Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи август
    0,9%
  • 8,6%
  • Пулҳои захиравӣ (август), млрд сомонӣ
    16,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 июни с.2019)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Август)13,25
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (август)
    9,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (август)
    24,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (август)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)
    20,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)
    23,06
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 20.09.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2441.12 2499.41
10 4795.26 4909.78
20 9444.43 9669.98
50 23372.88 23931.06
100 46580.99 47693.43

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6

БМТ барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст

21.08.2015

Тайи ду рӯзи охир сомонаҳои иттилоотии ҷумҳурӣ бе таҳлили амиқ ва муқоисаи рақаму нишондиҳандаҳои иқтисодӣ гузоришҳое ба нашр расонида истодаанд, ки дар пасманзари аз сиёсати шинокунандаи танзимшаванда ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани қурби тенге аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар муддати як шабонарӯз ба андозаи бештар аз 30 фоиз поин рафтани қурби пули миллии он, гӯё дар бозори асъори нақди ҷумҳурии мо ба истилоҳ “асабоният” ва “нофаҳмиҳо” ба миён омадааст.

Қабл аз ҳама, бояд қайд намоем, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро дорад ва барои ҳимояи манфиатҳои сирф миллияш бо назардошти хусусиятҳои фарқкунандаи ин ё он минтақа ва мамлакат сиёсати хоси асъории худро дар амал татбиқ менамояд.

Тавре маълум аст, дар рӯзҳои охир вазъи қурби юани Хитой, рубли русӣ ва бархе аз асъорҳои дигари дунё ба тағйироту лаппишҳои бозори асъор рӯ ба рӯ шуда, дар баробари доллари ИМА арзиши онҳо паст шуданд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Қазоқистон истисно шуда наметавонад, зеро масъулини бахши молиявӣ ва бонкии ин кишвар яқин медонистанд, ки баъди ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани тенге, қурби он ба андозаи назаррас коҳиш хоҳад ёфт.   

Дар робита ба хабарҳои охир, ки баъзе аз онҳо, мутаассифона, оҳанги ҳангомаомез низ доранд, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъияти бозор таҳти назорат қарор дорад. Бонки миллии Тоҷикистон дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ тавассути шуъбаҳои худ дар шаҳру вилоятҳо дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти бозори асъоро ба танзим дароварда, талаботи онро бо асъори хориҷӣ таъмин намуда истодааст ва дар айни замон барои воҳимаю ҳангома кардан дар атрофи ин масъала ягон асос ва замина вуҷуд надорад. Чун ҷумҳурии мо бо Қазоқистон бо асъори хориҷӣ, яъне бо доллари ИМА доду гирифт менамояд, коҳиш ёфтани қурби тенге ба қурби сомонӣ, ба андешаи мо, таъсири чашмрас нахоҳад дошт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба санаи 1 августи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 1484 нуқтаи мубодилаи асъор ва 1825 нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд аст ва ҳамаи онҳо фаъолият доранд ва ҳамарӯза амалиётҳои табодули асъорро анҷом медиҳанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, бозори ғайринақдии асъорро дар айни ҳол пурра бо асъор таъмин кардааст ва муштариёни бонкҳо метавонанд бо осонӣ талаботҳои асъории худро қонеъ гардонанд.

Илова бар ин, тавре қаблан хабар дода будем, созишномае, ки дар назар аст Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки халқии Хитой оид ба ҷалби маблағҳои қарзӣ дар рӯзҳои наздик ба имзо расонад, метавонад талаботи бозори асъори ҷумҳуриро ба доллари ИМА кам намояд ва фишори қурбиро ба пули миллӣ коҳиш дода, муътадилӣ ва устувории онро нигоҳ дорад.

Ва ниҳоят, бо боварӣ метавон гуфт, ки сатҳи муътадили захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ ва имкониятҳои васеъи бонк, ки дар ҷодаи ҷалби маблағҳо ва сармоя аз шарикони байналмилалӣ дорад, ба пешбурди сиёсати мустақили қурбиву монетарии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 1480

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4735 (58.18%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        1735 (21.32%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        719 (8.84%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5630 (69.18%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1147 (14.09%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        276 (3.39%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ