Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,6%
  • Таварруми солона, январ
    5,3%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (январ)
    9,7
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (январ)
    11,1
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 31 январи с.2017)12,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)16,5
    • Меъёри фоизи захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,5
    • Меъёри фоизи захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ7,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)9,5%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (декабр) 2016
    17,42
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (декабр) 2016
    24,08
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (октябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (декабр) 2016
    13,03
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (декабр) 2016
    12,94
  • Яндекс.Метрика


Фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ

Бонки миллии Тоҷикистон баҳри танзими ҳадафи амалиётии худ, идоракунии сатҳи пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ, фишангҳои амалиётии зерини сиёсати пулию қарзиро истифода мебарад:

- амалиёт дар бозори озод,

- воситаҳои доимамалкунандаи шабонарӯзӣ (овернайт),

- меъёри захираҳои ҳатмӣ,

- амалиёт бо асъори хориҷӣ.


Амалиёт дар бозори озод

Фишанги мазкур ҷалбва ё пешниҳоди пардохтпазирии низоми бонкиро тавассути бозори озод дар бар мегирад. Хусусияти муҳими фишанги мазкур ин аст, ки он ба Бонки миллӣ имкон медиҳад дар раванди таъсиррасонӣ ба вазъи пардохтпазирӣ ва фоизҳои кӯтоҳмуддати бозор ташаббус дошта бошад.

Барориши коғазҳои қиматнок аз фишангҳои фаъол ва самараноки сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб рафта, Бонки миллии Тоҷикистон тариқи барпои музоядаҳои коғазҳои қиматнок пардохтпазирии барзиёди низоми бонкиро ҷалб ва вазъи бозорро ба танзим медарорад. Музоядаҳои коғазҳои қиматнок мунтазам дар давоми ҳафтаи корӣ тавассути низоми электронии савдо дар реҷаи вақти воқеӣ (online) баргузор мегарданд ва ташкилотҳои қарзӣ дархостҳои худро барои хариди коғазҳои қиматнок пешниҳод менамоянд. Муҳлатнокии коғазҳои қиматнок асосан 14, 28 ва 91 рӯзро ташкил дода, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ онҳоро бо муҳлатҳои гуногуни гардиш низ тибқи Дастурамали №189 “Дар бораи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба фурӯш барорад.


Ба аввал 

Фишангҳои доимамалкунандаи шабонарӯзӣ (овернайт)

Фишангҳои доимамалкунандаи шабонарӯзӣ (овернайт) бо мақсади ҷалб ё пешниҳоди пардохтпазирӣ ба муҳлати як шабонарӯз, таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва амалиётҳои он, вусъатдиҳии бозори пул, батанзимдарории меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ, таъмини дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтҳо равона гаридаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ду намуд фишанги доимамалкунандаи шабонарӯзиро (овернайт) ба ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод менамояд:

1) Қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), ки ҳамчун воситаи қарзии доимамалкунанда имкон медиҳад ташкилотҳои қарзӣ дар сурати муваққатан норасоии пардохтпазирӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунии пардохтҳо, маблағҳои қарзиро ба муҳлати як шабонарӯз аз Бонки миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди гарави муносиб дастрас намоянд (дар низоми амрикоӣ ин фишанг “Discount window” ва дар низоми аврупоӣ “Marginal lending facility” ном дорад).

2) Депозити шабонарӯзӣ (овернайт), кивоситаи доимамалкунандаи амонатӣ буда, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади муваққатан ҷалб намудани пардохтпазирии барзиёди низоми бонкӣ ба роҳ монда мешавад. Дар доираи механизми фишанги мазкур ташкилоти қарзӣ тавассути гузаронидани амалиёти депозити шабонарӯзӣ метавонад маблағҳои озоди худро дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун пасандоз ба муҳлати як шабонарӯз нигоҳ дорад.

Амалиёти қарз ва амонати шабонарӯзӣ (овернайт) дар давоми рӯзҳои амалиётии ҳафтаи корӣ тибқи дархости бонк анҷом дода мешавад. Меъёрҳои фоизӣ аз рӯи амалиётҳои мазкур аз тарафи Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи фишангҳои мазкур ташаббус дар дасти ташкилотҳои қарзӣ аст, зеро қарор дар бораи бо меъёри муайяншуда гирифтани қарз ё мондани амонат аз ҷониби онҳо қабул мешавад.

Ба аввал 

Меъёри захираҳои ҳатмӣ

Бонкҳои марказӣ (миллӣ) барои танзими вазъи пардохтпазирии умумии низоми бонкӣ инчунин фишанги дигари сиёсати пулию қарзӣ - захираҳои ҳатмиро истифода мебаранд.

Бо мақсади иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ он ташкилотҳои қарзие, ки ба ҷалби пасандоз ва уҳдадориҳои ба он монанд сару кор доранд, бояд ҳаҷми муайяни пасандозҳоро дар суратҳисобҳои муросилотии Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд. Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби худ меъёри фоизро онро барои ҳисоби захираҳои ҳатмӣ муқаррар менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри ҷудогона ё худ дифферентсиалии захираҳои ҳатмиро барои пасандозҳо бо пули миллӣ ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ истифода мебарад. Айни замон, меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ 1,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 7,0 фоизро ташкил медиҳад.

Ба аввал 

Амалиёт бо асъори хориҷӣ

Амалиёти асъорӣ харид ё фурӯши асъори хориҷиро дар бозорҳои асъор дар бар мегирад. Амалиётҳо дар бозори асъори хориҷӣ дар доираи сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд ва дар маҷмӯъ ду мақсади асосӣ доранд:

- якум, муътадил намудани лаппиши аз эътидол зиёди қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ва бозори дохилии асъор;

- дуюм, зиёд намудани захираҳои байналмилалӣ ва расонидани сатҳи онҳо ба сатҳи талаботи меъёрҳои байналмилалии устувории захираҳои байналмилалӣ.

Амалиёт бо асъори хориҷӣ дар бозори байни бонкии асъор ба воситаи гузаронидани музоядаҳои асъори хориҷӣ тариқи низоми электронии савдо ё амалиёти СВОП анҷом дода мешавад.

Ба аввал 




























  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 1 2 3 4 5
  • Сатҳи таваррум %
  • graphic

  • СУОЛИ РӮЗ

    Дар интихоби бонк ба Шумо пеш аз ҳама чӣ чиз муҳим аст?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Дар интихоби бонк ба Шумо пеш аз ҳама чӣ чиз муҳим аст?
      1. Сифати хизматрасонӣ ба муштариён
        1039 (37%)
      2. Эътибори бонк
        855 (30%)
      3. Меъёри фоизӣ аз рӯйи қарзҳо
        751 (27%)
      4. Меъёри фоизӣ аз рӯйи пасандозҳо
        169 (6%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ