Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2017
  • Таваррум дар моҳи июн
    0,6%
  • Таварруми солона, июн
    9,0%
  • Ҳаҷми пул, млрд. сомонӣ (июн)
    11,2
  • Пойгоҳи пулӣ, млрд.сомонӣ (июн)
    12,3
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 20 марти с.2017)16,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт)18,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ (апрел)3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (апрел)9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)15,7
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2017 (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    14,92
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    27,12
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ (май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ (май)
    13,87
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ (май)
    3,00
  • Яндекс.Метрика



  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 25.07.2017

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 1931.70 1951.22
10 3764.88 3802.91
20 7364.25 7438.64
50 18140.77 18324.01
100 36094.88 36459.47

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

Нашрия ва интишорот


“Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” (Августи соли 2015)

Шумораи нахустини маҷаллаи нави таҳлилии бонкӣ “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” барои моҳи августи соли 2015 бо назардошти талаботи феълии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо тарҳ ва ороиши ҷадид, бо се забон – давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расид ва манзури хонандагони гиромиқадр гардид. Дар ин шумора маводҳои соҳавӣ, шарҳи таваррум, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нархи миёнаи маҳсулот дар бозорӣ ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо ва дигар маълумотҳои муфид ба хонандагон пешниҳод шудаанд.


Дар қисмати маводҳои таҳлилӣ хонандагони маҷалла метавонанд мақолаҳои мутахассисони соҳа таҳти унвонҳои “Рақобатпазирии иқтисодиёт дар бозори СУС”, “Бозорҳои молиявӣ: нақш ва вазифаи онҳо”, “Саҳми бонкҳои тиҷоратӣ дар рушди иқтисодиёт”, “Қарзҳои дарозмуддат ҷиҳати рушди иқтисодиёт” ва ғайраро мутолиа намоянд.


Дар як қисмати нашрия мусоҳибаҳои хабарнигорони маҷалла бо Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картер таҳти сарлавҳаи “Афзоиши сармоягузории бахши хусусӣ асоси рушди иқтисодиёт”, Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Си. Си. Ю таҳти унвони “Tajikistan needs to speed-up structural reforms”, инчунин мусоҳиба бо мушовири Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби В.Бёме “Риск может привести к большим потерям банка” ҷойгир карда шудаанд, ки мутолиаи онҳо ба мутахассисони соҳаҳои молия ва бонкдори муфид ва ҷолиб хоҳад буд.


Илова бар ин, дар ин шумора ахбору навгониҳо, назарпурсӣ оид ба баҳогузорӣ ва пешниҳоди мизоҷон ба бонкҳо ва афкори арбобони барҷастаи низоми бонкдорӣ дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти

БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Марти соли 2015)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи март ба табъ расид ва манзури хонандагон гардид. Дар саҳифаҳои он маводи ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи макроиқтисодӣ ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти

БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” ( январи соли 2015)

   Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи январ ба табъ расид, ки дар он маводи ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи мухтасари таваррум ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” ( декабри соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи декабр ба табъ расид, ки дар он маводи ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи мухтасари таваррум ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (ноябри соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи ноябр ба табъ расид, ки дар он маводи ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи мухтасари таваррум ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (октябри соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи октябр ба табъ расид, ки дар он маводи ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи мухтасари таваррум ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (сентябри соли 2014)

  Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи сентябр ба табъ расид, ки дар он маводи ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи макроиқтисодӣ ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (августи соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи август ба табъ расид, ки дар он маводҳои ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи таваррум ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Июли соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи июл ба табъ расид, ки дар он маводҳои ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи таваррум ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Июни соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи июн ба табъ расид. Дар гӯшаи “Президент” Паёми табрикии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷой дода шудааст.

Ҳамчунин, маводҳои ихтисосӣ оид ба фаъолияти бонкдории исломӣ, аҳамияти сармоягузории давлатӣ барои рушди иқтисодӣ, таърихи Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ ва усулҳои асосии он, ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея ва дигар маводҳо дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Майи соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи май ба табъ расид. Дар гӯшаи “Президент” Паёми табрикии Сарвари давлат бахшида ба 69-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм ҷой дода шудааст.

Ҳамчунин, маводҳои ихтисосӣ оид ба фаъолияти бонкии исломӣ, аҳамияти сармоягузории давлатӣ барои рушди иқтисодӣ, нақши низоми бонкӣ дар иқтисодиёт ва дигар маводҳо дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Марти соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи март ба табъ расид. Дар гӯшаи “Президент” суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷой дода шудааст.

Ҳамчунин, маводҳои ихтисосӣ оид ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон, фаъолияти ташкилоти қарзӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои Сарвари давлат, шарҳи танзими асъор, низоми бонкдорӣ дар кишварҳои хориҷ ва дигар маводҳо дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Марти соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи март ба табъ расид. Дар гӯшаи “Президент” суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷой дода шудааст.
Ҳамчунин, маводҳои ихтисосӣ оид ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон, фаъолияти ташкилоти қарзӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои Сарвари давлат, шарҳи танзими асъор, низоми бонкдорӣ дар кишварҳои хориҷ ва дигар маводҳо дарҷ гардидаанд.



Хадамоти матбуоти

БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Ноябри соли 2012, №11 (40))

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи ноябр ба табъ расид. Таҳти унвони “Президент” Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20- умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Дар гӯшаи “Парлумон” ҳисоботи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон А.Ширинов дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод гардидааст. Дар ин шумора маводҳои соҳавӣ, шарҳи монетарӣ, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нархи миёнаи маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо, қурби асъорҳо ва дигар маълумоти муфид оид ба иқтисодиёт ва молия манзури хонандагон шудаанд. Инчунин, хонандагон имкон доранд фикру андешаҳо ва мақолаҳои мутахассисони соҳаро бо унвонҳои “Се унсури асосии рушди хизматрасониҳои бонкӣ”, “Саҳми бонкҳои тиҷоратӣ дар рушди иқтисодиёт”, ”Таҳлили савдои хориҷӣ”, “Афкори иқтисодиву иҷтимоӣ дар “Қобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус” ва ғайраро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар қисмати охири маҷалла ахбору навгониҳо, шарҳи ВАО, дастурамал ва рӯйдодҳои муҳими моҳ, ки дар маҷмуъ масъалаҳои бонкию иқтисодиро дар бар мегиранд, нашр шудаанд. 


Хадамоти матбуоти 


БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Марти соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи март ба табъ расид. Дар гӯшаи “Президент” суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, маводҳои ихтисосӣ оид ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон, фаъолияти ташкилоти қарзӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои Сарвари давлат, шарҳи танзими асъор, низоми бонкдорӣ дар кишварҳои хориҷ ва дигар маводҳо дарҷ гардидаанд. Хадамоти матбуоти БМТ

"Бонкдорӣ дар Тоҷикистон" Феврали соли 2014

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи феврали соли 2014 ба табъ расид. Дар гӯшаи “Президент “ мақолаи доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода ва рӯзноманигор Заробиддин Қосимӣ таҳти унвони “Оғози фатҳи қуллаҳо” ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, хонандагон метавонанд таҳти унвонҳои “Тағйирёбии муътадили қурби сомонӣ таъмин хоҳад шуд”, “Ташаккули муомилоти ғайринақдӣ”, “Роҳандозии бонкдории мобилӣ дар Тоҷикистон”, “ҶСК Соҳибкорбонк-ояндаи дурахшони шумо”, “Муаммоҳои бозорёбии бонки тиҷоратӣ”, “Қобилияти харидории пул”, “Фарҳанги техникӣ ва рушди соҳибкорӣ – тақозои замон”, “Оё тангаҳои филизӣ ҳам фарсуда мешаванд”, “Рукнҳои маблағгузории бонкҳои исломӣ”, “Мушкилот ва дурнамои масъалаи шуғли занон”, “Такмили низоми ҳавасмандгардонӣ”, “Рушди иқтисод аз нигоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2014”, “Бонк ва муштариёни соҳибмаърифат” ва дигар маводҳоро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар маҷалла шарҳи бозори қоғазҳои қиматнок, шарҳи монетарӣ, Тавозуни пардохти ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2013, нархи миёнаи маҳсулот дар чумҳурӣ ва ҳисоботҳои бонкҳо дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” Январи соли 2014

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи январи соли 2014 ба таъб расид. Дар гӯшаи “Президент” суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014 ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, хонандагон метавонанд таҳти унвонҳои “Оғози фатҳи қуллаҳо”, “Дастовардҳои Бонки миллӣ дар соли 2013”, “Бонки миллии Тоҷикистон амалиётҳои худро дар Биржаи ш.Москва оғоз намуд”, “БДА ҶТ “Амонатбонк”: Сифати хуби хизматрасонӣ – асоси фаъолият”, “ҶСК “Бонки Эсхата” бонки пешсафу замонавӣ”, “Мавқеи пули миллӣ”, “Фаъолияти коллекторӣ”, “Соҳибкорӣ омили рушди муносибатҳои бозоргонӣ” ва дигар маводҳоро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар маҷалла шарҳи бозори коғазҳои қиматнок ва маълумоти таҳлилӣ оид ба ҳаҷми пасандозҳо ва қарзҳо дар давраи январ-декабри соли 2013, нархи миёнаи маҳсулот дар ҷумҳурӣ ва ҳисоботҳои бонкҳо дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” Декабри соли 2013

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи декабри соли 2013 ба таъб расид. Дар гӯшаи “Президент” Паёми телевизионии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ ҷой дода шудааст. Хонандагон метавонанд маводҳои соҳавиро таҳти унвонҳои “Соли 2013 – соли рушди иқтисодиёт”, “ҶСК “Ориёнбонк” – ҳамкорӣ ба хотири фардо”, “Рушди идоракунӣ ва ташаккули менеҷмент”, “Афзоиши даромади аҳолӣ – омили беҳтаршавии сатҳи зиндагӣ”, ”Саҳми ташкилотҳои қарзӣ дар рушди соҳибкорӣ”, ”Низоми пардохти электронӣ”, “Суғурта ва муҳимияти қонунгузории он” ва дигар маводҳоро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар маҷалла шарҳҳои макроиқтисодӣ ва бозори коғазҳои қиматнок, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, нархи миёнаи маҳсулот дар ҷумҳурӣ ва ҳисоботҳои бонкҳо дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (ноябри с. 2013)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи ноябри соли 2013 ба табъ расид. Дар оғози нашрия таҳти унвони “Президент” мақола ва шеъре дар бораи интихоб шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Дар идомаи маҷалла хонандагон метавонанд ҳисоботи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Шириновро дар ҷаласаи парлумон оид ба Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 мутолиа намоянд. Дар бахши матолиби соҳавӣ бошад, хонандагон имкон доранд бо мақолаҳо дар мавзӯҳои “ҶСК “Агроинвестбонк” – бонки масъулиятшинос”, “Пули миллиро тоза нигоҳ медорем”, “Қарздиҳӣ сарчашмаи рушди иқтисод”, “Низоми молиявӣ”, “Созишномаи “Мушорака” дар бонкҳои исломӣ”, “Бонкдории мобилӣ” шинос шаванд. Илова бар ин, дар маҷалла нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нархи миёнаи маҳсулот дар ҷумҳурӣ ва ҳисоботи бонкҳо дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Сентябри соли 2013)

Боз як шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи сентябри соли 2013 нашр шуд. Дар гӯшаи аввали он суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ҷой дода шудааст. Дар саҳифаҳои минбаъдаи нашрия хонандагон метавонанд маводҳои соҳавиро дар мавзуҳои Бюрои қарзӣ, Соҳибкорӣ ва рушди иқтисодиёт, Нақши қарзи дарозмуддат ва дигар мақолаҳоро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар маҷалла шарҳи таваррум барои нимсолаи I-уми соли 2013, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нархи миёнаи маҳсулот дар ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо ва дигар маълумотҳо ҷой дода шудаанд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

Бонкдорӣ дар Тоҷикистон (Августи соли 2013)

Шумораи навбатии маҷаллаи «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» ба табъ расид. Чун ҳамешагӣ саҳифаи аввали маҷалларо гӯшаи Президент дар бар мегирад, ки ин навбат Паёми табрикии Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Фитр бахшида шудааст. Хонандагони маҷалла метавонанд маводҳои соҳавиро бахшида ба пешравиҳо дар технологияҳои иттилоотӣ, вазъи молиявӣ ва низоми бонкӣ дар минтақаҳои Ховари Наздик ва дигар маводҳоро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар саҳифаҳои маҷалла санадҳои расмӣ, шарҳҳои макроиқтисодӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва дигар маводҳо низ ҷой дода шудааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Июли соли 2013)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи июли соли 2013 ба нашр расид. Дар гӯшаи “Президент” Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои мулоқот бо Владимир Путин ҷой дода шудааст. Хонандагони маҷалла метавонанд маводҳои соҳавиро таҳти унвонҳои “Рушди низоми бонкӣ идома дорад”, “Алоқамандии вазъи бозори меҳнат бо рушди иқтисодӣ”, “Самара ва сифат – асоси фаъолият”, “Маблағгузории хурд ва дастрасии мардум ба хизматрасониҳои бонкӣ”, “Амалиётҳои сейфии бонкӣ дар низоми бонкдории исломӣ”, “Омилҳои муҳими рушди бонкҳо” ва дигар маводҳоро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар саҳифаҳои маҷалла шарҳҳои макроиқтисодӣ, Тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозори коғазҳои қиматнок ва нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, ҳисоботи бонкҳо ва дигар маводҳо низ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Июни соли 2013)

Инак, боз як шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи июни соли 2013 ба нашр расид. Дар гӯшаи “Президент” суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили 16-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷой дода шудааст. Хонандагон метавонанд маводҳои соҳавиро таҳти унвонҳои "Бюрои иттилоотиву қарзӣ: низоми ягонаи иттилоотӣ дар бораи қарз", "Рӯйдоди таърихӣ" , "Нархҳо бояд бо пули миллӣ ифода ёбанд", "Таъмини устувории пули миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ", "Усулҳои муосири маводҳои маркетингӣ барои муассисаҳои молиявӣ", "Баландбардории сармоякунонии бонкҳо - омили рушди иқтисодиёт", "Оид ба узвияти Тоҷикистон ба СУС: Аҳамият, манфиат ва хатарҳои эҳтимолӣ", "Инъикоси таърихи Кӯшониён дар сиккаҳои кӯшонӣ" ва дигар маводҳоро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар маҷалла шарҳҳои монетарӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, ҳисоботи бонкҳо ва дигар маводҳо низ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Майи соли 2013)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи майи соли 2013 ба нашр расид. Дар гӯшаи “Президент” сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, гузориши хабарнигори маҷалла аз рафти ҷаласаи 38 – уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд пешниҳоди хонандагон гардидааст. Хонандагон метавонанд маводҳои соҳавиро таҳти унвонҳои “Такмили механизми сармоягузорӣ ва нақши он дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ”, “Танзими фаъолияти бонк ва ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон”, ”Бюрои қарзии иттилоотии Тоҷикистон: Оғоз ва равандҳои шуруъ ба фаъолият”, “Пулҳои зебои бесарнавишти ҳукумати муваққатии Русия” ва дигар маводҳоро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар маҷалла шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, ҳисоботи бонкҳо ва дигар маводҳо низ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (апрели соли 2013)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи апрели соли 2013 ба нашр расид. Дар гӯшаи “Президент” Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Хонандагон метавонанд маводҳои соҳавиро таҳти унвонҳои “Паёми Президент – дастур ва роҳнамост”, “Тоҷикистон дар эътиборшумории Doing Business”, “Қарздиҳии Исломӣ”, “Соҳибкории рақобатпазир дар иқтисодиёти гузариш” ва дигар маводҳоро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар маҷалла шарҳҳои макроиқтисодӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, ҳисоботӣ бонкҳо ва дигар маводҳо низ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Марти соли 2013)

Манзури хонандагони гиромӣ боз як шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи марти соли 2013 ба нашр расид. Дар гӯшаи “Президент” суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи модар ҷой дода шудааст. Хонандагон ҳамчунин метавонанд маводҳои соҳавиро таҳти унвонҳои “Иттифоқҳои қарзӣ – иттифоқи пасандозгузорон”, “Паёми Президент – ҳидоятгари фардои дурахшони миллат”, “Пасандозҳои бонкҳои исломӣ мутобиқи созишномаи “Музораба”, “Пулҳои нави сомонӣ бо ҳимояи лазерӣ”, “Сиккаҳои филизии Аморати Бухоро”, “Афкори иқтисодии Насирриддини Тӯсӣ” ва дигар гузоришу мақолаҳоро мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар маҷалла шарҳи бозори коғазҳои қиматнок ва нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, ҳисоботи бонкҳо ва иттилооти дигар низ дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Январи соли 2013)

Шумораи навбатии маҷаллаи «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» барои моҳи январ ба табъ расид. Дар гӯшаи “Президент” суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Зери гӯшаи нишасти матбуотӣ таҳти сарлавҳаи “Сиёсати пулию қарзӣ босамар буд” оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли 2012, вазъи макроиқтисодии мамлакат, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, инчунин рушди низоми бонкӣ пешниҳоди хонандагон гардидааст. Хонандагон метавонанд маводҳои соҳавиро таҳти унвонҳои “Пулҳои нави миллӣ аз тақаллубкорӣ бештар ҳифз мешаванд”, “Омилҳои рушди иқтисодии кишвар: таҳлил ва дурнамо”, “Шартномаи қарзӣ ё кредитӣ”, “Чораҳои зиддибуҳронии Амрико”, “Аз таърихи тангаҳои замони ИҶШС”, “Афкори иқтисодии Ғаззолӣ” мутолиа намоянд. Илова бар ин, дар маҷалла шарҳои монетарӣ ва бозори коғазҳои қиматнок, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ ва дигар маводҳо дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Декабри соли 2012, 12(41))

Боз як шумораи навбатии маҷаллаи «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» барои моҳи декабр пешниҳоди хонандагони гиромӣ гардид. Дар гӯшаи “Президент” суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷой дода шудааст. Дар ин шумораи маҷалла хонандагон имкон доранд фикру андешаҳо ва мақолаҳои мутахассисони соҳаро таҳти сарлавҳаҳои “Устувории молиявӣ асоси пойдории давлат”, ”Воридшавии Тоҷикистон ба СУС рӯйдоди таърихӣ”, “Тартиби пешниҳоди қарз”, “Ипотекаи баръакс”, “Иқтисодиёти ҷаҳон дар соли 2012”, “Дурнамои ҳамгироии Авросиё” ва дигарро мутолиа намоянд. Ҳамчунин, таҳти гӯшаи “нигоҳе ба сол” хонандагони муҳтарам метавонанд нуқтаи назари мутахассисони бонкҳои ҷумҳуриро оид ба дастовардҳои низоми бонкӣ, низоми пардохт ва вазъи макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2012 бархурдор шаванд. Илова бар ин, дар маҷалла шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо, қурби асъорҳо, ахбору навгониҳо, шарҳи ВАО ва рӯйдодҳои муҳими моҳ дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Сентябри соли 2012, №9 (38))

Шумораи тозанашри маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” дастраси хонандагони гиромиқадр гардид. Дар ибтидо Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 21 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Дар қисмати маводҳои соҳавӣ чун анъана шарҳи макроиқтисодӣ, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, нархи миёнаи маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо, қурби асъорҳо пешниҳоди хонандагон гардидаанд. Дар қисмати маводҳои таҳлилӣ мақолаҳои мутахассисони соҳа дар мавзуъҳои “Ақл аз болои нафс пирӯз гашт (бахшида ба Истиқлолият)”, “Истиқлолият ташаккули низоми бонкиро фароҳам овард”, ”Механизми танзим ва таъмини рушди устувори кишоварзӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ”, “Моҳияти иқтисодии сиёсати фоизии қарздиҳии бонкӣ дар шароити бозор”, манзури хонандагони маҷалла шуданд. Дар интиҳои шумора ахбору навгониҳо, шарҳи ВАО, дастурамал ва рӯйдодҳои муҳими моҳ дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Августи соли 2012)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи август ба табъ расид. Дар оғози маҷалла Паёми табрикии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр ҷой дода шудааст. Дар гӯшаи “Мусоҳиба ” - суҳбати ихтисосӣ бо Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи макроиқтисодии мамлакат манзури хонандагон гардидааст. Дар қисмати маводи соҳавӣ чун анъана шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, нархи миёнаи маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо ва қурби асъорҳо ҷойгир шудаанд. Дар бахши навбатӣ андешаҳо ва мақолаҳо таҳти унвонҳои “Муваффақияти мизоҷон – комёбии мост”, “Падидаи нави истиқлолият дар ҷомеа”, “Тарзи таҳлили вазъи молиявии корхона”, “Дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ”, ”Нақши Вазорати энергетика ва саноат дар рушди иқтисодии мамлакат”, ”Ҳавзаи Аврупо дар чорроҳаи иқтисодӣ”, “Ибни Ҳалдун ва афкори иқтисодии ӯ ” ва “Афзоиш ва ё коҳиши нарх дар бозорҳо” манзури хонандагони маҷалла шудаанд.Дар фарҷоми шумора ахбору навгониҳо, шарҳи ВАО-и ҷаҳон роҷеъ ба иқтисодиёти олам , дастурамал ва рӯйдодҳои муҳими моҳ дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Июли соли 2012)

Боз як шумораи навбатии маҷаллаи «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» манзури хонандагон гардонида шуд. Таҳти унвони “Президент” Паёми табрикии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҷой дода шудааст. Дар қисмати маводи соҳавӣ шарҳи монетарӣ, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, нархи миёнаи маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ, фаъолияти низоми бонкӣ, ҳисоботи бонкҳо, қурби асъорҳо ба нашр расидааст. Инчунин, хонандагон дар гӯшаи “мусоҳиба” имкон доранд аз суҳбати ихтисосии хабарнигорони маҷалла оид ба паҳлуҳои гуногуни мубрами иқтисодӣ бо Мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Наврӯз Валиев “Низоми бонкӣ рушд меёбад”ва бо доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Х. Муҳаббатов таҳти сарлавҳаи “Тоҷикистон дорои сарватҳои бебаҳост” баҳравар шаванд. Дар маҷаллаи тозанашр хонандагон имкон доранд фикру андешаҳои ҷолиб ва мақолаҳои пурмазмуни мутахассисони соҳаро дар мавзуъҳои “Ташхиси пулҳои аслияташон шубҳанок”, ”Мавқеи қарз дар пешрафти иқтисодии ҷомеа”, “Ганҷинаи Ғозӣ Малик” мутолиа намоянд. Илова бар ин, ахбору навгониҳо, шарҳи ВАО, дастурамал ва рӯйдодҳои муҳими моҳ, ки дар маҷмуъ ба масъалаҳои бонкию иқтисодӣ бахшида шудаанд, дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Июни соли 2012)

Шумораи навбатии маҷаллаи «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» барои моҳи июн ба табъ расид. Дар гӯшаи “Ҷашни ваҳдат” мақолаҳои мутахассисон оид ба ваҳдати миллӣ таҳти сарлавҳаи “Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ” ҷой дода шудааст. Дар қисмати маводҳои соҳавӣ шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, нархи миёнаи маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо, қурби асъорҳо пешниҳоди хонандагон гардидааст. Ҳамчунин, хонандагони маҷалла имкон доранд фикру андешаҳои тоза ва мақолаҳои пурмазмуни мутахассисони соҳаро дар мавзӯъҳои Танзими пули нақд ва таъсири он ба ҳаҷми пул, Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, Хусусиятҳои пули миллӣ, мутолиа намоянд. Илова бар ин ахбору навгониҳо, шарҳи ВАО, дастурамал ва рӯйдодҳои муҳими моҳ, ки дар маҷмӯъ масъалаҳои бонкию иқтисодиро дар бар мегиранд, дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

"Бонкдорӣ дар Тоҷикистон" (Майи соли 2012)

Шумораи навбатии маҷаллаи «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» бо Паёми Сарвари давлат оғоз гашта, ба ифтихори Рӯзи ғалаба бахшида шудааст. Дар бахши маводи соҳавӣ таҳти унвони иқтисодиёт ва низоми бонкӣ шарҳи макроиқтисодӣ ва монетарӣ, вазъи нишондиҳандаҳои оморию бонкии кишвар дар соли 2011, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нархи миёнаи маҳсулот дар ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо ва қурби асъорҳо дарҷ гардидааст. Дар гӯшаи навбатии «Аз Паём то Паём» андешаву афкори сардорони бонкҳои тиҷоратӣ оид ба Паёми Сарвари давлат ба Парлумони кишвар ва то чӣ андоза дар амал татбиқ гаштани он ҷой дода шудааст. Мусоҳибаҳо бо роҳбарони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҶСП «Фононбонк» дар қисмати дигари маҷалла ба табъ расиданд. Илова бар ин, дар ин шумора нуқтаи назар ва мақолаҳои мутахассисон дар мавзӯъҳои «Пул ва мавқеи он дар иқтисодиёт», «Ҳадафи стратегии кишвар - таъмини истиқлолияти энергетикӣ», тозатарин ахбору навгониҳо, дастурамал, шарҳи ВАО – и ҷаҳон ва ҳамчунин рӯйдодҳои муҳими моҳи май ба нашр расиданд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Феврали соли 2012)

Инак, боз як шумораи нави маҷаллаи «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» (№2(31) ба нашр расид. Шумораи тозанашр аз 12 гӯша иборат буда, дар саҳифаи аввали он Паёми табрикотии Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 19 –умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.

Дар қисмати нигоришҳои соҳавӣ зери унвони «Иқтисодиёт ва низоми бонкӣ» мақолаҳои таҳлилию иттилоотии ҷолибу хонданибоб оид ба ҷамъбасти солонаи шарҳи рушди низоми бонкӣ дар соли 2011, тавозуни пардохт дар 9 моҳи соли 2011, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нархи миёнаи маҳсулот дар ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо ва қурби асъорҳо ба хонандагони гиромӣ пешниҳод гардидаанд.

Мусоҳибаҳои хабарнигорони маҷалла бо Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия И. Талбаков оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттифоқҳои қарзӣ» таҳти сарлавҳаи “Иттифокҳои қарзӣ захираҳои зиёди қарзии арзонро ҷалб мекунад”, бо роҳбари маҷаллаҳои бритониёии “The Banker” ва “FDI” Филипп Александр “Низоми бонкӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст” ва бознашри мусоҳибаи хабарнигори “Озодӣ” бо раиси Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров бо номи «Ояндаро имрӯз бояд сохт» дар гӯшаи навбатӣ ба табъ расиданд.

Ҳамчунин, хонандагони муҳтарами маҷалла имкон доранд фикру андешаҳои тоза ва мақолаҳои пурмазмуни мутахассисони соҳаро дар мавзӯъҳои “Бонкдории мобилӣ”, “Рушди маблағгузории хурд – заминаи асосии некӯаҳволии мардум”, “Нигоҳе ба вижагиҳои бонкдории исломӣ”, “Эҳтироми пули миллӣ - эҳтироми миллат аст”, илова бар ин, тозатарин ахбору навгониҳо, дастурамал ва рӯйдодҳои муҳими моҳ, ки дар маҷмуъ масоили бонкию иқтисодиро дар бар мегиранд, мутолиа намоянд. 


Хадамоти матбуоти 

БМТ

Маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (январи соли 2012)

Шумораи моҳи январи соли ҷории маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” ба нашр расид. Ин дафъа он аз 16 гӯша иборат буда, дар саҳифаи аввал чун анъана суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012 ҷой дода шудааст. Дар гӯшаи баъдӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Ширинов А. ва дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Неъматов А. дарҷ гардидааст. 

Дар бахши маводи соҳавӣ таҳти унвони “Иқтисодиёт ва низоми бонкӣ” шарҳи монетарӣ, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нархи миёнаи маҳсулот дар ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо, феҳристи ташкилотҳо ва қурби асъорҳо ба нашр расидаанд. 

Дар гӯшаи навбатӣ гузориш аз нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти низоми бонкии кишвар дар соли 2011 пешкаши хонандагон гардонида шудааст. 

Дар гӯшаҳои минбаъда мусоҳибаҳои хабарнигорони маҷалла бо мутахассисони соҳаи бонкӣ, андешаву назар ва мақолаҳои мутахассисон, инчунин тозатарин ахбору навгониҳо, ки дар маҷмуъ масъалаҳои бонкию иқтисодиро дар бар мегиранд, ҷой дода шудаанд. 


Хадамоти матбуоти
БМТ

Маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (декабри соли 2011)

Паёми шодбошии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2012-уми мелодӣ оғозбахши шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” мебошад. Хонандагон дар гӯшаи “мусоҳиба” имкон доранд аз суҳбати ихтисосии хабарнигори радиои “Озодӣ” бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода оид ба паҳлӯҳои гуногуни низоми бонкии кишвар ва баъзе масъалаҳои мубрами иқтисодӣ бархурдор шаванд. Инчунин, онҳо метавонанд мусоҳибаи хабарнигори маҷаллаи “БТ”- ро бо Директори Департаменти сиёсати пулии БМТ М. Ташрифов дар мавзӯи “Таъсири сиёсати пулӣ дар рушди иқтисодиёт” мутолиа намоянд.

         Дар гӯшаи “Нигоҳе ба сол” хотироти намояндагони муассисаҳои молии кишвар ва кормандони Бонки миллӣ дар пасманзари рӯйдодҳои сол матраҳ шудааст. Дар бахши навиштаҳои соҳавӣ зери унвони “Иқтисодиёт ва низоми бонкӣ” шарҳи макроиқтисодӣ, нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нархи миёнаи маҳсулот дар ҷумҳурӣ, қурби асъорҳо манзури хонандагон гардидаанд.

     Илова бар ин, дар ин шумора андешаву назар ва мақолаҳои пурмазмуни мутахассисон дар мавзӯъҳои соҳибкорӣ, тангаҳои хотиравӣ, таъсиси Маркази протсессингии миллӣ, усулҳои таҳлили сандуқи қарзӣ, мушкилот ва имкониятҳои инкишофи Бюрои иттилоотии таърихи қарзҳо, Иттиҳоди Аврупо ва бӯҳрони қарзӣ, тозатарин ахбору навгониҳо, дастурамал ва ҳамчунин руйдодҳои муҳими соли 2011 ба нашр расидаанд. 


Хадамоти матбуоти
БМТ

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Сатҳи таваррум %
  • graphic

  • СУОЛИ РӮЗ

    Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?







      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Барои нигоҳ доштани маблағҳои иловагии худ, бештар аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
      1. дар ташкилотҳои қарзӣ – ҳамчун пасандоз
        1041 (37%)
      2. чи гуна маблағи иловагӣ? – аз маошам маблағи изофагӣ намемонад
        994 (36%)
      3. дар хона, таги болишт - усули аз ҳама боэътимод
        538 (19%)
      4. нигоҳдорӣ чи лозим? – ҳаёт бо ҳаловат ширин аст
        219 (8%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ