Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,6%
  • 5,7%
  • Пулҳои захиравӣ, млрд сомонӣ (январ)
    15,3
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 феврали с.2019)14,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)15,75
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт)5,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)12,21
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2018 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (ноябр)
    9,56
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (ноябр)
    27,20
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (ноябр)
    21,08
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (ноябр)
    18,02
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (ноябр)
    4,77
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 20.02.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2128.09 2178.91
10 4169.20 4268.77
20 8192.31 8387.95
50 20242.57 20726.00
100 40320.37 41283.29

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 1 2 3

Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории ҶТ

Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Стратегия) мутобиқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси афзалиятҳои рушди устувори иқтисодии кишвар, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 ва 2016 дарҷ ёфтаанд, таҳия гардида, ҳадафҳои асосии сиёсати пулию қарзию асъорӣ ва нишондиҳандаҳои мақсадноки онро мушаххас менамояд.

Стратегия мазкур бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи ниҳоии Бонки миллии Тоҷикистон – сатҳи муътадили нархҳо дар давраи дарозмуддат тарҳрезӣ шудааст. Он таҷдид ва ташкили механизми самараноки таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, барпои инфрасохтори муосири амалиётӣ-молиявӣ, тақвияти фаъолияти низоми молиявию бонкӣ ва амалисозии дигар афзалиятҳои дахлдорро дар давраи миёнамуҳлат пешбинӣ менамояд.  

Дар ин раванд, масъалаи асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ ин густариши ислоҳоти иститутсионалӣ, таҳкимёбии фишангҳо ва вусъатдиҳии дараҷаи таъсирбахшии онҳо пеш аз ҳама ба меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори пулӣ ва ба ин васила ба вазъи макроиқтисодӣ, сатҳи талаботи маҷмуӣ ва меъёри таваррум буда, марҳила ба марҳила ташкилдиҳии фазои мусоид ва заминаи устувор барои дар соли 2018 гузариш ба реҷаи нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррумро пешбинӣ менамояд.

Стратегия аз рӯи натиҷаи тадқиқотҳои ҳамаҷонибаи вазъи иқтисоди дохилию берунӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳои пулӣ таҳия шудаааст, ки барномаи нахустини соҳавии Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ барои давраи миёнамуҳлат маҳсуб ёфта, ислоҳотҳои назаррасро дар пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ пешбинӣ менамояд. Дар маҷмуъ, Стратегия аз се қисмати асосӣ: шарҳи вазъи иқтисодӣ ва сиёсати пулию қарзӣ, роҳҳои тавсеа додани самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва ташкили фазои мусоид барои мунтазам гузаштан ба реҷаи ҳадафгирии таваррум иборат мебошад.

Дар матритсаи Стратегия нақшаи татбиқи тадбирҳо баҳри дастрас гардидан ба ҳадафҳои дар он дарҷгардида таҷассум ёфтааст.

Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории ҶТ


“Стратегияи коммуникатсионии Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ барои солҳои 2019 - 2021”

Cтратегияи коммуникатсионии Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ барои солҳои 2019-2021 (минбаъд - Стратегия) дар асоси ҳуҷҷатҳои “Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва “Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат”  бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №165 ба тасвиб расида,дар он роҳҳои таъмини шаффофияти фаъолият дар самти таҳия ва татбиқи сиёсати монетарӣ тавассути вусъат додани робита бо ҷомеа ва ахборотдиҳӣ ба омма муайян карда шудааст.

Мақсади асосии Стратегия оммафаҳмӣ ва шарҳи татбиқи реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум буда, дуруст ва босифат ба роҳ мондани механизми коммуникатсионӣ, ҳамоҳангии самаранок ва муттасил миёни ҷонибҳои асосии манфиатдор (стейкҳолдерҳо) барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва дараҷаи бохабарии омма оид ба сиёсати пулию қарзӣ, механизму раванди таҳия ва татбиқи он мусоидат менамояд.

Стратегияи мазкур барои зиёд гардидани эътимоднокӣ ба сиёсати пулию қарзии давлат, бонки марказӣ, таҳкими механизми амалиётӣ ва ҷоннок намудани трансмиссияи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ дар шароити реҷаи ҳадафгирии таваррум, аз байн бурдани номуайяниҳо дар бозори молиявӣ ва муътадилгардонии интизориҳои аҳолӣ нисбат ба тағйирёбии таваррум, инчунин ғайридолларикунонӣ ва коҳиш додани таваҷҷуҳи агентҳои иқтисодӣ ба вазъи қурби асъор равона шудааст.

Маҷмӯан, санади мазкур дар асоси тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ дар доираи кумаки техникииБонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдтаҳия шуда, муҳтавои он аз мақсад ва принсипҳои стратегияҳои коммуникатсионӣ, паёмҳои асосии паҳншаванда тавассути фишангҳои асосии коммуникатсия, таҳкими иқтидори дохилии коммуникатсия иборат мебошад. Инчунин, нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи Cтратегия ва нақшаи чорабиниҳои раванди  коммуникатсионӣ оид ба қарорҳои Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон оварда шудааст.

Бояд қайд кард, ки Стратегияи мазкур барномаи нахустиндар самти равобит бо ҷомеаи (коммуникатсионӣ) Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, яке аз самтҳои ислоҳотҳои татбиқшаванда дар пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро пешбинӣ менамояд.

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        1074 (37.33%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        972 (33.79%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        481 (16.72%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        1554 (54.01%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        689 (23.95%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        229 (7.96%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ