Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2016
  • Таваррум дар моҳи декабр
    0,3%
  • Таварруми солона, декабр
    6,1%
  • Таваррум дар соли 2016
    6,1%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (ноябр)
    9,6
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (ноябр)
    9,6
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2016 (% солона)
  • Меъёри бозтамвил (аз 15 июли с.2016)
    11,0
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (ноябр)
    15,53
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (октябр)
    23,78
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (октябр)
    -
  • Меъёри миёнаи коғазҳои қиматноки БМТ(ноябр)
    8,62
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (ноябр)
    13,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (октябр)
    8,00
  • Яндекс.Метрика


Дар бораи бонк

Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (палатаи поёнии Парламент) масъул мебошад. 

Бонки миллии Тоҷикистон шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, метавонад ба мақсади иҷрои вазифаҳои худ, ташкилотҳоеро, ки дорои ҳуқуқи шахси юридикӣ мебошанд, таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё амволи дигарро ба даст орад, ки барои таъмини фаъолияти вай заруранд. 

Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад. 

Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволии қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад амвол, фондҳо, воситаҳои пулии онро мусодира намояд, ё сармояи оинномавии онро кам кунад. 

Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил карда, ба амал мебарорад ва дар доираи салоҳияте, ки ба вай қонун додааст, соҳибихтиёр аст. Мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия ҳақ надоранд ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва воҳидҳои он дар амалӣ намудани ваколатҳои қонунан ба зиммааш гузошташуда дахолат намоянд. 

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳо кушояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷӣ, ҳукуматӣ, молиявӣ ва бонкӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, хизматҳои бонкӣ расонад. 

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи худ ӯҳдадориҳо гирад ва амалиётро, ки ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқӣ вобастаанд, иҷро намояд. 

Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад, ки вай фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва аз вазифа озод намудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вайро тасдиқ мекунад, ҳисоботи солонаи пешниҳодкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиториро баррасӣ менамояд. 

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Сатҳи таваррум %
  • graphic
  • СУОЛИ РӮЗ

    Дар интихоби бонк ба Шумо пеш аз ҳама чӣ чиз муҳим аст?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Дар интихоби бонк ба Шумо пеш аз ҳама чӣ чиз муҳим аст?
      1. Эътибори бонк
        766 (34.20%)
      2. Сифати хизматрасонӣ ба муштариён
        731 (32.63%)
      3. Меъёри фоизӣ аз рӯйи қарзҳо
        642 (28.66%)
      4. Меъёри фоизӣ аз рӯйи пасандозҳо
        101 (4.51%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ