Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,6%
  • Таварруми солона, январ
    5,3%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (январ)
    9,7
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (январ)
    11,1
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 31 январи с.2017)12,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)16,5
    • Меъёри фоизи захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,5
    • Меъёри фоизи захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ7,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)9,5%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (декабр) 2016
    17,42
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (декабр) 2016
    24,08
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (октябр)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (декабр) 2016
    13,03
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (декабр) 2016
    12,94
  • Яндекс.Метрика


Пули коғазӣ

Сомонӣ

Коғази пул: сад дар сад аз нахи пахта сохта шуда, дорои нахҳои ҳимоявии беранг мебошад, ки дар зери шӯоъҳои ултрабунафш бо рангҳои дурахшандаи сурх, кабуд ва сабз намудор мешаванд.

Тарзҳои чоп:

металлографӣ:

дар рӯи пул - расм, ҳамаи матнҳо, рақамҳои ифодакунандаи арзиши пул, навори нақшдори дурангаи амудӣ, Нишони давлатии Тоҷикистон,аломати рамзӣ барои нобиноён, имзои шахсони масъул

Офсетӣ:

дар рӯи пул - резахатакҳои заминаи пул, ки рафта-рафта аз як ранг ба ранги дигар тағйир меёбанд (чопи ирис), тасвири заминавии қисмати марказии пул, гулнақшҳои тарафи рост, тасвирҳои ба ҳам пайвандшаванда, нақши "гули лола" бо унсури зидди нусхабардории"РЕАК" дар паси пул - тамоми тасвирҳо ва навиштаҳо

барҷаста:

дар рӯи пул - рақамҳои силсилавии пул

Унсурҳои асосии ҳимоявии пул:

1. Нишонаи обӣ: тасвири чандтобишаи расми шахси рӯи пул, ки дар муқобили рӯшноӣ дида мешавад. 
2. Риштаи ҳимоявӣ: навори филизии дохили пул, ки зоҳиран шаш порча буда,ҳангоми дар муқобили рӯшноӣ дидан ҳамчун риштаи яклухти хиратоби матни такроршавандаи "БМТ" бо тасвири роставу чаппа намоён мешавад. 
3. Резанавишт: дар рӯи пул - резаматн ба забони тоҷикӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад;дар паси пул - резаматн ба забони англисӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад. 
4. Унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ: ҳангоми мушоҳида намудани пул таҳти кунҷҳои гуногун дар нақши "гули лола" чандин рақами хираву равшан намоён мешавад, ки арзиши пулро ифода мекунад. 
5. Тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда: унсурҳои тасвир, ки дар дохили доираҳои сафедранги ҳарду рӯи пул ҷойгир шудаанд, ҳангоми дидан дар муқобили рӯшноӣ ба ҳам пайваст шуда, нишони Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. 
6. Кинеграмма: ҳангоми тағйир додани кунҷи рӯшноии навори амудии филизӣ, тасвири нишони Бонки миллии Тоҷикистон ва матнҳои тоҷикию англисӣ, ки дар рӯи он воқеъ мебошанд, бо рангҳои гуногун медурахшанд. 
7. Нишона барои нобиноён: шаклҳои ҳаштгӯшаи дар поёни қисмати сафеди пул ҷойгиршуда дорои хосияти барҷастагӣ мебошанд, ки бо даст ҳис карда мешаванд. 
8. ҳимояи магнитӣ: рақами силсилавии уфуқии воқеъ дар кунҷи болоии тарафи чапи пул дорои хосияти магнитӣ мебошад.

Андоза: 
1 сомонӣ - 141мм х 65мм 
3 сомонӣ - 141мм х 65мм 
5 сомонӣ -144мм х 65мм 
10 сомонӣ -147мм х 65мм 
20 сомонӣ -150мм х 65мм 
50 сомонӣ -153мм х 65мм 
100 сомонӣ -156мм х 65мм 
200 сомонӣ -159мм х 68мм 
500 сомонӣ -162мм х 71мм

Мирзо Турсунзода (1911 - 1977) -- шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон Бинои Бонки миллии Тоҷикистон


Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 - 1937) – қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


 

 
 

 
Садриддини Айнӣ (1878 - 1954) -- Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Оромгоҳи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар ноҳияи Панҷакент


 

 
 

 
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314 - 1384) -- мутафаккир ва шоири тоҷик Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ш.Кӯлоб


Абӯалӣ ибни Сино (980 - 1037) -- олим, энсиклопедисти бузурги халқи тоҷик Қалъаи Ҳисор


Бобоҷон Ғафуров (1908 - 1977) -- Қаҳрамони Тоҷикистон, олим, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон Чойхонаи "Сино" дар ноҳияи Исфара


Исмоили Сомонӣ (849 - 907) -- асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Давлати Сомониён Қасри Президент
Нусратулло Махсум (1881 - 1937) – қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон Бинои Китобхонаи миллӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858 – 941) - сардафтари адабиёти классикии тоҷик Бинои Қасри миллат

Дирам 

Коғази пул: аз нахи пахта сохта шуда, дорои нахҳои ҳимоявии беранг мебошад, ки дар зери шӯоъҳои ултрабунафш бо рангҳои дурахшандаи сурх, кабуд ва сабз намудор мешаванд.

Тарзҳои чоп:офсетӣ: дар рӯи пул - тамоми тасвирҳо ғайр аз рақами силсилавии пулдар паси пул - тамоми тасвирҳо ва навиштаҳобарҷаста:дар рӯи пул - рақами силсилавии пул

Унсурҳои асосии ҳимоявии пул 1.Нишонаи обӣ: тасвири чандтобишаи нишони Бонки миллии Тоҷикистон 2.Риштаи ҳимоявӣ: навори шаффофи полимерӣ бо навиштаи "БМТ" ба шакли роставу чаппа3.Резанавишт: дар рӯи пул - резаматн ба забони тоҷикӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад дар паси пул - резаматн ба забони англисӣ, ки арзиши пулро ифода мекунад 4.Ҳимояи магнитӣ: рақами силсилавии пул дорои хосияти магнитӣ мебошад

Андоза : 110мм х 60мм

Бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ Манзараи кӯҳистон


Кохи маданият дар хоҷагии ба номи Ӯрунхоҷаев Оромгоҳ дар Чилучорчашмаи Шаҳритус


Маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон Роҳи кӯҳистон


Исмоили Сомонӣ Водии кӯҳистон
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ