Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи июн
    -1,1%
  • 8,4%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    18,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)11,19
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-июн)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-июн)
    23,6
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-июн)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    21,4
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-июн)
    20,96




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 04.08.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3366.32 3446.71
10 6645.67 6804.38
20 13145.25 13459.18
50 32624.91 33404.06
100 65085.06 66639.41

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Август      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 31 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

БМТ ҳамкориҳои судмандро бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ идома медиҳад

23.09.2015

Дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони  ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Агентии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ, Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ, Котиботи давлатии Швейтсария оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки 22 сентябри соли равон баргузор гардид, масъалаҳои дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати ҷалб ва амалӣ намудани кумакҳои техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1.jpg

Дар оғози вохӯрӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳамкории ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ бо низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол беҳтар гашта истодааст, дастгирии молиявии онҳо дар ташаккулёбии сохтори бонкии мамлакат назаррас мебошад. Дар идомаи суҳбат зимни шинос намудани ҳозирин бо Стратегияи солимгардонии молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, изҳор карда шуд, ки чиҳати амалӣ намудани дурнамои рушди бонк ҷалби кумакҳои техникии ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ зарур мебошад.

2.jpg

Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҳамкорӣ намояндагони ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ дар навбати худ иброз доштанд, ки Стратегияи солимгардонии молиявии Бонки миллии Тоҷикистон санади муҳим ва саривақтӣ буда, масъалаи пешниҳод намудани кӯмакҳои техникиро бо ташкилотҳои худ дар якҷоягӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин мулоқотҳо тибқи нақша идома меёбанд ва моҳҳои наздик вохӯриҳои навбатӣ бо намояндагони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ дар назар аст.

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Диданд: 5738

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ