Курси омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои субъектҳои ҳисоботдиҳандаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

01.08.2023

Курси омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои субъектҳои ҳисоботдиҳандаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои 26-28 июли соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ (минбаъд - Департамент) барои субъектҳои ҳисоботдиҳандаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) гузаронида шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки курси омӯзишӣ бо иштироки коршиносони Департамент, ки бевосита дар низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО фаъолият менамоянд, баргузор гардид.

01.jpg

Дар чорабинӣ намояндагони вазорат, ки бахшҳои дахлдори субъектҳои ҳисоботдиҳандаро назорат менамоянд, ҳамчунин иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок, биржаҳои мол, ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ, муҳосибони касбӣ ва ташкилотҳои муҳосибӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба таври касбӣ металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз онҳо, инчунин шикастапораҳои ин гуна маснуотро хариду фурӯш мекунанд, гаравхонаҳо, ташкилотҳо ва субъектҳои дигаре, ки тотализатор ва идораҳои букмекерӣ доранд, инчунин бозии лото, лоторея ва бозиҳои дигар, аз ҷумла дар шакли электронӣ мегузаронанд, ширкат варзиданд.

Шунавандагони курс бо самтҳои мухталифи мавзуъҳои марбут ба МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, инчунин пешниҳоди ҳисобот оид ба аҳд/амалиёти шубҳанок ва ҳатман назоратшаванда шинос шуданд. Дар ҷараёни чорабинии мазкур лекторон бо рӯнамоҳо баромад карданд ва ба саволҳои шунавандагон посухҳои мушаххас доданд.

02.jpg

Инчунин, шунавандагони курс пас аз хатми курси омӯзишӣ дониши худро дар самти МҚД/МТ/МПСҚО васеъ намуда, дар фаъолияти худ истифода менамоянд.

Ба шунавандагони курси омӯзишӣ доир ба хатми курси умумӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО сертификат пешниҳод карда шуд.

Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №166 аз 7 декабри с. 2018 бо мақсади рушди захираҳои зеҳнии кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО таъсис ёфта, дорои иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон АУ №0002733 аз 27 марти с. 2019 барои гузаронидани курсҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО мебошад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 1214

Бозгашт