Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Муқаддасоти Ватан

Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳӣ

Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2018 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.  

Бино ба таъкиди Сарвари давлат, сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд.

Пас аз Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда қайд менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг аз ҷумла ёдгории таърихӣ мебошад ва ин мўҳтаво дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқаррар шудааст.

Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм, ки яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 21 сентябри соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнўъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Баъдан бо дастгирӣ ва супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои 2004-2008 5 иншооти ёдгорӣ бо маблағи 1,3 млн сомонӣ болопўш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд ва ҳангоми ташрифи худ ба Саразми бостонӣ солҳои 2003 ва 2005, ба ин шаҳри қадима чунин баҳо доданд: «Саразм-хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик мебошад».

Ин иқдоми нек ва хирадмандонаи Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки аз тамаддуне, ки ҳануз дар ҳазорсолаи IV-III қабл аз мелод саразмиёни бостон ба мо тоҷикон мерос гузоштаанд, баҳрабардорӣ намуда, дар ҳазорсолаи III мелодӣ аз пайи боло бурдани эътибору нуфузи иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон бошем.    

Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як нишонаи бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.

Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм ганҷинаи миллии мероси халқи тоҷик мебошад. 31-июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи Мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил шуд.


Саразм - 5500 солагии шаҳри бостонӣ

Боғи миллии Тоҷикистон

national_park of Tajikistan.jpgБоғи миллии Тоҷикистон — ҳудуди табиии ҳифзшавандаи Тоҷикистон, ки соли 2013 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шудааст.

Бо Қарори Девони Вазирони ҶТ 20.06.1992 дар масоҳати 1,2 млн. га таъсис ёфта, аз 11.06. 2001, № 253 бо Қарори Ҳукумати ҶТ ҳудуди он то 2,6 млн. га васеъ карда шуд. Соли 2004 боғ ба Муассисаи давлатии ҳудуди табиии махсус ҳифзшаванда — МД ҲТМҲ табдил ёфта, фаъолияти он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ идора мешавад. Дар Хоруғ, Тавилдара ва Ҷиргатол идораҳои минтақавӣ дорад. Масоҳати умумии боғ 2611674 га буда, 306613 га ҳудуди ноҳияи Тавилдара, 69912 га ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол, 2235000 га ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - навоҳии Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷро фаро гирифтааст. Боғ бо мақсади ҳифзи манзараҳои нодир, анвои камёфту нобудшавандаи олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои табиӣ, ривоҷи сайёҳӣ, истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми маскуни ҳудуди он ташкил ёфтааст.

Дар натиҷаи минтақабандии ҳудуди боғ дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус ҳифзшаванда» мутобиқи корҳои бурдаи экспертҳои Иттиҳоди Байналхалқии Ҳифзи Табиат (ИБҲТ), таҳқиқоти мутахассисони муассисаи ҲТМҲ (бо ширкати олимони АИ ҶТ) ва ғ. ба минтақаҳои зерин ҷудо карда шудааст: минтақаҳои мамнӯъ, истифодабарии анъанавии табиат, истифодабарии хоҷагии маҳдуд, минтақаҳои сайёҳӣ.

Минтақаи мамнӯъ, минтақаи асосии боғ 1165411 га масоҳат дошта, 64,6 дарсади масоҳати умумии боғро ташкил медиҳад ва чанд объекти нодири табииро дар бар мегирад, ки Пиряхи А. Федченко яке аз бузургтарин пиряхҳои олам (дарозиаш 77 км, ғафсиаш 1000м) ва манбаи асосии оби тозаи Осиёи Марказӣ аз он қабил мебошад. Қуллаҳои баландтарини ин силсилаи экологӣ барои таҳқиқоти илмӣ хеле ҷолибанд.

Қарокӯл, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, бо олами набототу ҳайвоноти ғанӣ ва шумораи зиёди эндемикҳо фарқ мекунад. Макони пур аз рустаниҳои гуногуни минтақа чарогоҳи ҳайвоноти сумдори ваҳшӣ буда, ин ҷиҳат қиматашро афзунтар мегардонад. Ин минтақа макони зисти гӯсфанди кӯҳии Марко-Поло (архар), бузи кӯҳӣ (ҷадӣ)-и сибирӣ, хирси барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, намудҳои нодири парандагон-ғози ҳиндӣ, моҳихӯраки сараш малла, мурғи ҳилоли тибетӣ ва ҳимолойӣ мебошад. Нахустватани як қатор зироатҳои муҳим, аз ҷумла, «аҷдод»-и ёбоии зироатҳои имрӯзаи кишоварзӣ, навъҳои ёбоии ба шароити маҳал мутобиқгардида ва навъҳои селексияи мардумӣ мебошад.

Дар Помири Ғарбӣ-минтақаи бадахшонии боғ намудҳои аз ҷиҳати ботаникӣ гуногуни гандуми нарми ҷинси Triticum L. (151 аз 273 намуди маълум), қадимию эндемикии гандуми «резапоя» ва ҳамҷинсҳои ёбоии онҳо мерӯянд, ки дар миқёси олам назир надоранд. Дар ин ҳавза, дар соҳилҳои дарёи Бартанг намудҳои нодиру аз ин пеш номаълуми гандум кашф шудаанд.

Қитъаи Тавилдараи боғ аз ҷиҳати гуногунии дарахтони меваи ёбоӣ ғанист. Мувофиқи маълумоти олимон, дар ин ҷо себи Сиверс (Malussieversii), ноки тоҷикистонӣ (Purus tadjikistanica), ноки бухороӣ (Purus bucharica), чормағзи юнонӣ (Juglans regia), олучаи тоҷикистонӣ (Cerasus tadjikistanica), олуи хонагӣ (Prunus domestica), олуи дарвозӣ (Prunus darvasika), бодоми бухороӣ (Amugdalus bucharica), бодоми Вавилов (Amugdalus vavilovii), дӯлонаи понтӣ (Crataegus pontica), дӯлонаи туркистонӣ (Crataegus turkestanica), дӯлонаи сонгорӣ (Crataegus songorica), дӯлонаи ҳисорӣ (Crataegus hissarica), зирки сиёҳ (Berberis heterobotrus) мерӯянд.

Минтақаи истифодабарии анъанавии табиат 127665 га масоҳат дошта, 4,9 дарсади масоҳати умумии боғро ташкил медиҳад ва асосан, аз чарогоҳҳо иборат аст. Чӯпонони кӯчӣ аз онҳо дар мавсими гармо барои чарондани ҳайвоноти хурд истифода мебаранд. Дар ин ҷойҳо истифодабарии табиат нисбатан маҳдуд буда, таҳти назорати кормандони боғ сурат мегирад, то ба минтақаи асосӣ зиёне нарасад. Дар харитаҳои истифодаи замин ин гуна ҳудудҳо чун чарогоҳ ишорат шудаанд.

Минтақаи истифодабарии хоҷагии маҳдуд 740198 га масоҳат дошта 28,3 дарсади масоҳати умумии боғро ташкил медиҳад. Яшилкӯл бо чарогоҳҳои атрофаш, қитъаи барои сайёҳии шикорӣ ҷудошудаи назди Қарокӯл, қитъаи сабзи соҳили дарёи Бартанг ва шоҳроҳи мошингарди Душанбе — то ба сарҳадди Қирғизистону Хитой мансуби ҳамин минтақаанд. Қисмати барои хоҷагидории аҳолӣ истифодашаванда ба рӯйхати маҳалҳои ҳифзшаванда ворид нагардидааст, зеро ногузир аҳолӣ ба сифати чарогоҳ ё ҷойи ҳезумчинӣ истифода мебарад. Гоҳо дар ин мавзеъ шикори ғанимати архару ҷадӣ сурат мегирад.

Минтақаҳои сайёҳӣ 58400 га масоҳат дошта, 2,2 дарсади масоҳати умумии боғро фаро мегирад. Дар ин ҷо барои ташкили истироҳату сайёҳӣ бунёди нуқтаҳои хизматрасонӣ (ба таври маҳдуд) иҷозати расмӣ дода шудааст. Минтақаи мазкур маҳаллаҳои аҳолинишини атрофи Қарокӯлу Булункӯл, роҳҳои байни онҳоро дар бар гирифтааст. Ба минтақаи серрафтуомади сайёҳон ва хизматрасонии комил табдил ёфтани он дар назар аст.

Гузаргоҳҳои транзитӣ ва экологии дохили боғ ва берун аз он бо мақсади беосебу бехалал маҳфуз доштан ва афзоиш додани ҳайвоноти кӯчии сумдор ва озодона ҳаракат кардани онҳо аз чарогоҳҳои зимистона ба тобистона ва баръакс, гузаргоҳҳои махсуси маҳалҳои будубоши азалии онҳо барқарор дошта мешаванд.

Таснифоти манзаравии боғ чунин аст:

•       чарогоҳҳо (184525 га),

•       буттазорҳо (34528 га),

•       пиряхҳо (282755 га),

•       кӯлҳои калон (Қарокӯл, Сарез, Яшилкӯл — 47960 га),

•       кӯлҳои хурд (4700 га),

•       дарёҳо (5500 га),

•       биёбонҳои яхбастаи баландкӯҳҳо (1.150000),

•       шухҳо ва сангрезаҳо (900786 га),

•       роҳҳои хокии маҳаллӣ (920 га)

дар маҷмӯъ 2611674 гектар боғ ва минтақаҳои дидбонгоҳдоштаи онро нозирони давлатӣ ё кормандони масъули шуъбаҳои дахлдори ҳукумати ноҳияҳо назорат мекунанд.

Шикори ҳайвоноти мамнӯъ ва моҳидории беиҷозат, инчунин, бе рухсат ворид шудан ва ё мошин рондан дар ҳудуди боғ қонуншиканӣ дар ин соҳа ҳисобида мешавад. Дар ҳудуди боғ кормандони он (54 нафар) якҷоя бо олимони АИ ҶТ таҳқиқоти нақшавии солонаи илмӣ ва мониторинги экологӣ мебаранд, ки асосан, аз корҳои пешбурди ҳисобу китоб, қайди ҳолати ҳайвоноти ваҳшӣ, мушоҳидаи фенологии рустаниҳо, таъйини захираҳои ғизои ҳайвонот, қайди ҷараёни паридаравӣ ва бозгашти парандагон ва ғайра иборат аст.

Дар боғ якҷоя бо созмонҳои байналхалқӣ ва ғайридавлатӣ фаъолияти тарғиботию равшаннамоии экологӣ бурда мешавад. Боғ чун озмоишгоҳи бузурги табиӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ беҳтарин манбаъ буда, дар он биологҳо, глятсиологҳо (яхшиносон), метеорологҳо (обуҳавосанҷон), гидрологҳо, геологҳо (заминшиносон), мутахассисони соҳаҳои дигар метавонанд дар самти омӯзиши ҳолати истифодаи мақсаднок ва босамари захираҳои табиӣ дар шароити яхбастагӣ ва хушкии аридии баландкӯҳҳо; таҳқиқи ҷараёни тағйироти силсилаҳои экологии табиӣ таҳти таъсири гармшавии умумии иқлими замин ва ғайра ба дастовардҳои илмии ҷолиб ноил гарданд.

21 июни соли 2013 дар иҷлоси 37-уми Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпени Комбуҷ Боғи миллии Тоҷикистон ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шуд. Ин нахустин мероси табиъии Тоҷикистон дар Феҳристи Мероси Ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Сарчашма:wikipedia.org

Қалъаи Ҳисор

0_6153c_389cef21_xxl.jpg Қалъаи Ҳисор ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дар ноҳияи Ҳисор буда, қисми таркибии  Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор мебошад. Вожаи “ҳисор” арабӣ ва маънояш “диж” ва “қалъа” аст.

Ин қалъа, ки ҳамакнун дар 5 - километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV—XVII мелодӣ — “Ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд.

Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос — Ҳисор — гашт. Кӯҳандижи Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст.

Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст.

Аз макони бекнишин тамоми ноҳияи Ҳисор чун кафи даст ба чашм метобад. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст.

Ривоятҳои таърихӣ

dsc_9144.jpgБаъзеҳо бар он ақидаанд, ки гӯё қалъа дар як шаб бо амри Оллоҳ пайдо шудааст. Аммо, ривоятҳои таърихӣ бунёди онро ба давраи шоҳ Таҳураси Девбанд - писари Ҳушангшоҳ, набераи Сиёмак ва абераи нахустподшоҳи афсонавии давраи Пешдодиён (солҳои 3280- 993 то мелод) медонанд.

Мувофиқи ривоятҳо Таҳмурас дар муборизаи муқобили девҳо бо усули худи онҳо, яъне бо сеҳру ҷоду ғолиб омада, онҳоро маҷбур месозад, ки ин қалъаро бунёд кунанд ва сипас девҳоро ба даруни қалъа банд андохта, аз онҳо ҳарфу хат омӯхта, халқи мулкашро хату савод меомӯзонад.

Инчунин, ривояте доири аз дасти Қаҳқаҳи ҷоду озод кардани Қалъаи Ҳисор аз ҷониби Ҳазрати Алӣ (р) дар эҷодиёти халқ мавҷуд аст.

Ҳангоме, ки кас ба он хоки анбӯҳи дур аз соҳили дарё қомат афрохта назар меандозад, беихтиёр ба хулоса меояд, ки он дарвоқеъ дар асари ягон қувваи фавқуттабиӣ бунёд ёфтааст.

Инчунин, муҳаққиқони алоҳида ба пайдоиши Қалъаи Ҳисор кӯшиши аз назари илми ҳозиразамон наздик шуданро кардаанд.

Олими рус Н.Новгородсев масъалаҳои марбут ба зилзилаи Ҳисорро (23 январи соли 1989) аз назари геологӣ таҳқиқ намуда, дар анҷоми мақолааш (маҷаллаи “Вокруг света, ”соли 1990) менависад: ”Қисмати баландии қалъа дастисохт буда, дар қисмати ҷанубӣ ё табиии он то вақтҳои наздик кӯли чуқуре мавҷуд буд. Қамиш мерусту ҳоло танҳо кӯлмаки хурде аз он нишона мондааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ин кӯл дар танӯри вулқони лойин воқеъ будааст ва бо мурури замон фаъолияти худро қатъ кардааст. Он кӯл аз обҳои нафтии қаъри замин сарчашма мегирифт”.

Аз ин андешаи олим бармеояд, ки хоктӯдаи азими Қалъаи Ҳисор дар натиҷаи зуҳури вулқон ба вуҷуд омадааст ва бо гузашти фосилаи дароз худи воқеаи вулқон аз хотирҳо зудуда гашта, дар боло ва атрофи теппа девору биноҳо бунёд карда шудаанд.

Қалъа ва шаҳри Ҳисор бисёре аз ҳокимони одилу фозил ва покандешу хайрандешро дида, давра ба давра ободу зебо гардидааст.

Экспедитсияи Ҳисор

s1200 (1).jpgҚалъаи Ҳисор, қароргоҳи беки Ҳисор, акси солҳои 1890-1896 пас аз истило шудани Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ дар охири асри XIX шартномаи тобеияти аморати Бухоро, аз ҷумла бекигарии Ҳисор бо империяи Русия муқаррар карда шуд.

Тоҷирон, сайёҳон, олимон, таҳқиқотчиён, мансабдорон ва ҳар биёни Русияву Аврупо дар ҳамаи бекигариву амлокдорӣ ҳуқуқи озо- дона савдо кардану кору таҳқиқот бурданро пайдо намуданд.

Ба аврупоиён ганҷинаи пурасрори Ҳисори Шодмон дар соли 1875 аз ҷониби “Экспедитсияи Ҳисор” маълум гардид. Акнун онҳо ба ин диёр омада, оид ба омӯзишу таҳқиқи растаниву ҳайвонот, обҳои табииву конҳои пурасрор, захираву манбаъҳои зеризаминӣ, сиёсату маданият ва вазъи зиндагии мардуми оддӣ машғул мешуданд.

Яке аз сайёҳони арманӣ В.Марконян, ки дар он солҳо ба Ҳисор меҳмон шуда омадааст, вазъи бади тандурустии аҳолиро ба ҳисоб гирифта, дар хотироташ ин диёрро »водии марг» номидааст.

Сабаб дар он буд, ки ғайр аз мансабдорону бойҳо ба халқи бенаво хизмати тиббӣ расонида намешуд.

Сарҳанг (полковник)-и артиши подшоҳии рус Д.Н.Логофет, ки дар соли 1880 дар Ҳисор буд, вазъи мураккаби ҳаёти мардумро бо камоли таассуф ба қалам медиҳад: “Дар он солҳо дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон корҳои таҳқиқотӣ бурда, мо аз бисёр сокинон хабарҳои наву тозаро борҳо мешунидем. Арзу шикояти беҳисоб ба шахсияти бекҳо, инчунин ба хизматчиёни поёнӣ гувоҳи ин буданд, ки дар бораи сар задани шӯришҳои нави халқӣ дар бекигарӣ кушоду равшан гап мезаданд». (“Административное устройство Гиссарского бекства”, Туркестанские ведомости, 1880, №112).

Ин таҳқиқотчии кунҷков ва закӣ дар ҷои дигар, дар асараш “В горах и на равнинах Бухары” (“Дар кӯҳҳо ва водиҳои Бухоро”, СПб.1913 саҳ.479) менависад:

“Осори гулӯлаҳои тӯп, ки деворҳоро хароб кардаанд ва дар табақаҳои ғафси дарвоза сӯрохиҳои калонро гузоштаанд, баёнгари безабони онанд, ки Қалъаи Ҳисор чандин маротиба дучори муҳосираю ҳуҷум гардидааст”.

Тибқи шаҳодати ин афсари подшоҳии рус атрофи шаҳри Ҳисорро қӯрғони азими даҳкилометра бо чор бурҷи дидбонгоҳдор иҳота карда буданд, ки панҷ дарвоза дошт: “Хоки сафед”, ”Чангоб”, ”Чашмаи моҳиён”, ”Шаккарӣ” ва “Обдузд”.

Перомуни дарвозаҳои шаҳри Ҳисор ҳаминро бояд хотирнишон сохт, ки меъмории ин дарвозахонаҳо ба мисли дарвозаҳои имрӯзаи баъзе аҳрҳои олам гумбазшакл буда, аз масолеҳи мустаҳками хишти пухтаву санг сохта, бо усули биносозии шарқӣ қомат афрохтаанд. Онҳоро мири шабон ва дарвозабонон муҳофизат мекарданду одамонро тафтиш ва иҷозаи воридшавӣ медоданд.

Мутаасифона, ҳоло аз ин дарвозаҳо танҳо номашон боқӣ мондаву онҳоро майдонҳои пахтазор ишғол кардаанд.

Маълумоти олим В.Л.Литвинов.

hissor.jpgТибқи маълумоти олим ва афсари артиши подшоҳии рус В.Л.Литвинов, ки соли 1910 гузораш ба Ҳисор афтода, ба ҳусну таровати ин диёри афсонавӣ, хусусан Қалъаи Ҳисор мафтун шуда буд, дар мақолааш “Очерки Гиссарского края” (рӯзномаи “Туркестанские ведомости”, 19-октябри соли 1910) чунин навиштааст:

“Тоҷикон барои сохтмони болохона ва меҳмонхона, албатта, ҷои баландтаринро интихоб менамоянд, ки аз он уфуқи дуртаринро ҳам дидан мумкин бошад. Дар ин бобат иртифоти Қалъаи Ҳисор бо қасри қӯшбегӣ олӣ мебошад. Аз ин фароз тамоми қалъа, шаҳр, девори атрофи он, дидбонгоҳ, ҷараёни Дарёи Чангоб (Хонақоҳ), қисмати рӯдхонаи Кофарниҳон, бархе қитъаи водии бузурги Ҳисорро бо ҷузъиёташ наззора кардан мумкин аст”.

Аз рӯи нақли ин олими таҳқиқотчӣ баландии девори Қалъа аз теппаи фарозаш 3,5 метрро ташкил намуда, аз ду самт кунгурадор (дандонадори хиштин) будааст ва паҳноияш ба мисли Садди бузурги Чин ба ҳадде будааст, ки беки Ҳисор ҳар гоҳе бо фойтуни дуаспа нишаста рӯ-рӯйи девори гирдогирди Қалъа тоб хӯрда, шаҳр ва ҳудуди қаламравашро тамошо мекардааст.

Дар тали фарозтарини тарафи рости Қалъаи Ҳисор баландии мутлақ аст, ки онро қароргоҳи бек мегӯянд. Аз рӯйи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ ва суратҳое, ки дар ибтидои асри XX аз ҷониби муҳаққиқону сайёҳон аккосӣ шудааст, маълум мегардад, ки он бино дарозрӯяи якошёна буда, 24 ҳуҷра доштааст.

Айёме, ки бек ҳангоми гармоҳои тобистон ба бошишгоҳҳои тобистонааш ба Қаротоқ, қалъаи Душанбе ё Хонақоҳи Кӯҳӣ мерафт, онро хизматгорон таъмир ва дуруст мекарданд. Ин қароргоҳи бек низ қурбони сиёсати овони “атеизми ҷанговар” гардид, ки ҳангоми гузаронидани ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз онҳо танҳо пойдевори баъзе ҳуҷраҳо бо ташнобҳояш ва осори хокистартӯдаҳо муайян гардиданду халос.

Мегӯянд, ки дар дохили қалъа 3 масҷид амал мекардааст, ки муаззини яке аз онҳо Мирзо Мӯъмини Бойсунӣ будааст. Дар мактаби хусусии қароргоҳи бек Домулло Ҷӯраи Охунд мударрисӣ мекардааст, ки танҳо ба фарзандони амалдорон илми динӣ таълим медод.

Қисмати ҷанубии қалъа “Уштурхона” номида мешуд, ки дар он ҳайвоноти боркашро нигоҳ медоштанд. Ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ тарҳи ин оғилҳоро муайян карданд.

Дар теппаи болои он солҳои инқилоб қариб 25-30 сарбозони русро, ки ҳангоми набардҳо қурбон шудаанд, ба хок супоридаанд, ки ҳоло дахмаи онҳо қариб ноаён шудааст.

Қисмати охирини қалъаро майдони бузурги мудаввари фарохи “Аскархона”, ки дар қисмати ғарбӣ нисбатан пасттар ҷойгир аст, хотима медиҳад.

Дар қисмати поёнии он чашмаи машҳури як вақте бо номи “Заъфаронӣ” маъруф ва сӯрохии калоне воқеъ аст, ки он низ собиқ дарвозаи хурд будааст. Аз он роҳ ба дохили қалъа хошоку озуқаи чорво ворид мегардид, ки ҳоло дар назди даромадгоҳаш мазори яке аз фузалои аҳли тариқат Шайх Нуриддини Нафас ҳамроҳи ду зани солеҳа қарор дорад.

Сарез

b379c9461e9e2c61f9ca2e0d2dd952d1.jpgСарез — кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст.

Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 миллион тонна баробар аст.

Ба ғайр аз рӯди  Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.

Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст.

Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд.

Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.

Шиддати дақиқи ин заминларза то ба ҳол мушаххас нашудааст, вале олимон мегӯянд расадхонаи Пулково воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург ин зилзиларо эҳсос кардааст.

Дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди Мурғоб хатари зери об мондан ба рустои Сарез ва боз се деҳи дигар таҳдид кард. Сокинони Сарез деҳаву хонаҳо ва дарахту боғзорҳояшонро раҳо карда, тавассути минтақаи Мурғоб ба қаламрави ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Сарҳади Бадчор кӯчиданд. Дар ҷои уфтодаи кӯҳпораи Усой кӯли бузурге пайдо шуд ва деҳи Сарезро ба коми худ фурӯ бурд.

Аз ин фоҷеъа мардуми деҳоти поёноби рӯди Мурғоб танҳо баъди 45 рӯз хабар ёфтанд. Волии Рӯшон дар бораи ин фоҷеъа ба қалъаи низомии Русия, ки дар деҳаи Хоруғ воқеъ буд, иттилоъ дод. Русҳо, ки он замон Помир таҳти тасарруфашон қарор дошт, танҳо аз моҳи октябри соли 1913 ба таҳқиқи кӯли нав пардохтанд.

Полковник Григорий Шпилко, сардори гурӯҳи низомии русҳо дар Помир, ки дар айни замон ба ҷуғрофияшиносӣ низ машғул буд, дар таърих нахустин муҳаққиқи ин кӯл маҳсуб мешавад. Бо унвони Сарез низ бори нахуст ин кӯлро Шпилко ном бурдааст.

Ба гуфтаи аксари олимони ҷуғрофияшинос ва иқлимшиноси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики муштаракулманофеъ кӯли Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва иқлими на танҳо кӯҳистони Помир, балки тамоми Осиёи марказӣ таъсири бунёдӣ гузошт. Ҳамакнун Сарез бо назардошти хатари эҳтимолии он дар гуфтаҳо ва навиштаҳо аксаран бо унвони “аждаҳои хуфта” ёд мешавад.

Зеро донишмандон мегӯянд дар сурати рахнаи садди кӯли Сарез, ки дар минтақаи зилзилахез воқеъ аст, дар тӯли 12 соат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зери об хоҳад монд ва эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 миллион одам, аз ҷумлаи сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад.

Хатари эҳтимолии рахнаи садди Сарезро олимони табиатшинос ба се омил марбут медонанд: вуқӯъи заминларза, афзоиши сатҳи об ва рехтани кӯҳпораҳои атроф.

https://traveltajikistan.tj/tg/lakes-and-mountains/
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ