Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Икроми.jpg

ИКРОМӢ СИРОҶИДДИН САЛОМ

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Икромӣ Сироҷиддин Салом 5 январи соли 1972 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (с. 1997) бо ихтисоси банақшагирии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Номзади илмҳои иқтисодӣ.

Фаъолияти меҳнатияш соли 1988 аз колхозчии колхози ба номи К.Маркси ноҳияи Восеъ шуруъ шуда, солҳои 1990-1992 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат кардааст.

Солҳои 1997-1999 Икромӣ Сироҷиддин Салом ходими хурди илмии Пажуҳишгоҳи тадқиқотӣ-илмии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти кишоварзии Тоҷикистон дар назди Академияи илмҳои кишоварзӣ буд.

Аз соли 1999 то соли 2002 дар БДА ҶТ “Амонатбонк”дар ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои минбаъда ба ҳайси бозраси калон ва сарбозраси Идораи назорат ва аудити дохилибонкии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” фаъолият дошт. 

Мавсуф ҳамчунин ба ҳайси сардори Идораи пасандозҳо ва коғазҳои қиматнок, сардори Идораи тараққиёти бонкӣ, сардори Идораи назорат ва аудити дохилибонкӣ ва директори Департаменти қарздиҳии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ифои вазифа намудааст.

Икромӣ Сироҷиддин Салом солҳои 2010-2015 ба ҳайси Муовини Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, солҳои 2015-2019 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, солҳои 2019-2024 Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2024, №683 Икромӣ Сироҷиддин Салом Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе интихоб гардидааст. Забонҳои англисӣ ва русиро медонад.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.