Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.01.2019

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 январи соли 2019 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти назоратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (БХМ ҚД/МТ) баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Файзуллозода Файзулло – директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон оғоз намуд. Сараввал ҳамагонро хайрамақдам гуфта, вобаста ба зарурияти барпо кардани ҷаласаи мазкур сухан ронд.

Рисунок - 1.jpg

Сипас, тибқи барнома Сироҷзода Сайфиддин – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ (Роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба БХМ ҚД/МТ) маълумоти мухтасар вобаста ба ҳисоботи БХМ ҚД/МТ ва фаъолият дар доираи ин ҳисобот пешниҳод намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ин БХМ ҚД/МТ тибқи талаботи Тавсияи 1 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ва дар доираи Кӯмаки техникии Бонки Осиёии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон “Пурзӯр намудани реҷаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм” бо супориши Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи сентябри соли 2017 гузаронида шуд. 18 сентябри соли 2017 дар рафти ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО ҳисоботи БХМ ҚД/МТ тасдиқ гардид.

Сироҷзода Сайфиддин иброз дошт, ки сабаби барпо кардани ҷаласаи имрӯза ин муҳокимаи фаъолияти анҷомдодашуда, инчунин бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар доираи Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайн вобаста ба Ҳисоботи БХМ ҚД/МТ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, аъзоёни Гурӯҳи корӣ роҷеъ ба фаъолияти анҷомдодаи мақомоти хеш дар доираи Ҳисоботи БХМ ҚД/МТ маълумот пешниҳод намуданд.

Рисунок - 2.jpg

Сипас, вобаста ба пешниҳоди маълумот оид ба натиҷаи истифодаи Ҳисоботи БХМ ҚД/МТ аз ҷониби мақоми ваколатдор (Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон) Файзуллозода Файзулло баромад намуд.

Файзуллозода Файзулло қайд намуд, ки мақсад аз баргузории Баҳодиҳии хавфи миллӣ - ошкор намудан хавфҳои баланди ҚД/МТ, тавассути ошкор сохтани таҳдидҳо, осебпазириҳо ва оқибатҳое, ки қабули чораҳои фавриро ҷиҳати паст ва идора кардани хавфҳои ҚД/МТ талаб менамояд, ба ҳисоб меравад. Номбурда вобаста ба чораҳое, ки бо мақсади паст кардан ва идораи хавфҳои ҚД/МТ андешида шудаанд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Яке аз онҳо қабули Консепсияи миллӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои солҳои 2018-2025 ва Нақшаи амалисозии он, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1033 аз 05.03.2018 тасдиқ шудааст, ба ҳисоб меравад.

Рисунок - 3.jpg

Баъдан, мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ оид ба камбудиҳои баҳодиҳии тарафайни кишвар дар қисмати БХМ ҚД/МТ рӯнамоиро манзури ҳозирин гадониданд.

Дар интиҳои ҷаласа роҷеъ ба амалҳои оянда, аз ҷониби Роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба БХМ ҚД/МТ ба аъзоёни Гурӯҳи корӣ супориш дода шуд, ки тибқи муҳлати муайяншуда ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба БХМ ҚД/МТ дар доираи Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайн чораҳо андешида, маълумотро ба Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон Файзуллозода Файзулло иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои Нақшаи амалисозии Консепсияи миллии МҚД/МТ/МПСҚО барои солҳои 2018-2025, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Маркази омӯзишӣ-методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мақсади асосии таъсис ёфтани Маркази омӯзишӣ-методӣ ин бунёди низоми бисёрзинавии омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти танзим ва назорати давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бахши хусусӣ мебошад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Роҳбарияти Департамент намояндагони мақомоти кишвар барои ҳамкорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар ин марказ даъват гардиданд.

Департаменти мониторинги молиявӣ
Шуъбаи матбуот

Диданд: 3007

Бозгашт