Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,6%
  • 8,1%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд сомонӣ
    16,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 июни с.2019)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Сентябр)13,19
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (август)
    9,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (август)
    24,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (август)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)
    20,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)
    23,06
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 14.10.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2440.94 2499.24
10 4794.92 4909.43
20 9443.74 9669.27
50 23371.15 23929.30
100 46577.54 47689.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3

Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низоми пардохтии миллӣ яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ мебошад, ки фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо саривақту бехатар гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо таъмин намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Аз ин сабаб, Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохтӣ таваҷҷуҳи хос дода, ташкили фаъолияти низоми самараноку боэътимоди пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳои пулиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд.

Низоми пардохтӣ – маҷмуи ташкилотҳое, ки бо мақсади интиқоли маблағҳо мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” (www.nbt.tj/upload/iblock/57e/Zakon_NBT_tj.pdf), “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” (www.nbt.tj/upload/iblock/92a/Zakon o bank.deyatel (tj).pdf),“Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”(www.nbt.tj/upload/iblock/e4d/Zakon_khizmat_pardokhti(tj).pdf) ва дигар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, самтҳои асосии рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, қоида, шакл, муҳлат ва стандартҳои гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” (№ 1397, аз 24 феврали с. 2017) асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низоми пардохтӣ равона карда шудааст.

Фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва муносибатҳои тарафайни иштирокчиёни он бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаҳои мувофиқи тарафайн ба танзим дароварда мешаванд.

Иштирокчиёни низомҳои пардохтӣ дар кишвар Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 327 филиалҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ амал мекунанд.

Ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва байни филиалҳои онҳо метавонанд бо роҳҳои зерин анҷом дода шаванд:

- тавассути суратҳисобҳои (зерсуратҳисобҳои) муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда;

- тавассути муносибатҳои мустақими муросилотӣ, яъне ба воситаи зерсуратҳисобҳои муросилотие, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ байни якдигар кушодаанд, бидуни Бонки миллии Тоҷикистон;

- тавассути зерсуратҳисобҳои дохилишабакавӣ, яъне ҳисоббаробаркуниҳо байни филиалҳои тобеи як ташкилоти қарзии молиявӣ.

Ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар як вақт метавонанд бо якчанд роҳ ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкиро анҷом диҳанд, аммо дар ин сурат онҳо бояд шартҳои боэътимод, мувофиқи мақсад будан ва тезонидани интиқоли ҳисоббаробаркуниҳоро ба асос гиранд. Ҳар як ташкилоти қарзии молиявӣ (ғайр аз ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд) уҳдадор аст, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоби муросилотӣ дошта бошад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳоро дар асоси “Шартнома дар бораи хизматрасонӣ оид ба ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ” иҷро менамояд. Ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо муносибатҳои мустақими муросилотӣ дар асоси “Шартнома дар бораи муносибатҳои мустақими муросилотӣ” амалӣ мегарданд. Пардохтҳо тавассути суратҳисобҳои муросилотии (зерсуратҳисобҳои) ташкилотҳои қарзии молиявӣ, филиалҳои онҳо, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шудаанд, танҳо дар ҳолати кофӣ будани маблағи пулӣ дар суратҳисоби муросилотии ташкилоти қарзии молиявӣ, анҷом дода мешаванд.

Яке аз мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат кардан ба фаъолияти самаранок, боэътимод ва мунтазами низоми пардохтӣ мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкиро ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва хизматрасонии хазинавиро ба ташкилотҳои буҷетӣ пешниҳод менамояд.

Ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Бонки байнидавлатӣ дар ш. Москва ва Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни низоми пардохтии мазкур мебошанд.

Пешниҳоди хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси пардохти ҳаққи хизмат сурат мегирад.

Дар ҷадвал тарифҳо барои хизматрасонии ҳисоббаробаркунии Бонки миллии Тоҷикистон оварда шудааст, ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 98 аз 13 июли соли 2018 тасдиқ гардидааст:

Номгӯи хизматрасонӣ

Шумораи коркарди  ҳуҷҷатҳои пардохтии электронӣ дар як моҳ (адад)

Нархи ҳар як ҳуҷҷати пардохтии электронӣ бидуни андоз аз арзиши иловашуда, (сомонӣ)

Коркарди ҳуҷҷати пардохтии электронии иштирокчии низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо

  аз 1 то 1 000

0,60

  аз 1 001 то 10 000

0,40

аз 10 001 ва зиёда

0,20

Арзиши коркарди ҳар як ҳуҷҷатҳои пардохти электронии пас аз соати 1800 пешниҳодшуда 5,00 сомониро ташкил медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон тартиб ва муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ, тартиби нигоҳдории маълумоте, ки ба амалиётҳои дар низоми электронии пардохтӣ иҷрогардида тааллуқ дорад, муқаррар менамояд.

Ҳуҷҷати асосии пардохтии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришнома мебошад (Шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Дастурамали № 193 “Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян карда шудааст (www.nbt.tj/upload/iblock/0c2/ins_193__tj.pdf)).

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ