Семинари омӯзишӣ барои адвокатҳо ва нотариусҳои давлатӣ дар мавзӯи МҚД/МТ/МПСҚО баргузор гардид

09.08.2018

Семинари омӯзишӣ барои адвокатҳо ва нотариусҳои давлатӣ дар мавзӯи МҚД/МТ/МПСҚО баргузор гардид

Бо ташаббуси Департаменти мониторинги молиявӣ санаи 7 августи соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адвокатҳо ва нотариусҳои давлатӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.

Семинарро директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Файзуллозода Ф. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки низоми миллии кишвар дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар давраи басо муҳим қарор дошта, нигоҳ доштани вазъи муътадили низоми мазкур аз фаъолияти судманди мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк сарукор доранд, аз ҷумла, адвокатҳо ва нотариусҳои давлатӣ вобастагии зиёд дорад.

Рис-1.jpg

Файзуллозода Ф. дар идомаи суханронӣ қайд намуд, ки пайдо шудани ба ном давлати исломӣ ва сар задани низоъҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Шарқи Наздик боиси ривоҷи терроризм дар минтақа гардидааст. Оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, бетаъсир намондааст. Воқеаи дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ рухдода, гувоҳи гуфтаҳои зикршуда ва боиси нигаронӣ шуда метавонанд.

Дар робита ба ин, дар рафти семинар ба самъи иштирокдорон оид ба “Стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО”, “Талаботҳои қонунгузории ҶТ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО”, “Баҳодиҳии хавфи миллии МҚД/МТ”, “Тартиби пешниҳоди маълумот ба Департаменти мониторинги молиявӣ”, “Санҷиши ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар самти МҚД/МТ/МПСҚО амалиёт анҷом медиҳанд” муаррифиномаҳо пешниҳод карда шуданд.

Рис-2.jpg

Дар идомаи семинар, бо мақсади шиносоии бештар бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи терроризм ва экстремизм, навори видеоӣ дар мавзӯи муқовимат бо терроризм ва экстремизми хушунатомез намоиш дода шуд.

Пас аз тамошои навори видеоӣ иштирокдорони семинар амали террористии нисбати сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара рухдодаро маҳкум намуда, вобаста ба мавзӯи машғулиятҳо аз ҷониби масъулини Департаменти мониторинги молиявӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Рис-3.jpg

Дар анҷоми семинар, раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуритдинов С. аз номи иштирокдорон ба ташкилкунандагони машғулияти мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки баргузории чунин семинарҳо дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии мутахассисони соҳа ва устувор намудани низоми МҚД/МТ/МПСҚО дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ, Файзуллозода Ф. изҳор дошт, ки Департаменти мониторинги молиявӣ омода аст, ҳамкории судмандро бо тамоми вазорату идораҳои кишвар дар самти  МҚД/МТ/МПСҚО ба роҳ монад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 3247

Бозгашт