мутафаккири бузурги тоҷик
Аҳмад Махдуми Дониш аз бузургтарин донишмандони охири қарни 19 ва пешвои маорифпарварон аст. Бо ҳайате аз аморати Бухоро ду маротиба сафари шаҳри Питербург кардааст ва ин сафарҳо дар бозгашт муҳтавои сафарномаҳои ӯро ташкил додаанд. Ва шояд ин ягона бузургворе аз бузургони то инқилобии тоҷик аст, ки тавассути сафараш ба Русия расми зиндаи ӯ дар нашрияҳо интишор ёфтаву имрӯз дастрас шудааст.
Аҳмад-махдум ибни Носир нависандаи маъруф, мутафаккири барҷаста, шоир, рассом ва хаттоти номдор, меъмор ва олими намоёни нимаи дуюми асри XIX, саромади ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна ва бунёдгузори равияи маорифпарварии адабиёти тоҷик тақрибан моҳи августи соли 1826 дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Номи ӯ Аҳмад ва лақабу тахаллуси илмию адабиаш Дониш буда, ба сабаби калонии сараш ҳамзамононаш ба ӯ лақаби Аҳмади Калларо низ додаанд. Дар осори баъзе ҳамзамононаш ва бисёр асарҳои С.Айнӣ чун Аҳмад-махдум ҳам машҳур аст. “Махдум” нисбате буд, ки ба номи олимони машғули маъмурияти давлат илова карда мешуд.
Аҳмади Дониш дар оилаи Носир ном муллои камбағал таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар пеши модараш, ки дар хонааш барои духтарон мактаби хусусӣ дошт, гирифта, баъди касби маълумоти ибтидоӣ бо хоҳиши падараш ба дабиристони қориён (ҳофизони Қуръон) дохил шуд, аммо усули таълим ба табъи Аҳмади Дониш писанд наомад ва ӯ ба ихтиёри худ ин мактабро тарк кард.
Баъд аз он падараш ӯро ба мадраса монд, то ки писараш илмҳои маъмули замони худро касб намояд ва барои таъмини зиндагиаш ба ягон мансабеву мартабае расад. Солҳои таҳсили мадраса тахминан аз охири солҳои сиюм (аз чордаҳсолагии Аҳмади Дониш) то аввали солҳои панҷоҳуми асри XIX давом кард. Пас аз хатми мадраса Аҳмади Дониш ба воситаи яке аз устодони санъаткораш ба сифати меъмор ва наққош ба хидмати дарбори амир тавсия шуд. Чунон ки дертар худи Аҳмади Дониш навишта буд, дар он замон ҳукмронҳои Бухоро чандон иморату бинокорӣ намекарданд, ки меъморони махсусе ба ин кор машғул бошанд. Бинобар ин Аҳмади Дониш дар дарбор бештар ба китобати рисолаву девонҳо ва коғазҳои расмии дарборӣ машғул буд.
Дар ин солҳо Аҳмади Дониш бо илми нуҷуми анъанавӣ (астрология) машғул мешавад ва ин илмро, ки дар доираи дарбор ба он хеле эътиқод доштанд, нағз аз худ мекунад. Ҳунари хаттотӣ ва рассомӣ ва илова бар ин дониш дар илми нуҷум Аҳмади Донишро назди аҳли дарбор ва шахсан амир Насруллоҳ соҳиби обрӯю мартабае гардонид.
Амир Насруллоҳ соли 1857 ба Петербург ҳайати сафорате равона кард ва ба ин ҳайат худаш шахсан Аҳмади Донишро ба сифати мирзо (котиб) дохил намуд. Ғайр аз вазифаи мирзоӣ амир ба Аҳмади Дониш махсусан фармуд, ки вазъи сиёсиву иқтисодии Русияро нағзтар омӯзад ва натиҷаи мушоҳидаҳои худро ба амир арз намояд.
Сафари Русия ва шиносоӣ бо ҳаёти Петербург, ки дар он вақт яке аз марказҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳон буд, доираи назар ва ҷаҳонбинии Аҳмади Донишро хеле васеъ кард.
Аҳмади Дониш на танҳо дар музокира ва боздидҳои расмии дипломатӣ иштирок кард, балки бо чандин муассисаҳои илмию фарҳангӣ, марказҳои санъату ҳунари Петербург шинос шуд.
Аҳмади Дониш бо чашми ибрат дид, ки тараққиёти илму дониш, фарҳанг ва маърифат мамлакатро ба чӣ пояҳои тараққиёт расонидааст. Ҳаёти феодалӣ ва муҳити асримиёнагии Бухоро нисбат ба тараққиёту пешрафти Русия ҷаҳолат ва ғафлати фалокатоваре буд.
Дар миёнаҳои соли 1858 Аҳмади Дониш бо ҳайати сафорат ба Бухоро баргашт ва дар бораи пешрафтҳои ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии Русия ба амир ва аҳли дарбор ахбори тоза ва ибратбахш арз намуд. Аммо ин ахбор ба тарзу усули мамлакатдорӣ ва идораи давлат таъсире накард.
Дар солҳои 1866-1868, ҳангоме ки дар байни Русияи подшоҳӣ ва хониҳои Бухорову Хӯқанд низои ҳарбӣ ба вуҷуд омада, майдони ҳарб торафт вусъат меёфт. Аҳмади Дониш бо ҳамфикрони худ кӯшиши зиёде кард, ки ин низоъ бо роҳи сулҳу осоиш ҳал карда шавад ва дар байни Русияву Бухоро муносибатҳои дӯстонаву мусоламатомез барқарор гардад. Аммо иртиҷои динию феодалӣ дар Бухоро боло ва ҷанги Русияву Бухоро шиддат гирифта, охир бо мағлубияти аморати Бухоро тамом шуд.
Пас аз имзои шартномаи сулҳи байни Бухорову Русия амир маҷбур шуд, ки бо тарафдорони дӯстӣ ва сулҳ бо Русия, аз ҷумла бо Аҳмади Дониш, дар корҳои минбаъда машварат кунад.
Солҳои 1869-1870 амир Аҳмади Донишро ба ҳайати сафорати худ ба сифати котиби аввал дохил карда, ба Петербург мефиристад. Пас аз ҷангу муҳориба ва зиддиятҳои сиёсиву дипломатӣ байни Русияву Бухоро аз нав муносибатҳои дӯстона ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ барқарор намудан лозим буд. Бинобар ин дар ин сафари пурмасъулият ва бонуфуз мавқеъ ва таъсири Аҳмади Дониш хеле калон буд. Дар саранҷоми гуфтугӯи дипломатӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодиву сиёсии байни Русияву Бухоро Аҳмади Дониш дар ин сафар ҳамчун як сиёсатмадор ва ходими хирадманди давлатӣ намоён гардид.
Обрӯю нуфузи ӯ ҳам дар доираҳои расмӣ ва ҳам дар байни аҳли илму дониши Петербург хеле афзуд. Дар ин сафар Аҳмади Дониш на танҳо ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, тарзи мамлакатдорӣ ва сохти давлатии Русия, балки ба воситаи шахсони ҷудогона ва баъзе манбаъҳои ба мо номаълум аз вазъияти сиёсиву иҷтимоии мамлакатҳои Ғарб низ хабардор шуд, роҷеъ ба таърихи гузашта ва инқилобҳои сиёсиву иҷтимоии Русияву Аврупо баъзе маълумотҳо ҳосил намуд. Ҳамаи ин доираи ҷаҳонбинӣ ва афкори ӯро ниҳоят такмил дод, назари танқидии ӯро нисбат ба сохти пӯсидаи феодалии аморати Бухоро, тарзи номукаммал ва бесару буни давлатдории амирони сулолаи манғития хеле пурзӯр намуд.
Пас аз бозгашт аз Петербург амир Музаффар дар ивази хидматҳои шоистаи Аҳмади Дониш дар сафорати Бухоро ба ӯ унвони фахрии илмии дарбор “Ӯроқ”- ро дод. Илова бар ин амир ба Аҳмади Дониш пешниҳод кард, ки дар идораи давлат низ яке аз мансабҳои муҳимро ишғол намояд.
Аммо Аҳмади Дониш бовар дошт, иштироки ӯ дар корҳои маъмурии мамлакат барои кишвар ва мардум ҳеҷ манфиате намебахшад. Аҳмади Дониш дар аввали солҳои ҳафтодуми асри XIX (тақрибан байни солҳои 1870-1873) рисолае таълиф намуда, дар он роҳҳои аз рӯи адолат ва тартиботи муайяне идора намудани давлат ва ҷамъиятро баён кард. Аҳмади Дониш дар ин рисола ҳам аз асарҳои мутафаккирони Шарқ оид ба сиёсати давлатдорӣ (илми тамаддун) фоида бурд ва ҳам баъзе ҷиҳатҳои нави давлатдории Русия ва мамлакатҳои Аврупои Ғарбиро, ки дар вақти сафарҳои Русия аз он огоҳӣ пайдо кард, истифода намуд. Ин рисола дар асл як барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ ва асосҳои иҷтимоии аморати феодалии Бухоро буд. Ба ин асари худ Аҳмади Дониш дертар “Рисола дар назми тамаддун ва таовун” ном гузошт.
Дар ин рисола Аҳмади Дониш тартиботи вазорат ва маҷлиси машваратӣ (парламент)- ро дар идораи давлат зарур шуморид. Ғайр аз ин қонун ва қоидаҳои иҷтимоӣ мебоист ҳуқуқи амирро ҳамчун ҳокими мутлақ маҳдуд намояд. Аҳмади Дониш сохт ва ҳуқуқи вазоратҳо, тартибот ва мавқеи қувваҳои ҳарбӣ, ҳуқуқ ва мартабаи амир, муносибати давлат ва халқро дар ин рисола хеле батафсил баён карда буд. Аҳмади Дониш дар назди амир шарт мегузорад, ки танҳо дар сурати қабул гардидани чунин ислоҳот вай метавонад, дар кори идораи давлат иштирок кунад.
Ин пешниҳодот ва шартҳои бебоконаи Аҳмади Дониш барои асоси давлати феодалии аморати Бухоро ва мавқеи ҳокимияти мутлақаи амир як хатари бузурге буд. Бинобар ин амир на танҳо пешниҳодҳоро қабул накард, балки Аҳмади Донишро барои худ ва аморат як хавфи калоне донист.
Пас аз он ки Аҳмади Дониш аз корҳои давлат ва хидмати дарбор фориғ шуд, тамоми қувват ва вақти худро сарфи корҳои илмию эҷодӣ намуд. Вай дар муддати қариб понздаҳ сол (аз солҳои 1875) бобу фаслҳои асари бузургтарини худ “Наводир-ул-вақоеъ”- ро навишта ба охир расонд.
Соли 1885, пас аз вафоти амир Музаффар, Аҳмади Дониш ба Бухоро бозмегардад. Амири нав – Абдулаҳад, гӯё ба Аҳмади Дониш марҳамату илтифот карда, ӯро ба ном китобдори яке аз мадрасаҳои Бухоро таъин мекунад. Аммо амир Абдулаҳад аз болои Аҳмади Дониш назорати пинҳонӣ муқаррар намуда буд.
Аҳмади Дониш дар Бухоро машғулияти илмию адабии худро давом дод. Ӯ “Наводир-ул-вақоеъ”- ро дар нусхаҳои гуногун аз нав китобат ва таҳрир мекард ва дар байни тарафдорону ҳаводорони худ паҳн менамуд. “Наводир-ул-вақоеъ” дар байни аҳли пешқадами илму адаб зуд шуҳрат ва таъсири калоне ба вуҷуд овард. Аҳмади Дониш дар ин асар масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва фалсафиро вобаста ба ҳаёти ҷамъияти онвақта хеле дақиқ таҳлил ва таҳқиқ карда буд. Дар вақти таҳлили ин масъалаҳо ӯ афкору ақидаҳои гузаштагони худро ба тарзи танқидӣ аз назар гузаронидааст. Фикрҳои ботил, ақидаҳои куҳнашуда ва аз ҳаёти воқеӣ дурро рад кардааст. Муҳимтарин нуктаҳои “Наводир-ул-вақоеъ” дар он буд, ки Аҳмади Дониш иллатҳои иҷтимоии замонаш, нобаробарӣ ва беадолатии ҷамъияти феодалии Бухоро, пасмондагии ҳаёти фарҳангӣ, тарзи схоластикии таълими мадраса ва мактабҳо, асли симою тинати манфури табақаҳои ҳукмрони замон, ҷаҳолат ва ғафлатзадагии ҷамъияти динию феодалии он давраро хеле сахт танқид намуда буд.
Аҳмади Дониш ба ин асари машҳури худ “Рисола дар назми тамаддун ва таовун”- ро ҳамчун яке аз қисмҳо дохил намуд. Бобу фаслҳои “Наводир-ул-вақоеъ” ба тарзу услуби гуногун навишта шудаанд. Баъзе бобҳо (шумораи ҳамаи бобҳо дар таҳрирҳои гуногун дар ҳудуди 23-25 аст) бо тарзи баёни илмию фалсафӣ, баъзе бобҳо ба тарзи муколама (диалог) ва чандин бобҳо дар шакли қисса ва ҳикоятҳои бадеӣ таълиф шудаанд. Таъсири “Наводир-ул-вақоеъ” дар бедории фикрии бисёр шахсони муқобили аморат ва тартиботи он замон ниҳоят калон буд.
Аҳмади Дониш дар ин солҳо чанд рисолае дар илми нуҷум ва ҳайъат низ таълиф намуда, нақшаи (харитаи) шаҳри Бухороро низ тартиб дод. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин тамоми диққат ва дидаи таҳқиқи ӯ ба эҳтиёҷ ва рафти ҷараёни воқеаҳои иҷтимоии он давр нигаронида шуда буд.
Аҳмади Дониш тадриҷан ба хулосае омад, ки вазъияти мамлакат ва тартиботи идораи давлати аморати Бухороро бо ҷорӣ намудани ислоҳоти ҷузъӣ ба роҳи қонун ва низоми муайяне ва даровардан мумкин нест. Вай аз таҷрибаҳои давлатҳои дигари Аврупо чунин натиҷа гирифта буд, ки барои дигаргуниҳои иҷтимоӣ табаддулоти куллии ҷамъият лозим аст. Сохти аморати Бухороро низ танҳо ба воситаи тамоман барҳам задани асосҳои иҷтимоии он тағир додан мумкин аст.
Аҳмади Дониш ин фикру ақидаҳои худро дар рисолае, ки дар ду-се соли охири ҳаёти худ таълиф намуда, аммо ба охир расонида натавониста буд, хеле равшан ва муфассал баён намудааст. Ин рисола, ки ба он худи муаллиф унвон нагузоштааст, бештар бо номи шартии “Рисолаи таърихӣ” машҳур шудааст. Дар он Аҳмади Дониш таърихи садсолаи ҳукмронии сулолаи манғитияро таҳлил ва таҳқиқ мекунад. Давраи ҳукмронии амир Музаффар махсусан дар ин рисола хеле батафсил ва аз назари танқиди ниҳоят сахт ва ҳаҷвнигорона тасвир шудааст.
Аҳмади Дониш бештар ба он воқеаҳои таърихие диққати махсус додааст, ки бебунёдӣ ва ноустувории ҳокимияти амирони Бухороро равшан нишон медиҳанд. Ин воқеаҳоро ӯ хеле барҷаста, баъзан бо муболиғаи ҳаҷвӣ (гротеск), бо тасвирҳои бадеии реалистӣ нишон медиҳад. Аҳмади Дониш барои инъикоси равшантару муассиртари воқеаҳои таърихӣ аз зиндагии худ, аз ҳаёти ҳаррӯзаи халқи одӣ бисёр нуктаву лаҳзаҳои муҳимми таъсирбахшро ҳикоят мекунад.
Дар шароити нимаи дуюми охири асри 19 чунин хулоса ва даъвати Аҳмади Дониш аҳамияти бузурги таърихӣ ва инқилобӣ дошт. Мутаассифона, ин рисола нотамом мондааст ва худи муаллиф ҳам онро ба тарзи махфӣ иншо карда буд, ки дар замони зиндагӣ ва баъди вафоти вай ҳам то хеле вақтҳо аз назарҳо пӯшида ва номаълум монд...
Аҳмади Дониш бо эҷодиёти бадеии худ на танҳо ба адабиёти замонаш, балки ба ҷараёни адабии ибтидои асри 20 ҳам таъсири бузурге доштааст. Хусусиятҳои муҳимтарини афкор ва осори бадеии Аҳмади Дониш барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва такомули роҳи эҷодии чунин шоирону нависандагон, мисли С.Айнӣ, Ҳайрат, Мирзо Сироҷ ва ғайра нақши пураҳамияте гузошт. Хидмат ва мақоми бузурги Аҳмади Донишро С.Айнӣ дар асарҳои худ, махсусан баъд аз Инқилоби Кабири Октябр, тақдир намуда, ӯро “дар уфуқи тираи аморати Бухоро ситораи тобон” номидааст.
Соли 1976 ҷашни 150-солагии Аҳмади Дониш қайд карда шуд. Ба ин муносибат дар муассисаҳои илмӣ дарсҳои омӯзишӣ ва конфронсҳо гузаронида шуданд. Киностудияи “Тоҷикфилм” бахшида ба Аҳмади Дониш филми бадеиро бо номи “Ситорае дар торикистон” таҳия кардааст.
Аҳмади Дониш охири моҳи марти соли 1897 дар шаҳри Бухоро аз дунё даргузашт.
Муаллиф Расул Ҳодизодаhttp://kmt.tj/az-darguzashti-mutafakkiri-buzurg-akhmad-mahdumi-donish-120-sol-guzasht
Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз бузургтарин шоирони адабиёти классикии мо буда, адабиёти пурғановати форсу тоҷикро дар даврони худ дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои ҷовидонааш ҷамъбаст намудааст.
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷруди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Ӯ дар оилаи донишманд тарбия гирифтааст. Ҳангоме ки Ҷомӣ 11 - сола буд, оилаи онҳо аз вилояти Ҷоми Эрон ба вилояти Ҳироти Афғонистон мекӯчад. Ӯ хату саводи комилро дар назди падараш Низомиддин Аҳмад гирифта, сарфу наҳви забони арабиро низ хуб омӯхта буд.
Ҷомӣ ҳангоме ки ба Самарқанд омад ба синни 23 - солагӣ расида буд. Ӯ илмҳои ҳисобу нуҷумро аз Қозизодаи Румӣ омӯхт. Ӯ соли 1453 ба Ҳирот сафар карда, баъд аз чанд вақт ба зиёрати шаҳрҳои муқаддаси мусулмонон - Маккаю Мадина рафт ва соли 1473 боз ба Ҳирот баргашта, то охири умр дар ин шаҳр монд. Ӯ 9 ноябри соли 1492 дар ин ҷо аз олам гузашт.
Ҷомӣ дар зиндагӣ дӯстону рафиқони бисёр дошт ва бо онҳо мунтазам маҳфилҳои адабӣ мегузаронид ва дар байни онҳо яке аз беҳтарин шогирдонаш Алишер Навоӣ буд. Онҳо як умр дӯстони ҷонӣ ва ҳамкору ҳамроз буданд.
Сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек Алишер Навоӣ бо асарҳои ҷовидонааш дар таърихи адабиёти ӯзбек мақоми арзанда дорад. Ӯ соли 1441 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Падари шоир Кенҷа Баҳодур мансабдори дарбори Темуриён буду дар таълиму тарбияи фарзандаш ҳамеша талош меварзид. Навоӣ ба дарбори Бобур Мирзо ба хидмат даромада, ҳамзамон таҳсили илмро идома медод. Шоир бо эҷодиёти адибони бузурги форс - тоҷик Низомии Ганҷавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон хуб ошноӣ дошт.
Ҳусайн Бойқаро соли 1464 дар Ҳирот ба маснади подшоҳӣ менишинад ва Навоиро барои адои хизмат ба дарбор даъват мекунад. Навоӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин ҷо шинос шуда, минбаъд бо ҳамдигар дӯстони қарин мешаванд. Дар соли 1472 Алишер Навоӣ то ба дараҷаи вазирӣ расида, бо ҷаҳду талошҳои худ вазъи сиёсию иҷтимоии мардумро беҳтар намуд, ки дар натиҷа ҳаёти маданию адабӣ низ пеш рафт.
Соли 1476 Навоӣ аз ин мансаб худро канор гирифта, ба эҷод намудани асарҳои илмию адабӣ машғул мешавад. Маҳз дар ҳамин давра ӯ асари панҷгонаи худ "Хамса"-ро иншо мекунад. Аммо Ҳусайн Бойқаро Навоиро боз ҳокими Астаробод таъйин менамояд. Дар ин мансаб ӯ ҳамагӣ 1 сол кор карда, соли 1488 ба Ҳирот бармегардад ва бо ҳамин дигар ба корҳои давлатӣ машғул нашуда, умри боқимондаашро ба эҷоди асарҳояш мебахшад. Шоир соли 1501 дар шаҳри Ҳирот оламро тарк мекунад.
Ҷомию шогирдаш Навоӣ бо ҳамдигар самимона дӯстиву ҳамкорӣ доштанд, ки он далели хуби муносибатҳои чандинасраи адабию фарҳангии байни тоҷикону ӯзбекон мебошад.
Алишер Навоӣ забони тоҷикиро бисёр хуб медонист ва бо эҷодиёти адибони бузурги мардуми мо аз наздик ошно буд ва дар пайравии онҳо асарҳои бозаволашро эҷод кардааст. Дӯстии беғаразонаи Ҷомию Навоӣ намунаи барҷастаи рафоқати байни одамони гуногунмиллат мебошад.
Навоӣ аз устодаш Ҷомӣ 27 сол хурд буд, аммо ин фарқият барои дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳояшон халале эҷод накардааст. Онҳо дар шаҳри Ҳирот мактаби адабие ташкил карданд, ки дар он намояндагони ду халқ бо таълим фаро гирифта шуданд. Маҳз бо маслиҳати Ҷомӣ асарҳои калонро Навоӣ бо забони ӯзбекӣ иншо намуд.
Ҷомӣ аз пешравиҳои Навоӣ шоду масрур гардида, дар анҷоми достони "Хирадномаи Искандарӣ" чунин овардааст:
Суханро, ки аз равнақ афтода буд,
Ба кунҷи кайон рахт бинҳода буд,
Ту додӣ дигарбора ин обрӯй!
Кашида ба майдони ин гуфтугӯй!
Алишер Навоӣ асарҳои нав иншокардаашро аз назари устодаш Ҷомӣ мегузаронид ва бо маслиҳатҳои ӯ онҳоро такмил медод. Асарҳои Ҷомиро, ки дар шакли сиёҳнавис буданд, Навоӣ мутолиа карда, гоҳо фикру андешаҳояшро ба устодаш баён менамуд. Дар баробари ин ки онҳо ба якдигар дӯстони наздику бовафо буданд, Навоӣ яке аз аввалинҳо буд, ки асарҳои устодашро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи асарҳои "Нафаҳат-ул-унс" ва "Шавоҳид-ун-нубувват" мисоли равшани гуфтаҳои боло аст, ки ба дасти ӯ иҷро гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки то давраи Алишер Навоӣ эҷод кардани асарҳои ҳаҷман калон бо забони туркӣ-ӯзбекӣ то андозае маъмул намуд. Навоӣ ин ақидаро рад намуда, барои исботи фикри хеш дар пайравии "Хамса"-и Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва "Ҳафт авранг"-и Ҷомӣ ва дар умум, панҷ достон бо забони модариаш эҷод намуд, ки аз инҳо иборатанд: "Ҳайрат-ул-аброр", "Фарҳод ва Ширин", "Лайлӣ ва Маҷнун", "Саъбаи сайёра", "Садди искандарӣ".
Ин нуктаро худи шоир чунин баён намудааст:
Ман, ки дар ин роҳ ниҳодам қадам,
Ҳаст умедам, чу бигирам қалам.
Роҳбарӣ карда Низомӣ маро,
Ёр шавад Хусраву Ҷомӣ маро!
Баъд аз вафоти Абдураҳмони Ҷомӣ дар байни солҳои 1493-1494 Навоӣ асари "Хамсат-ул-мутаҳайирин"-ро иншо мекунад ва онро ба хотираи устоди бузургвораш мебахшад. Алишер Навоӣ дар муқаддимаи асари дар боло зикршуда нисбат ба хислатҳои ҳамидаи устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ чунин овардааст: "Касоне, ки овозаи каломи он касро шунида буданд, роҳҳои дурро тай карда, ба суҳбати муборакашон меомаданд, он касро дар байни асҳоб аз ғояти поёнӣ мутлақо намешинохтанд. Дар нишастухез, гуфтушунуфт, дар хӯроку пӯшок дар миёни он кас ва соир мулозимон тафовуте набуд".
Муддате Алишер Навоӣ қасди тарки дарбор мекунад, аммо бо маслиҳати Ҷомӣ аз мансабаш намеравад, зеро бе чунин одамони хирадманд аҳволи мардуми одӣ боз ҳам бадтар мешавад.
Дӯстии байни Навоӣ ва Ҷомӣ то охири умр қатъ нагардид. Баъди вафоти устодаш Навоӣ то як сол азодорӣ ва барои Ҷомӣ марсияи пурсӯзу гудоз эҷод мекунад. Дӯстию ҳамкории ин ду фарзанди барӯманди тоҷику ӯзбек барои мустаҳкам гардидани муносибатҳои ин ду халқ саҳми босазо гузоштааст. Ин дӯстию ҳамкорӣ имрӯз ҳам инкишоф ёфта, мустаҳкам мегардад.
Акрамов Ф., номзади илмҳои филологӣ,
Гурезов Ҷ., номзади илмҳои филологӣ.
http://www.tguk.tj/index.php/tj/amai-khabar-o/1165-abdurahmoni
Камоли Хуҷандӣ ҳамчун шоири ширинкалом бо ашъору ғазалиёти латифи худ дар таърихи адабиёти тоҷику форс мавқеи босазо дошта, бо Саъдиву Ҳофизу Ҷомӣ дар як мавқеъ қарор дорад. Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Овони кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии шоир дар зодгоҳаш гузаштааст. Баъди таҳсилоти ибтидоӣ барои такмили илму дониши худ ба шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва Хоразм сафар карда, дар мадрасаҳои ин шаҳрҳои бузург таҳсили илм намудааст. Азбаски ба илму маърифат дилбастагии зиёде дошт, дар андак вақт қариб ҳамаи илмҳои замонашро аз худ намуд. Ӯ ба шеъру шоирӣ шавқу завқи беандозае дошт.
Камоли Хуҷандӣ пас аз сафар ба шаҳри Макка муқими шаҳри Табрез мегардад ва бо дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта мешавад. Хонаи Камоли Хуҷандӣ дар як муддати кӯтоҳ ба макону маҷлисгоҳи шоирону орифон табдил меёбад.
Камоли Хуҷандӣ дар ҳар куҷое буд, бо ёди ёру диёру ватани худ умр ба cap мебурд. Ҳеҷ гоҳ зодгоҳи худ - Хуҷанди бостониро фаромӯш накарда, ҳамеша бо ёди он мезист ва аз ватани худ фахр менамуд:
Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Комол,
Бовар намекунанд, ки гӯям: хуҷандиям.
Шоир ҳангоми тохтутози Туқтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирон ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Дар девони Камоли Хуҷандӣ ишораҳо ба рӯйдодҳои сиёсӣ ва фармонравоён андак ва гоҳ-гоҳ аст, гӯё шоир худро аз тӯфонҳои балое, ки бар гирди ӯ мевазида фориғ мепиндошта:
Гар аз рӯи замин рӯяд ғаму дард,
Дили ошиқ ба рӯи дӯст шод аст.
Аз гузориши Ибни Карбалоӣ чунин бармеояд, ки ҳамлаи Туқтамишхон бар Табрез муҳимтарин рӯйдод дар зиндагии шоир будааст. Камоли Хуҷандӣ дар ин вайрониву куштор ва дар эътироз ба он абёте сурудааст. Дар ин абёт шоир ба Мирвалӣ, яке аз муҳофизони Табрез дар баробари сипоҳиёни шоҳзодагони Ҷағатоӣ ва фармондеҳи сипоҳиёни Табрез дар даврони Султон Аҳмади Ҷалоир ишорае карда, ки далел аз душмании жарфи ӯ бо шахси Туқтамиш аст.
Гуфт: Фарҳоди мо ба Мирвалӣ
Ки “Рашидия”- ро кунем обод.
Зар ба табрезиён ба оҷуру санг
Бидиҳем аз барои ин бунёд.
Буд мискин ба шуғли кӯҳканӣ,
Ки зи мӯрони кӯҳу дашт зиёд
Лашкари подшоҳ Туқтамиш,
Омаду ҳотиф ин нидо дардод:
Лаъли Ширин насиби Хусрав шуд,
Санг беҳуда меканад Фарҳод.
Пас аз асорату ғурбат Камоли Хуҷандӣ ба Табрез баргашт ва соли 1401 дар ин шаҳр даргузашт. Ӯро дар боғаш ба хок супориданд. Дар канори оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ рассоми моҳир Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош, шоирон Машрабии Шервонӣ ва Асадии Тусӣ низ хобидаанд. Бино ба маълумотҳо, авлоди Камоли Хуҷандӣ имрӯз дар шаҳри Табрез зиндагонӣ мекунанд.
Ашъори шоир
Пас аз даргузашти Камоли Хуҷандӣ танҳо 14 ҳазор байт аз шеърҳояшро ёфтанд, ки аз он шумор то замони мо 7 ҳазор (ё зиёда то 8 ҳазор) байт расидааст. Ашъори шоир фарогири мавзӯъҳои гуногун аст. Аз ҷумла ишқ, ки аз назари шоир шуълаи умеду орзуҳои ҳар як инсон маҳсуб мешавад аз қиматтарин лаҳзаҳои умри одамӣ аст ва он дар шеърҳояш бештар васф гардидааст:
Ҳар кӣ дар олам ком аз як лаҳза дур аз ёр зист,
Кард нақди зиндагонӣ зоеу бисёр зист.
Камоли Хуҷандӣ ба сафарҳои дуру дароз баромада, ҳаёти худро бештар дар ғарибиҳо сипарӣ намудааст. Ӯ дар ғарибӣ аз ҳама бештар ёди ватани азизашро кардааст.
Дил муқими кӯи ҷонон асту ман инҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтану танҳо ғариб.
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бе по ғариб.
Мавзӯи дигари ғазалиёти шоирро дӯстиву рафоқати байни инсонҳо ташкил медиҳад. Дар ҳақиқат, дӯстиву бародарӣ дар идеали ҳар як инсон мавқеи босазое дорад, ки шоиронро аз ҳама болову муқаддас мешуморад:
Дӯст медорад дилам ҷабру ҷафои дӯстро,
Дӯсттар аз ҷону cap дарду балои дӯстро.
Дӯстиҳои ҳама олам бирӯб аз дил, Камол,
Пок бояд доштан хилватсарои дӯстро.
Даргузашти шоир ва достонҳои пас аз марг
Машриқии Табрезӣ аз шогирдони побарҷои шоир ва аз ёрони наздики ӯ, таърихи даргузашти Камоли Хуҷандиро (соли 1400) чунин сурудааст:
Орифи ҳақшинос Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеър бигрифт.
То суханро сухан бурун афтод,
Кас сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
Шашсаду се гузашт, к-он хуршед
Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб нуҳуфт.
Дар адабиёти тоҷикӣ - форсӣ Камоли Хуҷандӣ чун шоири ғазалсаро шуҳрат дорад. Ғазалҳои шоир ҳам аз лиҳози корбурди саноеи адабӣ ва ҳам аз лиҳози фасоҳату балоғат комил буда, чун намунаи олии осори лирикии адабиёти тоҷикӣ - форсӣ шинохта шудаанд.
Ёдбуди шоир
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи муҳаққиқон ба омӯзишу таҳқиқи зиндагиву осори шахсиятҳои адабию фарҳангӣ бештар гардид. Дар ин самт, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси зикри махсус аст. Маҳз бо дастур ва дастгирии Сарвари давлат таърихи давлатдории тоҷикон жарф таҳқиқ гардида, шахсиятҳои барҷастаи миллат ва кору пайкори онҳо омӯхта, ба таври комил муаррифӣ карда шуд. Дар ин давра имкон фароҳам омад, ки солгарди абармардони тоҷик мисли Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абӯалӣ ибнӣ Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва даҳҳо дигар классикони адабиёти тоҷик дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда шавад.
Дар ин радиф, гуфтан мумкин аст, ки мавқеву нуфузи Камоли Хуҷандӣ аз нав эҳё карда шуд. Соли 2014 бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон турбати Камоли Хуҷандӣ аз шаҳри Табрез оварда, дар Боғи ҳамноми шоир дар шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд, ки гувоҳ аз мақоми баланди шоир дар адабиёти классикии тоҷик аст.
Соли 2015 бошад, Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд тармиму навсозӣ гардида, пайкараи ин шоири тавонои тоҷик гузошта шуд. Ҳамчунин, дар ин боғ мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкалом ифтитоҳ ёфт.
Пеш аз ин, соли 1996 пайкараи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд гузошта шуда, собиқ Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Хуҷанд ба номи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ иваз карда шуда буд.
Маводи мазкур бо такя ба мақолаҳои гуногуни дар бораи шоир нашргардида таҳия карда шудааст.