Вохӯрӣ бо ҳайати Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия

10.05.2023

Вохӯрӣ бо ҳайати Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия

Рӯзҳои 4-5 майи соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия бо намояндагони департаменти мониторинги молиявӣ дар доираи муаррифии Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм сурат гирифт.

NBTL7951.JPG

Тарафҳо Консепсияи “бахши” бехатарии молиявӣ, вазифаю самтҳои асосии ҳамкорӣ, инчунин тартиби муайян кардани таҳдидҳои фавқулмиллиро дар асоси Консепсияи мазкур муҳокима намуданд.

Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ ва семинар истифодаи амалии фаъолияти Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо, вазифаҳои асосии он, захираҳо ва усули таҳлил дар заминаи захираҳои маркази мазкур нишон дода шуд.

NBTL8018.JPG

Боиси зикр аст, ки тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо айни замон дар ҳолати ниҳоӣ қарор дошта, лоиҳаи Созишномаи он расмиёти дохилидавлатиро гузашта истодааст ва метавон гуфт, ки баъд аз ба таври зарурӣ аз расмиёт гузаштани санади болозикр, дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо таъсис дода мешавад.

 

Департаменти мониторинги молиявӣ

 

 

Диданд: 1455

Бозгашт