Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    1,8%
  • 9,8%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (ноябр)11,39
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-ноябр)
    10,14
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-ноябр)
    22,90
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-ноябр)
    16,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (ноябр)
    21,66
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (ноябр)
    21,79




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 15.01.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3438.02 3520.13
10 6789.07 6951.20
20 13432.04 13752.82
50 33341.90 34138.17
100 66519.04 68107.64

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2012

20.07.2012

    20 июли соли равон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи таваррум, пасандозҳо, рушди низоми бонкӣ, қурби пули миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
   Тавре дар ибтидои сӯҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор дошт, таҳлили вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2012 нишон дод, бинобар коҳиш ёфтани фишорҳои таваррумию таъсири омилҳои беруна рушди мӯътадили иқтисодиёту низоми бонкии мамлакат ба назар расид ва дар ин раванд нишондиҳандаҳои муҳими он ба таври зайл ҷамъбаст гардиданд:

 

1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ

    Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми ММД ба 13,8 млрд. сомонӣ расида, афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7,4 фоизро ташкил намуд.   
    Қобили қайд аст, ки Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) шарҳи шашуми нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистонро дар доираи Барномаи «Механизми васеи қарздиҳӣ» анҷом дода, дар ҷаласаи худ, ки аввали моҳи майи соли равон баргузор гардида буд, ба комёбиҳои ҷумҳурӣ баҳои баланд дод.
    Таваррум. Тавре аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ меъёри таваррум 2,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 банди фоизӣ кам мебошад.
    А. Ширинов иброз дошт, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 12,6 фоиз, маҳсулоти ғайри хӯрокворӣ 3,9 фоиз ва коҳишёбии нархи маводи хӯрокворӣ 0,5 фоиз ба миён омад.
    Таварруми солона (барои 12 моҳи охир) бошад, дар ин давра ба 4,6 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,9 банди фоизӣ кам мебошад. Натиҷаи номбурда асосан аз ҳисоби коҳишёбии нархи маҳсулоти воридотию хусусияти мавсимӣ дошта ва нисбатан мӯътадил гардидани нархи хизматрасонии нақлиёти мусофирбар ба даст омад. (Барои маълумот: тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ дар давраи баррасишаванда дар бозори ҷаҳонӣ нархи миёнаи равғани растанӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 45,8 фоиз, гандум 18,1 фоиз коҳиш ёфта, нафт 2,5 фоиз боло рафт).
    Тибқи таҳлилҳои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли равон сатҳи таварруми аслӣ (бе дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ, мавсимӣ ва маъмурӣ) 1,4 фоизро ташкил дод, ки ин ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ баробар аст.
     Қурби сомонӣ нисбати доллари ШМА дар ин давра 0,1 фоиз паст гардид.
    Тавозуни савдо. Дар ин нимсола гардиши савдои хориҷӣ ба 2429,2 млн. долл. ШМА баробар ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,7 фоиз зиёд шуд. Аз ҷумла, ҳаҷми содирот 2,5 фоиз коҳиш ёфта, ба 669,6 млн. долл. ШМА расид, воридот бошад, 15,1 фоиз зиёд гардида, 1759,6 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод. Касри тавозуни савдо ба 1090,0 млн. долл. ШМА баробар шуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 29,6 фоиз зиёд шуд.
   
2. Сиёсати пулӣ.

    Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон А. Ширинов иттилоъ дод, бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот Бонки миллии Тоҷикистон муддати шаш моҳи аввали соли ҷорӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро пеш гирифта, вобаста ба он истифодаи босамари воситаҳои пулиро ба роҳ монд. Аз ҷумла, дар ин давра бо дарназардошти паст гардидани фишорҳои таваррумӣ меъёри бозтамвил тадриҷан аз 9,8 то 8,0 фоизи солона паст карда шуд.  
    Ҳамчунин баҳри таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди соҳаи қарздиҳӣ, меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ 2,0 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, мутаносибан дар сатҳи 5,0 фоиз ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардиданд.
    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои барномавӣ ба шумор меравад, ба санаи 30 июни соли ҷорӣ 3899,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 1,8 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8 фоиз (774,4 млн. сомонӣ) зиёд шуд.
    Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 3,1 млрд. сомониро ташкил намуд, ки аз он 23,7 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 434,2 млн. сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 284,4 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.

3. Рушди низоми бонкӣ.

    Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар ин давра ба 142 адад расид, аз ҷумла: 16 бонк, 2 ташкилоти карзии ғайрибонкӣ, 33 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 45 ташкилоти қарзии хурд ва 46 фонди қарзии хурд.
    Пасандозҳо. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар нимсолаи аввал пасандозҳо нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 22,2 фоиз зиёд гардида, ба 4,6 млрд. сомонӣ баробар шуданд. Пасандозҳои шахсони воқеӣ 37,4 фоиз афзоиш ёфта, 2,7 млрд. сомониро ташкил доданд.
    Фоизҳои миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 15,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,5 фоизро ташкил доданд. Нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 0,4 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,7 банди фоизӣ кам гардиданд.       
    Қарзҳо.
Бақияи қарзҳои низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ 4,2 фоиз зиёд гардида, ба 4,6 млрд. сомонӣ расид. Агар ба таркиби он назар андозем, 39,8 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 60,2 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ин давра 2,9 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 10,2 фоиз кам гардидааст.
    Зимни сӯҳбати ҷолиб қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ мӯҳлати миёнаи қарзҳо барои шахсони воқеӣ 399 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 395 рӯзро ташкил дод. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 20,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 24,3 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 3,0 банди фоизӣ кам ва бо асъори хориҷӣ 1,6 банди фоизӣ зиёд шуд.
    Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 28,7 фоиз афзуда, 1,5 млрд. сомониро ташкил дод.
    Низоми пардохт. Шумораи умумии пардохтҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар давоми нимсолаи ҳисоботӣ 64,8 фоиз зиёд гардида, ба 10,8 млн. адад баробар шуд. Ҳаҷми умумии пардохтҳо 140,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 110,4 фоиз афзудааст.
    Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ 9 адад бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият намуда, ба интиҳои давраи ҳисоботӣ 463 326 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварданд, ки дар натиҷа шумораи онҳо 2,1 маротиба зиёд гардид. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ зиёд шудани теъдоди банкоматҳо то 390 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд то 461 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ то 217 адад мушоҳида шуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли қаблӣ, мувофиқан 100 адад (34,5 фоиз), 203 адад (78,7 фоиз) ва 104 адад (92,0 фоиз) зиёд гардиданд.


    
    Дар қисмати охири мулоқот, ки аз нуқтаи назари аҳли нишаст боз ҳам шавқовару хотирмон буд, рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ба пурсишҳои худ дар бораи навигариҳо ва масъалаҳои гуногуни низоми бонкӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, сатҳи таваррум, мушкилот ва ҷараёни бозпас гирифтани пулҳои фарсуда, истифодаи кортҳои пластикӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, таъмини амнияти амонати шаҳрвандон ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Диданд: 1213

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ