Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 7,0%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (октябр)
    14,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±3)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)6,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон (октябр)15,45
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (сентябр)
    14,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (сентябр)
    30,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (сентябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (сентябр)
    11,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (сентябр)
    17,17
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 22.11.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1967.21 1987.08
10 3835.83 3874.57
20 7506.04 7581.86
50 18495.07 18681.89
100 36803.36 37175.11

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3

Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яке аз қисматҳои асосии низоми молиявии мамлакат низоми пардохтии он ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохт таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Низоми пардохт - низоми бо ҳам алоқаманди технологияҳо, тартиб, қоида, воситаҳои пардохт ва низоми интиқоли маблағ, ки муомилоти пулро таъмин мекунад. Фаъолияти низоми пардохт ва муносибатҳои тарафайни иштирокдорони он бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаҳои мувофиқи тарафайн ба танзим дароварда мешаванд.

Вазифаи асосии низоми пардохт амалӣ кардани интиқоли маблағҳои пулӣ байни ташкилотҳои қарзӣ мебошад, ки тавассути суратҳисобҳои муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда сурат мегирад.

Иштирокдорони низоми пардохт, Бонки миллии Тоҷикистон, 130 ташкилот (аз инҳо: 17 бонкҳо,  106 ташкилоти маблағгузории  хурд), Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки байнидавлатӣ дар ш. Маскав, ҶСП БСТ “Новикомбанк”, Бонки “Национальный Клиринговый Центр” (Ҷамъияти саҳомӣ) дар ш. Маскав, ТҚҒҲ "Платёжный Центр" (ҶДММ) дар ш. Новосибирск, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ш. Лондон ва Бонки Халқии Хитой мебошанд. Ташкилотҳои қарзӣ дорои шабакаи васеи филиалҳо мебошанд ва дар ҷумҳурӣ 432 филиалҳо амал мекунад.

Ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ ва байни филиалҳои онҳо метавонанд бо роҳҳои зерин анҷом дода шаванд:

-тавассути суратҳисобҳои (зерсуратҳисобҳои) муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда;

-тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ, яъне ба воситаи зерсуратҳисобҳои муросилотие, ки ташкилотҳои қарзӣ байни якдигар кушодаанд, бидуни Бонки миллии Тоҷикистон;

-тавассути зерсуратҳисобҳои дохилишабакавӣ, яъне ҳисоббаробаркуниҳо байни филиалҳои тобеи як ташкилоти қарзӣ.

Ташкилотҳои қарзӣ дар як вақт метавонанд бо якчанд роҳ ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ анҷом диҳанд, аммо дар ин сурат онҳо бояд шартҳои боэътимод, мувофиқи мақсад будан ва тезонидани интиқоли ҳисоббаробаркуниҳоро ба асос гиранд. Ҳар як ташкилоти қарзӣ (ғайр аз ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд) уҳдадор аст дар  Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоби муросилотӣ дошта бошад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунии ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳоро дар асоси “Шартнома дар бораи хизматрасонӣ оид ба ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ” иҷро менамояд. Ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзӣ бо муносибатҳои мустақими муросилотӣ дар асоси “Шартнома дар бораи муносибатҳои мустақими муросилотӣ” амалӣ мегарданд. Пардохтҳо тавассути суратҳисобҳои муросилотии (зерсуратҳисобҳои) ташкилотҳои қарзӣ, филиалҳои онҳо, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шудаанд, танҳо дар ҳолати кофӣ будани маблағи пулӣ дар суратҳисоби муросилотии ташкилоти қарзӣ, анҷом дода мешаванд.

Яке аз мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт мебошад. Мувофиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва дигар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, самтҳои асосии пешрафти тараққиёти низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ро муайян намуда, қоида, навъ, муҳлат ва стандартҳоро барои гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон тартиб ва муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ, тартиби нигоҳдории маълумоте, ки ба амалиётҳои дар низоми электронии пардохт иҷрогардида таъллуқ дорад, муқаррар менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон хизматрасонии суратҳисобҳои муросилотии ташкилотҳои қарзӣ – иштирокдорони низоми пардохт ва хизматрасонии хазинавии ташкилотҳои буҷетиро ба уҳда дорад.

Ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми пардохтҳои электронӣ амалӣ мегарданд. Иштирокдорони низоми пардохтҳои электронӣ Бонки миллии Тоҷикистон, Саридораҳои ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд, Бонки байнидавлатӣ дар ш.Маскав, ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”, филиали бонки хориҷии “Тиҷорат”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ш.Душанбе ва Саридораи Хазинадории Марказии Вазорати Молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Пешниҳоди хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси пардохти ҳаққи хизмат сурат мегирад. Арзиши хизматрасонӣ аз муддати интиқоли ҳуҷҷат вобаста мебошад. Муқаррар намудани тарифи баландтар дар охири рӯзи амалиётӣ барои тезонидани гардиши маблағҳои пулӣ мусоидат намуда, гардиши мунтазами ҳуҷҷатҳоро дар ҳудуди рӯзи амалиётӣ таъмин менамояд.

Дар ҷадвал тарифҳои амалкунанда барои хизматрасонии ҳисоббаробаркунии Бонки миллии Тоҷикистон оварда шудааст, ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 191 аз 30 августи соли 2012 тасдиқ гардидааст:

Намуди пардохт Вақти иҷроиши пардохт Тариф* (сомонӣ)
Пардохтҳои электронӣ аз 08:00 то 14:00 0,50
аз 14:00 то 16:00 0,95
аз 16:00 то 17:30 3,10
аз 17:30 то хотимаи ҳисоббаробаркуниҳо 5,00

* - агар дар давоми моҳ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ шумораи ками ҳуҷҷатҳои пардохт пешниҳод шаванд ва маблағи ҳисобнома-фактураи моҳона мувофиқи тарифҳои қабулшуда аз 85 сомонӣ камтар бошад, он гоҳ ташкилоти қарзӣ хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистон - ро ба андозаи 85 сомонӣ дар як моҳ пардохт менамояд.

Ҳуҷҷати асосии пардохтии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришнома мебошад (Навъи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Дастурамали № 193 “Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян карда шудааст).

Барои таъмини бехатарии файли ҳуҷҷатҳои пардохтҳои электронӣ аз тақаллубкорӣ ва таъмини махфинигоҳдории маълумотҳои дар он буда, ҳангоми доду гирифт ба воситаи хати алоқа, рамзгузорӣ истифода бурда мешавад. Бо мақсади тасдиқоти ҳаққоният ва соҳибияти ҳуҷҷатҳои пардохтҳои электронӣ, ки ба воситаи хатти алоқа гирифта мешаванд, имзои электронии рақамӣ истифода мешавад. Истифодаи имзои электронии рақамӣ ҳангоми доду гирифти ҳуҷҷатҳои электронӣ дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ” ва “Дар бораи имзои электронии рақамӣ” асоснок карда шудааст.

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ