Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Муқаддасоти Ватан

Шахсиятҳои таърихӣ


Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ – риёзидон ва ситорашиноси номвари тоҷик

Абумахмуди Хучанди.jpgБа шарафи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ номгузорӣ шудани боғи зебову замонавие дар шаҳри бостонии Хуҷанд, исми ин донишманди забардасти тоҷикро аз нав зинда кард.

26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маросими ба истифода додани ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки замони зиндагиаш ба давраи ҳукмронии Давлати Сомониён рост меояд, оғоз ёфт.

Муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо баландии 6,5 метр дар даромадгоҳи боғ қомат афрохта, дар паҳлӯи он ҳамчунин ихтирои дастгоҳи нуҷумии ин мунаҷҷими барҷастаи тоҷик - «Устурлоб» сохта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз ном ва корномаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар доираи илмӣ боқӣ монда, мардуми оддии кишвар дар бораи ин олим ва донишманди забардаст маълумоти кофӣ надоштанд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки ба шарафи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ номгузорӣ шудани боғи зебову замонавие дар шаҳри бостонии Хуҷанд, исми ин донишманди забардасти тоҷикро аз нав зинда кард.

Дар ин росто, барои шинохти бештари шахсият ва корномаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мутолиаи матлаби нигоштаи Абдулманнони Насриддин ба манфиат хоҳад буд.

Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ дар замоне рӯзгор ба сар бурд, ки ба шарофати тадбирҳои хирадмандонаи амирони Сомонӣ заминаҳои аслии ривоҷу равнақи илму маърифат муҳайё гардид ва ҳамаи шохаҳои дониш сарсабз ва боровар гардиданд. Дар радифи илмҳои гуманитарӣ рушду тараққиёти беназири илҳои риёзиёт, ситорашиносӣ, ҳандаса, маъданшиносӣ, ҷуғрофия, тиб ба амал омад.

Дар ин давра риёзидонҳо ва ситорашиносони маъруф ҳамчун Абулвафои Бузҷонӣ, Абўсаҳли Кӯҳӣ, Абўсаиди Сиҷзӣ, Абулҳасан Кӯшёри Гелонӣ, Абулаббоси Сарахсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино рўзгор ба сар бурдаанд, ки ҷумлаи онҳо ҳамзамон ва баъзе шогирдони Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мебошанд. Дар радифи ин нобиғагони илм ҷойгоҳи хос пайдо кардан ва эътироф гардидани кашфиётҳои илмии донишманди хуҷандӣ аз мақому манзалати баланди ӯ гувоҳӣ медиҳад.

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ баъди омӯзиши ибтидоии дониш дар Хуҷанд ва азхуд кардани илмҳои асосии он аҳд дар марказҳои маъмули илмии замони худ – Самарқанд, Бухоро, Хоразм, Нишопур, Бағдод, Рай маҷлисҳои илмӣ доир кард, бо донишмандон ба мубоҳиса ва кашфи муаммоҳои илмӣ машғул шуд.

Кашфиёти илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз чӣ иборат аст ва кадом фазилатҳои ӯ боис гардида, ки донишмандони таърихи илм бо эҳтирому иродати бисёр номи ин алломаро ба забон меоранд ва дар китобу рисолаҳо менависанд: 1. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар фанни расадбандӣ ва сохта- ни расадхона (обсерватория) кашфиёти нав ба майдон овард. Ӯ монанди ситорашиносони дигар ба дастовардҳои мунаҷҷимони гузашта қаноат ҳосил накард. Ҷустуҷӯҳои пайвастааш ӯро ба он натиҷа овард, ки дар шаҳри Рай дар болои кӯҳи Таборак, ки наздикии ин шаҳри қадима (имрӯз қисмати ҷанубии Теҳрон) расадхонае бунёд намояд ва дар он ҷо олату василаи таҳқиқи ҷирмҳои осмониро ба номи «Судси Фахрӣ» насб намояд.

«Судси Фахрӣ» дертар дар илми ситорашиносии Аврупо бо номи «секстант» маъруф гардид. Азбаски расадхона бо сарпарастии амир Фахруддавла (солҳои ҳукмрониаш 976-997-уми мелодӣ) бунёд ёфта буд, олати асосии астрономии он «Судси Фахрӣ» ном гирифт. «Судси Фахрӣ» дар шакли доираи камонӣ сохта шуд, ки қутри он баробари 80 зироъ (тақрибан 40 метр) буд. Дар ин бора Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ чунин навиштааст: «Баландии нисфирӯзии офтобро дар Рай ба соли сесаду ҳаштоду чаҳори ҳиҷрӣ ё сесаду шасту сеи яздигурдӣ бо олате, ки ихтирои ман аст, мушоҳида намудем. Он камонӣ доираест, ки қутри он ба 80 зироъ баробар аст ва ман онро «Судси Фахрӣ» номидам, чун он ба шашяки доираи нисфун-наҳор мувофиқ аст. Мушоҳида дар шоҳидии гуруҳи уламо гузашт, ки номи онҳо ба феҳристе гирифта шуд ва ҳар яке имзо гузоштанд» (Абдуллозода Х.Ф., Негматов Н.Н., Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ.-Душанбе, 1986, саҳ.85).

Расадхонаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ тақрибан дар як вақт бо расадхонаи машҳури Бағдод сохта шудааст (расадхонаи Бағдод соли 987-ум ба кор шуруъ кардааст). Дар Бағдод таҳти роҳбарии Абӯсаҳли Кӯҳӣ ба наззораву таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ машғул буданд. Он расадхонаро Шарафуддавла ибни Азудуддавла, ки низ аз амирони Оли Бӯя буд, сарпарастӣ мекард. Аммо расадхонаи Рай бино бар олати нодири астрономии худ «Судси Фахрӣ» шуҳрат ва эътибори бештар пайдо кард. Донишмандони замони мо муайян кардаанд, «Зичи Фахрӣ», ки мураттиби он Абӯмаҳмуди Хуҷандист, аз лиҳози андозагирӣ ва таҳқиқоти илмӣ хеле саҳеҳ мебошад. Аз ҳамин сабаб «Судси Фахрӣ» дар байни донишмандон нуфузу эътибори зиёд пайдо кард.

Эҳтимол, шуҳрати ин олати нодир дар кишварҳои машриқзамин бошад, ки охирҳои асри Х тақдир Абӯрайҳони Берунии ҷавонро ба шаҳри Рай овард ва ў бо Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва ихтирои ӯ «Судси Фахрӣ» аз наздик шинос шуда, баъдан дар асари хеш «Таҳдиду ниҳоёт ал-амокин литасҳеҳи масофот ал- масокин» Абўмаҳмудро «ягонаи асри хеш дар санъати устурлоб ва олоти нуҷумӣ» номидааст. Берунӣ яке аз рисолаҳои кӯчаки хеш «Ҳикояту ал-олат-ул-мусаммо ас-судс-ул-фахрӣ»-ро маҳз ба сохти «Судси Фахрӣ» бахшида, аз Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ чун аз устодаш ёдовар шудааст.

Андозаи «Судси Фахрӣ» ва кайфияти андозагирӣ бо он дар муддати кӯтоҳ диққати кулли мунаҷҷимон ва ҳатто риёзидонони маъруфи машриқзаминро дар ҳайрат гузошта, ба худ ҷалб кард. Зеро олати сохтаи олим аз тоифаи олоти маъмулӣ набуд. Чӣ сабаб шуд, ки Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ чунин олати азимро ихтироъ кард? Бояд зикр кард, ки то ихтирои «Судси Фахрӣ» олоти дигар ба монанди квадрант (рубъи деворӣ), устурлоб, сфераи армиллярӣ (зот-ул-ҳилақ - айнан «дорандаи ҳалқаҳо»), миқёс (гномон) ва ғайра мавҷуд буданд. Тарзи кори аксари онҳо ба мушоҳидаи аёнии (визуалӣ) ҷирмҳои осмонӣ асос ёфтаанд. Маълум аст, ки саҳеҳии ченкуниҳо аз андозаи олот вобаста аст, яъне чӣ қадаре ки қутри канора (зеҳи зовиясанҷ) калон бошад, ҳамон қадар аломатҳои дараҷот дақиқтар дараҷабандӣ мешаванд. Саҳеҳии тақсимоти канораи рубъи девории қутраш то 5 метр аз 1‘ ва сфераи армиллярӣ аз 15‘-30‘ боло набуд.

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар мушоҳидаи хеш усули наверо мавриди истифода қарор дод: Офтоб бо чашм мушоҳида нашуда, балки нури он аз сақфи қисми болои олат гузашта ба камони азими зеризаминии дараҷабандишуда мерасид ва мушоҳидакунанда ҳолати онро сабт мекард. Агар то ихтирои «Судси Фахрӣ» саҳеҳии зовиясанҷӣ дараҷаю дақиқаҳо буданд, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ онро то ба сонияҳо расонид. «Судси Фахрӣ» олоти манқул (ба монанди устурлоб, зот-ул- ҳилақ ва ғайра) набуда, балки сурати бинои азимеро дошт. Сохтани вай аз муайян кардани хатти нисф-ун-наҳор оғоз мешавад.

«Судси Фахрӣ» тўли ҳафт аср яке аз олоти асосии расадхонаҳои кишварҳои машриқзамин ба шумор мерафт. Дар расадхонаи Самарқанд (замони Мирзо Улуғбек), ки андозаи олоти судси он аз «Судси Фахрӣ»-и расадхонаи Таборак тақрибан ду баробар бузург буд, ба ҷои лавҳаҳои мисии дараҷабандишуда, тахтасангҳои мармарии дараҷабандишуда васл шуда, барои роҳгардӣ аз ду тарафи он зинаҳо сохта буданд. Бино ба маълумоти Ҷамшеди Кошонӣ, яке аз олоти асосии расадхонаи Мароға (асри ХIII) низ «Судси Фахрӣ» будааст. Дар ҳамон аср дар Пекин (маркази Чин) расадхонае бино шуда, ки дар он шогирди Насируддини Тӯсӣ – Ҷамолиддини Бухороӣ низ фаъолият дошт. Дар қатори олоти расадии он секстант («Судси Фахрӣ») низ буд. Охири асри ХVII – ибтидои асри ХVIII асосгузори шаҳри Ҷайпур Савои Ҷайасимхи (1686-1743) суннатҳои илмии Самарқандро идома дода, дар Ҷайпур, Деҳлӣ, Банорас, Муттра ва Уҷҷайн панҷ расадхона бино кардааст. Дар қатори олоти мушоҳидавии расадхонаи Ҷайпур на танҳо «Судси Фахрӣ», балки олати шомила (аз ихтирооти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ) низ мавҷуд буд.

Олими забардаст аз ҷумлаи аввалин мунаҷҷимони Шарқи исломӣ аст, ки дар асоси муқоисаи расади хеш бо натиҷаҳои расади донишмандони гузашта муқаррар намудааст, ки қимати тамоили фалак-ул-буруҷ бар муаддил-ун-наҳор доимӣ набуда, бал ки бо гузашти айём тағйир хоҳад ёфт. Ба таъбири В.А.Шишкин «Судси Фахрӣ» то ихтирои телескоп аз ҷониби Г.Галилей (соли 1610) беҳтарин олати ситорашиносӣ ба ҳисоб мерафт.

2. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ғайр аз ихтирои «Судси Фахрӣ» дар такмил ва азнавсозии василаву олатҳои дигари астрономӣ низ хидматҳои муҳим анҷом додааст. Аз ҷумлаи онҳо олати шомила ва зот-ул-ҳилақ мебошад, ки татбиқ ва истифодаи васеъ доштанд. Бисёре аз ситорашиносони асрҳои баъдина мисли донишманди испаниягӣ Иброҳим аз-Зарқолӣ, Хоҷа Насируддини Тўсӣ, Fиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ, Мирзо Улуғбеки Кӯрагонӣ аз онҳо истифода кардаанд. Чунон ки зикраш гузашт, Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ихтироъкунандаи на танҳо секстант, балки чандин олоти дигари нуҷумӣ буд. Яке аз онҳо ба ном устурлоби «зарқола» буд. Фарқи ин олат аз устурлобҳои маъмули асрҳои миёна дар он аст, ки он дорои «сафиҳаи зарқола» буда, барои ҳама уфуқҳо, яъне дар ҳамаи арзҳои маҳал истифодашаванда буд, ҳол он ки дар устурлобҳои маъмулӣ, барои ҳар як арзи ҷуғрофии маҳал сафиҳаи алоҳида лозим буд, яъне ҳамон як устурлоб дорои якчанд сафиҳа буд.

3. Кашфиёти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар илмҳои риёзиёт ва ҳандаса (математика ва геометрия) низ шуҳрат доранд. Донишмандони риёзиёт муайян кардаанд, ки дар ҳалли яке аз теоремаҳои математикӣ, ки дертар бо номи «Теоремаи бузурги Ферма» шинохта шуд, мушоҳидаву натиҷаҳои бадастовардаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бағоят ҷолиб аст. Моҳияти ин теоремаро донишманди франсавӣ Пйэр Ферма (1601-1665) таҳқиқ ва муайян кард. Бино бар ин, ҳам бо номи «Теоремаи Ферма» шуҳрат ёфт. Аслу моҳияти ин теоремаро 600 сол пештар аз ў Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар рисолаи махсуси риёзии худ дарк карда, ҳаллу фасл намуда буд. Дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд М.Мирзоаҳмадов бар он ақида аст, ки бояд ин теорема «Ҳомид-Ферма» номида шавад (Великие мыслители. Абумахмуд Худжанди, Умар Хайям, Худжанд, 2004, стр.15). Теоремаи Фермаро бо истилоҳи «қазияи синусҳо дар му- салласоти куравӣ» низ ифода мекунанд. Исботи қазияаи синусҳо дар мусалласоти куравӣ дар охири асри Х яке аз комёбиҳои муҳими донишмандони машриқзамин ба ҳисоб меравад. Таърифи ин қазияа чунин аст: «Дар мусалласи куравии дилхоҳ нисбати тарафи дилхоҳ ва кунҷи муқобил доимӣ аст» ё худ, ба гуфтаи Ибни Ироқ, «ҳар гоҳ дар сатҳи кура мусалласе бошад, ки азлои (қавсҳои) он мутааллиқ ба доираҳои азима бошад, ҷайбҳои ин азлоъ бо ҷайбҳои завоёи рӯ ба рӯи онҳо мутаносибанд».

Барои донистани моҳияти кашфиётҳои Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар илми риёзиёт ба ёд овардан кифоя аст, ки дар асри ХVII барои исбот кардани теоремаи Ферма ба миқдори сад ҳазор маркаи олмонӣ мукофот таъин карда буданд. Ин миқдор мукофоти пулӣ барои асри ХVII, ки қурби маркаи олмонӣ хеле баланд буд, беназир аст. Соли 1994 профессори Донишгоҳи Принстони Амрико Эндрю Уайлз моҳияти илмии ин теоремаро исбот кард ва соли 1998 дар Конгресси ҷаҳонии математикҳо (Берлин) дар ҳузури бузургтарин математикҳо таҳлил ва баён намуд. Дар анҷоми ин кашфиёти ҷаҳонӣ Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ низ саҳми муайяни худро ҳазор сол пеш аз рўзгори мо гузоштааст. Барои донишмандон ва миқдоре аз алоқамандони таърихи илм пўшида нест, ки бисёре аз осори илмию адабии асрҳои IХ-ХII дар натиҷаи тохтутози хонумонсўзи Чингизхон ва ҷангҳои дигари дохилӣ аз байн рафтанд. Осори илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ низ аз ин офат барканор набуд.

Қисме аз рисолаҳои илмӣ ва расадхонаи ӯ бар асари ҳодисоти таърихӣ талаф шудаанд. Хушбахтона, баъзе рисолаҳои ӯ дар китобхонаҳо ва ганҷинаи дастхатҳои нодири шаҳрҳои Истамбул (ганҷинаи Тӯпқописарой), Оксфорд (Китобхонаи Бодлеан), Бейрут (ганҷинаи дастхатҳо), Париж (Китобхонаи миллӣ), Қоҳира (Китобхонаи Хидевийя) ва Теҳрон (Китобхонаи Маҷлис) нигаҳдорӣ мешаванд. Эҳтимол дорад, дар ганҷинаи китобҳои хаттии мамлакатҳои дигар низ асарҳои Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ маҳфуз бошанд. Умедворем, ҷустуҷӯҳои ояндаи илмӣ саҳифаҳои нави корномаи эҷодии ин донишманди бузургро равшан хоҳад кард.

Дар масъалаи омӯзиш ва интишори осори Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ хидмати олимони шинохтаи ҷаҳони имрўза ба монанди Ҳ.Сутер, Ҷ.Самсо, А.Браунмул, К.Броккелман, О.Шумер, Ф.Вёпке, А.Кеннеди, Г.П.Матвиевская, Б.А.Розенфелд, М.М.Рожанская ва дигарон зиёд аст. Аз донишмандони эронӣ Абулқосими Қурбонӣ дар китоби «Риёзидонони эронӣ аз Хоразмӣ то Ибни Сино» (Теҳрон,1972) ва Муҳаммад Боқирӣ дар китоби «Аз Самарқанд ба Кошон» (Теҳрон,1997) аз олимони тоҷик Н.Неъматов ва Х.Абдуллозода дар китоби «Абумахмуд Худжанди» (ба забони русӣ.-Душанбе, 1986), Мавлон Мирзоаҳмадов дар рисолаи «Великие мыслители. Абў Махмуд Худжанди, Умар Хайям» (ба забони русӣ, Хуҷанд, 2004) дар бораи аҳволу осори ин риёзидон ва мунаҷҷими барҷаста маълумот додаанд.

Нуктаи бисёр ҷолиб ва арзишманди дигар он аст, ки муаллифони энсиклопедияҳои муътабари илмӣ дар ҷаҳони муосир ба шахсият ва мероси илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд. Дар китоби «Thе еncyclopaеdia of islam» (Энсиклопедияи ислом), ки зери таҳрири К.Босфорт, Е ван Донзен, Б.Левис ва Ч.Пеллат дар Лейден нашр шудааст (ҷилди 7,саҳ.46- 47), расадхонаи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро ҳамчун марҳилаи нави бунёди обсерватория дар тамаддуни инсонӣ муаррифӣ карда, дар бораи моҳияти рисолаҳои илмии ин донишманд маълумоти дақиқи илмӣ додаанд. Муаллифи мақолаи «Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ» дар ин энсиклопедия олими испанӣ Ҷ.Самсо мебошад. Ин донишманд дар поёни мақолааш бо ҳифзи амонати илмӣ аз китобу мақолаҳои Ҷ.Сутер, И.Сезгин, П.Кунтич, Ҷ.Сартон, С.Текели, А.Седиллот, О.Шумер, Е.Вейдеман, Ҷ.Франк, А.Сайили ва олимони дигар ёд кардааст, ки эшон доир ба фаъолияти илмии донишманди хуҷандӣ корҳои илмӣ анҷом додаанд. Осори бисёре аз номбаршудагон дар китобҳои таълифшуда дар Тоҷикистону Россия ба назар намерасад. Ин санад далели он аст, ки дар кишварҳои ғарбӣ таваҷҷуҳ ба осори Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ рӯзафзун аст. Бояд тазаккур дод, ки китоби муътабари «Энсиклопедияи ислом» аз тариқи интишороти Е.Ҷ.Брилл ба табъ расидааст. Ин интишорот обрӯмандтарин муассисаи илмӣ дар ховаршиносии ҷаҳонӣ мебошад.

Донишманди мумтози эронӣ Алиакбари Деҳхудо дар «Луғатнома» дар васфи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ чунин навиштааст: «Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ, муканнно ба «Абӯмаҳмуд» аз бузургони уламои риёзӣ ва расад, муосири Фахруддавлаи Дайламӣ вай дар мусалласоти мустақима ва куравия татаббуот дошта…» (Луғатнома, ҷилди 5, саҳ.7532).

Мо ин ҷо танҳо иттилооти фароҳамовардаи ду китоби муътамад ва маъруфро дар бораи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ зикр кардем. Дар донишнома ва китобҳои ҷомеи дигар низ бо диққати илмӣ аз хусуси мақомоту неруи ақлии ин донишманди нобиға сухан рондаанд. Хулосаву далелҳои болоӣ имконият медиҳанд, ба натиҷа бирасем, ки дар ҷаҳони муосир омўзиши ҳамаҷонибаи мероси илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба марҳилаи нав ворид шудааст.

Сарчашма: www.president.tj ва www.khujand.tj


x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ